«Ба ақиб» нигоҳ накунед
«Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест» (ЛУҚ. 9:62).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Чаро мо бояд «зани Лутро ба хотир» оварем?
Дар бораи кадом се чиз мо бояд аз ҳад зиёд фикр накунем?
Чӣ тавр мо минбаъд низ бо ташкилоти Яҳува ҳамқадам буда метавонем?
1. Исо чӣ гуна огоҳӣ дод ва кадом савол ба миён меояд?
«ЗАНИ Лутро ба хотир оваред» (Луқ. 17:32). Ин огоҳие, ки Исои Масеҳ тақрибан 2000 сол пеш дода буд, ҳоло аз ҳарвақта дида муҳимтар аст. Лекин бо ин огоҳии муҳим Исо чӣ гуфтан мехост? Ба шунавандагони ӯ, яъне яҳудиён ин суханонро фаҳмондан шарт набуд. Онҳо медонистанд, ки бо зани Лут чӣ рӯй дода буд. Вақте ки ӯ ҳамроҳи оилааш аз Садӯм мегурехт, ӯ беитоатона ба ақиб нигарист ва ба сутуни намак мубаддал гашт. (Ҳастӣ 19:17, 26–ро бихонед.)
2. Чаро шояд зани Лут ба қафо нигарист ва рафтори беитоатонааш барои ӯ то чӣ андоза гарон афтод?
2 Лекин барои чӣ зани Лут ба қафо нигарист? Оё вай кунҷкобона мехост бинад, ки чӣ рӯй дода истодааст? Ё вай аз он сабаб ба қафо нигарист, ки ба нобуд шуда истодани шаҳр бовар намекард? Шояд имони ӯ суст шуд? Ё эҳтимол дили ӯ ба чизҳои дар Садӯм мондааш сахт кашол буду рафта онҳоро гирифтан мехост? (Луқ. 17:31). Новобаста аз сабаби ба ақиб нигаристанаш, ӯ барои беитоатии худ ҳаёташро аз даст дод. Танҳо дар ин бора фикр кунед! Ӯ маҳз дар ҳамон рӯзе, ки сокинони фосиқи Садӯму Амӯро нобуд шуданд, мурд. Ана барои чӣ Исо суханони зеринро гуфт: «Зани Лутро ба хотир оваред»!
3. Чӣ тавр Исо қайд намуд, ки мо набояд ба маънои рамзӣ ба қафо нигарем?
3 Мо низ дар замоне зиндагӣ мекунем, ки ба маънои рамзӣ ба қафо нигоҳ накардан хеле муҳим аст. Исо ин фикрро ҳангоми гуфтугӯ бо марде қайд намуд. Он мард аз Исо пурсид, ки оё метавонад аввал рафта бо оилааш хайрухуш кунад ва баъд омада ӯро пайравӣ намояд. Исо ҷавоб дод: «Касе ки дасташро болои амоч монда бошад ва ба ақиб нигоҳ кунад, ба Малакути Худо лоиқ нест» (Луқ. 9:62). Оё ҷавоби Исо ба он мард сахтгиронаву дағалона буд? Не, зеро ӯ медонист, ки хоҳиши он мард фақат баҳона барои ба ӯҳда нагирифтани масъулияти шогирдӣ буд. Исо чунин баҳонаҷӯиро бо «ба ақиб нигоҳ» кардан монанд кард. Чӣ мешуд, агар шахсе, ки замин шудгор мекунад, лаҳзае ба ақиб нигоҳ мекард ё амочро тамоман як сӯ монда ба қафо нигоҳ карда меистод? Дар ҳар ду ҳолат ҳам диққати вай аз кори кардаистодааш парешон мешуд ва ӯ корашро ба таври лозима иҷро намекард.
4. Мо бояд чашмамонро ба куҷо равона кунем?
4 Ба ҷои диққатамонро ба гузашта равона кардан, мо бояд ба пеш нигоҳ кунем. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр ин фикр дар китоби Масалҳо 4:25 фаҳмонда шудааст: «Бигзор чашмони ту рост бингарад, ва мижгони ту ба самти рӯ ба рӯ равона бошад».
5. Мо барои ба чизҳои дар ақиббуда нигоҳ накардан чӣ сабаб дорем?
5 Мо барои ба қафо нигоҳ накардан сабаби хуб дорем. Кадом сабаб? Мо дар охирзамон зиндагӣ мекунем (2 Тим. 3:1). Ба қарибӣ Худо на танҳо ду шаҳри фасодшударо, балки тамоми тартиботи ҷаҳониро нобуд мекунад. Чӣ кор кунем, то он чизе ки бо зани Лут рӯй дод, бо мо рӯй надиҳад? Дар аввал мо бояд муайян созем, ки кадом чизҳои гузашта моро водор мекунанд, ки ба ақиб нигарем (2 Кӯр. 2:11). Пас, биёед дида бароем ва фаҳмем, ки он чизҳо кадоманд ва чӣ тавр мо нагузорем, ки онҳо диққатамонро парешон созанд.
ФИКРИ ОН КИ РӮЗҲОИ ГУЗАШТА БЕҲТАР БУДАНД
6. Чаро хотираи мо на ҳамеша боваринок аст?
6 Мо шояд хато мекунем, агар фикр кунем, ки рӯзҳои пешин беҳтар буданд. Хотираи мо на ҳамеша боваринок аст. Мо шояд худамон дарк накарда чунин фикр кунем, ки проблемаҳои пештараамон камаҳамият буданд ва мо он вақтҳо хушбахттар будем. Ин тарзи нодурусти фикрронӣ сабаби он шуда метавонад, ки мо рӯзҳои пешинро аз ҳаёти ҳозираамон беҳтар донем. Лекин Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Нагӯй: “Чаро айёми қадим аз ҳозира беҳтар буд?” Чунки дар ин бобат на аз рӯи ҳикмат савол медиҳӣ» (Воиз 7:10). Чаро чунин тарзи фикрронӣ хатарнок аст?
7–9. а) Бо исроилиён дар Миср чӣ рӯй дод? б) Кадом чизҳо сабаби шодии исроилиён гашт? в) Аз кадом сабаб исроилиён ба шикоят ва ғурғуркунӣ сар карданд?
7 Фикр кунед, ки дар рӯзҳои Мусо бо исроилиён чӣ рӯй дода буд. Ҳарчанд дар аввал исроилиён дар замини Миср меҳмон буданд, баъди марги Юсуф мисриён «саркорони меҳнати маҷбуриро бар [исроилиён] таъин карданд, то ки онҳоро бо корҳои сахт ба танг оваранд» (Хур. 1:11). Баъдтар, фиръавн ҳатто ба одамонаш амр дод, ки писарчаҳои навтаваллудшудаи исроилиёнро кушанд, зеро ӯ намехост, ки насли исроилиён зиёд шавад (Хур. 1:15, 16, 22). Пас тааҷҷубовар нест, ки чаро Яҳува ба Мусо чунин гуфт: «Мазаллати қавми Худро дар Миср дидам, ва фиғони онҳоро аз дасти зулмкунандагонашон шунидам, ба тавре ки дарду озори онҳоро медонам» (Хур. 3:7).
8 Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки исроилиён ҳангоми аз Миср баромаданашон чун одамони озод чӣ хурсандие эҳсос мекарданд? Онҳо ба таври аҷоиб диданд, ки чӣ тавр Яҳува қувваташро истифода бурда ба сари фиръавни худписанд ва халқи вай даҳ балоро овард. (Хуруҷ 6:1, 6, 7–ро бихонед.) Оқибат мисриён ба исроилиён гуфтанд, ки ба зудӣ Мисрро тарк кунанд ва ба онҳо чунон тиллову нуқраи зиёд доданд, ки гуфтан мумкин буд, ки халқи Худо «мисриёнро тороҷ карданд» (Хур. 12:33–36). Баъдтар, исроилиён дар Баҳри Сурх нобудшавии фиръавн ва аскарони ӯро дида шодӣ карданд (Хур. 14:30, 31). Дидани ҳамаи ин то чӣ андоза бояд имони онҳоро қавӣ мекард!
9 Вале боварии кас намеояд, ки аз он наҷоти мӯъҷизанок андак вақт нагузашта, он исроилиён ба шикоят ва ғурғуркунӣ сар карданд. Аз барои чӣ? Аз барои хӯрок. Онҳо аз он чизе, ки Яҳува ба онҳо медод норозӣ гаштанд ва гуфтанд: «Моҳиро ки дар Миср муфт мехӯрдем, ва бодиринг, ва харбуза, ва тара, ва сирро ёд мекунем. Ва алҳол ҷисми мо хушк шудааст, чизе барои хӯрдан нест, фақат ин манн пеши чашмони мост» (Ад. 11:5, 6). Онҳо чизи пеш аз сар гузаронидаашонро ба таври аслиаш ба ёд наоварданд. Аз сабаби фикрронии нодурусташон, онҳо ҳатто хостанд ба замине, ки дар он ғулом буданд, баргарданд! (Ад. 14:2–4). Исроилиён ба чизҳои дар ақиб монда нигоҳ карданд ва аз илтифоти Яҳува маҳрум шуданд (Ад. 11:10).
10. Аз он чизе ки бо исроилиён рӯй дод, мо чӣ меомӯзем?
10 Аз ин мо имрӯз чӣ дарс мегирем? Дар вақти дучоршавӣ бо мушкилиҳову проблемаҳо, биёед дар чунин фикр бознаистем, ки чизҳои гузашта, эҳтимол ҳатто чизҳое, ки пеш аз фаҳмидани ҳақиқат бо мо мешуд, хубтару беҳтар буданд. Албатта, аз корҳои пештараи худ ягон дарс гирифтан ё баъзе воқеоти хурсандибахши гузаштаро ба хотир овардан нодуруст нест. Вале ба мо бомувозинат будан ва оиди гузашта воқеъбинона фикр кардан лозим аст. Дар акси ҳол, мо метавонем аз вазъиятҳои ҳозираи худ норозӣ гашта ба васвасаи ба ҳаёти пештара баргаштан дода шавем. (2 Петрус 2:20–22-ро бихонед.)
ҚУРБОНИҲОЕ, КИ МО ДАР ГУЗАШТА КАРДА БУДЕМ
11. Баъзеҳо ба қурбониҳои дар гузашта кардаашон чӣ тавр менигаранд?
11 Мутаассифона, баъзеҳо ба чизҳое, ки дар гузашта қурбонӣ карда буданд, чун ба имкониятҳои аз даст рафта менигаранд. Эҳтимол шумо имконият доштед, ки маълумоти олӣ, обрӯю эътибор ба даст оред ва пулу моли зиёд дошта бошед, лекин шумо қарор додед, ки аз паи ин чизҳо намешавед. Бисёри бародарону хоҳарон пеш кори сердаромад доштанд, масалан, шояд онҳо бо бизнес машғул буданд, шояд мусиқачии номдор, профессори донишгоҳ ё варзишгари моҳир буданд. Вале онҳо ин кори худро дар ақиб гузоштанд. Аз он вақт ҳоло муддати муайян гузаштааст, лекин ҳанӯз анҷоми ин тартибот нарасидааст. Оё шумо фикру хаёл мекунед, ки агар аз баҳри он чизҳо намебаромадед, ҳоло ҳаётатон чӣ хел мешуд?
12. Павлус оиди чизҳои дар қафо мондааш чӣ фикр мекард?
12 Павлуси ҳавворӣ барои пайрави Масеҳ шудан аз баҳри бисёр чиз баромад (Фил. 3:4–6). Вай нисбати чизҳои аз даст додааш чӣ фикр мекард? Ӯ ба мо мегӯяд: «Он чи барои ман бартарӣ буд, ба хотири Масеҳ нуқсон донистам». Чаро? Ӯ давом медиҳад: «Ҳамаашро ба хотири афзалияти дониши... Исои Масеҳ нуқсон медонам, ки барои Ӯ ман аз ҳамааш даст кашидам ва ҳамаашро ахлот медонам, то ки Масеҳро пайдо кунам»a (Фил. 3:7, 8). Шахсе, ки партов ё ахлотро мепартояд, баъдтар аз он пушаймон намешавад. Ба ҳамин монанд, Павлус пушаймон набуд, ки имкониятҳои дар ҷаҳон доштаашро рад кард. Ӯ дигар фикр намекард, ки онҳо ягон арзиш доштанд.
13, 14. Чӣ тавр мо ба намунаи Павлус пайравӣ карда метавонем?
13 Чӣ бояд кард, агар мо оиди имкониятҳое, ки гӯё аз даст рафтаанд, фикр кардан гирем? Мо бояд ба намунаи Павлус пайравӣ кунем. Чӣ тавр? Дар бораи арзиши он чизҳое ки шумо ҳоло доред, фикр кунед. Шумо бо Яҳува муносибатҳои наздик пайдо кардаед ва аз тарафи Ӯ чун шахси содиқ шинохта мешавед (Ибр. 6:10). Ягон чизе ки ин ҷаҳон пешкаш мекунад ба арзиши он чизҳое, ки Яҳува ҳоло медиҳад ва дар оянда доданӣ аст, баробар шуда наметавонад. (Марқӯс 10:28–30-ро бихонед.)
14 Сипас Павлус баъзе чизҳоро номбар мекунад, ки ба мо барои минбаъд низ ба Яҳува содиқона хизмат кардан кӯмак мекунанд. Ӯ гуфт, ки «он чиро, ки дар қафост, аз хотир баровард» ва «ба пеш ҳаракат кард» (Фил. 3:13). Аҳамият диҳед, ки ин ҷо Павлус ду қадами муҳимро қайд намуд. Якум, мо бояд он чиро, ки дар қафост, аз хотир барорем ва қуввату вақти қиматбаҳои худро сарф карда дар бораи онҳо аз ҳад ғам нахӯрем. Дуюм, мисли давандае, ки ба хати марра наздик аст, мо бояд ба пеш ҳаракат кунем ва диққатамонро ба чизҳои дар пеш буда равона созем.
15. Мулоҳиза оиди намунаи хизматгорони содиқи Худо ба мо чӣ манфиат меорад?
15 Дар бораи намунаи хизматгорони содиқи гузашта ва ҳозираи Худо фикр кунед. Намунаи онҳо шуморо бармеангезад, ки ба ҷои ба қафо нигаристан, ба пеш ҳаракат карданро давом диҳед. Масалан, агар Иброҳим ва Соро доимо шаҳри Урро ба хотир меоварданд, онҳо «фурсат доштанд, ки баргарданд» (Ибр. 11:13–15). Лекин онҳо ба он ҷо барнагаштанд. Мусо дар асл назар ба ҳар исроилии дигар дар Миср чизи бештареро тарк карда буд. Лекин дар ягон ҷой навишта нашудааст, ки дили ӯ ба он чизҳо кашол буд. Баръакс, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ «хории Масеҳро сарвати бузургтар аз ганҷҳои Миср ҳисоб кард; зеро ки ба мукофот назар медӯхт» (Ибр. 11:26).
ВОҚЕАҲОИ ДУШВОРИ ГУЗАШТА
16. Чӣ тавр воқеаҳои гузашта ба мо таъсир карда метавонанд?
16 Лекин, на ҳама чизи дар гузашта рӯйдода ба назари мо хуб метобад. Эҳтимол фикру хаёл оиди хатоҳову гуноҳҳои дар гузашта содир кардаамон моро ба ташвиш меоранд (Заб. 50:5). Шояд маслиҳати сахте, ки ба мо дода шуда буд, то ҳол моро азоб медиҳад (Ибр. 12:11). Рафторе, ки беадолатона буд, ё мо онро беадолатона ҳисобидем, метавонад фикру хаёли моро банд созад (Заб. 54:3). Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар бораи ин воқеаҳо фикр кардан нагирем? Ҳоло се мисолро дида мебароем.
17. а) Чаро Павлус дар бораи худаш гуфт, ки «ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам»? б) Чӣ ба Павлус кӯмак мекард, ки ба фикрҳои манфӣ дода нашавад?
17 Хатогиҳои гузашта. Павлуси ҳавворӣ дар бораи худаш гуфт, ки «ман хурдтарини ҳамаи муқаддасонам» (Эфс. 3:8). Чаро ӯ чунин фикр мекард? «Чунки калисои Худоро таъқиб мекардам»,— мегӯяд ӯ (1 Қӯр. 15:9). Оё шумо тасаввур карда метавонед, ки Павлус чӣ ҳис мекард, вақте ягон шахсеро, ки ӯ пеш таъқиб карда буд, вомехӯрд? Лекин ӯ намегузошт, ки фикрҳои манфӣ ӯро пахш кунанд. Ба ҷои ин, Павлус диққаташро ба меҳрубониву некие, ки Худо ба ӯ зоҳир кард, равона месохт (1 Тим. 1:12–16). Дар натиҷа Павлус миннатдории чуқур ҳис мекард, ки ин ӯро ба давом додани хизматаш бармеангехт. Ба чизҳое, ки Павлус аз хотир баровардан мехост, хатоҳои гузаштаи ӯ низ дохил мешуданд. Азбаски мо хатоҳои дар гузашта содиркардаи худро дигар карда наметавонем, гаштаву баргашта дар бораи онҳо фикр кардан, танҳо қувватамонро мегираду халос. Ба ҷои ин, мо диққатамонро ба меҳрубоние, ки Яҳува нисбати мо зоҳир кардааст, равона месозем ва қувватамонро ба он чизе ки ҳоло дорем — ба хизмати Ӯ сарф мекунем.
18. а) Чӣ рӯй медиҳад, агар мо ба маслиҳате, ки ба мо дода шуда буд, манфӣ назар кунем? б) Чӣ тавр мо ба суханоне, ки Сулаймон оиди қабул кардани насиҳат дод, гӯш дода метавонем?
18 Маслиҳати дардовар. Чунин шуданаш мумкин аст, ки мо дар бораи ягон маслиҳате, ки пеш ба мо дода шуда буд, фикр кардан мегирем. Он метавонад ба мо на танҳо аламовар бошад, балки ҳамчунин моро ғамгин ва «маъюс» гардонад (Ибр. 12:5). Агар мо ба маслиҳат «беэътиноӣ» карда онро рад кунем ё баъди қабул кардани он «маъюс» шавем, натиҷа ҳамон як хоҳад буд — мо намегузорем, ки он маслиҳат ба мо дар ҳақиқат фоида орад ва моро ислоҳ кунад. То чӣ андоза хуб аст, ки ба суханони зерини Сулаймон гӯш диҳем: «Насиҳатро нигоҳ дор, тарк накун; онро маҳфуз дор, зеро ки он ҳаёти туст» (Мас. 4:13). Мисли ронандае, ки аломатҳои роҳро риоя мекунад, биёед маслиҳатро қабул кунем, онро ба кор барем ва ба пеш ҳаракат намоем. (Мас. 4:26, 27; Ибриён 12:12, 13–ро бихонед.)
19. Чӣ тавр мо ба имони Ҳабаққуқ ва Ирмиё пайравӣ карда метавонем?
19 Беадолатӣ ё он чизе, ки мо беадолатӣ ҳисобидем. Мо шояд баъзан худро мисли пайғамбар Ҳабаққуқ, ки ба Яҳува оиди адолат зорӣ мекард, ҳис кунем. Ӯ намефаҳмид, ки чаро Яҳува ба рӯй додани баъзе чизҳои беадолатона роҳ медиҳад (Ҳаб. 1:2, 3). Бароямон хеле муҳим аст, ки ба имони ин пайғамбар пайравӣ кунем. Ӯ гуфт: «Вале ман дар Худованд шод хоҳам буд, ва дар Худои наҷоти худ ба ваҷд хоҳам омад» (Ҳаб. 3:18). Ҳамчунин, агар мо мисли Ирмиё бо имони пурра ба Яҳува, Худои адлу инсоф, «умедвор» бошем, мо дилпур буда метавонем, ки Ӯ ҳамаи беадолатиҳоро дар вақти лозима бартараф мекунад (Нав. Ирм. 3:19–24).
20. Чӣ тавр мо нишон медиҳем, ки зани Лутро дар хотир дорем?
20 Мо дар замони муҳими таърихӣ зиндагӣ дорем. Ҳоло воқеаҳои аҷоиб рӯй дода истодаанд ва воқеаҳои бисёри дигаре танҳо дар пешанд. Бигзор ҳар яки мо ҳамқадами ташкилоти Яҳува бошад. Биёед ба насиҳати Китоби Муқаддас гӯш дода ба пеш нигоҳ кунем ва ба ақиб нанигарем. Ҳамин тавр мо нишон медиҳем, ки зани Лутро дар хотир дорем!
[Эзоҳ]
a Калимае, ки аз забони аслӣ «ахлот» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои чизи «ба пеши сагҳо партофташуда», «пору» ва «наҷосат»–ро дорад. Як олими Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ин калимаро истифода бурдани Павлус ба «рӯй гардондан аз чизи тамоман бекора ва қабеҳ, ки дигар ба ҳеҷ чиз кор намеояд» ишора мекунад.