ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • ypq саволи 2 саҳ. 6-8
  • Барои чӣ ман ин қадар безебам?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барои чӣ ман ин қадар безебам?
  • Ҷавоб ба 10 саволи ҷавонон
Ҷавоб ба 10 саволи ҷавонон
ypq саволи 2 саҳ. 6-8
Духтари наврасе ба журнали мода нигоҳ мекунад

САВОЛИ 2

Барои чӣ ман ин қадар безебам?

БАРОИ ЧӢ ИНРО ДОНИСТАН ДАРКОР?

Он чизе, ки дар оина мебинӣ, чизи аз ҳама муҳим нест.

ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?

Ин воқеаро тасаввур кун: Ҷонона духтари хушрӯй аст. Падару модар ва дугонаҳояш ӯро барои хушрӯгиаш таъриф мекунанд. Лекин ҳар вақте ӯ ба оина нигоҳ мекунад, дар худаш айб меёбад. Баъзан аз сохти биниаш розӣ нест, баъзан мехоҳад, ки рӯяш бе доғ бошад ва ё харобтар бошад.

Чанде пеш ба сари Ҷонона чунин фикр омад, ки коре карда ду-се кило хароб шавад. Барои ин ӯ мехоҳад якчанд рӯз гушна гардад...

Агар ту ҳам мисли Ҷонона аз худат розӣ набошӣ, чӣ кор карда метавонӣ?

ИСТО ВА ФИКР КУН!

Духтари наврасе ба оина нигоҳ карда, худро каҷалаву безеб мебинад

Баъзан ҷавонон гӯё ба оинаи каҷнамо нигоҳ карда афту андоми худро нодуруст баҳо медиҳанд

Дар бораи афту андом фикр кардан нодуруст нест. Дар худи Китоби Муқаддас дар бораи зебогии Соро, Роҳел, Абиҷайл, Юсуф ва Довуд нақл карда мешавад. Масалан, дар Китоби Муқаддас дар бораи зане бо номи Абишаг гуфта мешавад, ки «ниҳоятдараҷа соҳибҷамол [зебо] буд» (3 Подшоҳон 1:4).

Лекин бисёр ҷавонон аз ҳад зиёд дар бораи рангу рӯ ва қаду басташон фикр мекунанд. Ин кор оқибати бад дошта метавонад. Мисол:

  • Аз баъзе духтарон пурсиданд, ки онҳо дар бораи худашон чӣ фикр доранд. Маълум шуд, ки 58 фоизи онҳо худро аз ҳад фарбеҳ меҳисобиданд. Дар асл бошад, фақат 17 фоизашон чунин буданд.

  • Вақте ин саволро ба духтарони дигар доданд, 45 фоизашон гуфтанд, ки аз ҳад фарбеҳанд. Аҷоибаш ин ки ҳамаи ин духтарон аз ҳад хароб буданд!

  • Баъзе ҷавонон «хароб мешавам» гуфта, худро ғуломи анорексия карданд. Ин ҳолатест, ки ҳангоми он одам қариб ҳеҷ чиз нахӯрда, худро ба ҳолати ниммурдагӣ мерасонад.

Агар ту дар худ нишонаҳои анорексияро пай барӣ, ёрдам пурс. Бо падар, модар ё ягон шахси калонсол, ки ба ӯ бовар дорӣ, дар ин бора гап зан. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дӯст ҳар вақт дӯст медорад, ва бародар барои рӯзи сахт таваллуд мешавад» (Масалҳо 17:17).

ЧИРО БОЯД ДИГАР КАРД?

Мегӯянд, ки «гап дар сират аст, на дар сурат». Хушрӯгии ҳақиқӣ дар рангу рӯ, қаду баст ва ё китфу бозу нест, балки дар хислатҳои неки одам аст. Масалан, дар бораи яке аз писарони пайғамбар Довуд, ки Абшолӯм ном дошт, чунин гуфта шудааст:

«Касе дар зебоӣ мисли Абшолӯм... набуд: аз кафи пой то фарқи сараш ӯ нуқсоне надошт» (2 Подшоҳон 14:25).

Лекин ӯ одами ҳавобаланду аз худ рафтагӣ, шӯҳратпараст ва маккор буд. Китоби Муқаддас ӯро чун як хоини нобакор ва хунхору бераҳм тасвир мекунад.

Китоби Муқаддас беҳуда намегӯяд:

«Шахсияти навро дар бар кунед» (Қӯлассиён 3:10, ТҶФ).

«Бигзор зебоии шумо на дар ороиши зоҳирӣ... балки дар ботин бошад» (1 Петрус 3:3, 4, ТДН).

Ҳарчанд ба рангу рӯйи худ аҳамият додан нодуруст нест, аз ҳама муҳим он аст, ки мо чӣ гуна шахсем. Одаме, ки хислатҳои хуб дорад, назар ба шахси хушрӯе, ки хислатҳои хуб надорад, бештар ба дигарон маъқул аст. Духтаре бо номи Фирӯза мегӯяд: «Одами хушрӯй тез ба чашми дигарон меафтад. Лекин дар хотири одамон пеш аз ҳама на зебогӣ, балки рафтору хислатҳои хуби шахс мемонад».

НАЗАРИ МАН БА ХУДАМ

Оё ту аз рангу рӯ ва ё қаду басти худ норозиӣ?

Оё ту ягон бор фикр кардаӣ, ки барои хароб ва ё фарбеҳшавӣ дору хӯрӣ?

Агар ту метавонистӣ, чиро дар бадани худ дигар мекардӣ? (Интихоб кун.)

  • ҚАД

  • ВАЗН

  • МӮ

  • СОХТИ БАДАН

  • РӮ

  • РАНГИ ПӮСТ

Агар ту ба ду саволи аввал «ҳа» ҷавоб додӣ ва дар саволи сеюм се ва ё зиёда чизро интихоб кардӣ, дониста бош: мумкин аст, ки дигарон чи хеле ки ту худатро безеб баҳо медиҳӣ, ин хел фикр надошта бошанд. Агар шахс аз рангу рӯ ва ё қаду басти худ норозӣ бошад, метавонад аз ҳад гузарад ва тамоми ҳушу ёдашро ба ҳамин чиз равона созад (1 Подшоҳон 16:7).

МАН ЧӢ КОР КАРДА МЕТАВОНАМ?

  • Ман ин тавр саломатиамро беҳтар карда метавонам...

  • Ба ман ин машқҳо ёрдам карда метавонанд...

  • Агар дӯстам гӯяд, ки барои хароб ва ё фарбеҳ шудан ба ҳама кор тайёр аст, ман...

МАЪЛУМОТИ БЕШТАР ГИР!

Ҳамсолонат чӣ мегӯянд? Хушрӯгӣ

Видеонавори «Ҳамсолонат чӣ мегӯянд? Хушрӯгӣ»-ро аз сайти www.pr2711.com/tg тамошо кун.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан