ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.7. саҳ. 20-21
  • Ӯ саркаш буд, лекин оқибат итоат кард

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ӯ саркаш буд, лекин оқибат итоат кард
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Маводи монанд
  • Духтараке ба марди бонуфуз кӯмак мекунад
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Кӯдаконе, ки Худоро хурсанд мекарданд
    Устоди Бузургро гӯш кун
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.7. саҳ. 20-21

Фарзандони худро таълим диҳед

Ӯ саркаш буд, лекин оқибат итоат кард

ОЁ ЧУНИН шуда буд, ки ту саркашӣ карда ба гапи падару модарат гӯш накардӣ? ~a Мумкин онҳо ба ту гуфтанд, ки ин ё он барномаи телевизиониро тамошо накунӣ, лекин ту бошӣ онро тамошо кардӣ. Ту шояд дертар дар бораи ин фикр карда аз кори кардаат пушаймон шудӣ. Номи як шахсе, ки дар аввал итоат кардан нахост, Наамон буд. Биё мебинем, ки чӣ ба вай ёрдам дод, то дигар саркашӣ накунад.

Тасаввур кун, ки мо 3 000 сол пеш зиндагӣ карда истодаем. Наамон дар мамлакати Сурия сарлашкари обрӯманде мебошад. Вай одат кардааст, ки ба аскаронаш фармон диҳад, онҳо бошанд, гапи ӯро мегиранд. Лекин Наамон гирифтори як касалии даҳшатноки пӯст аст, ки он махав ном дорад. Аз ин сабаб вай бадафт мебошад. Ҳамчунин, шояд ин касалӣ барояш дарди зиёд меорад.

Зани Наамон канизаки исроилие дорад. Як рӯз ин духтарча ба хонумаш дар бораи марде бо номи Элишоъ, ки дар ватани ӯ зиндагӣ дорад, нақл мекунад. Вай мегӯяд, ки он мард Наамонро сиҳат карда метавонад. Вақте ки Наамон инро мешунавад, вай дарҳол мехоҳад, ки ба назди Элишоъ равад. Пас, вай тӯҳфаҳои зиёдро гирифта ҳамроҳи аскаронаш ба Исроил равон мешавад. Дар он ҷо Наамон пеши подшоҳ меравад ва сабаби омаданашро ба вай нақл мекунад.

Элишоъ инро фаҳмида ба подшоҳ хабар мерасонад, ки Наамонро назди ӯ фиристонад. Вақте ки Наамон ба хонаи Элишоъ меояд, ӯ худаш намебарояд, балки хизматгорашро ба назди Наамон мефиристонад. Хизматгор аз номи Элишоъ мефаҳмонад, ки барои сиҳат шудан Наамон бояд ҳафт бор дар дарёи Ӯрдун оббозӣ кунад. Ба фикри ту, аз шунидани ин Наамон чӣ ҳис мекунад? ~

Вай дарғазаб аст. Барои ҳамин вай саркашӣ мекунад ва ба гапи пайғамбари Худо итоат кардан намехоҳад. Наамон ба аскаронаш мегӯяд: «Дар ватани худамон барои оббозӣ кардан дарёҳои беҳтаре ҳастанд»b. Ҳоло ӯ мехоҳад, ки аз он ҷо равад. Лекин оё медонӣ, ки аскаронаш ба вай чӣ мегӯянд? ~ Онҳо мепурсанд: «Эй падарам, агар пайғамбар ба ту чизи душвор мегуфт, оё ту онро намекардӣ? Пас чаро хоҳиши пайғамбарро, ки ин қадар осон аст, иҷро накунