ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • th дарси 1 саҳ. 4
  • Сарсухани хуб

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сарсухани хуб
  • Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Маводи монанд
  • Фоидаи мавзӯъро нишон диҳед
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
Дар хониш ва таълим моҳир шавед
th дарси 1 саҳ. 4

ДАРСИ 1

Сарсухани хуб

Ояти овардашуда

Аъмол 17:22

МАҚСАДИ ДАРС: Сарсухани шумо бояд шавқи шунавандаро бедор созад, ӯро бо мавзӯъ шинос кунад ва нишон диҳад, ки он ба шахс чӣ гуна фоида меорад.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Шавқи шахсро бедор созед. Ягон савол, воқеа, хабар, зарбулмасал ё чизи дигареро, ки ба шунаванда шавқовар буда метавонад, қайд кунед.

    Маслиҳат

    Пешакӣ фикр кунед, ки одамон ба чӣ шавқ доранд ва аз чӣ дар ташвишанд. Баъд сарсуханатонро ба он мувофиқ созед.

  • Бо мавзӯъ шинос кунед. Дар сарсуханатон нишон диҳед, ки дар бораи чӣ гап заданиед ва чаро ин мавзӯъро интихоб кардед.

  • Муҳим будани мавзӯъро нишон диҳед. Дар бораи он чизе гап занед, ки шунаванда дар амал истифода бурда тавонад. Ӯ бояд аниқ фаҳмад, ки чӣ тавр мавзӯе, ки шумо муҳокима карданиед, шахсан ба вай фоида меорад.

    Маслиҳат

    Вақте нутқ тайёр мекунед, аз худ пурсед: «Бародару хоҳарони ҷамъомадам бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?» Ниёзҳои онҳоро ба назар гирифта сарсухани худро тайёр кунед.

ДАР ХИЗМАТ

Ба корубор, ашёи хона, фарзанддор будан ё набудани шахс ва чизҳои дигар аҳамият дода, фаҳмед, ки кадом мавзӯъ ба шахс шавқовар буда метавонад. Баъд дар асоси ин маълумот ба ӯ савол диҳед ё чизи дигаре гуфта ҳамсӯҳбат шавед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан