ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • jy боби 71 саҳ. 168-саҳ. 169
  • Фарисиён марди шифоёфтаро саволборон мекунанд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Фарисиён марди шифоёфтаро саволборон мекунанд
  • Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Маводи монанд
  • Исо кӯри модарзодро шифо медиҳад
    Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
  • Ба нобиноён барои шинохтани Яҳува кӯмак расонед
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
Ҳазрати Исо — роҳ, ростӣ ва ҳаёт
jy боби 71 саҳ. 168-саҳ. 169
Марди бино шуда ба саволҳои фарисиён ҷавоб медиҳад; волидонаш ҳамаи инро мушоҳида мекунанд

БОБИ 71

Фарисиён марди шифоёфтаро саволборон мекунанд

ЮҲАННО 9:19–41

  • ФАРИСИЁН КӮРИ МОДАРЗОДРО ПУРСУКОВ МЕКУНАНД

  • ИСО РОҲБАРОНИ ДИНРО «КӮР» МЕНОМАД

Фарисиён бовар намекунанд, ки Исо кӯри модарзодро шифо додааст, барои ҳамин онҳо падару модари ӯро ҷеғ мезананд, то аниқ кунанд, ки оё фарзандашон дар ҳақиқат кӯр таваллуд шудааст ё не. Волидони он мард мефаҳманд, ки агар Исоро Масеҳ гӯянд, онҳоро аз ибодатгоҳ пеш карда метавонанд (Юҳанно 9:22). Касе, ки аз ибодатгоҳ ронда мешуд, радди маърака мегашт ва дар натиҷа аз ҷиҳати пулию моддӣ душворӣ мекашид.

Фарисиён ба онҳо ду савол медиҳанд:

— Оё ин писари шумост, ки, аз рӯйи гапатон, кӯр таваллуд шудааст? Агар ин рост бошад, пас, чӣ тавр ӯ ҳоло бино гашт?

— Мо медонем, ки ин писари мост ва кӯр таваллуд шудааст. Аммо намедонем, ки чӣ тавр ӯ бино шуд ва кӣ чашмони ӯро шифо дод,— ҷавоб медиҳанд волидони он мард.

Ҳатто агар он мард воқеаи рӯйдодаро ба волидонаш нақл карда бошад, онҳо ба саволҳои фарисиён бо як эҳтиёткорӣ ҷавоб медиҳанд ва илова мекунанд:

— Аз худаш пурсед, ӯ болиғ аст ва бояд худаш ҷавоб диҳад (Юҳанно 9:19–21).

Он гоҳ фарисиён он марди шифоёфтаро боз ба назди худ фарёд мекунанд. Онҳо Исоро дар гуноҳе айбдор карда он мардро тарсонданӣ мешаванд.

— Худоро ҷалол деҳ,— мегӯянд онҳо.— Мо медонем, ки он мард гунаҳкор аст.

— Гунаҳкор аст ё не, ман намедонам. Фақат ҳаминро медонам, ки кӯр будам, вале ҳоло бино шудам,— ҷавоб медиҳад он мард (Юҳанно 9:24, 25).

Фарисиён ором нашуда боз мепурсанд:

— Ӯ бо ту чӣ кор кард? Чӣ тавр чашмони туро шифо дод?

Он мард ҷуръат карда мегӯяд:

— Ман аллакай гуфтам, вале шумо гӯш накардед. Пас, барои чӣ боз шунидан мехоҳед? Магар шумо ҳам мехоҳед шогирди вай шавед?

— Ту шогирди вай ҳастӣ,— дармегиранд фарисиён,— мо бошем, шогирдони Мӯсо-пайғамбарем. Мо медонем, ки бо Мӯсо Худо гап задааст, вале аз куҷо будани ин одам ба мо маълум нест (Юҳанно 9:26–29).

Он мард ҳайрон шуда мегӯяд:

— Аҷиб аст, ки шумо аз куҷо будани ӯро намедонед, ҳол он ки ӯ маро бино кардааст.

Он гоҳ ӯ дар бораи он ки Худо дуоҳои киро гӯш мекунаду аз кӣ розӣ аст, чунин далел меорад:

— Маълум аст, ки Худо дуои гунаҳкоронро намешунавад, фақат онҳоеро мешунавад, ки худотарс ҳастанду хости Ӯро ба ҷо меоранд. Аз замони қадим касе ҳаргиз нашунидааст, ки ягон шахс кӯри модарзодро бино карда бошад.

Ва баъд хулоса мекунад:

— Агар он одам аз ҷониби Худо намебуд, ҳеҷ кор карда наметавонист (Юҳанно 9:30–33).

Фарисиён ба суханони ӯ ҷавоб намеёбанд ва ӯро паст зада мегӯянд:

— Ту пур аз гуноҳ таваллуд ёфтаиву боз моро таълим медиҳӣ? (Юҳанно 9:34).

Баъди ин онҳо ӯро пеш мекунанд.

Вақте Исо аз ин воқеа хабардор мешавад, он мардро меёбад ва мепурсад:

— Оё ба Писари одам имон дорӣ?

— Тақсир, ӯ кист, то ба ӯ имон оварам?

— Ту ӯро дидаӣ ва ӯ ҳамонест, ки бо ту гап зада истодааст (Юҳанно 9:35–37).

Он гоҳ он мард мегӯяд:

— Имон дорам, Ҳазратам.

Ва баъд ӯ имон ва иззату эҳтироми худро нишон дода ба Исо таъзим мекунад.

— Ман ба ҷаҳон омадам, то одамон доварӣ карда шаванд ва кӯрон бино гарданду биноён кӯр,— мегӯяд Исо (Юҳанно 9:38, 39).

Фарисиёне, ки ин дам суханони Исоро мешунаванд, худро кӯр намеҳисобанд, баръакс, онҳо гумон мекунанд, ки мардумро сӯйи Худо роҳнамоӣ менамоянд. Онҳо аз Исо мепурсанд:

— Магар мо ҳам кӯр ҳастем?

— Агар шумо кӯр мебудед, гуноҳе намедоштед. Вале, азбаски шумо мегӯед, ки бино ҳастед, гуноҳҳоятон бахшида намешаванд,— мегӯяд Исо (Юҳанно 9:40, 41).

Ҳарчанд фарисиён устодони динанд ва Шариати Худоро хуб медонанд, онҳо Исоро чун Масеҳ қабул намекунанд. Барои ҳамин ин рафтори онҳо гуноҳи азиму нобахшиданист.

  • Падару модари марди шифоёфта аз чӣ метарсанд ва онҳо ба саволи фарисиён чӣ ҷавоб медиҳанд?

  • Ба кадом суханони мард фарисиён ҷавоб ёфта наметавонанд?

  • Барои чӣ Исоро чун Масеҳ қабул накардани фарисиён гуноҳи азиму нобахшиданист?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан