Дар ҷамъомад рӯҳияи мусбиро нигоҳ доред
«Файзи Худованди мо Исои Масеҳ [«бигзор бо рӯҳияе, ки шумо зоҳир мекунед, бошад», ТДН]» (ФИЛ. 4:23).
ЧӢ ТАВР МО БА РӮҲИЯИ СОЛИМИ ҶАМЪОМАД МУСОИДАТ КАРДА МЕТАВОНЕМ...
ҳангоми муошират бо ҳамимононамон?
бо ғаюрии худ дар хизмат?
бо хабардор кардани пирон оиди гуноҳи ҷиддӣ?
1. Чаро ҷамъомади Филиппӣ, Ғалотия ва Тиётиро сазовори таъриф буданд?
МАСЕҲИЁНИ асри як, ки дар Филиппӣ зиндагӣ мекарданд камбағал буданд. Лекин онҳо саховатманд буданд ва ба ҳамимононашон муҳаббати бузург зоҳир мекарданд (Фил. 1:3–5, 9; 4:15, 16). Дар охири номаи худ ба филиппиён, Павлуси ҳавворӣ навишт: «Файзи Худованди мо Исои Масеҳ [«бигзор бо рӯҳияе, ки шумо зоҳир мекунед, бошад», ТДН]» (Фил. 4:23). Ҳамчунин масеҳиёни шаҳри Ғалотия чунин рӯҳияро зоҳир менамуданд (Ғал. 6:18). Ва рӯҳияи ба ин монандро масеҳиёни Тиётиро низ зоҳир мекарданд, аз ин рӯ Исои Масеҳ ба онҳо гуфт: «Аъмоли туро медонам ва муҳаббати туро ва хизмати туро ва имони туро ва сабри туро ва ин ки аъмоли охиринат аз аввалинат бештар аст» (Ваҳй 2:19).
2. Дар инкишоф додани рӯҳияи ҷамъомадамон, чӣ тавр мо мусоидат мекунем?
2 Ҳар як ҷамъомади имрӯзаи Шоҳидони Яҳува рӯҳия ё муносибати ба худ хосро дорад. Баъзе ҷамъомадҳоро махсусан бо зоҳир намудани меҳрубонӣ ва муҳаббаташон мешиносанд. Дигарон бошанд, дар кори мавъизаи Салтанат ва хидмати пурравақт хеле ғаюранд. Вақте ки ҳар яки мо шахсан дар худ рӯҳияи мусбиро инкишоф медиҳем, мо ба ягонагӣ ва барои беҳтар кардани рӯҳияи ҷамъомад мусоидат мекунем (1 Қӯр. 1:10). Лекин аз дигар тараф, рӯҳияи манфии мо ба хоболудии рӯҳонӣ, хунукназарӣ ва ҳатто ба бепарвоӣ нисбати гуноҳи ҷиддӣ оварда расонданаш мумкин аст (1 Қӯр. 5:1; Ваҳй 3:15, 16). Кадом рӯҳия дар ҷамъомади шумо ҳукмфармост? Шахсан шумо ба рӯҳияи мусбии ҷамъомад чӣ тавр мусоидат карда метавонед?
БА РӮҲИЯИ МУСБӢ БАРАНГЕЗЕД
3, 4. Чӣ тавр мо «[Яҳуваро] дар ҷамоати бузург ҳамд» гуфта метавонем?
3 Забурнавис чунин сароида буд: «Туро [Яҳува] дар ҷамоати бузург ҳамд хоҳам гуфт, дар миёни қавми азим Туро мадҳ хоҳам кард» (Заб. 34:18). Вақте ки забурнавис ҳамроҳи дигар ходимони содиқи Яҳува буд, Ӯро ҳамду сано мегуфт. Вохӯриҳои ҳарҳафтаинаи ҷамъомад, аз ҷумла омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» ба мо имкон медиҳад, ки бо шарҳ додан имон ва ғаюрии худро нишон диҳем. Ҳамаи мо аз худ чунин пурсида метавонем: «Оё ман пурра дар вохӯриҳо иштирок мекунам? Оё ман хуб тайёрӣ мебинам ва шарҳҳои пурмазмун тайёр мекунам? Чун сардори оила, оё ман ба кӯдаконам барои пешакӣ тайёр кардани шарҳ ва бо суханони худ ҷавоб додан, кӯмак мерасонам?»
4 Довуди забурнавис нишон дод, ки сурудхониамон бо қавии диламон алоқаманд аст. «Дилам қавист, эй Худо,— ӯ гуфт,— дилам қавист; суруд хоҳам хонд ва хоҳам сароид» (Заб. 56:8). Сурудҳое, ки дар вохӯриҳои масеҳӣ сароида мешаванд, ба мо имконияти хубе медиҳанд, то ба Яҳува бо қавии дил суруд хонем. Агар матни баъзе сурудҳо бароямон ношинос бошанд, хуб мебуд, ки дар шоми ибодати оилавӣ сароидани онҳоро машқ кунем. Биёед тамоми умри худ дар шаъни Худованд суруд хонем, то даме ки вуҷуд дорем ба Ӯ хоҳем сароид (Заб. 103:33).
5, 6. Чӣ тавр мо нисбати дигарон меҳмоннавоз ва саховатманд буда метавонем ва ин дар ҷамъомад ба чӣ мусоидат мекунад?
5 Зоҳир кардани меҳмоннавозӣ нисбати бародарону хоҳаронамон — тарзи дигари мусоидат кардан ба рӯҳияи муҳаббатомези ҷамъомад мебошад. Дар боби охири номаи худ ба ибриён Павлус онҳоро барангехт: «Бигзор бародардӯстӣ барқарор бошад. Меҳмоннавозиро фаромӯш накунед» (Ибр. 13:1, 2). Яке аз роҳҳои олиҷаноби зоҳир кардани меҳмоннавозӣ ин ба хӯрокхӯрӣ таклиф кардани нозирони сайёр ва занонашон, ё ходимони пурравақти ҷамъомад мебошад. Ҳамчунин дар бораи бевазанон ва оилаҳое, ки танҳо падар ё модар доранд, ё дигар шахсоне, ки аз якҷоя хӯрок хӯрдан ё аз ибодати оилавии мо манфиат гирифта метавонанд, фикр кунед.
6 Павлус ба Тимотиюс гуфт, ки дигаронро барангезад, ки «некӣ кунанд ва аз аъмоли нек сарватманд шаванд, валинеъмат ва одамдӯст бошанд. Ва барои худ ганҷе ғун кунанд, ки барои оянда асоси нек гардад, то ки ҳаёти ҷовидониро аз они худ созанд» (1 Тим. 6:17–19). Павлус маслиҳат дода буд, ки ҳамимононаш рӯҳияи саховатмандиро дар худ инкишоф диҳанд. Ҳатто дар вазъиятҳои душвори иқтисодӣ мо дар нигоҳ доштани рӯҳияи саховатмандӣ саҳми худро гузошта метавонем. Масалан, агар шумо мошин дошта бошед, шояд ба дигарон ёрдам карда тавонед, то онҳо ба ҷои мавъиза ё ҷамъомад расида тавонанд. Аммо чӣ тавр онҳое ки аз ин амали саховатмандона манфиат гирифтанд, метавонанд миннатдориашонро нишон диҳанд ва чӣ тавр ба рӯҳияи хуби ҷамъомад мусоидат карда метавонанд? Онҳо аз рӯи имкон кӯмаки моддиро пешниҳод карда метавонанд, то бо ин барои рӯпӯш кардани нархҳои афзудаистодаи сӯзишворӣ ва таъмири мошин ёрдам кунанд. Ғайр аз ин, агар мо вақти зиёдро бо бародару хоҳарони рӯҳониамон гузаронем, магар онҳо ҳис намекунанд, ки мо онҳоро қадр мекунем ва дӯсташон медорем? Вақте ки мо дар кори нек нисбати «аҳли имони худ» сарватманд мегардем ва ба сарф кардани вақт ва чизҳои моддӣ тайёр ҳастем, мо на танҳо муҳаббатамонро нисбати онҳо чуқуртар мекунем, аммо ҳамчунин барои ҳукмфармо будани рӯҳияи меҳрубононаву мусбӣ дар ҷамъомад мусоидат менамоем (Ғал. 6:10).
7. Чӣ тавр махфӣ доштани маълумоти шахсӣ ба нигоҳ доштани рӯҳияи хуби ҷамъомад мусоидат мекунад?
7 Ҳамчунин ба дигар омилҳо, ки банди муҳаббатро бо ҳамимонон мустаҳкам мегардонад, таваҷҷӯҳ кунед: дӯстӣ ва ошкор накардани маълумоти шахсӣ. (Масалҳо 18:24-ро бихонед.) Дӯстони ҳақиқӣ маълумоти шахсиро ба дигарон ошкор намекунанд. Вақте ки ҳамимонамон сирру дарди дилашонро ба мо мекушоянд ва дилпуранд, ки ин маълумот ба дигарон овоза намешавад, банди муҳаббат, ки шояд аллакай вуҷуд дорад, боз ҳам мустаҳкамтар мешавад. Биёед чун дӯсти бовафо, ки сирро махфӣ нигоҳ дошта метавонад, ба фазои дӯстонаи ҷамъомад мусоидат кунем (Мас. 20:19).
ДАР ХИЗМАТ ҒАЮР БОШЕД
8. Ба ҷамъомади Лудкия кадом маслиҳат дода шуд ва чаро?
8 Ҳангоми муроҷиат кардан ба ҷамъомади Лудкия, Исо гуфт: «Аъмоли туро медонам, ту на сард ҳастӣ на гарм, о, кошки ту сард ё гарм мебудӣ! Лекин азбаски ту ширгарм ҳастӣ, яъне на гарм ва на сард, бинобар ин туро аз даҳони Худ қай хоҳам кард» (Ваҳй 3:15, 16). Ба масеҳиёни ҷамъомади Лудкия дар хидмати мавъиза ғаюрӣ намерасид. Чунин рӯҳия эҳтимолан ба муносибати байни онҳо низ таъсир расонд. Барои ҳамин, Исо ба онҳо маслиҳати муҳаббатомез дод: «Ҳар киро Ман дӯст дорам, мазаммат мекунам ва ҷазо медиҳам. Пас ғаюр бош ва тавба кун» (Ваҳй 3:19).
9. Чӣ тавр муносибати мо ба кори мавъиза ба рӯҳияи ҷамъомад таъсир мекунад?
9 Агар мо хоҳем, ки дар ҷамъомад рӯҳияи хуб ҳукмфармо бошад, мо бояд барои кори мавъиза ғаюрӣ ё шавқу завқ дошта бошем. Яке аз мақсадҳои ҷамъомад ин ёфтани шахсони самимӣ дар маҳалламон ва ба онҳо ҳақиқатро таълим додан аст. Пас, ба мо лозим аст, ки ба мисли Исо дар кори шогирдсозӣ шавқу завқ дошта бошем (Мат. 28:19, 20; Луқ. 4:43). Чӣ қадаре ки ғаюрии мо дар хизмат зиёд бошад, ҳамон қадар ягонагии мо, чун «хизматгорони Худо» қавитар мегардад (1 Қӯр. 3:9). Вақте мо мушоҳида мекунем, ки дигарон дар мавъиза имон ва миннатдориашонро барои чизҳои рӯҳонӣ зоҳир мекунанд, мо ба бештар дӯст доштан ва эҳтиром кардани онҳо барангехта мешавем. Ҳамчунин «якдилона» дар хизмат иштирок кардан ба рӯҳияи ягонагии ҷамъомад мусоидат мекунад. (Сафанё 3:9-ро бихонед.)
10. Кӯшиши мо барои беҳтар гардондани сифати хизмат, ба дигар аъзоёни ҷамъомад чӣ гуна таъсир мерасонад?
10 Кӯшиши мо барои беҳтар гардондани сифати хизматамон ба дигарон низ таъсири хуб мерасонад. Агар мо дар хизмат ба одамон диққати зиёд зоҳир кунем ва барои ба дили онҳо таъсир расондан кӯшиш намоем, шавқу завқамон ба хизмат зиёд мешавад (Мат. 9:36, 37). Агар мо шавқу завқ дошта бошем, ин ба ҳамимононамон, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд таъсир мерасонад. Исо шогирдонашро ба мавъиза ҷуфт-ҷуфт фиристод, на дар алоҳидагӣ (Луқ. 10:1). Ин на танҳо ба онҳо рӯҳбаландиву таҷриба мебахшид, аммо ҳамчунин ғаюрии онҳоро дар хизмат зиёд мегардонд. Магар мо аз ҳамкорӣ бо воизони ғаюри Салтанат хурсанд нестем? Ғаюрии онҳо моро рӯҳбаланд месозад ва ба мо кӯмак мекунад, ки кори мавъизаро давом диҳем (Рум. 1:12).
БА ШИКОЯТКУНӢ ВА ГУНОҲ РОҲ НАДИҲЕД
11. Кадом рӯҳияро баъзе исроилиён дар замони Мусо инкишоф доданд ва ин ба онҳо чӣ тавр таъсир кард?
11 Баъд аз он ки Яҳува исроилиёнро чун халқ ташкил намуд, пас аз якчанд ҳафта онҳо рӯҳияи норозигӣ ва шикояткуниро дар худ инкишоф доданд. Ин сабаб шуд, ки онҳо зидди Яҳува ва намояндагони Ӯ баромаданд (Хур. 16:1, 2). Танҳо ба гурӯҳи хурди исроилиёни аз Миср баромада роҳ дода шуд, ки ба Замини ваъдашуда дароянд. Ҳатто ба Мусо, ки аз сабаби рӯҳияи бади исроилиён бехирадона амал кард, роҳ дода нашуд, то ба Замини ваъдашуда дарояд! (Такр. Ш. 32:48–52). Мо имрӯз чӣ кор карда метавонем, то дар мо рӯҳияи манфӣ инкишоф наёбад?
12. Чӣ кор карда метавонем, то ба инкишоф додани рӯҳияи шикояткунӣ роҳ надиҳем?
12 Мо набояд ба инкишоф додани рӯҳияи шикояткунӣ роҳ диҳем. Фурӯтанӣ ва эҳтиром нисбати ҳокимият ба мо ёрдам мекунад, то ба чунин рӯҳия роҳ надиҳем. Чизи дигаре ки ба мо кӯмак карда метавонад, ин бодиққат интихоб кардани муоширати дуруст. Интихоби бехирадонаи вақтхушӣ ё гузарондани вақти хеле зиёд бо ҳамкорон, ё ҳамсинфон, ки нисбати принсипҳои боадолатонаи Яҳува эҳтиром надоранд, ба натиҷаҳои бад оварда мерасонанд. Бохирадона мебуд, агар мо бо шахсоне, ки рӯҳияи шикояткунӣ доранд, ё бо онҳое, ки аз ҳеҷ кас вобаста будан намехоҳанд, муоширатро кам кунем (Мас. 13:20).
13. Таъсири харобкунандаи шикояткунӣ ба кадом дигар зарари рӯҳонии ҷамъомад оварда метавонад?
13 Агар аъзоёни ҷамъомад шикояткуниро давом диҳанд, ин метавонад оҳиста-оҳиста ба рафторе оварда расонад, ки аз он муносибаташон бо Яҳува вайрон мешавад. Масалан, шикояткунӣ метавонад сулҳу ягонагии ҷамъомадро вайрон кунад. Ғайр аз ин шикояткунӣ зидди хамимонон на танҳо дардовар буда метавонад, балки ҳамчунин ба тӯҳмат ва дашномдиҳӣ табдил ёфта метавонад (Ибд. 19:16; 1 Қӯр. 5:11). Баъзе шикояткунандагони ҷамъомади асри як сардоронро рад мекарданд ва дар ҳаққи муқаддасон бӯҳтон мегуфтанд (Яҳд. 8, 16). Чунин шикояткунӣ зидди бародарони масъули ҷамъомад бешубҳа ба Худо маъқул набуд.
14, 15. а) Бепарвоӣ нисбати гуноҳи ҷиддӣ чӣ тавр ба тамоми ҷамъомад таъсир карда метавонад? б) Агар мо донем, ки касе гуноҳи пинҳонӣ содир кардааст, бояд чӣ кор кунем?
14 Чӣ агар мо оиди касе бохабар ҳастем, ки пинҳонӣ ба гуноҳи ҷиддӣ, ба монанди суиистифода аз маводи спиртӣ, тамошои порнография ва ба рафтори бадахлоқона даст задааст? (Эфс. 5:11, 12). Агар мо ба давом додани гуноҳи ҷиддӣ роҳ додан гирему нисбати он бепарво бошем, Яҳува метавонад рӯҳулқудсашро аз ҷамъомад гирад. Ин метавонад ба осоиштагии тамоми ҷамъомад зарар расонад (Ғал. 5:19–23). Павлус ба масеҳиёни шаҳри Қӯринтус гуфт, ки онҳо хамиртуруши кӯҳнаро бояд тоза кунанд. Имрӯз ҳам мо бояд ҷамъомадро аз бадкорӣ тоза нигоҳ дорем ва онро аз рӯҳияи манфӣ муҳофизат намоем. Барои нигоҳ доштани осоиштагии ҷамъомад, шумо чӣ кор карда метавонед?
15 Чӣ тавре ки дар боло гуфта шуд, маълумоти шахсии дигаронро набояд ошкор кард, махсусан дар мавридҳое, ки дигарон ба мо боварӣ карда сирри дилашонро мегӯянд. То чӣ андоза нодуруст ва дарднок аст, ошкор кардани маълумоти шахсии дигарон, ки бояд махфӣ дошта шавад! Лекин агар ягон кас гуноҳи ҷиддӣ содир кунад, пирони ҷамъомад бояд аз ин хабардор шаванд, зеро мувофиқи Китоби Муқаддас онҳо вазифадоранд, ки ин масъаларо ҳал кунанд. (Ибодат 5:1-ро бихонед.) Барои ҳамин, агар мо дар бораи бародар ё хоҳаре, ки чунин гуноҳ содир кардааст, донем, мо бояд ӯро барангезем, ки ба назди пирон рафта аз онҳо кӯмак пурсад (Яъқ. 5:13–15). Агар ӯ дар мӯҳлати якчанд рӯз ин корро накунад, он гоҳ мо худамон бояд ба назди пирон рафта онҳоро аз гуноҳи содиршуда хабардор кунем.
16. Чӣ тавр мо бо хабардор кардани пирон оиди гуноҳҳои ҷиддӣ рӯҳияи ҷамъомадро нигоҳ дошта метавонем?
16 Ҷамъомади масеҳӣ паноҳгоҳи рӯҳонӣ мебошад ва мо бояд оиди гуноҳҳои ҷиддӣ пиронро хабардор карда, барои ҷамъомадро ҳимоя намудан, кӯмак расонем. Агар пирон ба гуноҳкарда фаҳмонанд, ки то чӣ андоза гуноҳаш ҷиддӣ аст ва ӯ тавба карда насиҳатро қабул кунад, он гоҳ дигар ба рӯҳияи ҷамъомад хатар таҳдид намекунад. Лекин, агар шахси гуноҳкарда тавба накунад ва кӯмаки меҳрубононаи пиронро қабул накунад-чӣ? Дар чунин маврид вай аз ҷамъомад хориҷ карда мешавад, ҳамин тавр таъсири зараровар бартараф мегардад ва пирон рӯҳияи ҷамъомадро ҳимоя мекунанд. (1 Қӯринтиён 5:5-ро бихонед.) Бале, барои нигоҳ доштани рӯҳияи ҷамъомад ба мо лозим аст, ки чораҳои зарурӣ андешем, бо пирон ҳамкорӣ кунем ва беҳбудии ҳамимононамонро ҳимоя намоем.
БА «ЯГОНАГИИ РӮҲ» БАРАНГЕЗЕД
17, 18. Барои нигоҳ доштани «ягонагии Рӯҳ» чӣ ба мо ёрдам хоҳад кард?
17 «Шунидани таълими ҳаввориён» ба масеҳиёни асри як барои дар ҷамъомад инкишоф додани рӯҳияи ягонагӣ ёрдам намуд (Аъм. 2:42). Онҳо маслиҳати Навиштаҳо ва дастуротеро, ки аз тарафи пирони ботаҷриба мегирифтанд, қадр мекарданд. Имрӯз низ ҷамъомад барои дар ягонагӣ мондан кӯмаки лозимаро дорад, зеро пирони ҷамъомад аз рӯи дастуроти синфи ғуломи мӯътамад ва доно амал мекунанд (1 Қӯр. 1:10). Агар мо ба дастуроте, ки ташкилоти Яҳува ба мо дар асоси Китоби Муқаддас медиҳад итоат кунем ва аз рӯи роҳнамоии пирони ҷамъомад амал намоем, мо нишон медиҳем, ки гуфтаҳои зеринро иҷро мекунем: «Саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред» (Эфс. 4:3).
18 Пас, биёед ҳар чизи аз дастамон меомадаро бикунем, то дар ҷамъомад рӯҳияи мусбӣ ва солимро нигоҳ дорем. Агар мо ин тавр кунем, мо дилпур буда метавонем, ки файзи Худованди мо Исои Масеҳ бо рӯҳияе, ки мо зоҳир мекунем, хоҳад буд (Фил. 4:23).
[Тасвир дар саҳифаи 19]
Оё шумо бо тайёр кардани шарҳҳои пурмазмун ба рӯҳияи мусбии дигарон мусоидат мекунед?
[Тасвир дар саҳифаи 20]
Бо сурудҳоямон шинос шуда, ба рӯҳияи мусбӣ мусоидат кунед