БОБИ 116
Исо пойҳои расулонро мешӯяд
МАТТО 26:20 МАРҚӮС 14:17 ЛУҚО 22:14–18 ЮҲАННО 13:1–17
ИСО БОРИ ОХИР ҲАМРОҲИ РАСУЛОНАШ ИДИ РАҲОИРО ҶАШН МЕГИРАД
ИСО ПОЙИ РАСУЛОНРО ШУСТА НАМУНАИ ФУРӮТАНӢ МЕГУЗОРАД
Мувофиқи дастуроти Исо Петрус ва Юҳанно ба Ерусалим омаданд ва ҳама чизро барои ҷашни иди Раҳоӣ тайёр карданд. Баъдтар Исо низ ҳамроҳи даҳ расули дигараш ба он ҷо равона мешавад. Рӯз аллакай бегоҳ шудааст ва офтоб ба тарафи ғарбии осмон фурӯ меравад. Ин вақт Исо ҳамроҳи шогирдонаш аз кӯҳи Зайтун мефарояд. Ҳоло бори охир аст, ки Исо пеш аз эҳёи худ Ерусалимро рӯзона аз болои ин кӯҳ мебинад.
Каме пас Исову шогирдонаш ба шаҳр мерасанд ва сӯйи хонае, ки он ҷо иди Раҳоиро ҷашн мегиранд, равона мешаванд. Онҳо ба болохонаи калоне баромада, мебинанд, ки ҳама чиз барои ид тайёр аст. Исо ин чорабиниро хеле интизор буд, барои ҳамин ӯ мегӯяд: «Ман бисёр мехостам, ки пеш аз азобу уқубат кашиданам ин хӯроки Иди раҳоиро бо шумо хӯрам» (Луқо 22:15).
Солҳо пеш дар байни яҳудиён чунин урфу одат пайдо шуда буд, ки ҳангоми ҷашни иди Раҳоӣ дар рӯйи дастархон якчанд пиёла шароб гузошта, онро ба дасти якдигар диҳанд. Ҳоло, баъди гирифтани яке аз ин пиёлаҳо, Исо шукргузорӣ карда мегӯяд: «Инро гирифта, ба якдигар диҳед. Ба шумо мегӯям: минбаъд, то даме ки Подшоҳии Худо наояд, дигар шароб нахоҳам нӯшид» (Луқо 22:17, 18). Ин суханони Исо нишон медиҳанд, ки марги ӯ наздик аст.
Ҳангоми ҷашн гирифтани ид Исо кори ғайричашмдоште мекунад. Ӯ мехезад ва либоси болоияшро кашида, як сӯ мегузораду ба даст сачоқ мегирад. Баъд аз ин ӯ ба тағорае об мегирад ва ба шустани пойҳои расулонаш сар мекунад. Ин корро одатан хӯҷаин ба хизматгор месупорад (Луқо 7:44). Ҳоло, ки дар ин хона хӯҷаин нест, ҳар яке аз расулон метавонист об гирифта, пойҳои дигаронро шӯяд. Лекин, азбаски ҳеҷ кадоми онҳо ин корро накард, Исо худаш ин корро мекунад. Шояд, гап дар сари он аст, ки то ҳол ҳар яки онҳо мехоҳад аз дигаре боло бошад. Ҳар чӣ ҳам бошад, вақте Исо пойҳои шогирдонро мешӯяд, онҳо хиҷолат мекашанд.
Вақте Исо пойҳои Петрусро шустанӣ мешавад, ӯ мегӯяд: «Не, пойҳои маро ҳаргиз нахоҳӣ шуст! Агар пойҳои туро нашӯям, бо ман буда наметавонӣ»,— ҷавоб медиҳад Исо. Петрус мегӯяд: «Ҳазрат, пас на танҳо пойҳо, балки дастон ва сари маро низ шӯй». Суханоне, ки Исо дар ҷавоб мегӯяд, шояд, Петрусро, ҳайрон мекунанд: «Ҳар касе, ки шустушӯ кардааст, шустани пойҳояш кифоя аст, чунки ӯ комилан пок аст. Шумо пок ҳастед, вале на ҳамаатон» (Юҳанно 13:8–10).
Исо пойҳои ҳамаи 12 расул, аз он ҷумла Яҳудои Исқарютро, мешӯяд. Пас аз ин ӯ либосашро мепӯшад ва дар сари миз каҷпаҳлӯ мезанаду мегӯяд: «Оё медонед, ки бароятон чӣ кор кардам? Шумо маро “Устод” ва “Ҳазрат” меномед ва рост мегӯед, зеро ҳамин тавр аст. Агар ман — Ҳазрат ва Устоди шумо, пойҳоятонро шуста бошам, пас, шумо низ бояд пойҳои якдигарро бишӯед. Ман ба шумо намуна гузоштам, то, чи тавре ки ман бо шумо рафтор кардам, шумо низ ҳамон тавр кунед. Ба ростӣ, ба ростӣ ба шумо мегӯям: ғулом аз хӯҷаинаш ва шахси фиристодашуда аз фиристандааш бузургтар нест. Агар ин чизҳоро дониста, мувофиқи он амал кунед, хушбахт хоҳед буд» (Юҳанно 13:12–17).
Исо бо ин кораш ягон маросими пойшӯиро ҷорӣ кардан намехост. Не, ӯ ба шогирдонаш намунаи ибрат гузошт, то онҳо мисли ӯ фурӯтан бошанд. Пайравони Исо набояд ҷоҳталаб бошанд ва фикр кунанд, ки онҳо аз дигарон болоянду ҳама бояд ба онҳо хизмат кунанд. Исо бо омодагӣ ба дигарон хизмат кард ва инро бе рӯйбинӣ ба ҷо овард. Шогирдон низ бояд ба ин намунаи Устодашон пайравӣ кунанд.