СУРУДИ 61
Ба пеш, Шоҳидон!
1. Халқи Худо ҳамеша бо қатъият
Тайёр аст, ки диҳад ба ҳама башорат.
Шайтон хоҳад тарсонад моро,
Лек «қувват бидеҳ» гӯем мо Худоро.
(Нақарот)
Ба пеш, Шоҳидон, ба пеш, дилатон қавист!
Дар кори Худо иштирок кардан шодист!
Дар баҳру бар гӯем, ки ҳаст наздик биҳишт
Ва ҷовид монад ҳар кӣ некӣ кишт.
2. Намехоҳанд сарбозони Яҳува,
Ки оянд писанд ба дунёи дурӯза.
Покии худ ҳифз кунем ҳар дам,
Ҳарчанд зидди мо шаванд душманон ҷамъ.
(Нақарот)
Ба пеш, Шоҳидон, ба пеш, дилатон қавист!
Дар кори Худо иштирок кардан шодист!
Дар баҳру бар гӯем, ки ҳаст наздик биҳишт
Ва ҷовид монад ҳар кӣ некӣ кишт.
3. Номи Худоро сиёҳ кунанд беҳад,
Бо ҷаҳлу нафрат Подшоҳиро созанд рад.
Лек мо кӯшем пок созем номаш,
Ба ҳар қавму сибт расонем паёмаш.
(Нақарот)
Ба пеш, Шоҳидон, ба пеш, дилатон қавист!
Дар кори Худо иштирок кардан шодист!
Дар баҳру бар гӯем, ки ҳаст наздик биҳишт
Ва ҷовид монад ҳар кӣ некӣ кишт.
(Ҳамчунин нигаред ба 2 Мӯсо 9:16; Фил. 1:7; 2 Тим. 2:3, 4; Яъқ. 1:27.)