БОБИ 29
Оё рӯзи шанбе кори хуб кардан равост?
ИСО ДАР ЯҲУДИЯ МАВЪИЗА МЕКУНАД
Ӯ БЕМОРЕРО НАЗДИ ҲАВЗ ШИФО МЕДИҲАД
Исо дар Ҷалил корҳои бисёре мекунад. Лекин худи ӯ гуфта буд: «Ман бояд хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо дар шаҳрҳои дигар низ эълон кунам». Ва ӯ бояд на танҳо ба шаҳрҳои вилояти Ҷалил, балки ба дигар ҷойҳо ҳам равад. Барои ҳамин ӯ мавъизаи хушхабарро «дар ибодатгоҳҳои Яҳудия» давом медиҳад (Луқо 4:43, 44). Исо вақти мувофиқро интихоб кард, чунки ҳозир баҳор аст ва ба наздикӣ дар Ерусалим ид барпо мешавад.
Дар Инҷилҳо дар бораи хизмати Исо дар Ҷалил бисёр нақл карда мешавад, лекин дар бораи хизмати ӯ дар Яҳудия батафсил навишта нашудааст. Шояд, сабабаш он бошад, ки дар Яҳудия одамон ба Исо он қадар хуб гӯш намекунанд. Аммо ин Исоро бознамедорад, ки мавъизаи хушхабарро давом диҳад ва дар ҳама ҷо корҳои хуб кунад.
Исо барои қайд кардани иди Раҳоии соли 31-и милодӣ ба шаҳри асосии Яҳудия — Ерусалим меравад. Ӯ ба назди дарвозаҳои Гӯсфанд мерасад. Дар он ҷо ҳавзе ҳаст, ки гирдогирдаш роҳрави сутундор дорад ва Байт-Ҳасдо номида мешавад. Бисёр кӯрон, шалон ва беморон назди ин ҳавз меоянд. Чаро? Онҳо бовар доранд, ки агар вақти ба ҳаракат омадани об ба он дароянд, шифо меёбанд.
Рӯзи шанбе Исо назди он ҳавз мардеро мебинад, ки 38 сол боз бемор аст. Исо аз ӯ мепурсад: «Оё шифо ёфтан мехоҳӣ?» Он мард мегӯяд: «Тақсир, ман касе надорам, ки ҳангоми ба ҳаракат омадани об маро ба ҳавз дарорад, ва то худам наздик меоям ки, дигаре аз ман пештар ба об медарояд» (Юҳанно 5:6, 7).
Ҷавоби Исо он мард ва дигаронро ба ҳайрат меорад: «Бархез! Бистари худро бардор ва роҳ рав» (Юҳанно 5:8). Мард ҳамон лаҳза аз ҷояш мехезад ва бистарашро бардошта меравад!
Аммо, вақте яҳудиён ин мардро мебинанд, ба ҷойи хурсанд шудан ӯро сарзаниш карда мегӯянд: «Дар ин рӯз, ки шанбе аст, бистарро бардоштани ту раво нест». Он мард ҷавоб медиҳад: «Он касе, ки маро шифо дод, ба ман гуфт: “Бистари худро бардор ва роҳ рав”» (Юҳанно 5:10, 11). Ба яҳудиён маъқул намешавад, ки касе дар рӯзи шанбе одамонро шифо медиҳад.
Яҳудиён аз он мард мепурсанд: «Кӣ ба ту гуфт, ки бистари худро бардошта, роҳ равӣ?» Он мард бошад, номи шахсеро, ки ӯро шифо додааст, намедонад, чунки «Исо байни мардум даромада, аз назар ғоиб шуд» (Юҳанно 5:12, 13). Лекин ӯ дар маъбад дуюмбора Исоро вомехӯрад ва мефаҳмад, ки ӯро кӣ шифо додааст.
Он мард назди яҳудиёне меравад, ки аз ӯ дар бораи шифо ёфтанаш пурсида буданд. Вай мегӯяд, ки ӯро Исо шифо додааст. Яҳудиён инро фаҳмида назди Исо мераванд. Барои чӣ? Оё барои фаҳмидани он ки чӣ тавр Исо тавонист чунин мӯъҷизае кунад? Не, барои айбдор кардани ӯ. Онҳо кори Исоро нодуруст мешуморанд, чунки ӯ мӯъҷизаҳояшро рӯзи шанбе мекунад. Аз ин рӯз сар карда онҳо зидди Исо мебароянд.