ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.1. саҳ. 16-20
  • Аз «намунаи маърифат ва ростӣ» таълим гиред

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аз «намунаи маърифат ва ростӣ» таълим гиред
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ҚУРБОНИҲОЕ, КИ СОЯИ ҚУРБОНИИ ИСО БУДАНД
  • РӮҲИЯИ ДУРУСТ ДАР ОВАРДАНИ ҚУРБОНИҲО
  • ЧАНД ОГОҲӢ ОИДИ ҚУРБОНИҲО
  • БА ҚУРБОНИИ ИСО ИМОН ОРЕД!
  • Оё шумо баҳри Салтанат қурбониҳо меоред?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Ба Яҳува аз ҷону дил қурбониҳо оред
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Мо аз китоби Ибодат чӣ гуна дарсҳо гирифта метавонем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Мақсади овардани қурбониҳо
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.1. саҳ. 16-20

Аз «намунаи маърифат ва ростӣ» таълим гиред

«[Ту] дар шариат намунаи маърифат ва ростиро дорӣ» (РУМ. 2:20).

БА ИН САВОЛҲО ҶАВОБ ЁБЕД:

  • Қурбониҳое, ки дар Қонуни Мусо гуфта шуда буданд, «сояи» чӣ буданд?

  • Қурбониҳои мо аз кадом ҷиҳат ба баъзе қурбониҳои исроилиён монанданд?

  • Кадом қурбониҳоро Яҳува қабул мекунад ва кадом қурбониҳоро не?

1. Чаро фаҳмидани аҳамияти Қонуни Мусо бароямон муҳим аст?

СУХАНОНИ аз рӯи илҳоми Худо навишташудаи Павлуси ҳавворӣ бисёр ҷонибҳои Қонуни Мусоро ба мо ошкор менамоянд. Масалан, дар нома ба Ибриён вай мефаҳмонад, ки чӣ тавр Исо чун «Саркоҳини раҳим ва амин» тавонист як бор ба таври ҳамешагӣ қурбоние оварад. Онҳое, ки ба ин қурбонӣ имон меоранд, наҷоти абадӣ ёфта метавонанд (Ибр. 2:17; 9:11, 12). Павлус шарҳ дод, ки хаймаи муқаддас фақат «сояи чизҳои осмонӣ» буд ва Исо нисбат ба он аҳде, ки миёнараваш Мусо буд, Миёнарави «аҳди беҳтаре» гашт (Ибр. 7:22; 8:1–5). Барои масеҳиёни рӯзҳои Павлус чунин шарҳу эзоҳи Қонун хеле муфид буданд ва барои мо низ онҳо фоиданоканд. Онҳо ба мо кӯмак мекунанд, то арзиши чизҳоеро, ки Худо бароямон фароҳам овардааст, бештар дарк намоем.

2. Барои чӣ масеҳиёни яҳудӣ нисбат ба ғайрияҳудиён дар бораи Худо ва принсипҳояш зиёдтар медонистанд?

2 Вақте ки Павлус ба ҷамъомади шаҳри Рум нома навишт, вай баъзе шарҳҳояшро ба масеҳиёни яҳудӣ, ки Қонуни Мусоро таълим гирифта буданд, равона кард. Ӯ гуфт, ки онҳо аз сабаби бо Қонуни Худо шинос буданашон, аллакай дар бораи Яҳува ва принсипҳои одилонаи Ӯ «намунаи маърифат ва ростиро» медонанд. Масеҳиёни яҳудӣ он «намунаи... ростиро» мефаҳмиданд ва онро эҳтиром мекарданд, аз ин рӯ онҳо метавонистанд мисли яҳудиёни содиқи пешин шахсони бо Қонуни Яҳува шинос набударо таълим диҳанд ва роҳнамоӣ кунанд. (Румиён 2:17–20-ро бихонед.)

ҚУРБОНИҲОЕ, КИ СОЯИ ҚУРБОНИИ ИСО БУДАНД

3. Дида баромадани қурбониҳое, ки яҳудиёни қадим меоварданд, ба мо чӣ фоида меорад?

3 Ҳақиқатҳои асосии Қонуни Мусо, ки Павлус чун «намунаи... ростӣ» тасвир кард, ба мо барои фаҳмидани ниятҳои Яҳува кӯмак мекунанд. Дарсҳое, ки Яҳува ба халқаш тавассути Қонун медод, то ҳол аҳамияти муҳим доранд. Пас, биёед як ҷониби он Қонунро дида бароем: чӣ тавр қурбониҳои гуногун яҳудиёни фурӯтанро сӯи Масеҳ роҳнамоӣ мекарданд ва ба онҳо барои фаҳмидани талаботҳои Худо ёрдам медоданд? Талаботҳои асосии Яҳува нисбати хизматгоронаш ҳеҷ гоҳ дигар намешаванд. Барои ҳамин, ҳамчунин дида мебароем, ки чӣ тавр қонунҳои Худо оиди қурбониҳо ва ҳадияҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки сифати хизмати муқаддаси худро тафтиш кунем (Мал. 3:6).

4, 5. а) Қонуни Мусо ба халқи Худо чиро ёдрас мекард? б) Қурбониҳо «сояи» чӣ буданд?

4 Яҳудиёни қадим бояд равшан медиданд, ки бисёр ҷонибҳои Қонуни Мусо гунаҳкор будани онҳоро нишон медиҳад. Масалан, шахсе, ки ба ҷасади одами мурда мерасид, бояд худро пок мекард. Бо ин мақсад, модагови сурхи беайбе кушта ва сӯзонда мешуд. Хокистари он барои тайёр кардани «оби поккунанда» нигоҳ дошта мешуд. Дар рӯзи сеюм ва ҳафтуми нопок шудани шахс аз он об ба вай пошидан лозим буд (Ад. 19:1–13). Ва барои ёдрас кардани он ки ҳама нокомилӣ ва гуноҳро мерос мегиранд, зане, ки таваллуд мекард, нопок ҳисоб меёфт ва аз ӯ талаб карда мешуд, ки мӯҳлати нопокии худро риоя кунад ва баъд барои рӯпӯш кардани гуноҳи нопокиаш қурбоние оварад (Ибд. 12:1–8).

5 Барои ба даст овардани бахшиши гуноҳҳо дар бисёре аз вазъиятҳои дигари ҳаёти ҳаррӯза аз яҳудиён қурбонӣ кардани ҳайвонот талаб карда мешуд. Хоҳ шахс инро дарк мекард, хоҳ не, қурбонии вай — ҳамчунин қурбониҳое, ки дертар дар маъбад оварда мешуданд — «сояи» қурбонии комили Исо буданд (Ибр. 10:1–10).

РӮҲИЯИ ДУРУСТ ДАР ОВАРДАНИ ҚУРБОНИҲО

6, 7. а) Исроилиён ҳангоми барои қурбонӣ интихоб кардани ҳайвонҳо кадом талаботро бояд ба назар мегирифтанд ва он ба чӣ ишора мекард? б) Кадом саволҳоро мо ба худ дода метавонем?

6 Яҳува аз исроилиён талаб мекард, ки ҳар гуна ҳайвоне, ки онҳо барои қурбонӣ меоварданд, «беайб» бошад — кӯр, захмдор, нуқсондор ва касал набошад (Ибд. 22:20–22). Вақте ки онҳо барои Яҳува аз ҳосил ё ғаллаи худ ҳадия меоварданд, бояд ҳосили аввалин ва чизҳои аз ҳама беҳтаринро меоварданд (Ад. 18:12, 29). Ҳадияву қурбониҳои сифаташон паст аз тарафи Яҳува қабул намешуданд. Ин талаботи муҳим оиди қурбониҳои ҳайвонот ба он ишора мекард, ки қурбонии Исо «беайб ва пок» хоҳад буд ва Яҳува чизи барояш беҳтарин ва азизтаринро қурбон хоҳад кард, то одамизодро аз гуноҳ ва марг наҷот диҳад (1 Пет. 1:18, 19).

7 Агар шахс дар ҳақиқат ба Яҳува барои ҳамаи некиҳояш миннатдор мебуд, оё вай барои овардани қурбонӣ бо хурсандӣ ҳайвони беҳтаринро интихоб намекард? Шахс метавонист худаш интихоб кунад, ки чӣ гуна ҳадия орад. Вале ӯ медонист, ки агар ҳадияаш вай нуқсоне дошта бошад, онро Яҳува қабул намекунад, зеро ин нишон медиҳад, ки ӯ овардани қурбониро фақат як қоида ё ҳатто чизи гарон меҳисобад. (Малокӣ 1:6–8, 13-ро бихонед.) Ин бояд моро барангезад, ки дар бораи хизмати худ фикр кунем: «Бо кадом рӯҳия ман ба Яҳува хизмат мекунам? Чӣ маро ба хизмат бармеангезад? Оё ман ба Яҳува чизи аз ҳама беҳтаринро медиҳам?».

8, 9. Чаро оиди рӯҳияе, ки исроилиён бо он қурбонӣ меоварданд, фикр кардан муҳим аст?

8 Баъзе қурбониҳои исроилиён ихтиёрӣ буданд. Агар исроилӣ бо чунин қурбонӣ миннатдориашро ба Яҳува нишон додан мехост, ё барои илтифоти Ӯро ба даст овардан қурбонии сӯхтанӣ оварданӣ мешуд, пас интихоби ҳайвони беайб барои вай душвор набуд. Ба Яҳува додани чизи аз ҳама беҳтарин ба ӯ хурсандӣ меовард. Масеҳиён имрӯз он қурбониҳоеро, ки дар Қонуни Мусо гуфта шуда буд, намеоранд, лекин онҳо ба он маъно қурбонӣ меоранд, ки дар хизмати Яҳува вақт, қувват ва дороиашонро сарф мекунанд. Вақте ки мо дар бораи умеди масеҳии худ гап мезанем, мо «қурбонии шукронаро ба Худо тақдим менамоем» ва Павлуси ҳавворӣ гуфт, ки «инсондӯстӣ ва саховат» низ қурбониҳои ба Худо писанд мебошанд (Ибр. 13:15, 16). Дар чунин корҳо мо бо кадом рӯҳия иштирок мекунем? Ин аз он вобаста аст, ки мо барои ҳамаи он чизҳое, ки Худо медиҳад, то чӣ андоза миннатдорем. Пас, чун аз исроилиён, аз мо низ талаб карда мешавад, ки дар бораи миннатдории худ ва ниятҳои худ фикр кунем.

9 Лекин дар баъзе вазъиятҳо Қонуни Мусо аз шахс барои содир кардани ягон гуноҳ овардани қурбонии гуноҳ ё қурбонии ҷурм (айб)–ро талаб мекард. Ба фикри шумо, оё азбаски ин қурбониҳо маҷбурӣ буданд, бо омодагӣ овардани онҳо ба исроилиён душвор буд? Ё ин қурбониҳо бо дили нохоҳам оварда мешуданд? (Ибд. 4:27, 28). Ин тавр намебуд, агар шахс дар ҳақиқат муносибатҳои хубро бо Яҳува нигоҳ доштан мехост.

10. Барои барқарор кардани муносибатҳои вайроншуда аз масеҳӣ овардани кадом «қурбониҳо» шояд талаб карда шавад?

10 Ба ин монанд, имрӯз чунин шуда метавонад, ки шумо ягон ҳамимонатонро нафаҳмида ё аз рӯи беэҳтиётӣ хафа мекунед. Баъди ин виҷдонатон шояд мегӯяд, ки шумо кори хатое кардед. Ҳар касе, ки ба ибодати Яҳува ҷиддӣ муносибат мекунад, барои ислоҳ кардани хатогиаш ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, ҳамин тавр–не? Барои ин шояд аз шахси ранҷида самимона бахшиш пурсидан лозим ояд ё агар гап дар бораи гуноҳи ҷиддӣ равад, аз пирони меҳрубони масеҳӣ кӯмак ҷустан даркор шавад (Мат. 5:23, 24; Яъқ. 5:14, 15). Яъне барои ислоҳ кардани гуноҳе, ки бар зидди ҳамимонамон ё бар зидди худи Яҳува содир кардаем, аз мо сарф кардани чизе талаб карда мешавад. Ин ба овардани қурбонӣ монанд аст. Вақте ки мо чунин «қурбониҳо»–ро бо омодагӣ меорем, мо бо Яҳува ва бо ҳамимонамон муносибатамонро барқарор мекунем ва виҷдони пок ба даст меорем. Ин дар навбати худ, моро боварӣ мебахшад, ки роҳи Яҳува роҳи беҳтарин аст.

11, 12. а) Қурбониҳои саломатӣ чӣ гуна буданд? б) Аз овардани қурбониҳои саломатӣ мо чӣ дарс гирифта метавонем?

