ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 10 саҳ. 28-29
  • Исо бо аҳли оилааш ба Ерусалим сафар мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Исо бо аҳли оилааш ба Ерусалим сафар мекунад
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Исои наврас дар маъбад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Исо ҳама вақт гапгир буд
    Кӯдаконатонро таълим диҳед
  • Саволҳои хонандагон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Ҳаёти Исо дар Носира
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
Маълумоти бештар
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 10 саҳ. 28-29
Исои дувоздаҳсола дар маъбад бо муаллимон саволу ҷавоб мекунад

БОБИ 10

Исо бо аҳли оилааш ба Ерусалим сафар мекунад

ЛУҚО 2:40–52

  • ИСОИ ДУВОЗДАҲСОЛА БА МУАЛЛИМОН САВОЛҲО МЕДИҲАД

  • ИСО ЯҲУВАРО ПАДАРИ ХУД МЕНОМАД

Фасли баҳор. Ҳар сол дар ин вақт оилаи Юсуф ҳамроҳи ёру дӯстон ва хешу таборашон ба Ерусалим мераванд. Дар он ҷо онҳо мувофиқи Шариат иди Раҳоиро ҷашн мегиранд (Такрори Шариат 16:16). Ерусалим аз Носира тақрибан 120 километр дуртар аст. Ин айём барои ҳамаи исроилиён давраи серташвиш ва хурсандиовар мебошад. Исои дувоздаҳсола ин идро бесаброна интизор аст ва мехоҳад боз ба маъбад равад.

Барои ҷашн гирифтани иди Раҳоӣ ба аҳли оилаи Исо як рӯз кифоя нест. Як рӯз пас аз иди Раҳоӣ иди Фатир сар мешавад, ки он ҳафт рӯз давом меёбад (Марқӯс 14:1). Иди Фатирро қисми иди Раҳоӣ меҳисобанд. Барои тамоми сафар, яъне барои ба Ерусалим рафтан, ҷашн гирифтани ид ва баргаштан, тахминан ду ҳафта даркор аст. Лекин имсол аз сабаби воқеае, ки бо Исо рӯй медиҳад, сафари онҳо вақти зиёдтарро мегирад. Падару модари Исо аз ин воқеа дар роҳи бозгашт хабардор мешаванд.

ДАВРАИ ХУРСАНДИОВАР

Исо ҳамроҳи оилааш ба Ерусалим сафар мекунад

Ҳар сол исроилиён барои ҷашн гирифтани се ид ба Ерусалим мерафтанд. Дар ин давра ҳама шодиву хурсандӣ мекарданд (Такрори Шариат 16:15). Чунин сафарҳо имконият медоданд, ки шахс ҷойҳои гуногуни кишварашро бинад, дар бораи он бисёртар фаҳмад ва бо ҳамимонони худ, ки аз ҷойҳои дигар меоянд, шинос шавад. Чӣ хотирмонанд чунин сафарҳо!

Ҳангоми ба Носира баргаштан Юсуф ва Марям фикр мекунанд, ки Исо дар байни хешу табор ё дӯстонест, ки ҳамроҳи онҳо равонаанд. Лекин, вақте онҳо шабона барои дам гирифтан меистанд, мефаҳманд, ки Исо ҳамроҳашон нест. Барои ҳамин онҳо ӯро дар байни ҳамсафаронашон бисёр ҷустуҷӯ мекунанд. Вақте Юсуф ва Марям Исоро дар ягон ҷо намеёбанд, барои кофтани ӯ ба Ерусалим бармегарданд.

Онҳо дар давоми ду рӯз Исоро мекобанд, лекин ин натиҷае намеорад. Ниҳоят, рӯзи сеюм, пас аз кофтукови зиёд онҳо писари худро дар яке аз хонаҳои маъбад меёбанд. Юсуфу Марям мебинанд, ки Исо дар байни муаллимони Шариат нишаста, гӯш мекунад, саволҳо медиҳад ва бо донишу фаҳмиши худ онҳоро ба ҳайрат меорад.

Он гоҳ Марям аз Исо мепурсад:

Юсуфу Марям Исоро меёбанд

— Писарам, чаро ту бо мо ин тавр рафтор кардӣ? Охир, ман ва падарат туро дар ҳама ҷо ҷустуҷӯ карда, хеле хавотир шудем (Луқо 2:48).

Исо ҳайрон мешавад, ки падару модараш дар куҷо будани ӯро намедонистанд. Бинобар ин ӯ мегӯяд:

— Чаро шумо маро ҷустуҷӯ кардед? Магар намедонистед, ки ман бояд дар хонаи Падари худ бошам? (Луқо 2:49).

Акнун ки Юсуфу Марям Исоро ёфтанд, ӯ ҳамроҳи онҳо ба хона бармегардад ва дар итоати онҳо мемонад. Исо рӯз ба рӯз калон мешавад ва хирадаш зиёдтар мегардад. Аллакай дар наврасӣ ӯ ҳам писанди Худо ва ҳам писанди одамон аст. Аз давраи кӯдакӣ Исо дар гирифтани дониши Худо ва эҳтироми падару модар намунаи хуб мегузорад.

  • Исо ҳар баҳор бо аҳли оилааш ба куҷо сафар мекунад ва чаро?

  • Боре ҳангоми аз ид баргаштани Юсуфу Марям чӣ рӯй медиҳад? Онҳо Исоро аз куҷо меёбанд?

  • Исо барои ҷавонон аз кадом ҷиҳат намунаи хуб аст?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан