СУРУДИ 102
Нотавононро дастгирӣ намоед
1. Ҳамаи мо медонем —
ҳастем нокомил,
Лекин Яҳува ба мо
мебошад раҳмдил.
Хеле ғамхор аст ӯ,
дар муҳаббат пурзӯр.
Мо низ кунем меҳр зоҳир
ба афсурдадил.
2. «Бошад нотавон гар кас,
ман ҳам мисли ӯ»,—
Гуфт бо ҳамдардӣ Павлус,
зеро буд дилсӯз.
Шавем заиф гар мо,
созад қавӣ Худо.
Бигзор бошем ба сустон
ғамбардору дӯст.
3. Ба нотавонон мудом
бошем бошафқат.
Накунем маҳкум, баръакс,
диҳем тақвият.
Пас, бо сухани нарм
кунемашон дилгарм.
Бошем гар марҳами дил,
ёбанд тароват.
(Ҳамчунин нигаред ба Иш. 35:3, 4; 2 Қӯр. 11:29; Ғал. 6:2.)