ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 83 саҳ. 194-саҳ. 195 сарх. 2
  • Таклиф ба меҳмонӣ

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Таклиф ба меҳмонӣ
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Оё ту дар ҳама чиз якум будан мехоҳӣ?
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • Подшоҳ ба тӯйи арӯсӣ меҳмон таклиф мекунад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Як маросими одӣ оиди Подшоҳи мо чиро ошкор мекунад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Исо дар фурӯтанӣ намуна гузошт
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Маълумоти бештар
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 83 саҳ. 194-саҳ. 195 сарх. 2
Камбағалон, маъюбон, шалон ва кӯрон ба зиёфат меоянд

БОБИ 83

Таклиф ба меҳмонӣ

ЛУҚО 14:7–24

  • ДАРСИ ФУРӮТАНӢ

  • ТАКЛИФШУДАГОН БАҲОНА МЕҶӮЯНД

Исо ҳоло ҳам дар хонаи фарисӣ аст. Навакак ӯ марди бемореро шифо дод. Дар он ҷо Исо мебинад, ки чӣ тавр меҳмонон аз боло гузашта мешинанд ва ӯ ин фурсатро истифода мебарад, то ба онҳо муҳим будани фурӯтаниро нишон диҳад.

Исо мегӯяд: «Вақте ки касе туро ба тӯйи арӯсӣ даъват мекунад, аз боло гузашта нашин. Шояд дар байни даъватшудагон шахсе бошад, ки аз ту обрӯмандтар аст. Он вақт касе, ки ҳар дуи шуморо даъват кардааст, ба наздат омада, мегӯяд: “Ҷойи худро ба ин кас деҳ”. Он гоҳ ту дар хиҷолат монда аз поён гузашта мешинӣ» (Луқо 14:8, 9).

Исо илова мекунад: «Вақте туро даъват мекунанд, аз поён шин, то он касе, ки туро даъват кардааст, ба наздат омада, гӯяд: “Эй дӯст, аз боло гузашта шин”. Он гоҳ иззату эҳтироми ту дар пеши ҳамаи меҳмонон ба ҷо оварда мешавад». Чунин рафтор на танҳо нишонаи одобу ахлоқи хуб аст. Исо мефаҳмонад: «Зеро ҳар касе, ки худро аз дигарон боло гирад, паст мегардад ва ҳар касе, ки худро фурӯтан созад, сарбаланд мегардад» (Луқо 14:10, 11). Бо ин суханон Исо шунавандагонашро даъват мекунад, ки фурӯтанӣ инкишоф диҳанд.

Баъд Исо ба соҳиби хона дарси муҳими дигареро таълим медиҳад. Ӯ мефаҳмонад, ки барои ба Худо маъқул шудан киро ба меҳмонӣ таклиф кардан даркор аст. Ӯ мегӯяд: «Ҳангоме ки дар вақти пешин ё бегоҳ зиёфат медиҳӣ, дӯстон, бародарон, хешу табор ё ҳамсоягони сарватдоратро таклиф накун: мабодо онҳо низ рӯзе туро даъват намоянд ва мукофоти ту дода шавад. Вале, вақте зиёфат медиҳӣ, камбағалон, маъюбон, лангон ва кӯронро таклиф кун ва ту хушбахт хоҳӣ буд, зеро онҳо чизе надоранд, ки ба ту подош диҳанд» (Луқо 14:12–14).

Ба меҳмонӣ таклиф кардани дӯстон, хешу табор ё ҳамсоягон ягон бадие надорад. Исо низ ин корро нодуруст намеҳисобад. Лекин ӯ қайд мекунад, ки агар шахс касони мӯҳтоҷро, ба мисли камбағалон, маъюбон ва кӯрон таклиф кунад, соҳиби баракатҳои зиёд шуда метавонад. Исо ба соҳиби хона мегӯяд: «Ту мукофоти худро дар вақти эҳёшавии росткорон хоҳӣ гирифт». Яке аз меҳмонон чунин мегӯяд: «Хушбахт аст касе, ки дар Подшоҳии Худо хӯрок мехӯрад» (Луқо 14:15). Ӯ мефаҳмад, ки ба Подшоҳии Худо дохил шудан имконияти пуршараф аст. Лекин на ҳама ин имкониятро қадр мекунанд. Барои нишон додани ин Исо мисоли дигареро нақл мекунад.

Ӯ мегӯяд: «Марде бегоҳирӯзӣ зиёфати калоне барпо кард ва касони зиёдро даъват намуд... Ӯ ғуломи худро фиристод, то ба даъватшудагон гӯяд: “Биёед, чунки ҳама чиз аллакай тайёр аст”. Вале ҳамаи онҳо, гӯё забон як карда бошанд, ба узрхоҳӣ сар карданд. Яке ба ӯ гуфт: “Ман замин харидам ва бояд онро рафта бинам. Илтимос, маро бубахш, зеро ман рафта наметавонам”. Дигаре чунин гуфт: “Ман панҷ ҷуфт барзагов харидам ва бояд онҳоро санҷида бинам. Илтимос, маро бубахш, зеро ман рафта наметавонам”. Сеюмин гуфт: “Ман ба наздикӣ оиладор шудам ва барои ҳамин омада наметавонам”» (Луқо 14:16–20).

Дар ҳақиқат, чи хеле ки мегӯянд, «дили нохоҳам, узри бисёр»! Одатан одам замин ё молро пеш аз харидан месанҷад, барои ҳамин ҳоло ҳоҷат нест, ки ин ду шахс рафта замину моли худро бинанд. Шахси сеюм бошад, ба тӯй тайёрӣ намебинад. Ӯ аллакай оиладор аст, аз ин рӯ барои рад кардани ин таклифи муҳим сабаб надорад. Аз шунидани ин баҳонаҳои беасос соҳиби хона дарғазаб мешавад ва ба ғуломаш мегӯяд:

«Зудтар ба кӯчаҳои калон ва паскӯчаҳои шаҳр рафта, камбағалон, маъюбон, кӯрон ва лангонро ба ин ҷо биёр». Ғулом ҳамин тавр мекунад, лекин боз ҷойҳои холӣ мемонанд. Соҳиби хона ба ғулом мегӯяд: «Ба сари кӯчаҳо ва роҳҳои беруни шаҳр баромада, одамонро ба омадан маҷбур кун, то хонаи ман пур шавад. Ба шумо мегӯям, ки ҳеҷ касе аз даъватшудагон хӯроки маро нахоҳад чашид» (Луқо 14:21–24).

Мо аз ин мисол чӣ мефаҳмем? Худо ба Исои Масеҳ супориш дод, ки одамонро таклиф кунад, то ба Подшоҳии Худо дохил шаванд. Дар аввал яҳудиён, махсусан сарварони дин, даъват шуданд. Вақте Исо дар замин хизмат мекард, бисёри онҳо даъвати ӯро рад карданд. Лекин фақат онҳо даъват нашуда буданд. Исо ба таври равшан фаҳмонд, ки дар оянда яҳудиёни одӣ ва шахсони дини яҳудиро қабулкарда низ даъват мешаванд. Дафъаи сеюм, яъне бори охир, шахсоне даъват мешаванд, ки, ба ақидаи яҳудиён, сазовори меҳрубониву марҳамати Худо нестанд (Аъмол 10:28–48).

Суханони Исо ин гуфтаҳои яке аз меҳмононро тасдиқ мекунанд: «Хушбахт аст касе, ки дар Подшоҳии Худо хӯрок мехӯрад».

  • Чӣ тавр Исо дарси фурӯтаниро таълим медиҳад?

  • Барои ба Худо маъқул шудан соҳиби хона бояд киро ба меҳмонӣ таклиф кунад ва чаро он вақт ӯ хушбахт мешавад?

  • Мисоли Исо дар бораи зиёфати калон чӣ маъно дорад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан