Оё шумо ҷалоли Яҳуваро инъикос мекунед?
«Мо... мисли оинаҳо, ҷалоли Яҳуваро инъикос [мекунем]» (2 ҚӮР. 3:18, ТДН).
МАРҲАМАТ ҶАВОБ ДИҲЕД
Новобаста аз гунаҳкор буданамон, чӣ тавр мо Яҳуваро ҷалол дода метавонем?
Чӣ тавр дуоҳои мо ва ташрифорӣ ба вохӯриҳои ҷамъомад ба мо барои инъикос додани ҷалоли Худо кӯмак мекунанд?
Чӣ тавр минбаъд низ мо Яҳуваро ҷалол дода метавонем?
1, 2. Чаро одамон ба хислатҳои Яҳува пайравӣ карда метавонанд?
ҲАМАИ МО аз ягон ҷиҳат ба волидонамон монанд ҳастем. Аз ин рӯ, мо баъзан мешунавем, ки одамон мегӯянд: «Писарам, ту худи падарат барин» ё «Духтарам, ту модаратро ба хотирам меорӣ». Ва кӯдакон бисёр вақт ба он чизе ки волидонашон мекунанд, пайравӣ менамоянд. Лекин дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо ба Падари осмониамон, Яҳува, пайравӣ карда метавонем? Ҳарчанд мо Ӯро набинем ҳам, мо дар бораи хислатҳои олиҷаноби Ӯ мефаҳмем. Масалан, мо инро ба воситаи омӯзиши Каломи Ӯ, мушоҳида намудани офаридаҳояш ва мулоҳиза оиди Навиштаҳо, хусусан оиди гуфтору рафтори Исои Масеҳ карда метавонем (Юҳ. 1:18; Рум. 1:20). Пас, инъикос кардани ҷалоли Ӯ барои мо имконпазир аст.
2 Пеш аз офарида шудани Одаму Ҳавво Худо медонист, ки одамон метавонанд иродаи нисбати онҳо доштаи Ӯро иҷро намоянд, хислатҳояшро инъикос кунанд ва ба Ӯ ҷалол оранд. (Ҳастӣ 1:26, 27–ро бихонед.) Чун масеҳиён мо мехоҳем, ки ба хислатҳои Худо пайравӣ кунем. Агар чунин кунем, мо новобаста аз маданият, маълумотнокӣ ва миллатамон имконияти беҳамто дорем, ки ҷалоли Худоро инъикос кунем. Чаро? Зеро «Худо рӯйбинӣ надорад. Ва аз ҳар қавм ҳар кӣ аз Ӯ тарсад ва аз рӯи адолат рафтор кунад, дар ҳузури Ӯ мақбул аст» (Аъм. 10:34, 35).
3. Мо аз хизмати Яҳува чӣ ҳис мекунем?
3 Масеҳиёни тадҳиншуда ҷалоли Яҳуваро инъикос мекунанд. Павлуси ҳавворӣ, ки яке аз онҳо буд, навишт: «Ҳамаи мо, бо рӯи кушода, мисли оинаҳо, ҷалоли Яҳуваро инъикос карда, ба ҳамон сурат аз ҷалол ба ҷалол табдил меёбем» (2 Қӯр. 3:18, ТДН). Вақте ки Мусо–пайғамбар аз кӯҳи Сино бо Даҳ Аҳком фаромад, рӯи ӯ медурахшид, зеро ӯ бо Яҳува гап зада буд (Хур. 34:29, 30). Албатта масеҳиён бо чунин ҳолат дучор нашудаанд ва рӯи онҳо мисли Мусо намедурахшад. Вале вақте ки онҳо ба дигарон дар бораи Яҳува, хислатҳои Ӯ ва нияти олиҷаноби нисбати инсоният доштаи Ӯ гап мезананд, рӯи онҳо аз хурсандӣ медурахшад. Мисли оинаҳои қадима, ки аз фулуз (металл)–и ҷилододашуда сохта мешуданд, тадҳиншудагон ва ҳамроҳони онҳо ҷалоли Яҳуваро дар ҳаёт ва хизматашон инъикос мекунанд (2 Қӯр. 4:1). Оё шумо бо корҳои ба Яҳува писанд ва иштироки мунтазам дар хизмат ҷалоли Ӯро инъикос медиҳед?
МО МЕХОҲЕМ, КИ ҶАЛОЛИ ЯҲУВАРО ИНЪИКОС КУНЕМ
4, 5. а) Мисли Павлус мо бо чӣ мубориза мебарем? б) Чӣ тавр гуноҳ ба мо таъсир мекунад?
4 Чун бандаҳои Худо мо албатта мехоҳем, дар ҳар коре, ки мекунем Офаридгорамонро ҷалол диҳем. Лекин бисёр вақт мо он чизеро, ки кардан мехоҳем, намекунем. Павлус низ шахсан бо чунин душворӣ рӯ ба рӯ мешуд. (Румиён 7:21–25-ро бихонед.) Ӯ сабаби ин муборизаи даруниро фаҳмонда чунин навишт: «Ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд» (Рум. 3:23). Азбаски инсонҳо гуноҳро аз Одам мерос гирифтанд, онҳо зери ҳукмронии ҳокими золим, гуноҳ, қарор доранд (Рум. 5:12; 6:12).
5 Гуноҳ чист? Ин ҳар чизест, ки ба шахсияти Яҳува, роҳҳо, меъёрҳо ва иродаи Ӯ муқобил аст. Гуноҳ муносибатҳои инсону Худоро вайрон мекунад. Аз сабаби гуноҳ мо ба нишон намерасем, ҳамон тавре ки тирандоз тирро ба нишон мезанаду он ба ҳадаф намерасад. Мо дониста ё надониста гуноҳ мекунем (Ад. 15:27–31). Гуноҳ дар одамон сахт реша давондааст ва ба онҳо барои муносибати наздик доштан бо Офаридгорашон халал мерасонад (Заб. 50:7; Иш. 59:2; Қӯл. 1:21). Аксари одамон тавре зиндагӣ мекунанд, ки он онҳоро аз Худо дур месозад, аз ин рӯ онҳо имконияти олиҷаноби инъикос кардани ҷалоли Худоро аз даст медиҳанд. Ҳеҷ чиз мисли гуноҳ ба инсоният чунин таъсири бад намерасонад.
6. Чаро новобаста аз гунаҳкориамон мо ҷалоли Яҳуваро инъикос карда метавонем?
6 Нигоҳ накарда ба он ки мо гуноҳкорем, Яҳува ба мо умед мебахшад (Рум. 15:13). Ӯ барои аз гуноҳ озод шудани мо қурбонии фидияи Исои Масеҳро фароҳам овард. Ба туфайли имон ба қурбонии Исо «мо дигар бандагони гуноҳ» нестем ва аз ин рӯ метавонем ҷалоли Яҳуваро инъикос кунем (Рум. 5:19; 6:6; Юҳ. 3:16). Агар мо бо Худо муносибатҳои наздикро нигоҳ дорем, Яҳува моро албатта ҳам ҳоло баракат медиҳад ва ҳам дар оянда ба мо комилият ва ҳаёти ҷовидониро ато мекунад. Чӣ баракатест, ки новобаста аз гунаҳкориамон Яҳува ба мо чун ба шахсоне, ки ҷалоли Ӯро инъикос карда метавонанд, менигарад!
ЧӢ БА МО КӮМАК МЕКУНАД, КИ ҶАЛОЛИ ХУДОРО ИНЪИКОС КУНЕМ?
7. Агар ҷалоли Худоро инъикос додан хоҳем, мо бояд чиро эътироф намоем?
7 Барои он ки ҷалоли Худоро инъикос карда тавонем, мо бояд ростқавлона табиати гунаҳкоронаи худро дарк кунем (2 Вақ. 6:36). Ба мо лозим аст, ки сустиҳоямонро эътироф кунему бо онҳо мубориза барем ва он гоҳ мо ҷалоли Худоро инъикос дода метавонем. Масалан, агар мо ба тамошои порнография дода шуда бошем, ба мо лозим аст, ки ба кӯмаки пирон ниёз доштанамонро дарк кунем ва аз онҳо дасти ёрӣ пурсем (Яъқ. 5:14, 15). Ин қадами аввалест, агар мо дар ҳақиқат Худоро ҷалол додан хоҳем. Чун хизматгорони Яҳува мо бояд пайваста худро тафтиш кунем, то боварӣ ҳосил намоем, ки оё мо мувофиқи меъёрҳои одилонаи Ӯ зиндагӣ мекунем ё не (Мас. 28:18; 1 Қӯр. 10:12). Нигоҳ накарда ба он ки чӣ гуна майлҳои гунаҳкорона дорем, мо бояд онҳоро идора кунем, то ҷалоли Худоро инъикос дода тавонем.
8. Нигоҳ накарда ба нокомилиамон мо бояд чӣ кор кунем?
8 Исо дар рӯи замин ягона инсоне буд, ки ҳамеша корҳои ба Худо маъқулро мекард ва ба таври комил ҷалоли Худоро инъикос менамуд. Ҳарчанд мо мисли Исо комил нестем, мо метавонем ва мо бояд кӯшиш кунем, ки ба намунаи вай пайравӣ намоем (1 Пет. 2:21). Яҳува на танҳо пешрафти моро мебинад, балки ҳамчунин Ӯ кӯшишҳои моро дар ҷалол додани Ӯ мебинад ва онҳоро баракат медиҳад.
9. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки ба талаботҳои Худо мувофиқат кунем?
9 Китоби Муқаддас роҳи моро мисли чароғ равшан мекунад, то мо ба таври беҳтар ҷалоли Худоро инъикос дода тавонем. Омӯзиши чуқур ва бо мулоҳиза хондани Китоби Муқаддас хеле зарур аст (Заб. 1:1–3). Ба туфайли хониши ҳаррӯзаи Навиштаҳо мо мефаҳмем, ки аз кадом ҷиҳат бояд дигар шавем ва инро чӣ тавр кунем. (Яъқуб 1:22–25-ро бихонед.) Дониш аз Китоби Муқаддас асоси имони мост ва он хоҳиши моро қавитар мегардонад, то аз гуноҳи ҷиддӣ канорагирӣ кунем ва ба Яҳува писанд оем (Заб. 118:11, 47, 48).
10. Чӣ тавр дуо ба мо кӯмак мекунад, ки дар хизмати Яҳува беҳтар гардем?
10 Барои инъикос кардани ҷалоли Худо ба мо ҳамчунин лозим аст, ки «ҳамеша дуо» гӯем (Рум. 12:12). Мо метавонем ва бояд дар дуо аз Яҳува кӯмак пурсем, то ба Ӯ ба таври барояш мақбул хизмат кунем. Барои ин, бамаврид аст, то аз Яҳува пурсем, ки ба мо рӯҳулқудс диҳад, имонамонро зиёдтар гардонад, барои муқобилият кардан ба васвасаҳо қувват бахшад ва барои «каломи ростиро дуруст мавъиза» кардан қобилият диҳад (2 Тим. 2:15; Мат. 6:13; Луқ. 11:13; 17:5). Чӣ тавре ки кӯдак ба падараш такя мекунад, мо бояд ба Падари осмониамон, Яҳува, такя кунем. Агар мо барои беҳтар кардани хизматамон аз Ӯ ёрдам пурсем, мо дилпур буда метавонем, ки Ӯ албатта ба мо кӯмак мекунад. Биёед ҳеҷ гоҳ фикр накунем, ки гӯё мо Ӯро ташвиш медиҳем! Баръакс, биёед дар дуо ба Ӯ ҳамду сано гӯем, миннатдорӣ баён кунем ва аз Ӯ роҳнамоӣ ҷӯем, хусусан дар вақти озмоишҳо. Ҳамчунин биёед ба Ӯ дуо гӯем, то бо хизмати худ номи муқаддасашро ҷалол дода тавонем (Заб. 85:12; Яъқ. 1:5–7).
11. Чӣ тавр вохӯриҳои ҷамъомад ба мо ёрдам мекунанд, ки ҷалоли Яҳуваро инъикос диҳем?
11 Худо гӯсфандони пурқимматашро ба ғамхории «ғуломи мӯътамад ва доно» супоридааст (Мат. 24:45–47; Заб. 99:3). Синфи ғулом нисбати он ки ҳамимононашон чӣ тавр ҷалоли Яҳуваро инъикос мекунанд, бепарво нестанд. Вохӯриҳои ҷамъомад ба мо ёрӣ медиҳанд, ки дар ҳаётамон дигаргуниҳо дарорем. Ин мисли он аст, ки дӯзанда ба либосе дигаргунӣ медарорад, то он дар тани мо шинаму зебо бошад (Ибр. 10:24, 25). Барои ҳамин, биёед ба вохӯриҳо саривақт равем, зеро агар мо одати деркунӣ дошта бошем, мо ақаллан баъзе чизҳоеро, ки либоси масеҳиамонро беҳтар карда метавонанд, аз даст медиҳем.
БИЁЕД БА ХУДО ПАЙРАВӢ КУНЕМ
12. Чӣ тавр мо ба Худо тақлид карда метавонем?
12 Барои ҷалоли Яҳуваро инъикос кардан, мо бояд «ба Худо тақлид» намоем (Эфс. 5:1). Як роҳи ба Яҳува тақлид кардан ин азхуд кардани нуқтаи назари Ӯ аст. Вақте ки мо ягон корро аз рӯи хости худамон мекунему нуқтаи назари Ӯро ба эътибор намегирем, мо нисбати Ӯ беҳурматӣ мекунем ва ба худамон зарар мерасонем. Азбаски ҷаҳони гирду атрофи мо зери таъсири Шайтон Иблис аст, ба мо сахт кӯшиш кардан лозим аст, то аз он чизе ки Яҳува нафрат дорад, нафрат кунем ва ба он чизе ки дӯст медорад, муҳаббати самимӣ инкишоф диҳем (Заб. 96:10; 1 Юҳ. 5:19). Мо бояд бо ақлу дили худ дарк кунем, ки ягона роҳи дурусти ба Худо хизмат намудан — ин ҳама чизро барои ҷалоли Ӯ кардан аст. (1 Қӯринтиён 10:31–ро бихонед.)
13. Чаро мо бояд аз гуноҳ нафрат кунем ва ин моро ба чӣ бармеангезад?
13 Яҳува аз гуноҳ нафрат дорад ва мо низ бояд чунин муносибат дошта бошем. Мо бояд то ҳадди имкон аз гуноҳ дурӣ ҷӯем ва фикр накунем, ки «ман ба хати гуноҳ наздик шавам ҳам ба он роҳ намедиҳам». Масалан, мо бояд худро аз осиён дур кашем, то ба таъсироти онҳо дода нашавем. Охир, агар мисли онҳо шавем, мо дигар наметавонем Худоро ҷалол диҳем (Такр. Ш. 13:6–9). Барои ҳамин, биёед бо осиён ва бо онҳое, ки худро бародар номида ба номи Худо доғ меоранд, ҳеҷ гуна алоқа накунем. Ҳатто агар онҳо аъзои оилаамон бошанд ҳам, мо бояд ин принсипро ба кор барем (1 Қӯр. 5:11). Кӯшиши исбот кардани нодурустии ақидаҳои осиён ё шахсоне, ки ташкилоти Яҳуваро танқид мекунанд, ба мо ҳеҷ фоидае намеорад. Дар асл, ҳатто варақ задану аз назар гузарондани маълумоти осиён, хоҳ дар намуди хаттӣ бошад, хоҳ тавассути Интернет, нодуруст ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ хатарнок аст. (Ишаъё 5:20; Матто 7:6–ро бихонед.)
14. Яке аз роҳҳои муҳимтарини пайравӣ ба Яҳува кадом аст ва чаро?
14 Зоҳир кардани муҳаббат роҳи муҳимтарини пайравӣ ба Падари осмониамон мебошад (1 Юҳ. 4:16–19). Дар асл, муҳаббате, ки дар байни мо аст, моро чун шогирдони Исо ва хизматгорони Яҳува муаррифӣ мекунад (Юҳ. 13:34, 35). Ҳарчанд гуноҳи меросгирифтаи мо баъзан халал мерасонад, мо бояд онро як сӯ тела диҳем ва ҳамеша муҳаббат зоҳир кунем. Инкишоф додани муҳаббат ва дигар хусусиятҳои Худо моро аз рафтори номеҳрубонона ва гуноҳ бозмедорад (2 Пет. 1:5–7).
15. Чӣ тавр муҳаббат ба муносибати мову дигарон таъсир мекунад?
15 Муҳаббат моро бармеангезад, ки ба дигарон некӣ кунем (Рум. 13:8–10). Масалан, агар зану шавҳар якдигарро дӯст доранд, онҳо ҳамеша издивоҷи худро ҳалол нигоҳ медоранд. Муҳаббат ба пирон ва эҳтиром нисбати кори онҳо ба мо кӯмак мекунад, ки ба онҳо итоат кунем ва аз рӯи дастуроташон амал намоем. Фарзандоне, ки волидони худро дӯст медоранд, ба гапи онҳо гӯш мекунанд, ҳурматашонро ба ҷо меоранд ва дар ҳаққи онҳо чизҳои бад намегӯянд. Агар мо дигар одамонро дӯст дорем, мо ба онҳо чун ба одамони паст нигоҳ намекунем ё бо онҳо беэҳтиромона гап намезанем (Яъқ. 3:9). Ва пироне, ки гӯсфандони Худоро дӯст медоранд, бо онҳо бо раҳму меҳрубонӣ муомила мекунанд (Аъм. 20:28, 29).
16. Чӣ тавр муҳаббат дар хизмат ба мо кӯмак мекунад?
16 Муҳаббати мо дар хизмат низ бояд аён бошад. Азбаски мо Яҳуваро сахт дӯст медорем, мо намегузорем, ки бепарвоӣ ё муносибати манфии баъзе одамон моро аз хизмат боздорад. Ба ҷои ин, мо мавъиза кардани хушхабарро давом медиҳем. Муҳаббат моро бармеангезад, ки ба хизмат тайёрии хуб бинем ва барои самараноктар хизмат кардан кӯшиш кунем. Агар мо дар ҳақиқат Худо ва одамонро дӯст дорем, мо кори мавъизаи Салтанатро кори гарон намеҳисобем. Баръакс, мо ба он чун ба шарафи бузург менигарем ва онро бо хурсандӣ ба ҷо меорем (Мат. 10:7).
МИНБАЪД НИЗ ЯҲУВАРО ҶАЛОЛ ДИҲЕД
17. Чаро дарк кардани он ки мо ба гуноҳ майл дорем, барои мо фоиданок буда метавонад?
17 Аксарияти одамони ин ҷаҳон намефаҳманд, ки гуноҳ то кадом дараҷа чизи ҷиддӣ аст. Лекин мо инро мефаҳмем. Аз ин сабаб мо медонем, ки бо майли гуноҳ кардан бояд мубориза барем. Агар мо табиати гунаҳкоронаамонро эътироф кунем, ин ба мо ёрӣ медиҳад, ки виҷдонамонро таълим диҳем, то ки дар вақти пайдо шудани васвасаҳо он моро ба рафтори дуруст барангезад (Рум. 7:22, 23). Чун инсонҳо мо заифем, лекин Худо метавонад қувват бахшад, то мо дар ҳар вазъият дуруст рафтор кунем (2 Қӯр. 12:10).
18, 19. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар мубориза бо Шайтон ва девҳояш ғолиб оем? б) Шумо бо хоҳиши қавӣ чӣ кор карданӣ ҳастед?
18 Агар мо Яҳуваро ҷалол додан хоҳем, мо ҳамчунин бояд бо Шайтон ва девҳояш мубориза барем. Дар ин кор ба мо зиреҳи рӯҳоние, ки Худо додааст, кӯмак мекунад (Эфс. 6:11–13). Шайтон беист мекӯшад, то ҷалолеро, ки танҳо Яҳува ба он сазовор аст, бидуздад. Иблис ҳамчунин кӯшишашро бас намекунад, то муносибати моро бо Яҳува вайрон кунад. Пас, чӣ зарбаи сахте хоҳад буд ба Шайтон, вақте ки мо ва миллионҳо мардону занон ва кӯдакони нокомил беайбиамонро нигоҳ дошта Худоро ҷалол медиҳем! Аз ин рӯ, биёед ҳамду санои Яҳуваро давом дода ба ин суханони офаридаҳои осмонӣ ҳамроҳ шавем: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст» (Ваҳй 4:11).
19 Биёед ба ҳеҷ гуна душвориҳо нигоҳ накарда, бо хоҳиши қавӣ ҷалол додани Яҳуваро давом диҳем. Ӯ бешубҳа хурсанд аст, ки шумораи ин қадар зиёди хизматгоронаш барои ба Ӯ пайравӣ кардан ва ҷалоли Ӯро инъикос додан ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд (Мас. 27:11). Бигзор ҳиссиёти мо ба ҳиссиёти Довуд монанд бошад. Ӯ месуруд: «Туро, эй Худованд Худои ман, бо тамоми дилам ҳамд хоҳам гуфт, ва исми Туро то абад ҷалол хоҳам дод» (Заб. 85:12). Чӣ қадар интизорем мо он рӯзеро, ки дар он мо ҷалоли Яҳуваро ба таври комил инъикос хоҳем кард ва Ӯро абадӣ ҳамду сано хоҳем гуфт! Ин орзуи инсонияти итоаткор ҷомаи амал хоҳад пӯшид. Оё шумо ҳоло ҷалоли Яҳува Худоро инъикос дода ин корро тамоми абадият кардан мехоҳед?
[Тасвир дар саҳифаи 27]
Оё шумо бо ин роҳҳо ҷалоли Яҳуваро инъикос медиҳед?