«Қавӣ ва далер бош»
«Фақат қавӣ ва далер бош ... Худованд Худои ту бо туст» (ЕҲ. 1:7–9).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Чӣ тавр Ҳанӯх ва Нӯҳ далерӣ нишон доданд?
Чӣ тавр баъзе занони даврони пеш дар нишон додани имон ва далерӣ намуна мебошанд?
Кадом намунаи ҷавонони далер барои шумо манфиатбахшанд?
1, 2. a) Баъзан барои дар ҳаёти ҳаррӯзаамон дуруст рафтор кардан чӣ лозим аст? б) Мо чиро дида мебароем?
ХИСЛАТИ далерӣ — баръакси тарсончакӣ, беҷуръатӣ ва сустӣ мебошад. Мо одатан фикр мекунем, ки шахси далер он касест, ки боқувват, ҷасур ва нотарс аст. Аммо баъзан далерӣ барои он даркор аст, то дар ҳаёти ҳаррӯзаамон дуруст рафтор карданро давом диҳем.
2 Дар Китоби Муқаддас дар бораи баъзе одамоне навишта шудааст, ки дар вазъиятҳои хеле душвор далеру ҷасур буданд. Дигарон далериро дар он вазъиятҳое нишон доданд, ки ба ҳамаи хизматгорони Яҳува хосанд. Мо аз намунаи хизматгорони далер, ки дар бораашон дар Китоби Муқаддас мехонем, чиро меомӯзем? Чӣ тавр мо далер шуда метавонем?
ВОИЗОНИ ДАЛЕР ДАР ҶАҲОНИ ШАРИР
3. Ҳанӯх ба шарирон кадом пешгӯиро эълон мекард?
3 Пеш аз Тӯфони замони Нӯҳ, ба кас барои дар байни одамони шарир чун шоҳиди Яҳува будан, далерӣ лозим буд. Масалан, Ҳанӯх, ки «баъд аз Одам насли ҳафтум буд», ҷасурона пешгӯии зеринро эълон мекард: «Инак, Худованд бо беварҳои муқаддасони Худ омад, то ки бар ҳама доварӣ кунад ва ҳамаи осиёнро маҳкум намояд дар тамоми аъмоле ки маъсияташон содир кардааст, ва дар ҳамаи суханони густохонае ки дар ҳаққи Ӯ гуноҳкорони осӣ ба забон рондаанд» (Яҳд. 14, 15). Ҳанӯх инро чун рӯйдоди иҷрошуда эълон мекард, зеро барои иҷрошавиаш ягон шубҳае надошт. Дар ҳақиқат, одамони осӣ, яъне шарири он замон дар Тӯфони азим нобуд шуданд!
4. Нигоҳ накарда ба кадом вазъиятҳо «Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт»?
4 Тӯфон соли 2370 то эраи мо, тақрибан 650 сол баъд аз хизмати пайғамбаронаи Ҳанӯх ба амал омад. Пас аз марги Ҳанӯх Нӯҳ таваллуд шуд, ки баъдтар соҳиби оила гашт ва бо фарзандонаш киштиро сохт. Дар он замон фариштагони шарир барои худ баданҳои одамӣ гирифта бо занҳои хушрӯй оиладор шуданд ва соҳиби фарзандон гаштанд, ки паҳлавонони золим буданд. Ғайр аз ин, бадкирдории одамон афзуд ва замин аз зулм пур шуд (Ҳас. 6:1–5, 9, 11). Нигоҳ накарда ба чунин вазъият, «Нӯҳ пеши Худо роҳ мерафт» ва далерона чун «воизи адолат» мавъиза мекард. (2 Петрус 2:5-ро хонед.) Дар ин рӯзҳои охир барои мо низ чунин далерӣ лозим аст.
ОНҲО ИМОН ВА ДАЛЕРӢ НИШОН ДОДАНД
5. Мусо чӣ тавр имон ва далерӣ зоҳир намуд?
5 Мусо-пайғамбар дар зоҳир намудани имон ва далерӣ намунаи ибрат аст (Ибр. 11:24–27). Дар давоми солҳои 1513–1473 то эраи мо Худо Мусоро барои аз Миср баровардани исроилиён ва дар биёбон онҳоро роҳнамоӣ кардан истифода бурд. Мусо барои иҷрои ин супориш худро камқобилият меҳисобид, лекин ба ҳар ҳол ба иҷрои он розӣ шуд (Хур. 6:12). Ӯву бародараш Ҳорун такрор ба такрор назди фиръавни золими Миср омада, дар ҳузури ӯ меистоданд ва далерона даҳ балоро эълон мекарданд, ки оқибат Яҳува ба воситаи он худоёни Мисрро шарманда сохт ва халқи худро озод кард (Хур. бобҳои аз 7–12). Мусо имон ва далерӣ нишон дод, зеро Худо дар ҳар маврид ӯро дастгирӣ мекард, чуноне ки моро низ имрӯз дастгирӣ мекунад (Такр. Ш. 33:27).
6. Агар ҳокимони давлатӣ оиди хизматамон пурсуҷӯй кунанд, мо чӣ тавр бо далерӣ шаҳодат дода метавонем?
6 Ба мо далерие ки Мусо дошт зарур аст, зеро Исо гуфт: «Ба хотири Ман шуморо назди ҳокимон ва подшоҳон хоҳанд бурд, то ки барои онҳо ва халқҳо шаҳодате шавад. Лекин чун шуморо таслим кунанд, андеша накунед, ки чӣ гуна ва ё чӣ бояд бигӯед; зеро ки дар он соат ба шумо ато хоҳад шуд, ки чӣ бояд гуфт; зеро ки гӯянда шумо нестед, балки Рӯҳи Падари шумост, ки дар шумо гӯянда аст» (Мат. 10:18–20). Агар ҳокимони давлатӣ оиди хизматамон пурсуҷӯй кунанд, рӯҳи Яҳува ба мо ёрдам мекунад, ки бо имон ва далерӣ эҳтиромона шаҳодат диҳем. (Луқо 12:11, 12-ро бихонед.)
7. Чаро Еҳушаъ далер ва муваффақ гашт?
7 Омӯзиши мунтазами Қонуни Худо дар дили Еҳушаъ, ки баъди Мусо исроилиёнро роҳбарӣ менамуд, имон ва далериро зиёд кард. Соли 1473 то эраи мо халқи Исроил барои ба Замини ваъдашуда даромадан дудила буданд. Худо ба Еҳушаъ амр дод: «Қавӣ ва далер бош». Ба Қонун итоат карда, Еҳушаъ метавонист бохирад ва муваффақ гардад. «Натарс ва ҳаросон нашав,— мегӯяд Худо,— зеро ба ҳар ҷое ки биравӣ, Худованд Худои ту бо туст» (Еҳ. 1:7–9). То чӣ андоза ин суханон Еҳушаъро қавидил гардонданд! Худо дар ҳақиқат бо ӯ буд, зеро баъд аз шаш сол, соли 1467 то эраи мо Замини ваъдашуда забт карда шуд.
ЗАНОНИ ДАЛЕРУ НОТАРС
8. Роҳоб дар зоҳир кардани имон ва далерӣ барои мо чӣ намуна гузошт?
8 Дар давоми асрҳо бисёр занони нотарс чун ибодаткунандагони Яҳува ҷасурона амал карданд. Масалан, Роҳоби фоҳиша аз шаҳри Ериҳӯ ба Худо имон зоҳир намуда далерона ду ҷосусро, ки Еҳушаъ фиристонда буд пинҳон кард ва ба одамони подшоҳ дар куҷо будани он ду шахсро нагуфт. Ӯ ва аҳли хонаводааш ҳангоми забт кардани шаҳри Ериҳӯ аз тарафи исроилиён нобуд нашуданд. Роҳоб рафтори бадахлоқонаашро партофт ва содиқона Яҳуваро ибодат кардан гирифт ва дар натиҷа аз авлоди ӯ Масеҳ ба дунё омад (Еҳ. 2:1–6; 6:22, 23; Мат. 1:1, 5). Чӣ баракатест барои далерӣ ва имоне ки ӯ зоҳир кард!
9. Чӣ тавр Дебӯро, Бороқ ва Ёил далерӣ зоҳир карда буданд?
9 Баъд аз марги Еҳушаъ, тақрибан соли 1450 то эраи мо дар Исроил доварон роҳбарӣ мекарданд. Дар он замон подшоҳи Канъон, Ёбин, халқи исроилро дар давоми 20 сол ба танг меовард ва Дебӯро, ки дар он замон набия буд, Бороқро барои амал кардан барангехт. Бороқ дар кӯҳи Тобӯр 10 000 мардонро ҷамъ намуд ва барои бо лашкарони Ёбин ҷанг кардан тайёр буд. Сарлашкари Ёбин, Сисро бошад, ба водие, ки дар он наҳри Қишӯн қарор дошт, бо лашкар ва 900 аробаҳои ҷангиаш даромад. Вақте ки исроилиён ба водии ҳамвор даромаданд, Худо оби дарёро селоб гардонда водиро ба ботлоқ табдил дод ва аробаҳои канъониён аз ҳаракат кардан монданд. Мардони Бороқ ғалаба ба даст оварданд ва «тамоми ӯрдуи Сисро ба дами шамшер фурӯ ғалтиданд». Сисро дар хаймаи Ёил пинҳон шудан мехост, аммо Ёил ҳангоми хоб буданаш ӯро кушт. Мувофиқи пешгӯии Дебӯро ҷалоли ғалаба аз они зан шуд ва ин зан Ёил буд. Аз сабаби он ки Дебӯро, Бороқ ва Ёил далерона амал карданд, Исроил «чил сол ором ёфт» (Дов. 4:1–9, 14–22; 5:20, 21, 31). Бисёр мардон ва занони худотарс имон ва далерии ба ин монанд нишон доданд ва нишон дода истодаанд.
СУХАНОНИ МО ДАЛЕРӢ БАХШИДА МЕТАВОНАНД
10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки суханони мо далерӣ бахшида метавонанд?
10 Он чизе ки мо мегӯем ба ҳамимононамон далерӣ бахшида метавонад. Дар асри 11 то эраи мо шоҳ Довуд ба писараш Сулаймон гуфт: «Қавӣ ва далер бош ва амал намо, натарс ва ҳаросон нашав, зеро ки Худованд Худо, Худои ман, бо туст, ва то тамоми коре ки барои хизмати хонаи Худованд лозим аст, ба анҷом нарасад, Ӯ аз ту дур нахоҳад шуд ва туро тарк нахоҳад кард» (1 Вақ. 28:20). Сулаймон далерона амал намуд ва дар Ерусалим маъбади боҳашамати Яҳуваро бино кард.
11. Суханони далеронаи духтараки исроилӣ ба ҳаёти як шахс чӣ тавр таъсир кард?
11 Дар асри 10 то эраи мо суханони духтараки исроилии далер барои як шахсе, ки гирифтори махав буд, баракат гаштанд. Ин духтарак аз тарафи арамиён ба асирӣ бурда шуд ва ба сарлашкари арамӣ, Наамон, ки дар он вақт гирифтори махав буд, хизматгор гашт. Ин духтарак аз мӯъҷизаҳои Яҳува, ки ба воситаи Элишоъ мекард бохабар буд, барои ҳамин ба зани Наамон гуфт, ки агар шавҳараш ба Исроил равад, пайғамбари Худо ӯро шифо мебахшад. Наамон ба ӯ гӯш дода ба Исроил рафт, ба таври мӯъҷизавӣ шифо ёфт ва хизматгори Яҳува гашт (4 Подш. 5:1–3, 10–17). Агар шумо мисли ин духтарак ҷавонеду Худоро дӯст доред, Ӯ ба шумо барои шаҳодат додан ба муаллимон, ба ҳамсинфон ва дигарон далерӣ бахшида метавонад.
12. Чӣ тавр суханони шоҳ Ҳизқиё ба халқаш таъсир карданд?
12 Вақте ки ҳамимонон бо таҳдид дучор мешаванд суханони дуруст интихобшуда ба онҳо далерӣ бахшида метавонанд. Вақте ки дар асри 8 то эраи мо ашшуриён бар зидди Ерусалим ҳуҷум карданд, шоҳ Ҳизқиё ба халқаш гуфт: «Қавӣ ва далер бошед, аз подшоҳони Ашшур ва аз тамоми анбӯҳе ки бо ӯст, натарсед ва ҳаросон нашавед, зеро қуввате ки бо мост, аз қуввате ки бо ӯст, бештар аст. Бо ӯ бозуи башар аст, вале бо мо Худованд Худои мост, ки Ӯ ба мо ёварӣ хоҳад намуд ва дар ҷангҳои мо хоҳад ҷангид». Ин суханон ба дигарон чӣ тавр таъсир карданд? «Қавм ба суханони Ҳизқиё, подшоҳи Яҳудо, эътимод карданд» ва қавидил гаштанд (2 Вақ. 32:7, 8). Суханони ба ин монанд метавонанд ҳангоми дучор шудан бо таъқиботҳо далерии мо ва далерии ҳамимононамонро пурзӯртар гардонанд.
13. Убадё, ки хизматгори шоҳ Аҳъоб буд, ба мо чӣ намунаи далерӣ гузошт?
13 Баъзан далерӣ на дар сухан, балки дар амал зоҳир карда мешавад. Дар асри 10 то эраи мо, хизматгори шоҳ Аҳъоб, Убадё, сад нафар пайғамбарони Яҳуваро «дар мағораҳо панҷоҳнафарӣ пинҳон кард», то ки бо фармони маликаи золим, Изобал, кушта нашаванд (3 Подш. 18:4). Мисли Убадёи худотарс имрӯз бисёр ходимони содиқи Яҳува ҳамимононашонро далерона ҳимоя мекунанд. Масалан, дар бораи ҳамимононашон ба таъқибкунандагон маълумот намедиҳанд.
ЭСТЕР — МАЛИКАИ ДАЛЕР
14, 15. Малика Эстер чӣ тавр имон ва далерӣ зоҳир намуд ва бо кадом натиҷа?
14 Малика Эстер имон ва далерии бузург нишон дод. Масалан, дар асри 5 то эраи мо Ҳомони золим сӯиқасд карда, мехост дар саросари империяи Форс тамоми яҳудиёнро несту нобуд кунад. Вақте ки яҳудиён аз ин бохабар шуданд, онҳо мотам гирифтанд, рӯза доштанд ва ҳамчунин дар дуо Худоро зораву илтиҷо мекарданд (Эст. 4:1–3). Малика Эстер барои яҳудиён сахт хавотир буд. Амакбачааш Мордахай нусхаи фармонеро, ки оиди нобудкунии яҳудиён дода шудааст, ба ӯ фиристонд ва амр дод, ки барои наҷоти яҳудиён ба назди шоҳ дарояд. Аммо агар касе ки бе иҷозат ба назди подшоҳ дарояд одатан кушта мешуд (Эст. 4:4–11).
15 Аммо ба ин нигоҳ накарда, Мордахай ба Эстер гуфт, ки агар ӯ ба назди подшоҳ наравад Яҳува бо ягон роҳи дигар яҳудиёнро наҷот медиҳад. Мордахай ҳамчунин гуфт, ки сабаби малика гаштани ӯ шояд дар он буд, ки то ба халқи Яҳува ёрдам кунад. Сипас, Эстер ба Мордахай гуфт, ки ҳамаи яҳудиёнро дар Шушан ҷамъ кунад, то рӯза гиранд. «Ман низ... рӯза хоҳам дошт,— гуфт ӯ,— ва ба ин тариқ назди подшоҳ хоҳам омад, гарчанде ки ин бар хилофи қонун аст, ва агар талаф шавам, бигзор талаф шавам» (Эст. 4:12–17). Эстер далерона амал кард ва аз китоби Эстер мо фаҳмидем, ки Худо халқи худро наҷот дод. Дар рӯзҳои мо, ҳам масеҳиёни тадҳиншуда ва ҳам ҳамроҳонашон ҳангоми озмоиш далерии ба ин монандро нишон медиҳанд ва Худо, ки дуоро мешунавад ҳамеша онҳоро тарафгирӣ мекунад. (Забур 64:3; 117:6-ро бихонед.)
«ДАЛЕР БОШ»
16. Исо барои ҷавонон чӣ намунаи ибрат гузошт?
16 Боре дар асри яки эраи мо Исои 12-соларо дар маъбад ёфтанд, ки вай «дар миёни муаллимон нишаста, суханони онҳоро гӯш мекард ва ба онҳо савол медод». Ғайр аз ин, «ҳамаи онҳое ки суханони Ӯро мешуниданд, аз ақли Ӯ ва аз ҷавобҳои Ӯ мутааҷҷиб мешуданд» (Луқ. 2:41–50). Гарчанд Исо наврас буд, ӯ имон ва далерии лозимаро дошт, то ки ба муаллимони калонсоли дар маъбадбуда савол диҳад. Ҷавонони ҷамъомади масеҳӣ намунаи Исоро бояд дар ёд дошта бошанд. Ин ба онҳо ёрдам мекунад, ки аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд, то ки дар бораи имонашон ба дигарон фаҳмонанд (1 Пет. 3:15).
17. Чаро Исо ба шогирдонаш гуфт, ки «далер бошед» ва чаро ба мо низ далерона амал кардан лозим аст?
17 Исо дигаронро бармеангехт, ки далер бошанд (Мат. 9:2, 22). Ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Инак, соате мерасад ва аллакай расидааст, ки шумо пароканда шуда, ҳар яке сӯи хонаи худ меравед ва Маро танҳо мегузоред; лекин Ман танҳо нестам, зеро ки Падар бо Ман аст. Ин чизҳоро ба шумо гуфтам, то ки дар Ман осоиштагӣ дошта бошед. Дар ҷаҳон ғаму кулфат хоҳед дошт; лекин далер бошед: Ман бар ҷаҳон ғолиб шудаам» (Юҳ. 16:32, 33). Ҷаҳон чӣ хеле ки аз пайравони аввалаи Исо нафрат мекард, аз мо низ нафрат мекунад, пас биёед ба ин ҷаҳон монанд нашавем. Агар мо дар бораи далерии Писари Худо мулоҳиза ронем, мо далерӣ пайдо карда метавонем, то ки ба таъсири фосидкунандаи ин ҷаҳони шарир дода нашавем. Ӯ бар ин ҷаҳон ғолиб омад, мо низ ғолиб омада метавонем (Юҳ. 17:16; Яъқ. 1:27).
«УСТУВОР БОШ»
18, 19. Павлуси ҳавворӣ чӣ тавр далерӣ ва имон нишон дод?
18 Павлуси ҳавворӣ ба бисёр озмоишҳо тоб меовард. Боре, яҳудиёни шаҳри Ерусалим Павлусро куштанӣ шуданд, аммо аскарони румӣ ӯро аз дасти онҳо раҳо карданд. Ҳамон шаб Исо ба ӯ зоҳир шуда, гуфт: «Устувор бош, Павлус, ва чӣ тавре ки дар Ерусалим дар ҳаққи Ман шаҳодат додӣ, дар Рум низ бояд ҳамон тавр шаҳодат диҳӣ» (Аъм. 23:11). Павлус маҳз ҳамон чизе ки Исо аз вай хоҳиш кард, иҷро намуд.
19 Павлус нотарсона «ҳаввориёни олӣ»-ро, ки мекӯшиданд ҷамъомади шаҳри Қӯринтро вайрон созанд, маҳкум кард (2 Қӯр. 11:5; 12:11). Ин мардон ҳаввориёни дурӯғин буданд. Бархилофи онҳо Павлус бошад, метавонист далел орад, ки Исо ӯро ҳавворӣ таъин кард, зеро ӯ бисёр душвориҳоро паси сар кард: дар маҳбасҳо будан, лату кӯб хӯрдан, дар сафарҳои хатарнок будан, дар душвориҳо, гуруснагиву ташнагӣ кашидан ва ҳамчунин ғамхорӣ дар бораи ҳамаи ҷамъомадҳо. (2 Қӯринтиён 11:23–28-ро бихонед.) Намунаи олиҷаноби имон ва далерии Павлус исбот карданд, ки қуввати доштаи ӯ аз ҷониби Худо буд.
20, 21. а) Кадом мисол нишон медиҳад, ки дар вазъиятҳои душвори ҳаётамон далерӣ зоҳир намудан лозим аст? б) Боз дар кадом вазъиятҳо нишон додани далерӣ шояд ба мо лозим меояд ва мо ба чӣ боварии комил дошта метавонем?
20 На ҳамаи масеҳиён бо таъқиботи сахт дучор мешаванд. Аммо ба ҳамаи мо барои тоб овардан ба вазъияти душвори ҳаётамон далериву ҷасурӣ лозим аст. Ба мисоле таваҷҷӯҳ кунед: «Як ҷавонмард дар Бразилия аъзои дастаи ғоратгарон буд. Баъд аз омӯзиши Китоби Муқаддас вай дарк намуд, ки тарзи ҳаёташро бояд тағйир диҳад, лекин одатан ҳар касе ки гурӯҳи ғоратгаронро тарк менамуд, кушта мешуд. Ӯ ба Худо дуо гуфт ва аз Китоби Муқаддас оятҳоро истифода бурда ба сардори гурӯҳаш фаҳмонд, ки чаро вай дигар аъзои ин гурӯҳ буда наметавонад. Ин ҷавонмардро бе ягон амали қасд ҷавоб доданд ва ӯ воизи Салтанат шуд».
21 Хислати далерӣ дар мавридҳои зиёд ба мо даркор аст. Масалан, он барои мо даркор аст, то хушхабарро мавъиза кунем. Ба масеҳиёни ҷавон ин хислат муҳим аст, то онҳо беайбии худро нигоҳ доранд. Инчунин далерӣ лозим аст, то ки барои ба ҳамаи қисмҳои барномаи анҷуман ташриф овардан аз сардори корхона ҷавоб гирем. Мавридҳои бисёри дигар низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо далерӣ нишон додан лозим аст. Аммо новобаста аз душвориҳое, ки мо бо онҳо дучор мешавем, Яҳува «дуои имон»-и моро хоҳад шунид (Яъқ. 5:15). Ва бешубҳа, Ӯ ба мо рӯҳулқудсашро медиҳад, то мо «қавӣ ва далер» бошем!
[Тасвир дар саҳифаи 11]
Ҳанӯх далерона дар ҷаҳони шарир мавъиза кард
[Тасвир дар саҳифаи 12]
Ёил дорои далерӣ ва иродаи қавӣ буд