11 Дигар қурбониҳое, ки оиди онҳо дар Қонуни Мусо гуфта шуда буд, қурбониҳои саломатӣ буданд. Онҳо нишон медоданд, ки шахс бо Яҳува дар сулҳ аст. Шахсе, ки чунин қурбонӣ меовард, ҳамроҳи оилааш ҳиссаи гӯшти ҳайвони қурбонишударо эҳтимол дар яке аз ҳуҷраҳои маъбад мехӯрданд. Коҳине, ки ҳайвонро мекушт як ҳиссаи гӯштро мегирифт ва коҳинони дигаре, ки дар маъбад хизмат мекарданд, ҳамчунин ҳиссаеро мегирифтанд (Ибд. 3:1, 7:31–33). Ходими Худо чунин қурбониро бо он ният меовард, ки бо Худо муносибатҳои хуб дошта бошад. Ин гӯё ба он монанд буд, ки вай, оилааш, коҳинон ва худи Яҳува якҷоя дар сулҳу оромӣ хӯрок мехӯранд.

12 Яъне бо овардани қурбонии саломатӣ шахс гӯё Яҳуваро ба хӯрокхӯрӣ даъват мекард. Чӣ шарафи бузурге буда метавонист барои исроилӣ вақте ки ин даъвати вай қабул мешуд! Албатта шахс ба чунин меҳмони олиқадр чизи аз ҳама беҳтаринро пешкаш кардан мехост. Қурбониҳои саломатӣ қисми он намунаи ростие буданд, ки дар Қонуни Мусо дида мешуданд. Онҳо ба он ишора мекарданд, ки ба воситаи қурбонии бузургтари Исо ҳамаи одамоне, ки мехоҳанд бо Офаридгорашон дар сулҳ бошанд, инро карда метавонанд. Имрӯз мо дӯсти Яҳува буда метавонем агар ихтиёран вақт, дороӣ ва қувватамонро барои хизмати Ӯ қурбонӣ, яъне сарф кунем.

ЧАНД ОГОҲӢ ОИДИ ҚУРБОНИҲО

13, 14. Чаро қурбоние, ки шоҳ Шоул оварданӣ буд, ба Яҳува маъқул набуд?

13 Албатта, Яҳува қурбониҳоро ҳамон вақт қабул мекард, ки агар онҳо бо рӯҳия ва нияти дуруст оварда мешуданд. Вале дар Китоби Муқаддас мисоли қурбониҳое оварда шудаанд, ки ба Яҳува маъқул набуданд. Барои чӣ Худо онҳоро рад кард? Биёед ду мисолро дида бароем.

14 Пайғамбар Самуил ба шоҳ Шоул гуфт, ки вақти он расидааст, ки ҳукми Яҳува бар халқи Амолеқ иҷро шавад. Барои ҳамин Шоул бояд ин халқи душманро бо тамоми чорвояш несту нобуд мекард. Вале баъди бар амолеқиён ғолиб омадан, Шоул ба аскаронаш роҳ дод, ки шоҳи онҳо Аҷаҷро зинда гузоранд. Шоул ҳамчунин чорвоҳои беҳтарини онҳоро барои ба Яҳува қурбонӣ овардан нигоҳ дошт (1 Подш. 15:2, 3, 21). Яҳува ба ин чӣ гуна муносибат кард? Вай Шоулро барои беитоатиаш рад кард. (1 Подшоҳон 15:22, 23–ро бихонед.) Мо аз ин чӣ меомӯзем? Барои он ки Яҳува қурбониҳои моро қабул кунад, мо бояд ба амрҳои Ӯ итоат кунем.

15. Вақте ки исроилиён қурбониҳо меоварданду ҳамзамон корҳои бад мекарданд, ин чиро нишон медод?

15 Мисоли ба ин монанд дар китоби Ишаъё оварда шудааст. Дар замони Ишаъё исроилиён аз рӯи одат ба Яҳува қурбониҳо меоварданд. Лекин корҳои бадашон қурбониҳои онҳоро корношоям мекард. «Қурбониҳои бисёри шумо ба Ман чӣ лозим аст?— мегӯяд Худованд.— Аз қурбониҳои сӯхтании қӯчқорҳо ва чарбуи парвориён сер шудаам, ва ба хуни нарговҳо, гӯсфандҳо ва такаҳо рағбат надорам... Ҳадияи бекора дигар набиёред; бухур барои ман зишт аст». Барои чӣ Яҳува аз онҳо розӣ набуд? Ӯ ба онҳо гуфт: «Дуоро афзун кунед ҳам, намешунавам, чунки дастҳои шумо пур аз хун аст. Шустушӯй кунед, пок шавед; аъмоли бади худро аз чашмони Ман дур созед; аз бадкирдорӣ даст кашед» (Иш. 1:11–16).

16. Кадом қурбониҳо ба Худо писанд меоянд?

16 Яҳува аз қурбониҳое, ки гунаҳкорони тавбанакарда меоварданд, хурсанд намешуд. Лекин, дуоҳо ва ҳадияҳои касоне, ки аз таҳти дил мувофиқи амрҳои Ӯ амал кардан мехостанд, ба Ӯ маъқул буд. Намунаи ростии Қонун таълим медод, ки онҳо гунаҳкоранд ва ба бахшиши Худо ниёз доранд (Рум. 3:20). Вақте ки шахс инро дарк мекард, ӯ пушаймонӣ зоҳир мекард. Имрӯз ба ин монанд, ба мо лозим аст, ки ба қурбонии Масеҳ ниёз доштанамонро дарк кунем. Он дар ҳақиқат гуноҳҳоро рӯпӯш карда метавонад. Агар мо инро фаҳмем ва қадр кунем, ҳамаи қурбониҳое, ки мо дар хизмати Яҳува меорем, ба Ӯ «писанд» хоҳанд омад. (Забур 50:19, 21–ро бихонед.)

БА ҚУРБОНИИ ИСО ИМОН ОРЕД!

17–19. а) Чӣ тавр мо ба таври дуруст нишон дода метавонем, ки барои фидияи Исо миннатдорем? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

17 Исроилиён танҳо «сояи» ниятҳои Худоро медиданд. Вале ба мо чизҳои бештар аён аст (Ибр. 10:1). Қонунҳо оиди қурбониҳо яҳудиёнро таълим медоданд, ки барои бо Худо муносибатҳои хуб доштан рӯҳияи дуруст инкишоф диҳанд — аз Яҳува самимона миннатдор бошанд, хоҳиши ба Ӯ додани чизи беҳтаринро дошта бошанд ва ба бахшиши гуноҳҳо ниёз доштанашонро дарк кунанд. Бо ёрии Навиштаҳои Юнонӣ мо фаҳмида метавонем, ки ба воситаи фидияи қурбонии Исо, Яҳува гуноҳ ва маргро абадӣ нест мекунад ва ҳатто ҳоло имконият медиҳад, ки дар назди Ӯ виҷдони пок дошта бошем. Фидияи Исо тӯҳфаи олиҷаноби Яҳува аст! (Ғал. 3:13; Ибр. 9:9, 14).

18 Албатта, барои аз фидия манфиат гирифтан фақат фаҳмидани маънои он кифоя нест. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Шариат асокаши [роҳнамои] мо сӯи Масеҳ гардид, то ки ба воситаи имон сафед шавем» (Ғал. 3:24). Ва чунин имон бе амал буда наметавонад (Яъқ. 2:26). Масеҳиёни яҳудии асри як намунаи ростиро мефаҳмиданд, чунки Қонуни Мусоро медонистанд. Павлус онҳоро барангехт, ки дониши аз он гирифтаашонро дар амал ба кор баранд. Бо ин роҳ онҳо метавонистанд мувофиқи ҳақиқатҳое, ки ба дигарон таълим медоданд, зиндагӣ кунанд. (Румиён 2:21–23-ро бихонед.)

19 Ҳарчанд имрӯз аз масеҳиён риояи Қонуни Мусо талаб карда намешавад, ба ҳар ҳол онҳо бояд қурбониҳои ба Яҳува маъқул биёранд. Чӣ тавр мо инро карда метавонем? Ин мавзӯи мақолаи навбатӣ аст.

[Тасвир дар саҳифаи 17]

Талаботҳои асосии Яҳува нисбати хизматгоронаш ҳеҷ гоҳ дигар намешаванд

[Тасвир дар саҳифаи 18]

Кадоме аз ин ҳайвонҳоро шумо ба Яҳува ба қурбонӣ меовардед?

[Тасвир дар саҳифаи 19]

Онҳое, ки қурбониҳои ба Яҳува маъқул меоранд, илтифоти Ӯро соҳиб мешаванд

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан