БОБИ ЯК
Ҳақиқат дар бораи Худо
1, 2. Баъзан мо ба худ кадом саволҳоро медиҳем?
КӮДАКОН саволи бисёр медиҳанд. Ҳатто вақте мо ба саволҳои онҳо ҷавоб медиҳем, онҳо боз мепурсанд: «Барои чӣ?»
2 Лекин на танҳо кӯдакон, балки ҳамаи мо саволҳои бисёр медиҳем. Баъзан мо аз худ мепурсем: «Чӣ хӯрем? Чӣ пӯшем? Чӣ харем?» Ё ки баъзан фикр мекунем, ки ояндаамон чӣ хел мешавад. Лекин вақте ба саволҳоямон ҷавоб намеёбем, мумкин, савол доданро бас мекунем.
3. Барои чӣ бисёр одамон фикр мекунанд, ки ба саволҳои муҳими зиндагӣ ҷавоб ёфтан номумкин аст?
3 Оё ба саволҳои муҳими зиндагӣ ҷавоб ёфтан мумкин аст? Баъзе одамон мегӯянд, ки танҳо Худо инро медонад. Ба гуфти онҳо ин кори Худост ва мо набояд чунин саволҳоро диҳем. Ё, шояд, онҳо мегӯянд, ки ба ин саволҳо фақат муаллимону намояндагони дин ҷавоб дода метавонанд. Баъзеи дигар аз савол додан шарм медоранд. Шумо чӣ фикр доред?
4, 5. Шумо ба кадом саволҳо ҷавоб ёфтан мехоҳед? Барои чӣ шумо бояд ба саволҳои худ ҷавоб кофтанро бас накунед?
4 Мумкин, шумо мехоҳед ба чунин саволҳо ҷавоб ёбед: «Мақсади ҳаёти одам чист? Чӣ тавр мо хушбахт буда метавонем? Вақте одам мемурад, бо ӯ чӣ мешавад? Барои чӣ одамони хуб азоб мекашанд?» Исо, ки Устоди бузург буд, чунин гуфт: «Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд; биҷӯед, хоҳед ёфт; дарро бикӯбед, он ба рӯятон кушода хоҳад шуд» (Матто 7:7). «Ҷӯянда ёбанда аст», барои ҳамин то ба саволҳои худ ҷавоб наёбед, кофтуковро бас накунед.
5 Ҷавоб ба ин хел саволҳо дар Китоби Муқаддас оварда шудааст. Барои ёфтани онҳо мо бояд Китоби Муқаддасро хонему омӯзем (Масалҳо 2:1–5). Фаҳмидани ин ҷавобҳо душвор нест. Вақте мо ба саволҳои муҳими зиндагӣ ҷавоб меёбем, дар ҳаётамон хушбахтии бештарро ҳис мекунем. Инчунин дар диламон умед пайдо мешавад, ки моро ояндаи хуб интизор аст. Биёед ба як саволе, ки бисёриҳо медиҳанд, ҷавоб ёбем.
ОЁ ХУДО ОДАМОНРО ИМТИҲОН МЕКУНАД?
6. Ба гуфти баъзеҳо сабаби ранҷу азоб чист?
6 Имрӯз дунё пур аз бадӣ, ҷанг, бадбинӣ ва фалокатҳост. Одамон касал мешаванд, азоб мекашанд ва мемуранд. Баъзе одамон мегӯянд, ки ҳамин хел бояд бошад. Ба гуфти онҳо ин дунё имтиҳон асту Худо ба сари одамон бадбахтӣ оварда онҳоро месанҷад.
7. а) Вақте ягон бадбахтӣ рӯй медиҳад, сарварони дин чӣ мегӯянд? б) Барои чӣ мо дилпур буда метавонем, ки Худо дар рӯй додани бадиҳо сабабгор нест?
7 Барои чӣ одамон ин хел фикр мекунанд? Чунки вақте нохушиҳо рӯй медиҳанд, сарварони дин мегӯянд, ки ин хости Худо аст. Лекин Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ аз Худо бадӣ сар намезанад. Дар ояти Яъқуб 1:13 гуфта мешавад, ки Худо ҳеҷ касро бо бадӣ имтиҳон намекунад: «Дар озмоиш... ҳеҷ кас набояд бигӯяд: “Маро Худо меозмояд”; чунки Худо бо бадӣ озмуда намешавад ва Худаш ҳеҷ касро намеозмояд». Ин чӣ маъно дорад? Ҳарчанд Худо ҳозир пеши роҳи бадиву бадбахтиҳоро намегирад, Ӯ ҳеҷ гоҳ худаш бадӣ намекунад. (Айюб 34:10–12-ро хонед.) Биёед як мисолро дида бароем.
8, 9. Чаро вақте бадиҳо рӯй медиҳанд, мо набояд Худоро айбдор кунем? Мисол оред.
8 Ҷавонеро тасаввур кунед, ки дар хонаи падару модараш зиндагӣ мекунад. Падараш ӯро сахт дӯст медорад ва ба писараш қабул кардани қарорҳои дурустро ёд медиҳад. Лекин рӯзе аз рӯзҳо писар саркашӣ мекунад ва аз хонаи падар меравад. Ӯ ба корҳои бад даст мезанад ва бо нохушиҳо рӯ ба рӯ мешавад. Оё шумо падарро барои он ки пеши роҳи писарашро нагирифт, айбдор мекардед? Не, албатта! (Луқо 15:11–13). Мисли он падар Худо одамонро аз роҳи бадашон нигоҳ надошт. Барои ҳамин вақте ягон бадӣ рӯй медиҳад, дар хотир доред, ки Худо айбдор нест. Айбдор кардани Худо аз рӯйи инсоф намебуд.
9 Пас барои чӣ Худо бадиро нест намекунад? Ба ин савол Китоби Муқаддас ҷавоби хуб медиҳад. Шумо метавонед онро аз боби 11-и ҳамин китоб фаҳмед. Лекин боварӣ дошта бошед, ки Худо ба бадиҳо айбдор нест. Баръакс, танҳо Худо метавонад онҳоро ҳал кунад (Ишаъё 33:2).
10. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки Худо тамоми бадиро нест мекунад?
10 Худо поку муқаддас аст (Ишаъё 6:3). Ҳама корҳои Ӯ пок, дуруст ва хубанд. Худо беайб аст, барои ҳамин мо метавонем ба Ӯ таваккал кунем. Аммо одамон беайб нестанд. Онҳо бисёр вақт хато мекунанд. Ягон ҳокими росткор наметавонад зарареро, ки одамони бад ба инсоният расондаанд, аз байн барад. Ҳеҷ кас монанди Худо бузургу тавоно нест. Танҳо Ӯ метавонад бадиро аз ҷаҳон нест кунад. Ва ба наздикӣ Ӯ ин корро мекунад. (Забур 36:9–11-ро хонед.)
ВАҚТЕ ОДАМОН АЗОБ МЕКАШАНД, ХУДО ЧӢ ҲИС МЕКУНАД?
11. Вақте Худо ранҷу азобҳои моро мебинад, Ӯ чӣ ҳис мекунад?
11 Вақте Худо рӯйдодҳои бади ҷаҳон ва душвориҳои шуморо мебинад, чӣ ҳис мекунад? Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки Худо «инсофро дӯст медорад» (Забур 36:28). Ӯ некиро дӯст медорад ва бадиро чашми дидан надорад. Ӯ намехоҳад, ки одамон азоб кашанд. Як вақт дар замонҳои қадим замин аз бадӣ пур шуда буд. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки вақте Худо ҳамаи ин бадиро дид, «дилаш маҳзун гашт», яъне хеле зиқ шуд (Ҳастӣ 6:5, 6). Худо имрӯз ҳам дигар нашудааст (Малокӣ 3:6). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо ғами ҳар яки моро мехӯрад. (1 Петрус 5:7-ро хонед.)
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува Офаридгори тамоми олам аст. Ӯ ҳама чизро бо муҳаббат офаридааст
12, 13. а) Аз куҷо дар мо муҳаббат ва дилсӯзӣ ҳаст? Вақте ранҷу азоби одамонро мебинем, чӣ ҳис мекунем? б) Барои чӣ мо боварӣ дошта метавонем, ки Худо беадолатӣ ва ранҷу азобро нест мекунад?
12 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Худо моро ба сурати худаш офаридааст (Ҳастӣ 1:26). Ин чӣ маъно дорад? Худо вақти офаридан хислатҳои зебои худашро дар мо ҷо кардааст. Вақте шумо мебинед, ки касе азоб мекашад, дилатон ба ӯ месӯзад. Лекин дониста бошед, ки дили Худо сад баробар бештар месӯзад!
13 Дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:8). Ӯ ҳама корашро аз рӯйи муҳаббат мекунад. Мо ҳам муҳаббат дорем, чунки моро Худо ҳамин хел офаридааст. Агар аз дастатон меомад, оё одамонро аз ранҷу азоб халос мекардед? Албатта, чунки шумо одамонро дӯст медоред. Худо низ одамонро дӯст медорад. Ӯ метавонад беадолатӣ ва ранҷу азобро аз рӯйи замин нест кунад. Худо сахт мехоҳад, ки ин корро кунад. Барои ҳамин боварӣ дошта бошед, ки ҳама ваъдаҳои Худо, ки дар аввали ин китоб оварда шудаанд, иҷро мешаванд. Лекин барои ба ин боварӣ пайдо кардан шумо бояд дар бораи Худо бисёртар фаҳмед.
ХУДО МЕХОҲАД, КИ ШУМО ӮРО ШИНОСЕД
Вақте мо мехоҳем дӯсти ягон кас шавем, номамонро ба ӯ мегӯем. Худо ҳам номашро ба мо гуфтааст. Он дар Китоби Муқаддас навишта шудааст
14. Номи Худо чист ва барои чӣ мо бояд номи Ӯро истифода барем?
14 Вақте мо мехоҳем бо ягон кас дӯстӣ кунем, номамонро ба ӯ мегӯем. Оё Худо ҳам ном дорад? Бисёриҳо мегӯянд, ки Худо номҳои зиёде дорад, ба монанди «Карим» ва «Раҳим». Лекин онҳо номҳои Худо не, балки хислатҳои Ӯ мебошанд ва маънояшон бахшанда ва меҳрубон аст. Баъзеи дигар мегӯянд, ки номи Худо «Оллоҳ» аст. Оллоҳ ин калимаи арабист, ки маънояш Худо мебошад. Ин ба мисли он аст, ки мо гӯем: «Номи подшоҳ подшоҳ аст» ва «номи президент — президент». Яъне «Худо», «Худованд» ва ё «Оллоҳ» — номи Худо нестанд. Ин тавр бошад, номи Худо чист? Дар Китоби Муқаддас ба забони форсӣ, дар Забур 83:18 дар бораи Худо чунин гуфта шудааст: «Бидонанд, Ту, ки исмат Яҳува мебошад, ба танҳо бар тамоми замин Мутаол ҳастӣ». Пайғамбароне, ки Китоби Муқаддасро менавиштанд, номи Худоро ҳазорон бор дар он истифода бурданд. Худо мехоҳад, ки шумо номи Ӯро бидонед ва онро истифода баред, то ба Ӯ наздик шавед.
15. Номи Яҳува чӣ маъно дорад?
15 Номи бузурги Худо — Яҳува маънои чуқур дорад. Он маъно дорад, ки Худо метавонад ҳама ваъдаҳояшро иҷро кунад ва хости худро ба ҷо орад. Ҳеҷ чиз пеши роҳи Ӯро гирифта наметавонад. Танҳо Худо сазовори чунин ном астa.
16, 17. а) Маънои «Қодири Мутлақ» чист? б) Барои чӣ Яҳува «Подшоҳи ҷовид» номида шудааст? в) «Офаридгор» чӣ маъно дорад?
16 Мо аллакай хондем, ки дар Забур 83:18 гуфта мешавад, ки Яҳува «бар тамоми замин Мутаол» аст, яъне танҳо Ӯ Худои Таоло мебошад. Дар Ваҳй 15:3 гуфта мешавад: «Бузург ва аҷоиб аст аъмоли Ту, эй Худованд Худои Қодири Мутлақ!» Қодири Мутлақ чӣ маъно дорад? Он маъно дорад, ки Яҳува аз ҳама пурқуввату пурқудрат аст. Дар 1 Тимотиюс 1:17 Яҳува «Подшоҳи ҷовид» номида шудааст. Ин чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки Худо аввал надошт. Ӯ ҳама вақт вуҷуд дошт. Дар Забур 89:2 гуфта мешавад, ки Яҳува «аз азал то абад» вуҷуд дорад, яъне на аввал дораду на охир!
17 Яҳува Офаридгор аст. Дар Ваҳй 4:11 гуфта шудааст: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст». Фариштаҳо, ситорагон, меваву сабзавот, моҳиёни баҳр, парандагони осмон — ҳама касу ҳама чизро Яҳува сохтааст!
ОЁ БА ЯҲУВА НАЗДИК ШУДАН МУМКИН АСТ?
18. Барои чӣ баъзеҳо фикр мекунанд, ки ба Худо наздик шудан номумкин аст? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
18 Вақте одамон бо хислатҳои зебои Яҳува шинос мешаванд, онҳо, шояд, чунин мегӯянд: «Худо ин қадар бузургу пурқудрат аст ва Ӯ дар худи осмон аст. Ман бошам, як инсони хокӣ. Худо ба ман коре надорад». Ба гуфти дигарон ҳатто дар бораи дӯстӣ бо Худо гап задан гуноҳ аст. Лекин Худо намехоҳад, ки мо ин хел фикр кунем. Ӯ мехоҳад ба мо наздик бошад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува «аз ҳеҷ яке аз мо дур нест» (Аъмол 17:27). Худо мехоҳад, ки шумо ба Ӯ наздик шавед. Агар ин хел кунед, Ӯ низ «ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:8).
19. а) Барои ба Худо наздик шудан мо бояд чӣ кор кунем? б) Кадом хислатҳои Яҳува ба шумо бисёртар маъқуланд?
19 Барои ба Худо наздик шудан мо бояд чӣ кор кунем? Исо гуфта буд: «Ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ... бишносанд» (Юҳанно 17:3). Дар бораи Яҳува дониш гирифтанро давом диҳед. Масалан, шумо аллакай фаҳмидед, ки «Худо муҳаббат аст» (1 Юҳанно 4:16). Лекин Худо хислатҳои зебои бисёр дорад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Ӯ «раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо» мебошад (Хуруҷ 34:6). Яҳува «некӯ ва омурзгор», яъне бахшанда аст (Забур 85:5). Худо пуртоқат аст ва ҳамеша ба ваъдааш вафо мекунад (2 Петрус 3:9; Ибриён 10:23). Дар вақти хондани Китоби Муқаддас шумо бо дигар хислатҳои Худо низ шинос мешавед.
20, 21. а) Чӣ тавр мо ба Худо наздик шуда метавонем? б) Барои чӣ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо Падари мост?
20 Худоро дида намешавад. Барои ҳамин чӣ хел мо ба Ӯ наздик шуда метавонем? (Юҳанно 1:18; 4:24). Вақте мо аз Китоби Муқаддас дар бораи Яҳува мехонем, дар бораи Ӯ бисёртару бисёртар мефаҳмем. Ҳамин тавр мо гӯё Худоро мебинем (Забур 26:4; Румиён 1:20). Вақте мо дар бораи Яҳува бисёртар мефаҳмем, муҳаббатамон ба Ӯ зиёдтар мешавад.
Падар фарзандашро дӯст медорад. Лекин Падари осмониамон фарзандонашро ҳазорон бор бисёртар дӯст медорад
21 Худо Падари мост (Матто 6:9). Барои чӣ ин хел гуфтан мумкин аст? Чунки Ӯ ба мо ҳаёт додааст ва мехоҳад, ки зиндагии беҳтарин дошта бошем. Ӯ монанди падари меҳрубон ғами фарзандонашро мехӯрад (Забур 35:10). Шумо ҳатто метавонед дӯсти Худо шавед! (Яъқуб 2:23) Тасаввур кунед, ки шумо метавонед дӯсти Офаридгори тамоми олам бошед! Ин фикр дар ақли мо намеғунҷад!
22. Агар касе ба мо гӯяд, ки Китоби Муқаддасро наомӯзем, чӣ кор бояд кунем?
22 Шояд, баъзеҳо нахоҳанд, ки шумо Китоби Муқаддасро омӯзед. Мумкин, онҳо метарсанд, ки шумо дини худро дигар мекунед. Лекин ба ҳеҷ кас намонед, то ба шумо халал расонад, ки дӯсти Яҳува шавед. Дӯстӣ бо Худо аз ҳама чизи арзандаву пурқимат аст.
23, 24. а) Барои чӣ мо бояд аз савол додан шарм надорем? б) Дар боби оянда мо чиро мефаҳмем?
23 Мумкин, вақти омӯзиши Китоби Муқаддас фаҳмидани чизе бароятон душвор мешавад. Барои ҳамин аз савол додан ё аз ёрдам пурсидан шарм надоред. Исо гуфта буд, ки мо бояд монанди кӯдакон фурӯтану хоксор бошем (Матто 18:2–4). Кӯдакон ҳамин хел одат доранд, ки саволи бисёр медиҳанд. Худо мехоҳад, ки шумо ба саволҳои худ ҷавоб ёбед. Барои ҳамин Китоби Муқаддасро бодиққат омӯзед. Ин тавр шумо боварӣ пайдо мекунед, ки чизе ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ҳақ асту рост. (Аъмол 17:11-ро хонед.)
24 Беҳтарин роҳи дар бораи Яҳува фаҳмидан омӯзиши Китоби Муқаддас аст. Лекин Китоби Муқаддас аз дигар китобҳо чӣ фарқ дорад? Дар ин бора аз боби оянда мефаҳмем.