ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • T-34 саҳ. 1-4
  • Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?
  • Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?
  • Маводи монанд
  • Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?
    Шумо дар бораи оянда чӣ фикр доред?
  • Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?
    Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?
  • Барои беҳтар кардани вазъияти ҷаҳон чӣ лозим аст?
    Барои беҳтар кардани вазъияти ҷаҳон чӣ лозим аст?
  • Ин ҷаҳон дар дасти кист?
    Ин ҷаҳон дар дасти кист?
Маълумоти бештар
Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?
T-34 саҳ. 1-4

Оё ранҷу азоб ба охир мерасад?

Шумо дар ҷавоб чӣ мегуфтед?

  • Бале.

  • Не.

  • Шояд.

КИТОБИ МУҚАДДАС МЕГӮЯД

«Худо... ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок мекунад ва марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад. Он чӣ пештар буд, гузашт» (Ошкорсозӣ 21:3, 4, Тарҷумаи Дунёи Нав).

ИН БАРОИ ШУМО ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Мефаҳмед, ки Худо сабабгори душвориҳои мо шуда наметавонад (Яъқуб 1:13).

Аз донистани он ки Худо нисбати азоби мо бепарво нест, тасаллӣ меёбед (Закарё 2:8).

Умед мебандед, ки ҳамаи азобҳо ба анҷом мерасанд (Забур 37:9–11).

Марде аз Китоби Муқаддас дар бораи ба анҷом расидани ранҷу азоби ҷаҳон хонда истодааст

ОЁ МО БА СУХАНОНИ КИТОБИ МУҚАДДАС БОВАР КАРДА МЕТАВОНЕМ?

Бале, камаш ду сабаб вуҷуд дорад:

  • Худо аз ранҷу азоб ва беадолатӣ нафрат дорад. Вақте ки ба халқаш бераҳмона муносибат мекарданд, Яҳува Худо чиро ҳис мекард? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо оҳу нолаи халқашро, ки «аз дасти золимон ва ситамгаронашон» мекашиданд, дида ғамгин мешуд (Доварон 2:18).

    Худо нисбати онҳое, ки ба дигарон зарар мерасонанд, беаҳамият нест. Масалан, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худованд аз дастҳое, ки хуни ноҳақ мерезанд, нафрат дорад (Панднома 6:16, 17).

  • Худо нисбати ҳар яки мо ғамхор аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ҳар кас дарду азоби худашро медонад. Лекин мо танҳо нестем, Яҳува низ дарди моро медонад (2 Воқеанома 6:29, 30).

    Яҳува ба воситаи Подшоҳии худ ҳама ранҷу азоби моро бартараф мекунад (Матто 6:9, 10). Ҳоло бошад, Худо онҳоеро, ки ӯро меҷӯянд, бо дилсӯзӣ тасаллӣ медиҳад (Корнома 17:27; 2 Қӯринтиён 1:3, 4).

ДАР ИН БОРА ФИКР КУНЕД

Ду зане Китоби Муқаддасро омӯхта истодаанд

Чаро Худо ба ранҷу азоб роҳ медиҳад?

Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоб медиҳад: РУМИЁН 5:12 ва 2 ПЕТРУС 3:9.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан