ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • th дарси 14 саҳ. 17
  • Фикрҳои асосиро қайд кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Фикрҳои асосиро қайд кунед
  • Дар хониш ва таълим моҳир шавед
  • Маводи монанд
  • Фикрҳои асосиро такрор кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Хулосаи хуб
    Дар хониш ва таълим моҳир шавед
Дар хониш ва таълим моҳир шавед
th дарси 14 саҳ. 17

ДАРСИ 14

Фикрҳои асосиро қайд кунед

Ояти овардашуда

Ибриён 8:1

МАҚСАДИ ДАРС: Ба шунавандагон кӯмак кунед, ки мантиқу пайвасти нутқатонро пай баранд. Аниқу равшан нишон диҳед, ки чӣ тавр ҳар як фикри асосӣ бо мавзӯъ ва мақсади нутқ алоқаманд аст.

ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?

  • Мақсади аниқ дошта бошед. Дар бораи мақсади нутқатон фикр кунед. Мақсади шумо ба шунавандагон маълумот додан, онҳоро боварӣ бахшидан ё ба амал барангехтан аст? Инро ба назар гирифта нутқатонро тартиб диҳед. Ҳар як фикри асосии нутқ бояд ёрдам кунад, ки ба мақсад расед.

    Маслиҳат

    Аз худ пурсед: «Доир ба ин мавзӯъ дар сари шунавандагон чӣ гуна фикрҳо, кадом саволу норозигиҳо пайдо шуда метавонанд?» Тахмин кунед, ки ин фикрҳо бо кадом пайдарҳамӣ меоянд. Сипас бо ҳамон тартиб фикрҳоеро, ки дар нутқ мешаванд, ҷо ба ҷо кунед. Ин ба шунавандагонатон ёрӣ медиҳад, ки қадам ба қадам фикрҳоро фаҳманд ва бо онҳо розӣ шаванд.

  • Мавзӯъро хотиррасон кунед. Дар рафти нутқ як-як мавзӯи онро қайд намоед. Барои ин калимаҳои асосии номи нутқ ё калимаҳои ҳаммаънояшонро такрор кунед.

  • Фикрҳои асосиро одӣ ва фаҳмо баён кунед. Ҳар як фикри асосие, ки интихоб мекунед, бояд бо мавзӯъ алоқаманд бошад ва ба шумо имкон диҳад, ки дар давоми вақте, ки доред, самаранок таълим диҳед. Миқдори фикрҳои асосиро зиёд накунед ва ҳар кадомашро аниқу равшан қайд намоед. Ҳамчунин баъди муҳокимаи ҳар як фикр каме истед ва аз як фикр ба дигараш напаред, балки онҳоро бо ҳам пайваст кунед.

    Маслиҳат

    Агар шумо фикрҳои асосиро дар аввали нутқ номбар кунед, ин ба шунавандагон ёрӣ медиҳад, ки дар давоми баромадатон мантиқу пайвасти нутқатонро пай баранд. Ҳамчунин барои он ки фикрҳои асосӣ дар хотири шунавандаҳо монад, дар охири нутқ онҳоро такрор кардан мумкин аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан