СУРУДИ 152
Бигзор ин ҷой туро ҷалол диҳад
(3 Подшоҳон 8:27; 1 Воқеанома 29:14)
1. Худоё, то чӣ ҳад бузургӣ,
ки нағунҷонанд осмонҳо.
Гарчи нест лоиқат ҳеҷ як қаср,
ту мақбул донӣ ин бино.
Мардумат кунун омодааст
бо дили пуршӯру шарар
якҷоя хизмат карда ба ту
созад ин ҷоро мунаввар.
(Пайваст)
Сӯйи ҳар яки мо
боз аст дасти сахият.
Он чӣ ту додӣ моро,
баргардонем ба ту.
(Нақарот)
Аз ту, Яҳува, миннатдорем
барои ин ҷову макон.
Бигзор ин боргоҳи ибодат
ҳар рӯз орад ба ту ҷалол.
2. Орзу доштем ин ҷоро дер боз,
то исмат шавад оламгир,
то рӯҳан мо бошем серу пур
ва содиқ монем то охир,
то пеш равад коре, ки додӣ,
ва ҳама кас ёбад хабар —
Ҳоло ҳастанд он касоне, ки
бас муҳтоҷанд ба хушхабар.
(Пайваст)
Ҳар чӣ дорем, аз туст,
беҳтарин чизи худро
баҳрат мебахшем, зеро
ту инро сазовор.
(Нақарот)
Аз ту, Яҳува, миннатдорем
барои ин ҷову макон.
Бигзор ин боргоҳи ибодат
ҳар рӯз орад ба ту ҷалол.