Оё шумо издивоҷро, ки атои Худост, дар ҳақиқат қадр мекунед?
«Бигзор Худованд ба шумо ато кунад, ки ҳар кадоматон дар хонаи шавҳари худ фароғат ёбед!» (РУТ 1:9).
БА ИН САВОЛҲО ҶАВОБ ЁБЕД:
Чӣ нишон медиҳад, ки хизматгорони пешини Худо атои издивоҷро қадр мекарданд?
Мо аз куҷо медонем, ки киро ҳамсари худ интихоб карданамон барои Яҳува аҳамияти калон дорад?
Кадом насиҳатҳои Китоби Муқаддасро оиди издивоҷ шумо ба кор бурданиед?
1. Фаҳмонед, ки ба офарида шудани зан Одам чӣ гуна муносибат кард.
«ИН АСТ устухоне аз устухонҳоям ва гӯште аз гӯштам; вай нисоъ [зан] номида шавад; зеро ки аз инсон гирифта шудааст» (Ҳас. 2:23). То чӣ андоза хурсанд шуд Одам аз он ки Худо барояш ҳамсаре офарид! Ана барои чӣ вай ҳиссиёташро ба таври шоирона баён кард! Баъди он ки Яҳува хоби сахте бар одам овард, Ӯ аз яке аз қабурғаҳои мард барояш зани зебое офарид. Одам баъдтар ӯро Ҳавво номид. Худо онҳоро дар издивоҷ ба ҳам пайваст кард. Азбаски Яҳува барои офаридани зан қабурғаи худи Одамро истифода бурд, Одаму Ҳавво назар ба ҳамаи зану шавҳарони имрӯза ба якдигар наздиктар буданд.
2. Чаро мард ва зан ба якдигар майл доранд?
2 Бо хиради беҳамтояш Яҳува инсонро тавре офарид, ки онҳо метавонанд муҳаббати ошиқона ҳис кунанд. Ин муҳаббатест, ки марду занро ба ҳам ҷалб мекунад. Дар як энсиклопедия гуфта мешавад: «Марду зане, ки оиладор мешаванд, умедворанд, ки аз муносибатҳои ҷинсиашон хурсандӣ меёбанд ва эҳсосоти ошиқонаи худро ҳамеша нигоҳ медоранд» («The World Book Encyclopedia»). Дар байни халқи Яҳува чунин оилаҳо хеле зиёданд.
ОНҲО АТОИ ИЗДИВОҶРО ҚАДР МЕКАРДАНД
3. Чӣ тавр Иброҳим барои Исҳоқ ҳамсар ёфт?
3 Иброҳими содиқ издивоҷро баланд қадр мекард. Барои ҳамин, ӯ калони хизматгоронашро ба Байнаннаҳрайн фиристод, то ки барои писараш Исҳоқ ҳамсаре ёбад. Он хизматгор дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсид ва натиҷаҳои хуб ба даст овард. Ривқо ном зани худотарс ҳамсари Исҳоқ шуд ва дар иҷрошавии ваъдаи Яҳува оиди насли Иброҳим нақш бозид (Ҳас. 22:18; 24:12–14, 67). Аз ин нақл мо набояд чунин хулоса барорем, ки барои издивоҷ кардани ду шахс беиҷозат миёнарав шуда метавонем, ҳатто бо ниятҳои нағз. Дар ҷамъияти имрӯза, бисёриҳо ҳамсафари ҳаёташонро худашон интихоб мекунанд. Албатта, барои шахс зан ё шавҳарро Худо интихоб намекунад, лекин вақте ки хизматгоронаш дар дуо аз Ӯ роҳнамоӣ мепурсанд ва мувофиқи ҳидояти рӯҳулқудсаш амал мекунанд, Ӯ дар ин ҷода ва ҷодаҳои дигари ҳаёт ба онҳо кӯмак мекунад (Ғал. 5:18, 25).
4, 5. Чӣ нишон медиҳад, ки Шуламит ва чӯпони маҳбубаш якдигарро дӯст медоштанд?
4 Духтари зебо Шуламит, ки аз Исроили қадим буд, намехост, то дигарон ӯро ба яке аз занҳои шоҳ Сулаймон шудан водор кунанд. Ӯ гуфт: «Эй духтарони Ерусалим! Қасам хӯред, ки дар ман муҳаббат бедор нахоҳед кард, то даме ки он худаш бедор нашавад» (С. Сурудҳо 8:4, ТДН). Шуламит шахси дигареро — чӯпонбачаеро дӯст медошт. Вай фурӯтанона худро ба як гули оддии саҳро монанд карда гуфт: «Ман наргиси Шорӯн, савсани водиҳо ҳастам». Чӯпон бошад, дар ҷавоб гуфт: «Чуноне ки савсан дар миёни хорҳост, ончунон ёри ман дар миёни духтарони ҷангал аст»! (С. Сурудҳо 2:1, 2). Онҳо дар ҳақиқат якдигарро дӯст медоштанд.
5 Азбаски Шуламит ва он чӯпон пеш аз ҳама Худоро дӯст медоштанд, онҳо оилаи мустаҳкаме барпо карда метавонистанд. Шуламит ба маҳбуби худ гуфт: «Маро мисли мӯҳре бар бозуи худ бигузор; зеро ки муҳаббат мисли марг пурзӯр аст... барқҳои он барқҳои оташ аст, алангаи илоҳист [яъне аз Худост]. Обҳои бисёр наметавонад муҳаббатро хомӯш кунад ва наҳрҳо наметавонанд онро фурӯ нишонанд. Агар касе тамоми сарвати хонаи худро барои муҳаббат бидиҳад, аз ӯ албатта нафрат хоҳанд кард» (С. Сурудҳо 8:6, 7). Оё хизматгорони Худо набояд аз ҳамсари ояндаи худ чунин муҳаббатро интизор шаванд?
ИНТИХОБИ ШУМО БАРОИ ХУДО АҲАМИЯТИ КАЛОН ДОРАД
6, 7. Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува нисбати он ки мо киро ҳамсари худ интихоб мекунем, бепарво нест?
6 Яҳува нисбати он ки шумо киро ҳамсари худ интихоб мекунед, бепарво нест. Оиди сокинони замини Канъон ба исроилиён амр дода шуда буд: «Бо онҳо қудову анда нашав: духтаратро ба писари онҳо надеҳ, ва духтари онҳоро ба писарат нагир; зеро ки онҳо писаратро аз Ман дур хоҳанд кард, то ки худоёни дигарро ибодат намояд,— ва он гоҳ ғазаби Худованд бар шумо аланга зада, шуморо ба зудӣ маҳв хоҳад кард» (Такр. Ш. 7:3, 4). Садсолаҳо пас, Эзрои коҳин эълон кард: «Шумо бадкирдорӣ намуда ва занони аҷнабӣ гирифта, маъсияти Исроилро бо ин зиёд кардаед» (Эзр. 10:10). Павлуси ҳавворӣ низ ба масеҳиён гуфт: «Зан, мувофиқи шариат, то даме ки шавҳараш зинда аст, ба ӯ тааллуқ дорад; пас аз вафоти шавҳараш вай озод шуда, ба ҳар касе ки хоҳад, никоҳ кунад, фақат дар Худованд бошад» (1 Қӯр. 7:39).
7 Агар хизматгори Яҳува ба шахси ҳамимоннабуда издивоҷ кунад, ин беитоатӣ ба Худо ҳисоб меёбад. Китоби Муқаддас рафтори он исроилиёнеро, ки дар рӯзҳои Эзро барои худ аз халқҳои дигар зан мегирифтанд, ҳатто бадкирдорӣ номидааст. Мо набояд ба гуфтаҳои аниқу равшани Китоби Муқаддас оиди интихоби ҳамсар хунукназарӣ кунем (Эзр. 10:10; 2 Қӯр. 6:14, 15). Масеҳие, ки ба шахси ҳамимоннабуда издивоҷ мекунад, намунаи ибрат нест ва атои Худо — издивоҷро дар асл қадр намекунад. Пас, вақте ки масеҳии таъмидёфта бо чунин шахс издивоҷ мекунад, ӯ шояд баъзе масъулиятҳои дар ҷамъомад доштаашро аз даст диҳад. Ва магар ӯ метавонад баракат интизор шуда гӯяд: «Яҳува, ман дидаву дониста ба ту гӯш накардам, лекин илтимос, ба ҳар ҳол маро баракат деҳ»?
ЯҲУВА ХУБТАР МЕДОНАД
8. Фаҳмонед, ки чаро мо бояд аз рӯи дастуроте, ки Худо оиди издивоҷ медиҳад, амал кунем.
8 Шахсе ки асбобе месозад, медонад, ки он чӣ тавр кор мекунад. Аз ин рӯ, вай барои ҷамъу пайваст кардани қисмҳои он маслиҳати даркориро дода метавонад. Агар мо дастуроти ӯро рад кунему қисмҳои онро ба таври худ пайваст кунем–чӣ? Он гоҳ аз он асбоб эҳтимол ягон ҷои сиҳат намемонад — агар он умуман ба кор дарояд. Пас, агар мо хоҳем, ки орзуи мо дар бораи барпо кардани оилаи хушбахт ҷомаи амал пӯшад, мо бояд ба дастуроте, ки Асосгузори оила, Яҳува, медиҳад, итоат кунем.
9. Чаро мо гуфта метавонем, ки Яҳува ҳиссиёти танҳоиро мефаҳмад ва ҳамчунин аз шодиву хурсандие, ки издивоҷ меорад, хуб бохабар аст?
9 Яҳува дар бораи одам ва оила ҳама чизеро, ки донистан лозим аст, медонад. Ӯ инсонро бо эҳтиёҷоти ҷинсӣ офарид, то ки онҳо «борвар ва афзун» шаванд (Ҳас. 1:28). Худо ҳиссиёти танҳоиро мефаҳмад, зеро пеш аз офаридани зани аввалин, Ӯ гуфт: «Хуб нест, ки одам танҳо бошад; пас барояш мададгоре ки ба вай мувофиқ бошад, биофарам» (Ҳас. 2:18). Яҳува ҳамчунин хуб медонад, ки пайвандҳои издивоҷ чӣ шодиву хурсандӣ оварда метавонанд. (Масалҳо 5:15–18-ро бихонед.)
10. Чӣ тавр зану шавҳар ҳатто дар муносибатҳои маҳрамонаи худ метавонанд ба Яҳува писанд оянд?
10 Аз сабаби он ки ҳар як инсон гуноҳ ва нокомилиро мерос мегирад, имрӯз ягон оилаи комил нест. Аммо ба хизматгорони Яҳува издивоҷ хушбахтии ҳақиқӣ оварда метавонад, агар онҳо аз рӯи Каломи Худо амал кунанд. Масалан, фикр кунед, ки Павлус оиди муносибатҳои маҳрамона дар издивоҷ, чӣ маслиҳати аниқе дод. (1 Қӯринтиён 7:1–5-ро бихонед.) Навиштаҳо талаб намекунанд, ки ҳамсарон танҳо барои ба дунё овардани фарзанд бо ҳам муносибатҳои ҷинсӣ дошта бошанд. Чунин муносибатҳо ниёзҳои эмотсионалӣ ва ҷисмонии онҳоро қонеъ карда метавонанд. Вале амалҳои фосиқонаро Худо ба ҳеҷ ваҷҳ намеписандад. Дар ин ҷониби муҳими ҳаёти худ, шавҳарон ва занони масеҳӣ бешубҳа мехоҳанд, ки бо ҳам аз рӯи навозиш муносибат кунанд ва ба якдигар муҳаббати ҳақиқӣ зоҳир намоянд. Ва албатта онҳо бояд аз ҳар гуна амалҳое, ки дар назари Яҳува нораво ҳастанд, канорагирӣ кунанд.
11. Рут ба Яҳува содиқ монда, кадом баракатҳоро соҳиб гашт?
11 Ҳаёти оилавӣ бояд шодиовару фараҳбахш бошад, на ин ки андӯҳовару дилгиркунанда. Хусусан хонаи масеҳиён бояд макони орому осуда бошад. Фикр кунед, ки тақрибан 3 000 сол пеш, вақте ки бевазани солхӯрда Ноомӣ ва келинҳои бевамондаи вай Орфо ва Рут аз Мӯоб ба Яҳудо равона буданд, чӣ рӯй дод. Ноомӣ ба келинҳои ҷавонаш гуфт, ки назди халқи худ баргарданд. Вале Рут Ноомиро танҳо нагузошт ва ба Мӯоб барнагашт. Ӯ ба Худои ҳақиқӣ содиқ монд ва баъдтар аз Бӯази солхӯрда, ходими ҳақиқии Яҳува, чунин суханҳоро шунид: «Бигзор... музди ту аз ҷониби Худованд Худои Исроил комил бошад, ки ту омадаӣ, то дар таҳти болҳои Ӯ паноҳ барӣ!» (Рут 1:9; 2:12). Рут нисбати атои Худо — издивоҷ миннатдориву эҳтироми амиқи худро нишон дода, ҳамсари Бӯаз гашт. Вақте ки Рут дар дунёи нави Худо дар рӯи замин ба ҳаёт бармегардад, ӯ аз фаҳмидани он ки аз авлодаш Исои Масеҳ таваллуд шуд, хеле хурсанд хоҳад гашт (Мат. 1:1, 5, 6; Луқ. 3:23, 32). Ӯ ба таври ба Яҳува маъқул амал карда, чӣ баракатҳоеро соҳиб шуд!
МАСЛИҲАТҲОИ ХУБ БАРОИ ИЗДИВОҶИ МУВАФФАҚ
12. Мо аз куҷо оиди издивоҷ маслиҳатҳои хуб ёфта метавонем?
12 Асосгузори оила мегӯяд, ки ба мо дар бораи издивоҷи муваффақ чиро донистан лозим аст. Ягон инсон дар ин соҳа ба андозаи Ӯ дониш надорад. Китоби Муқаддас ҳамеша ҳақ аст ва шахс танҳо дар он сурат оиди издивоҷ маслиҳати дуруст дода метавонад, агар он бар Навиштаҳо асос ёбад. Масалан, Павлуси ҳавворӣ зери илҳоми илоҳӣ навишт: «Бигзор ҳар яке аз шумо зани худро мисли худ дӯст дорад, ва зан аз шавҳари худ битарсад [«шавҳари худро бояд эҳтиром намояд», ТФ]» (Эфс. 5:33). Дар ин маслиҳати Китоби Муқаддас барои масеҳиёни баркамол ягон чизи нофаҳмое нест. Гап дар сари он аст, ки оё онҳо онро ба кор мебаранд ё не. Бале, ба кор мебаранд, агар атои издивоҷро дар ҳақиқат қадр кунандa.
13. Агар шавҳар маслиҳати 1 Петрус 3:7–ро иҷро накунад, чӣ рӯй доданаш мумкин аст?
13 Шавҳари масеҳӣ бояд бо ҳамсараш меҳрубонона муомила кунад. Павлуси ҳавворӣ навишт: «Шумо, эй шавҳарон, бо занон, ки зарфи заифтар ҳастанд, бомулоҳиза рафтор кунед, ва онҳоро ҳамчун ҳамирсони файзи ҳаёт мӯҳтарам доред, то ки ба дуоҳои шумо мамониате нарасад» (1 Пет. 3:7). Агар шавҳар аз рӯи гуфтаҳои Яҳува амал накунад, ин ба дуоҳои ӯ монеа шуда метавонад. Ҳолати рӯҳонии ҳар ду ҳамсар эҳтимол зарари калон мебинад, ки ин ба ғаму андӯҳи зиёд, ҳамдигарнофаҳмӣ ва сахтмуомилагӣ оварда расониданаш мумкин аст.
14. Зани меҳрубону ғамхор ба ҳаёти оила чӣ гуна таъсир дошта метавонад?
14 Зане, ки аз рӯи Каломи Яҳува ва ҳидояти рӯҳулқудси Ӯ амал мекунад, барои сулҳу осоиштагӣ ва хушбахтии хонаводааш бисёр корҳоро карда метавонад. Табиист, ки шавҳари худотарс занашро дӯст медорад ва ӯро аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва рӯҳонӣ муҳофизат мекунад. Зан сахт мехоҳад барои шавҳараш азиз бошад, аз ин рӯ вай мекӯшад, то хислатҳоеро, ки вайро дар назари шавҳараш маҳбуб мегардонанд, зоҳир кунад. «Ҳикмати зан хонаи варо бино мекунад,— гуфта мешавад дар Масалҳо 14:1,— вале зани аблаҳ бо дасти худ онро вайрон мекунад». Саҳме, ки зани оқилаву меҳрубон дар беҳбудӣ ва хушбахтии оилаи худ мегузорад, хеле калон аст. Ӯ ҳамчунин нишон медиҳад, ки атои Худо — издивоҷро дар ҳақиқат қадр мекунад.
15. Дар Эфсӯсиён 5:22–25 кадом насиҳате гуфта шудааст?
15 Шавҳарон ва заноне, ки дар муносибат бо якдигар ба намунаи муносибати Исо ба ҷамъомадаш пайравӣ мекунанд, ба атои издивоҷ эҳтиром нишон медиҳанд. (Эфсӯсиён 5:22–25-ро бихонед.) Ҳамсароне, ки якдигарро ҳақиқатан дӯст медоранд, ҳавобаландӣ намекунанд ва кӯдаквор бо ҳам қаҳрӣ намешаванд ё бо ягон хислати ношоиста ба издивоҷи худ зарар намерасонанд. Яҳува чунин ҳамсаронро баракат медиҳад!
ҲЕҶ КАС НАБОЯД ЗАНУ ШАВҲАРРО ҶУДО КУНАД
16. Чаро баъзе масеҳиён муҷаррад мемонанд?
16 Ҳарчанд аксари одамон мехоҳанд, ки ягон вақт оиладор шаванд, баъзе хизматгорони Худо муҷаррад мемонанд, зеро онҳо ҷуфтеро, ки ҳам ба худашон ва ҳам ба Яҳува маъқул аст, ёфта наметавонанд. Дигарон ба издивоҷ кардан ниёз надоранд. Ин атои муҷаррадӣ ба онҳо имконият медиҳад, ки бе ташвишҳои оилавӣ худро ба хизмати Яҳува бахшанд. Албатта, аз муҷаррадӣ танҳо дар ҳудуди меъёрҳои муқарраркардаи Яҳува манфиат бурдан дуруст аст (Мат. 19:10–12; 1 Қӯр. 7:1, 6, 7, 17).
17. а) Кадом суханони дар бораи издивоҷ гуфтаи Исоро бояд дар хотир дошт? б) Агар ягон масеҳӣ дар дил хоҳиши аз они худ кардани ҳамсари касеро пайдо кунад, ӯ ба зудӣ бояд чӣ кор кунад?
17 Ҳамаи мо, хоҳ муҷаррад бошем, хоҳ оиладор, бояд суханони зерини Исоро дар хотир дорем: «Оё нахондаед, ки Офаридагор дар ибтидо онҳоро марду зан офарид? Ва гуфт: “Аз ин сабаб мард падару модари худро тарк карда, бо зани худ мепайвандад ва ҳар ду як тан мешаванд”, ба тавре ки онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд. Пас, он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Мат. 19:4–6). Хоҳиши ҳамсари касеро аз они худ сохтан гуноҳ аст (Такр. Ш. 5:21). Агар ягон масеҳӣ дар худ чунин хоҳиш пайдо кунад, вай бояд ҳар чӣ зудтар чунин хоҳиши нопокро аз худ дур кунад, ҳатто агар ин дарди сахти эмотсионалӣ орад ҳам. Агар ӯ аз аввал ба ин хоҳишҳо роҳ намедод, ин дард пайдо ҳам намешуд (Мат. 5:27–30). Ба ӯ хеле муҳим аст, ки чунин тарзи фикррониашро ислоҳ кунад ва ба хоҳиши гунаҳкоронаи дили маккор монеъ шавад (Ирм. 17:9).
18. Ба атои Худо — издивоҷ мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?
18 Ҳатто онҳое, ки дар бораи Яҳува ва атои аҷоиби Ӯ — издивоҷ намедонанд ё кам медонанд, сохтори оиларо ақаллан ба андозае эҳтиром мекунанд. Пас, то чӣ андоза мо, хизматгорони Худои хушбахт, бояд бо тамоми ҳаёти худ нишон диҳем, ки ин атои Худоро ҳақиқатан қадр мекунем! (Заб. 32:12).
[Эзоҳ]
a Барои васеътар дида баромадани мавзӯи издивоҷ ба бобҳои 10 ва 11–и китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» нигаред.
[Чорчӯба дар саҳифаи 6]
Издивоҷи хушбахт Яҳуваро ҷалол медиҳад ва ба ҳар як аъзои оила хурсандӣ меорад
[Тасвир дар саҳифаи 5]
Рут ба атои Худо — издивоҷ эҳтиром нишон дод
[Тасвир дар саҳифаи 7]
Оё шумо нишон медиҳед, ки атои Яҳува — издивоҷро ҳақиқатан қадр мекунед?