ДАРСИ 1
Сирре, ки мо аз донистанаш хурсандем
Оё ягон вақт касе ба гӯшат оҳистаяк гаперо гуфта буд, ки дигарон намедонистанд? ~a Ту медонӣ, ки инро чӣ мегӯянд? Инро сир меноманд. Барои чӣ? Чунки он гапро ӯ танҳо ба ту гуфт ва дигар ҳеҷ кас онро намедонад. Медонӣ, дар Китоби Муқаддас дар бораи сирри махсусе гуфта шудааст. Номи он сирри муқаддас мебошад. Ин сир барои он муқаддас аст, ки аз тарафи Худои муқаддас гуфта шудааст. Ва барои он сир номида шудааст, ки пештар ҳеҷ кас онро намедонист, ҳатто фариштаҳо ҳам намедонистанд. Ту фариштаҳоро медонӣ? Онҳоро бо чашм дида намешавад. Онҳо ҳам фаҳмидан мехостанд, ки он сир дар бораи чӣ буд. Ту мехоҳӣ донӣ, ки он сир дар бораи чӣ аст? ~
Ба фикрат фариштагон дар бораи чӣ фаҳмидан мехостанд?
Чанд солҳо пеш, Худо якумин марду занро сохт. Номи онҳо Одам ва Ҳавво буд. Худо ба онҳо хонаи зебо, боғи Аданро дод. Агар Одам ва Ҳавво ба гапи Худо гӯш мекарданд, онҳо ва фарзандонашон метавонистанд, ҳамаи ҷои заминро мисли он боғ биҳишт кунанду дар он ҳамавақт зиндагӣ кунанд. Аммо дар хотират ҳаст, ки Одаму Ҳавво чӣ кор карданд? ~
Одаму Ҳавво гапи Худоро гӯш накарданд ва барои ҳамин мо имрӯз дар биҳишт зиндагӣ намекунем. Аммо Худо гуфт, ки Ӯ ҳама ҷои заминро зебо мекунад ва ҳамаи одамон дар он хушбахтона ва ҷовидона зиндагӣ мекунанд. Худо ин корро чӣ хел мекарда бошад? Солҳои дароз одамон дар бораи ин ҳеҷ чизро намедонистанд. Ин сир буд.
Вақте ки Исо ба замин омад, ӯ дар бораи ин сир ба одамон бисёр чизҳоро гуфта дод. Ӯ гуфт, ки он сир дар бораи Подшоҳии Худо аст. Ва боз аз одамон хоҳиш кард, ки дар бораи омадани Подшоҳии Худо дуо гӯянд. Чунки ин подшоҳӣ дар оянда ҳама ҷои заминро биҳишти зебо мекунад.
Аз донистани ин сир ту чиро ҳис кардӣ? ~ Дар хотират гир, ки танҳо он одамоне, ки гапи Яҳуваро гӯш мекунанд, дар биҳишт зиндагӣ карда метавонанд. Китоби Муқаддас ба мо дар бораи бисёр мардону заноне, ки ба Яҳува итоат мекарданд, гуфта медиҳад. Ту мехоҳӣ, ки дар бораи онҳо фаҳмӣ? ~ Биё мебинем, ки баъзеи онҳо киҳо буданд ва чӣ хел мо ба онҳо монанд шуда метавонем.
АЗ КИТОБИ МУҚАДДАС ХОНЕД
a Дар давоми ин ҳикояҳо шумо аломати зеринро, (~) ки пас аз баъзе саволҳо меоянд, хоҳед дид. Ин имконияти хуб аст, барои бозистодан, то кӯдак фикри худашро баён кунад.