ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 113 саҳ. 262-саҳ. 263 сарх. 4
  • Мисол дар бораи талантҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мисол дар бораи талантҳо
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Аз масал оиди талантҳо мо чӣ меомӯзем?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Дар дарави бузурги рӯҳонӣ пурра иштирок кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2010
  • Аз корҳое, ки ба Яҳува карда метавонед, хурсандӣ гиред
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 113 саҳ. 262-саҳ. 263 сарх. 4
Ғулом халтаи пулро ба замин пинҳон карда истодааст

БОБИ 113

Мисол дар бораи талантҳо

МАТТО 25:14–30

  • ИСО МИСОЛИ ТАЛАНТҲОРО МЕОРАД

Исо ҳамроҳи чор шогирдаш ҳанӯз дар кӯҳи Зайтун аст. Чанд рӯз пеш дар Ериҳӯ ӯ ба онҳо мисоли сад тангаи нуқраро оварда, фаҳмонд, ки Подшоҳии Худо ба ин наздикиҳо намеояд. Ҳоло бошад, ӯ мисоли дигареро нақл мекунад, ки ба он монанд аст. Ин мисол мисли баъзе мисолҳои дигар ба саволи шогирдон оиди ҳузури ӯ ва охирзамон ҷавоб медиҳад. Исо қайд кардан мехоҳад, ки шогирдон бояд супоришеро, ки ӯ ба онҳо медиҳад, боғайратона иҷро кунанд.

Исо суханашро чунин сар мекунад: «Подшоҳии осмонро ба марде монанд кардан мумкин аст, ки, пеш аз он ки ба сафар равад, ғуломони худро ҷамъ оварда, молу мулкашро ба онҳо супорид» (Матто 25:14). Исо дар мисоли дигар аллакай худро ба марде монанд карда буд, ки барои подшоҳ таъйин гардидан ба мамлакати дигаре сафар мекунад. Барои ҳамин расулон ба осонӣ фаҳмида метавонанд, ки дар ин ҷо ҳам марде, ки ба сафар меравад, худи Исо мебошад (Луқо 19:12).

Он марде, ки Исо дар борааш нақл мекунад, пеш аз сафар молу мулки гаронбаҳояшро ба ғуломонаш месупорад. Ба ин монанд, Исо ҳам ба наздикӣ бояд биравад. Ӯ дар муддати сею ним сол бо ҷидду ҷаҳд дар бораи Подшоҳии Худо мавъиза менамуду шогирдашро низ таълим медод, ки ин корро ба ҷо оранд. Акнун ӯ метавонад бо дили пур ин супориши муҳимро ба дӯши онҳо гузошта равад (Матто 10:7; Луқо 10:1, 8, 9; бо Юҳанно 4:38; 14:12 муқоиса кунед).

Биёед бинем, ки ин мард чӣ тавр молу мулкашро дар байни ғуломонаш тақсим мекунад. Исо мегӯяд: «Ӯ ба ҳар як ғуломи худ мувофиқи қобилияташ: ба яке панҷ, ба дигаре ду ва ба сеюмӣ як талант танга доду ба сафар рафт» (Матто 25:15). Ғуломон ин амонатро чӣ тавр истифода мебаранд? Оё онҳо барои зиёд кардани дороии хӯҷаинашон ҷидду ҷаҳд мекунанд? Исо ба расулонаш мегӯяд:

«Он ғуломе, ки панҷ талант гирифта буд, дарҳол рафта, онҳоро ба кор андохт ва боз панҷ таланти дигар фоида гирифт. Ғуломи дигар низ, ки ду талант гирифта буд, боз ду таланти дигар ба даст овард. Вале ғуломе, ки ҳамагӣ як талант гирифта буд, рафта, чуқурие кофту он тангаҳоро пинҳон кард» (Матто 25:16–18). Вақте хӯҷаинашон меояд, ӯ чӣ кор мекунад?

Исо суханашро давом медиҳад: «Пас аз муддати дурудароз хӯҷаини он ғуломон баргашта, бо онҳо ҳисобу китоб кард» (Матто 25:19). Ду ғуломи аввал тамоми кӯшишу ғайратро ба харҷ доданд ва ҳар яке «мувофиқи қобилияташ» амал кард. Касе, ки панҷ талант гирифта буд, онро даҳ талант гардонд, касе, ки ду талант гирифта буд, онро чор талант кард (Дар он замон барои ба даст овардани як талант коргари одӣ бояд 19 сол кор мекард). Хӯҷаин ин ду ғуломро таъриф мекунад ва ба ҳар яки онҳо мегӯяд: «Офарин, эй ғуломи нек ва боваринок! Азбаски дар чизҳои хурд сазовори боварӣ будӣ, ман туро бар чизҳои бисёр таъйин хоҳам кард. Биё, ба шодии хӯҷаини худ шарик шав!» (Матто 25:21).

1. Ғулом халтаи пулро ба замин пинҳон карда истодааст; 2. Ду нафар дар торикӣ ғуломро аз хона бароварда пеш карданд

Аммо ғуломи сеюм мисли ин ду нафар рафтор намекунад. Ӯ ба хӯҷаинаш мегӯяд: «Хӯҷаин, ман медонистам, ки ту одами серталаб ҳастӣ, аз ҷое, ки накоридаӣ, медаравӣ ва аз ҷое, ки бод накардаӣ, ҷамъ мекунӣ. Барои ҳамин ман тарсидам ва рафта, таланти додаатро дар замин пинҳон кардам. Ана он тангаҳои ту”» (Матто 25:24, 25). Ӯ ҳатто пулро ба фоида надод, то ки каме ҳам бошад, барои хӯҷаинаш даромаде ба даст орад. Гуфтан мумкин аст, ки ӯ бар зарари хӯҷаинаш амал кард.

Барои ҳамин хӯҷаинаш ӯро «ғуломи бад ва танбал» меномад. Ӯ пулро аз дасти он ғулом гирифта ба дасти ғуломе медиҳад, ки супориши худро бо ҷидду ҷаҳд иҷро кардааст. Хӯҷаин мегӯяд: «Ҳар касе, ки дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад ва ӯ ба фаровонӣ хоҳад дошт, вале ҳар касе, ки надорад, аз ӯ ҳатто он чизе, ки дорад, гирифта мешавад» (Матто 25:26, 29).

Шогирдони Исо дар корӣ мавъиза иштирок карда истодаанд

Шогирдон бояд дар бораи чизҳои бисёре мулоҳиза кунанд. Аллакай худи ҳамин мисол фикрҳои муҳиме дорад. Исо ба онҳо чизи хеле пурқиматеро месупорад: ӯ ба онҳо вазифа медиҳад, ки шогирд тайёр кунанд. Исо интизор аст, ки онҳо дар иҷрои ин супориш боғайрат шаванд. Ӯ талаб намекунад, ки дар кори мавъиза ҳама шогирдонаш як хел меҳнат кунанд. Чи хеле ки дар масал гуфта шуда буд, ҳар кас бояд «мувофиқи қобилияташ» кӯшиш кунад. Лекин агар касе аз шогирдони Исо «танбал» шаваду барои иҷрои супоришаш аз таҳти дил накӯшад, Исо аз кори вай норозӣ мешавад.

Расулон аз шунидани суханони зерини Исо, бешак, хеле хурсанд шуданд: «Ҳар касе, ки дорад, ба вай боз ҳам бештар дода мешавад».

  • Дар мисоли талантҳо хӯҷаин кисту ғуломон кистанд?

  • Исо ба шогирдонаш кадом дарсҳоро таълим медиҳад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан