ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w11 15.9. саҳ. 16-17
  • Барои чӣ Ғизолро одамон дӯст медоштанд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барои чӣ Ғизолро одамон дӯст медоштанд
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Маводи монанд
  • Саховатмандӣ баракат меорад!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Яҳува сарпаноҳи ҳақиқии ман буд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Муҷаррадии худро ба таври беҳтарин истифода баред
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
w11 15.9. саҳ. 16-17

Фарзандони худро таълим диҳед

Барои чӣ Ғизолро одамон дӯст медоштанд

ҲАМАИ мо мехоҳем, ки одамон моро дӯст доранд. Оё ту ҳам чунин хоҳиш дорӣ? ~a Китоби Муқаддас дар бораи як зан, ки номаш Ғизол буд, нақл мекунад. Одамони зиёд ӯро хеле дӯст медоштанд.

Ғизол дар шаҳри Ёфо, ки дар наздикии Баҳри Миёназамин буд, зиндагӣ мекард. Ерусалим аз шаҳри Ёфо тахминан 56 км дуртар ҷойгир шуда буд. Ғизол яке аз шогирдони аввалини Исо буд.

Ба фикри ту, барои чӣ Ғизолро ин қадар сахт дӯст медоштанд? ~ Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ бисёр корҳои нек мекард ва ба одамон тӯҳфаҳои хуб медод. Ӯ аз афташ барои бевазанон, яъне заноне, ки шавҳаронашон мурда буданд, либосҳои нағз медӯхт. Боз вай монанди Исо ба дигарон дар бораи Худои ҳақиқӣ, Яҳува, бисёр гап мезад.

Оё ту медонӣ ҳоло бо Ғизол чӣ ҳодисаи баде рӯй медиҳад? ~ Вай сахт касал мешавад ва мемурад. Ҳамаи дӯстонаш ғамгин мешаванд. Барои ҳамин онҳо баъзе касонро ба назди Петруси ҳавворӣ, ки аз он ҷо 16 км дуртар буд, мефиристанд. Ин одамон аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки тез биёяд. Вақте ки Петрус меояд, ӯ ба болохона, ба ҷое ки Ғизол он ҷо буд, мебарояд. Ҳамаи занҳо гиря мекарданд ва ба Петрус либосҳоеро, ки Ғизол барояшон дӯхта буд, нишон медоданд.

Баъд Петрус гуфт, ки ҳама аз хона бароянд. Петрус ва дигар ҳаввориён пеш аз ин мӯъҷизаҳо ба амал меоварданд, вале ҳеҷ гоҳ ягон нафари онҳо одами мурдаро зинда накарда буд. Ба фикри ту, ҳозир Петрус чӣ кор мекунад? ~

Петрус дар назди ҷасади мурда бо зону мешинад ва ба Яҳува дуо мегӯяд. Баъд ба Ғизол мегӯяд, ки хезад. Ва Ғизол мехезад! Петрус дасташро ба вай дода барои ба по хестанаш ёрдам мекунад. Баъд ӯ бевазанон ва дигар одамонро ҷеғ мезанад ва Ғизолро ба онҳо нишон медиҳад. Оё ту тасаввур карда метавонӣ, ки ҳамаи онҳо чӣ қадар хурсанданд? ~

Биё ҳамроҳ фикр кунем, ки ту аз ин нақл дар бораи эҳёшавии Ғизол чӣ дарс гирифта метавонӣ. Як дарс ин аст, ки агар ту ба дигарон ёрӣ расонӣ, дар навбати худ бисёри онҳо туро нағз мебинанд. Вале муҳимтар аз ин, Худо туро дар хотираш медорад ва туро нағз мебинад. Ӯ ҳеҷ гоҳ корҳои неки туро, ки барои дигарон мекунӣ аз ёдаш намебарорад. Ва дар дунёи нави одилонааш Ӯ ба ту ҳаёти хушбахту ҷовидона тӯҳфа мекунад.

Ин оятҳоро хон:

Аъмол 9:36–43

Ваҳй 21:3–5

[Эзоҳ]

a Агар шумо инро бо кӯдаке хонда истода бошед, аломати тилда (~) хотиррасон мекунад, ки дар ин ҷо каме истода кӯдакро ба ҷавобдиҳӣ барангезед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан