ДАРСИ 2
Ривқо дили Яҳуваро хурсанд кардан мехост
Ривқо яке аз заноне буд, ки Яҳуваро нағз медид. Номи шӯи ӯ Исҳоқ буд. Ӯ ҳам Яҳуваро нағз медид. Ривқо бо Исҳоқ чӣ хел шинос шуд? Чӣ хел ӯ нишон медод, ки дили Яҳуваро хурсанд кардан мехоҳад? Биё, аввал дар бораи шӯи Ривқо, Исҳоқ мефаҳмем.
Дадаю очаи Исҳоқ, Иброҳим ва Соро буданд. Онҳо дар замини Канъон дар байни одамоне, ки ба Яҳува хизмат намекарданд, зиндагӣ мекарданд. Иброҳим мехост, ки писараш аз байни он духтароне, ки ба Яҳува хизмат мекарданд, зан гирад. Барои ҳамин вай хизматгори худаш, мумкин Элъозорро, ба пеши хешу табораш, ба замини Ҳоррон фиристод.
Ривқо барои ба шутурон об додан тайёр буд, ки кори вазнин кунад
Баъд Элъозор дигар хизматгорони Иброҳимро гирифту ба роҳ баромад. Ин роҳ хеле дуру дароз буд. Онҳо бо худашон 10-то шутур ва чизи хӯрданию тӯҳфаҳо гирифтанд. Лекин Элъозор аз куҷо медонист, ки кадом духтарро барои Исҳоқ интихоб кунад? Вақте ки Элъозор ва дигар хизматгорон ба Ҳоррон расиданд, онҳо дар пеши як чоҳе истоданд. Барои чӣ? Чунки Элъозор медонист, ки ба қарибӣ духтарон бояд барои обгирӣ меомаданд. Ӯ ба Яҳува дуо карду гуфт: «Агар ман ба ягон духтаре об деҳ гӯям ва ӯ ба ман ва ба шутуронам об диҳад, ман хоҳам донист, ки он духтарро Ту интихоб кардаӣ».
Баъди чанд вақт, духтари ҷавоне, ки номаш Ривқо буд, ба пеши чоҳ омад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки вай духтари хеле хушрӯй буд. Элъозор аз ӯ барои нӯшидан об пурсид ва Ривқо ба вай гуфт: «Албатта. Ман ба ту об медиҳам ва ба шутуронат ҳам рафта об мебиёрам». Як худат фикр кун! Шутурон сахт ташна буданд ва барои ташнагии онҳоро шикастан, оби бисёр даркор буд. Барои ҳамин Ривқо дам ба дам ба пеши чоҳ давида рафта об меовард. Оё ту дар расм мебинӣ, ки чӣ хел Ривқо ин кори вазнинро карда истодааст? ~ Элъозор ҳайрон шуд, ки чӣ хел Яҳува ба дуояш ҷавоб дод.
Элъозор ба Ривқо тӯҳфаи зебое дод. Ривқо бошад, Элъозору хизматгорони ҳамроҳаш бударо ба хонаашон ҷеғ зад. Баъд аз ба хона расидан, Элъозор гуфт, ки барои чӣ Иброҳим ӯро ба ин ҷо фиристод ва чӣ хел Яҳува ба дуояш ҷавоб дод. Оилаи Ривқо бо хурсандӣ ӯро ба Исҳоқ ба занӣ доданд.
Ривқо бо Элъозор ба замини Канъон рафт ва бо Исҳоқ тӯй шуд
Аммо ба фикрат Ривқо розӣ буд, ки зани Исҳоқ шавад? ~ Ривқо медонист, ки Яҳува Элъозорро ба ин ҷо фиристодааст. Барои ҳамин, вақте ки оилаи Ривқо аз ӯ пурсиданд, ки оё ӯ мехоҳад ба замини Канъон рафта зани Исҳоқ шавад, вай ҷавоб дод: «Бале, меравам». Ӯ даррав бо Элъозор ба роҳ баромад. Вақте ки онҳо ба Канъон расиданд, ӯ бо Исҳоқ тӯй шуд.
Барои он ки Ривқо гапи Яҳуваро гӯш кард, Яҳува ба ӯ бисёр корҳои нағз кард. Масалан баъди чанд солҳо, аз авлоди ӯ Исо таваллуд шуд. Агар ту ҳам ба монанди Ривқо бошию дили Яҳуваро хурсанд кунӣ, Ӯ ба ту ҳам бисёр корҳои нағз мекунад.