Вақти омӯзишро ҳаловатбахшу самараноктар гардонед
Чӣ тавр мо ҳангоми омӯзиши Китоби Муқаддас ҳаловат гирифта метавонем? Чӣ тавр мо вақти омӯзишамонро самараноктар истифода бурда метавонем? Биёед мухтасар се қадамро дида бароем, ки барои ба таври беҳтар гузарондани омӯзиши шахсии Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мерасонад.
1 ДУО ГӮЕД. Қадами якум ин дуо гуфтан аст (Заб. 41:9). Чаро? Мо бояд омӯзиши Каломи Худоро қисми ибодатамон ҳисоб кунем. Бинобар ин, мо бояд аз Яҳува пурсем, то ки ақл ва дили моро барои қабул кардани таълимоташ омода созад ва ба мо рӯҳулқудс диҳад (Луқ. 11:13). Барбара, ки солҳои зиёд миссионер мебошад, мегӯяд: «Ман ҳама вақт пеш аз хондани Китоби Муқаддас дуо мегӯям. Баъд аз он ман ҳис мекунам, ки Яҳува бо ман аст ва ин омӯзишам ба Ӯ маъқул аст». Пеш аз омӯзиш дуо гуфтан ақл ва диламонро мекушояд, то ки ғизои рӯҳонии фаровони дар наздамон бударо қабул кунем.
2 МУЛОҲИЗА РОНЕД. Аз сабаби нарасидани вақт баъзеҳо Китоби Муқаддасро рӯякӣ мехонанд. Лекин онҳо он манфиатеро, ки аз омӯзиши Китоби Муқаддас гирифтан мумкин аст, аз даст медиҳанд. Карлос, ки зиёда аз 50 сол ба Яҳува хизмат карда истодааст, дарк намуд, ки барои самараноктар гузарондани омӯзиш муҳим аст, ки барои мулоҳиза рондан вақт ҷудо кунад. Ӯ мегӯяд: «Ман акнун назар ба пештара аз Китоби Муқаддас саҳифаҳои камтарро мехонам, ҳар рӯз тахминан ду саҳифа. Сипас, ман вақти зиёдтарро барои мулоҳиза оиди чизи хондаам сарф карда метавонам, то ки дарсҳои муҳимро бигирам» (Заб. 76:13). Агар мо барои мулоҳиза рондан вақт ҷудо кунем, он гоҳ дониш ва фаҳмишамон дар бораи иродаи Худо беҳтар мегардад (Қӯл. 1:9–11).
3 БА КОР БАРЕД. Вақте мо аз ягон кор арзиши амалиро бинем, мо фоидаи бештарро ба даст оварда метавонем. Дар мавриди омӯзиши Китоби Муқаддас низ чунин гуфтан мумкин аст. Бародари ҷавоне бо номи Габриел, ки мунтазам Китоби Муқаддасро меомӯзад, мегӯяд: «Омӯзиш ба ман барои паси сар кардани душвориҳои ҳаррӯзаи ҳаёт кӯмак мекунад ва маро тайёр мекунад, ки ба дигарон низ ёрдам кунам». Ӯ давом дода, мегӯяд: «Ман ҳар чизи хондаамро дар ҳаёти шахсиам ба кор мебарам» (Такр. Ш 11:18; Еҳ. 1:8). Бале, дониши Худо фаровон аст ва мо метавонем онро қабул кунем ва ба кор барем (Мас. 2:1–5).
ТАКРОР. Чӣ имконияти бузург аст, ки мо донишеро, ки аз ҷониби Сарчашмаи тамоми хирад, Яҳува аст, омӯхта метавонем! (Рум. 11:33). Бинобар ин, ҳангоми омӯзиши навбатиатон аввал ба Яҳува дуо гӯед ва пурсед, ки ақлу дилатонро барои гирифтани дониш тайёр кунад ва ба шумо рӯҳи муқаддасашро диҳад. Сипас дар давоми омӯзиш каме истода дар бораи чизи хондаатон мулоҳиза ронед. Ҳамчунин онро дар ҳаёти ҳаррӯзаатон ба кор баред. Агар шумо аз ин қадамҳои муҳим истифода баред, он гоҳ ҳис хоҳед кард, ки Китоби Муқаддасро омӯхтани шумо боз ҳам ҳаловатбахшу самараноктар мегардад.