ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • fg дарси 9 саволҳои 1-5
  • Чӣ тавр оилаи шумо хушбахт буда метавонад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр оилаи шумо хушбахт буда метавонад?
  • Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Маводи монанд
  • Сирри хушбахтии оила дар чист?
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Издивоҷи худро мустаҳкаму хушбахт созед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Ҳамсарон, издивоҷатонро муваффақ созед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Хушбахтии оила. Қисми 1
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
fg дарси 9 саволҳои 1-5

ДАРСИ 9

Чӣ тавр оилаи шумо хушбахт буда метавонад?

1. Чаро барои хушбахтии оила ақди никоҳи давлатӣ муҳим аст?

Ҳамсарон издивоҷи худро расмӣ карда истодаанд

Хабарҳои нағзи Китоби Муқаддас аз Яҳува бармеоянд. Ӯ «Худои хушбахт» аст ва мехоҳад, ки оилаҳо хушбахт бошанд (1 Тимотиюс 1:11, Тарҷумаи Дунёи Нав). Ӯ Асосгузори оила аст. Аз қайди давлатӣ гузаронидани издивоҷ (ЗАГС) барои хушбахт шудани оила муҳим аст, зеро ки ин ҳам ба ҷуфти ҳамсарон ва ҳам ба фарзандон ҳисси бехатарӣ ва хотирҷамъӣ мебахшад. Онҳое, ки ба Худо итоат кардан мехоҳанд, бояд қонунҳои давлатиро оиди издивоҷ ҳурмат кунанд. (Луқо 2:1, 4, 5-ро хонед).

Худо ба издивоҷ чӣ гуна муносибат мекунад? Ӯ мехоҳад, ки он пайванди устувори байни марду зан бошад. Яҳува мехоҳад, ки зану шавҳар ба якдигар содиқ монанд (Ибриён 13:4). Ӯ аз талоқ, яъне ҷудошавӣ нафрат дорад (Малокӣ 2:16). Лекин, агар яке аз ҳамсарон зино кунад, Худо иҷозат додааст, ки шахси ҷабрдида аз ҳамсараш ҷудо шавад ва бо каси дигар издивоҷ кунад. (Матто 19:3–6, 9-ро хонед).

2. Зану шавҳар ба якдигар бояд чӣ тавр муносибат кунанд?

Зану шавҳари хушбахт

Яҳува мардон ва занонро чунин офарид, ки онҳо дар оила ба ҳам мувофиқат кунанд (Ҳастӣ 2:18). Чун сарвари оила, шавҳар бештар вазифадор аст, ки оилаашро аз ҷиҳати моддӣ таъмин кунад ва ба онҳо дар бораи Худо таълим диҳад. Вай бояд нисбати занаш муҳаббати фидокорона дошта бошад. Шавҳарон ва занон бояд якдигарро дӯст доранд ва ҳурмат кунанд. Азбаски ҳамаи одамон нокомиланд, бахшида тавонистани якдигар калиди хушбахтии оила мебошад. (Эфсӯсиён 4:31, 32 ва 1 Петрус 3:7-ро хонед).

3. Чӣ бояд кард, агар оилаи шумо хушбахт набошад?

Агар шумо дар издивоҷатон мушкилиҳо дошта бошед, ҳар дуятон бояд кӯшиш кунед, ки ба якдигар бо муҳаббат муносибат кунед (1 Қӯринтиён 13:4, 5). Каломи Худо тавсия намедиҳад, ки душвориҳои дар издивоҷ ба миён омада бо роҳи зиндагии ҷудогона ҳал карда шаванд. (1 Қӯринтиён 7:10–13-ро хонед).

4. Фарзандон, Худо барои шумо чӣ мехоҳад?

Волидон дар хона ба фарзандони худ кӯмак мерасонанд

Яҳува мехоҳад, ки шумо хушбахт бошед. Ӯ ба шумо маслиҳатҳои беҳтаринро медиҳад, то шумо аз ҷавониатон хурсандӣ гиред. Ӯ мехоҳад, ки шумо ба гапи волидонатон гӯш карда аз хирад ва таҷрибаи онҳо манфиат гиред (Қӯлассиён 3:20). Яҳува ҳамчунин мехоҳад, ки шумо корҳои ба Ӯ маъқулро кунед ва аз ин хурсандӣ ёбед. (Воиз 11:9–12:1 ва Матто 19:13–15; 21:15, 16-ро хонед).

5. Волидон, чӣ тавр шумо ба фарзандонатон барои ёфтани хушбахтӣ кӯмак карда метавонед?

Волид бо кӯдаки худ сӯҳбат мекунад

Шумо бояд боғайратона меҳнат кунед, то фарзандонатонро бо хӯрок, сару либос ва ҷои зист таъмин кунед (1 Тимотиюс 5:8). Лекин барои хушбахт шудани фарзандонатон, шумо ҳамчунин бояд ба онҳо дӯст доштани Худо ва аз Ӯ таълим гирифтанро ёд диҳед (Эфсӯсиён 6:4). Агар онҳо бинанд, ки худи шумо Худоро дӯст медоред, ин ба дили онҳо сахт таъсир карда метавонад. Насиҳатҳои бар Каломи Худо асосёфтаи шумо метавонанд ба тарзи фикрронии фарзандонатон таъсири мусбӣ расонанд. (Такрори Шариат 6:4–7 ва Масалҳо 22:6-ро хонед.

Фарзандон ба таъриф ва суханони неки шумо ниёз доранд. Баъзан онҳоро ҳамчунин ислоҳ ва мазаммат кардан лозим аст. Чунин роҳи тарбия онҳоро аз рафторе, ки ба хушбахтии онҳо монеа шуда метавонанд, муҳофизат мекунад (Масалҳо 22:15). Вале ҷазо ва мазаммати шумо набояд ҳеҷ гоҳ дағалона ё бераҳмона бошанд. (Қӯлассиён 3:21-ро хонед).

Шоҳидони Яҳува якчанд китобҳо нашр кардаанд, ки маҳз барои кӯмак ба волидон ва фарзандон навишта шудаанд. Ин китобҳо бар Китоби Муқаддас асос ёфтаанд. (Забур 18:8, 12-ро хонед).

Барои гирифтани маълумоти зиёдтар ба боби 14-уми китоби «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?» нигоҳ кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан