ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • bhs боби 12 саҳ. 124-134
  • Чӣ тавр мо дӯсти Худо шуда метавонем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чӣ тавр мо дӯсти Худо шуда метавонем?
  • Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Хонед дар Таълимот
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЯҲУВА ДӮСТОНИ ХУДРО ҲИМОЯ МЕКУНАД
  • ШАЙТОН ОДАМОНРО АЙБДОР МЕКУНАД
  • ШАЙТОН АЙЮБРО САНҶИД
  • ШАЙТОН ШУМОРО АЙБДОР МЕКУНАД
  • ГУФТАҲОИ ЯҲУВАРО ИҶРО КУН
  • ЯҲУВА ЧИРО ДӮСТ МЕДОРАД?
  • Айюб исми Яҳуваро эҳтиром мекард
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
  • Чӣ тавр Худоро хурсанд карда метавонем?
    Устоди Бузургро гӯш кун
  • «Ба Яҳува умед банд»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Айюб–пайғамбар беайбии худро нигоҳ медорад
    Китоби Муқаддас ва мавзӯи асосии он
Маълумоти бештар
Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
bhs боби 12 саҳ. 124-134

БОБИ ДУВОЗДАҲ

Чӣ тавр мо дӯсти Худо шуда метавонем?

1, 2. Баъзе аз дӯстони Яҳува кӣ буданд?

ШУМО бо кӣ дӯстӣ кардан мехоҳед? Албатта, бо касе, ки ба шумо маъқул аст. Ҳамаи мо мехоҳем бо касе дӯстӣ кунем, ки меҳрубон асту хислатҳои хуб дорад. Дӯстӣ бо чунин шахс хурсандӣ меорад.

2 Яҳува бо баъзе одамон дӯстӣ мекард. Масалан, Иброҳим яке аз дӯстҳои наздики Худо буд (Ишаъё 41:8; Яъқуб 2:23). Яҳува Довудро ҳам дӯст медошт. Ӯ дар бораи Довуд гуфт, ки ӯ «табъи дил»-аш аст (Аъмол 13:22). Ҳамчунин Яҳува Дониёл-пайғамбарро шахси «дилхоҳ» номид (Дониёл 9:23).

3. Чаро Иброҳим, Довуд ва Дониёл дӯстони Яҳува буданд?

3 Барои чӣ Иброҳим, Довуд ва Дониёл дӯсти Яҳува шуданд? Чунки онҳо гапи Ӯро мегирифтанд. Яҳува ба Иброҳим чунин гуфт: «Ту ба овози ман гӯш додӣ» (Ҳастӣ 22:18). Мо ҳам дӯсти Яҳува шуда метавонем, агар фурӯтан бошем ва гапи Ӯро гӯш кунем. Яҳува на танҳо бо одамони алоҳида, балки бо халқҳо дӯстӣ мекунад. Ӯ ба халқи Исроил чунин гуфта буд: «Овози Маро бишнавед, ва Ман Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд» (Ирмиё 7:23). Агар шумо низ дӯсти Яҳува шудан хоҳед, бояд ба Ӯ итоат кунед.

ЯҲУВА ДӮСТОНИ ХУДРО ҲИМОЯ МЕКУНАД

4, 5. Чӣ тавр Яҳува дӯстонашро нигаҳбонӣ мекунад?

4 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Яҳува «онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст», дастгирӣ кардан мехоҳад (2 Вақоеънома 16:9). Дар Забур 31:8 гуфта шудааст, ки Яҳува ба ҳар як дӯсташ чӣ ваъда медиҳад: «Ман туро таълим хоҳам дод ва ба роҳе ки бояд биравӣ, ҳидоят хоҳам кард».

5 Лекин як душмани пурқудрат мехоҳад ба мо халал расонад, то дӯсти Худо нашавем. Ин душман Шайтон аст. Яҳува мехоҳад моро аз зарари ӯ ҳимоя кунад. (Забур 54:23-ро хонед.) Мо, ки дӯстони Яҳува ҳастем, бо тамоми дил мехоҳем ба Ӯ хизмат кунем. Мо ҳатто ҳангоми вазъиятҳои душвор мехоҳем ба Ӯ вафодор монем. Мо ҳам мисли забурнавис ба Яҳува такя мекунем ва аз Ӯ диламон пур аст: «Ӯ ба ямин [дасти рост]-и ман аст; фурӯ нахоҳам ғалтид» (Забур 15:8; 62:9). Аммо чӣ тавр Шайтон ба дӯстии мову Худо зарар расондан мехоҳад? Биёед фаҳмем.

ШАЙТОН ОДАМОНРО АЙБДОР МЕКУНАД

6. Шайтон дар бораи одамон чӣ гуфт?

6 Аз боби 11 мо фаҳмидем, ки Шайтон бар зидди Худо баромад ва гуфт, ки Ӯ дурӯғгӯй аст. Боз Шайтон гуфт, ки Худо нисбат ба Одаму Ҳавво беадолат асту ҳуқуқи онҳоро поймол мекунад ва намегузорад, ки онҳо худашон неку бадро интихоб кунанд. Дар китоби Айюб, ки яке аз китобҳои Китоби Муқаддас аст, гуфта мешавад, ки Шайтон одамонро ҳам айбдор кардааст. Ба гуфти вай одамон танҳо барои фоидаи худ ба Худо хизмат мекунанд, на аз рӯйи муҳаббат. Шайтон гуфт, ки касеро хоҳад, аз роҳи рост мезанад ва бар зидди Худо тела медиҳад. Биёед бо саргузашти Айюб шинос шавем ва фаҳмем, ки чӣ тавр Яҳува ӯро ҳимоя кард.

7, 8. а) Айюб кӣ буд? б) Шайтон дар бораи Айюб чӣ гуфт?

7 Айюб кӣ буд? Ӯ марди хубе буд, ки қариб 3600 сол пеш зиндагӣ мекард. Дар он вақт Яҳува гуфт, ки мисли Айюб ягон кас дар рӯйи замин нест. Айюб марди худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд (Айюб 1:8). Айюб дӯсти ҳақиқии Яҳува буд.

8 Шайтон Айюбро айбдор карда гуфт, ки ӯ ба Худо аз рӯйи муҳаббат нею, барои фоидаи худаш хизмат мекунад. Шайтон ба Яҳува гуфт: «Оё Ту барои ӯ ва барои хонаи ӯ ва барои ҳар чизе ки ӯ дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ? Амали дастҳои ӯро Ту баракат додаӣ, ва чорвои ӯ бар замин паҳн шудааст. Аммо дасти Худро дароз карда, ба ҳар чизе ки ӯ дорад, бизан,— Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод» (Айюб 1:10, 11).

9. Яҳува ба чӣ роҳ дод?

9 Шайтон гуфт, ки Айюб Худоро аз таҳти дил дӯст намедорад. Ба гуфти Шайтон Айюб танҳо барои ба даст овардани ягон фоида ба Яҳува хизмат мекунад. Боз Шайтон гуфт, ки метавонад тавре кунад, то Айюб дигар ба Яҳува хизмат накунад. Яҳува медонист, ки ин тӯҳмат аст, барои ҳамин роҳ дод, ки Шайтон Айюбро санҷад.

ШАЙТОН АЙЮБРО САНҶИД

10. Айюб бо чӣ рӯ ба рӯ шуд ва чӣ тавр рафтор кард?

10 Дар аввал Шайтон ҳама чорвои Айюбро нобуд кард. Баъд вай бисёре аз хизматгорони Айюбро кушт. Айюб қариб ҳама чизашро аз даст дод. Дар охир Шайтон ба воситаи шамоли сахте даҳ фарзанди Айюбро нобуд кард. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Айюб ба Яҳува содиқ монд. «Дар ҳамаи ин Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд» (Айюб 1:12–19, 22).

Айюб бо зану даҳ фарзандаш хушу хурсандона зиндагӣ мекард

Яҳува Айюбро барои дӯсти бовафо буданаш баракат дод

11. а) Ба сари Айюб боз чӣ бадбахтӣ омад? б) Айюб чӣ тавр рафтор кард?

11 Лекин Шайтон ором нашуд. Ӯ боз Айюбро тӯҳмат карда ба Худо гуфт: «Ба устухон ва гӯшти ӯ бизан,— Туро ба ҳузурат дашном хоҳад дод». Шайтон Айюбро ба касалии сахт гирифтор кард (Айюб 2:5, 7). Ин дафъа ҳам Айюб аз Худо рӯ нагардонд. Ӯ гуфт, ки «то дами мурдан» аз беайбиаш даст намекашад (Айюб 27:5).

12. Чӣ тавр Айюб исбот кард, ки Шайтон дурӯғгӯй аст?

12 Айюб намедонист, ки Шайтон ӯро дар пеши Худо айбдор кардааст. Ӯ фикр мекард, ки ҳамаи ин бадбахтиҳо аз тарафи Яҳува аст (Айюб 6:4; 16:11–14). Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Айюб ба Яҳува содиқ монд. Акнун маълум шуд, ки Айюб барои фоидаи худаш бо Яҳува дӯстӣ намекард, балки Ӯро аз таҳти дил дӯст медошт. Маълум шуд, ки ҳама гуфтаҳои Шайтон дурӯғ буданд!

13. Ба Худо вафодор монда Айюб чиро исбот кард?

13 Айюб дар бораи воқеае ки дар осмон рӯй дода буд, чизе намедонист. Лекин ӯ ба Худо вафодор монд ва дурӯғгӯй будани Шайтонро исбот кард. Барои вафодориаш Яҳува Айюбро баракат дод (Айюб 42:12–17).

ШАЙТОН ШУМОРО АЙБДОР МЕКУНАД

14, 15. Шайтон ҳама одамонро ба чӣ айбдор мекунад?

14 Мо аз саргузашти Айюб чӣ дарси муҳиме меомӯзем? Шайтон имрӯз ҳам моро айбдор мекунад, ки гӯё мо барои фоидаи худ ба Худо хизмат мекунем. Шайтон гуфт, ки ҳама чизе, ки «одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод» (Айюб 2:4). «Одамизод» гуфта, Шайтон дар назар дошт, ки на танҳо Айюб, балки ҳама хизматгорони Худо барои фоидаи худ ба Худо хизмат мекунанд. Садсолаҳо пас аз марги Айюб Шайтон ҳанӯз ҳам Яҳува ва хизматгорони Ӯро айбдор мекард. Масалан, дар китоби Масалҳо 27:11 чунин гуфта шудааст: «Эй писарам! Бохирад бош ва дили маро шод гардон, то ки ман ба бадгӯи худ тавонам ҷавоб диҳам».

15 Шумо метавонед Яҳуваро гӯш кунеду дӯсти Ӯ шавед ва ҳамин тавр исбот кунед, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Барои дӯсти Худо шудан дар зиндагии худ дигаргуниҳои калон даровардан даркор аст. Мо бояд ба ин ҷиддӣ нигоҳ кунем. Лекин тарсидан лозим нест, чунки хизмат ба Худо роҳи беҳтарини ҳаёт мебошад. Шайтон мегӯяд, ки агар шумо бо душвориҳо рӯ ба рӯ шавед, аз Худо рӯ мегардонед. Шайтон кӯшиш мекунад, ки моро аз Худо дур кунад. Биёед бинем, ки чӣ тавр.

16. а) Барои одамонро аз Яҳува дур кардан Шайтон кадом роҳҳоро истифода мебарад? б) Чӣ тавр Шайтон ба худи шумо метавонад халал расонад, то дӯсти Яҳува нашавед?

16 Шайтон бо ҳар тарз кӯшиш мекунад, ки моро аз Худо дур кунад. Ӯ «мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Петрус 5:8). Шояд дӯстону наздиконатон ба шумо халал расонанд, ки ба Яҳува гӯш кунед ва Китоби Муқаддасро омӯзед. Шояд шумо ҳис кунед, ки онҳо ба шумо ҳамла мекунанд (Юҳанно 15:19, 20)a. Лекин Шайтон на ҳама вақт моро метарсонад. Баъзан ӯ худро «фариштаи нур» мегирад ва кӯшиш мекунад моро бо ҳилла аз Яҳува дур созад (2 Қӯринтиён 11:14). Шайтон боз як роҳро истифода мебарад, ки ба дӯстии мову Яҳува зарар расонад. Ӯ мехоҳад мо фикр кунем, ки барои дӯсти Худо будан сазовор нестем (Айюб 4:15-19).

ГУФТАҲОИ ЯҲУВАРО ИҶРО КУН

17. Аз кадом сабаб мо ба Худо гӯш мекунем?

17 Вақте мо гапи Яҳуваро мегирем, исбот мекунем, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Чӣ ба мо ёрдам карда метавонад, ки гуфтаҳои Яҳуваро иҷро кунем? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худованд Худои худро бо тамоми дили худ, ва бо тамоми ҷони худ, ва бо тамоми қуввати худ дӯст бидор» (Такрори Шариат 6:5). Мо ба Худо барои он итоат мекунем, ки дӯсташ медорем. Агар муҳаббатамон ба Худо зиёд шудан гирад, мо ҳар як талаби Ӯро иҷро мекунем. Юҳаннои расул навишта буд: «Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3).

18, 19. а) Баъзе чизҳое, ки ба Яҳува маъқул нестанд, кадоманд? б) Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува аз мо ҳеҷ гоҳ чизи аз қувватамон берунро талаб намекунад?

18 Кадом корҳо ба Яҳува маъқул нестанд? Баъзеи онҳо дар чорчӯбаи «Чиро Яҳува бад мебинад?» оварда шудаанд. Шояд шумо фикр кунед, ки баъзеи ин корҳо он қадар бад нестанд. Лекин вақте ки шумо оятҳои Китоби Муқаддасро бодиққат хонда, дар бораи онҳо чуқур фикр мекунед, мефаҳмед, ки аз рӯйи гуфтаҳои Худо рафтор кардан фоидаи бисёр меорад. Шояд шумо пай баред, ки бояд баъзе хислатҳо ва одатҳои худро дигар кунед. Албатта, ин кор осон нест. Лекин, фаромӯш накунед, ки дӯстӣ бо Худо баракатҳои бисёре меорад. Дар зиндагии худ дигаргунӣ дароварда шумо оромӣ ва хурсандӣ ҳис мекунед (Ишаъё 48:17, 18). Оё иҷро кардани гуфтаҳои Яҳува аз дастамон меояд?

19 Яҳува ҳеҷ вақт аз мо чизеро талаб намекунад, ки ба он зӯрамон нарасад (Такрори Шариат 30:11–14). Яҳува дӯсти ҳақиқии мост ва моро аз худамон беҳтар мешиносад. Ӯ медонад, ки мо аз кадом ҷиҳат бақувватему аз кадом ҷиҳат суст (Забур 102:14). Павлуси расул гуфта буд: «Худо амин аст, ва Ӯ намегузорад, ки шумо берун аз қуввати худ озмуда шавед, балки дар баробари озмоиш сабукӣ ҳам медиҳад, то ки шумо тоб оварда тавонед» (1 Қӯринтиён 10:13). Яҳува ба мо ҳама вақт қувват медиҳад, то гуфтаҳои Ӯро иҷро кунем. Ӯ ба мо қуввати садчандон медиҳад, то вақти душвориҳо тоқат карда тавонем (2 Қӯринтиён 4:7). Павлуси расул, ки борҳои зиёд ёрдами Худоро ҳис карда буд, мегӯяд: «Ба ёрии ӯ, ки ба ман қувват мебахшад, қудрати ҳар чизро дорам» (Филиппиён 4:13, ТҶФ).

ЯҲУВА ЧИРО ДӮСТ МЕДОРАД?

20. Мо бояд ба кадом хислатҳои Яҳува пайравӣ кунем ва чаро?

20 Барои он ки дӯсти Яҳува шавем, мо бояд ба корҳое ки Ӯ бад мебинад, даст назанем (Румиён 12:9). Ғайр аз ин дӯстони Худо бояд чизҳоеро ки Ӯ дӯст медорад, дӯст доранд. Он чизҳо дар Забур 14:1–5 номбар шудаанд. (Оятҳоро хонед.) Дӯстони Худо ба хислатҳои Ӯ пайравӣ мекунанд ва «муҳаббат, шодмонӣ, осоиштагӣ, пурсабрӣ, меҳрубонӣ, марҳамат, имон, фурӯтанӣ, парҳезгорӣ» нишон медиҳанд (Ғалотиён 5:22, 23).

21. Чӣ тавр мо метавонем хислатҳои ба Худо маъқулро инкишоф диҳем?

21 Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки ин хислатҳоро дошта бошем? Мо бояд Китоби Муқаддасро доимо хонему омӯзем ва фаҳмем, ки Яҳува чиро дӯст медорад (Ишаъё 30:20, 21). Агар ин хел кунем, муҳаббатамон ба Худо зиёдтар мешавад ва мо кӯшиш мекунем, ки ба ҳама гуфтаҳояш гӯш диҳем.

22. Агар мо ба Яҳува гӯш кунем, чиро ба даст меорем?

22 Ислоҳ ва дигар кардани хислатҳоямон ба он монанд аст, ки мо либоси кӯҳнаро мекашем ва либоси навро мепӯшем. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки мо бояд «одами кӯҳнаро... аз худ» дур кунем ва «одами нав»-ро дар бар кунем (Қӯлассиён 3:9, 10). Ин кор осон нест. Лекин агар кӯшиш кунем, Яҳува ба мо «подоши бузург» ва баракати бисёр медиҳад (Забур 18:12). Тарафи Яҳуваро гиред ва исбот кунед, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Ба Яҳува аз рӯйи муҳаббат хизмат кунед, на барои ягон музд. Он вақт шумо дӯсти ҳақиқии Худо мешавед!

a Ин маънои онро надорад, ки Шайтон ҳар яки онҳоро идора мекунад. Лекин Шайтон «худои ин дунё» мебошад ва «тамоми ҷаҳон зери ҳукумат»-и вай аст. Барои ҳамин вақте одамон ба мо халал мерасонанд, ки ба Яҳува наздик шавем, мо аз ин ҳайрон намешавем (2 Қӯринтиён 4:4; 1 Юҳанно 5:19).

ЧИРО ЯҲУВА БАД МЕБИНАД?

  • Куштор

    Хуруҷ 20:13; 21:22, 23

  • Бадахлоқии ҷинсӣ

    Ибодат 20:10, 13, 15, 16; Румиён 1:24, 26, 27, 32; 1 Қӯринтиён 6:9, 10

  • Ҷодугарӣ ва алоқа бо девҳо

    Такрори Шариат 18:9–13; 1 Қӯринтиён 10:21, 22; Ғалотиён 5:20, 21

  • Бутпарастӣ

    1 Қӯринтиён 10:14

  • Бадмастӣ

    1 Қӯринтиён 5:11

  • Дуздӣ

    Ибодат 6:2, 4; Эфсӯсиён 4:28

  • Дурӯғгӯӣ

    Масалҳо 6:16, 19; Қӯлассиён 3:9; Ваҳй 22:15

  • Чашмгуруснагӣ

    1 Қӯринтиён 5:11

  • Зӯроварӣ

    Забур 10:5; Масалҳо 22:24, 25; Малокӣ 2:16; Ғалотиён 5:20, 21

  • Бадзабонӣ ва ғайбат

    Ибодат 19:16; Эфсӯсиён 5:4; Қӯлассиён 3:8

  • Нодуруст истифода бурдани хун

    Ҳастӣ 9:4; Аъмол 15:20, 28, 29

  • Таъмин накардани оила

    1 Тимотиюс 5:8

  • Иштирок дар ҷангҳо ва сиёсат

    Ишаъё 2:4; Юҳанно 6:15; 17:16

  • Сигоркашӣ ва нашъамандӣ

    Марқӯс 15:23; 2 Қӯринтиён 7:1

ФИКРҲОИ АСОСӢ

1. ДӮСТОНИ ЯҲУВА БА Ӯ ИТОАТ МЕКУНАНД

«Овози Маро бишнавед, ва Ман Худои шумо хоҳам буд, ва шумо қавми Ман хоҳед буд» (Ирмиё 7:23).

Оё мо метавонем дӯсти Худо шавем?

  • Ҳастӣ 22:18; Яъқуб 2:23

    Иброҳим Худоро гӯш дода, ба Ӯ имон овард. Барои ҳамин ӯ дӯсти Худо шуд.

  • 2 Вақоеънома 16:9

    Яҳува ба онҳое, ки Ӯро гӯш мекунанд, ёрдам мекунад.

  • Забур 24:14; 31:8

    Яҳува ба дӯстони худ фаҳм мебахшад

  • Забур 54:23

    Яҳува дӯстонашро муҳофизат мекунад.

2. АЙЮБ ДӮСТИ ХУДО БУД ВА БА Ӯ ТО ОХИР СОДИҚ МОНД

«Дар ҳамаи ин Айюб хатое накард, ва аз Худо шикоят нанамуд» (Айюб 1:22).

Чӣ тавр Шайтон Айюбро озмуд ва Айюб чӣ кор кард?

  • Айюб 1:10, 11

    Шайтон Айюбро айбдор карда гуфт, ки ӯ ба Худо аз рӯйи муҳаббат нею, барои фоидаи худаш хизмат мекунад.

  • Айюб 1:12–19; 2:7

    Яҳува ба Шайтон роҳ дод, ки ҳама чизи Айюбро гирад ва ҳатто ӯро ба касалии сахт гирифтор кунад.

  • Айюб 27:5

    Айюб сабаби азоб кашиданашро намедонист, аммо ба ин нигоҳ накарда содиқ монд.

3. ШАЙТОН МЕХОҲАД ШУМОРО АЗ ХУДО ДУР КУНАД

«Ҳар чизе ки одамизод дорад, барои ҷони худ хоҳад дод» (Айюб 2:4).

Чӣ тавр Шайтон кӯшиш мекунад, ки дӯстии шуморо бо Худо вайрон кунад?

  • 2 Қӯринтиён 11:14

    Шайтон кӯшиш мекунад, ки мо гапи Худоро нагирем.

  • Айюб 4:15-19

    Ӯ мехоҳад мо фикр кунем, ки барои ба Худо хизмат кардан сазовор нестем.

  • 1 Петрус 5:8

    Шайтон ҳамеша кӯшиш мекунад, ки ба мо зарар расонад

  • Масалҳо 27:11

    Ба гапи Яҳува гӯш кунед ва дӯсти содиқи Ӯ бошед. Ин тавр рафтор карда шумо исбот мекунед, ки Шайтон дурӯғгӯй аст.

4. МО БА ЯҲУВА АЗ РӮЙИ МУҲАББАТ ИТОАТ МЕКУНЕМ

«Муҳаббат ба Худо ҳамин аст, ки мо аҳкоми Ӯро риоят кунем; ва аҳкоми Ӯ гарон нест» (1 Юҳанно 5:3).

Чӣ тавр шумо дӯсти Яҳува шуда метавонед?

  • Такрори Шариат 6:5

    Муҳаббати худро ба Худо нишон диҳед. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки итоаткор бошед.

  • Ишаъё 48:17, 18

    Яҳуваро гӯш кунед ва соҳиби баракатҳо шавед.

  • Такрори Шариат 30:11–14

    Бовар дошта бошед, ки Яҳува аз мо ҳеҷ гоҳ чизи аз қувватамон берунро талаб намекунад.

  • Филиппиён 4:13

    Яҳува ба мо барои дуруст рафтор кардан, ҳама вақт қувват медиҳад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан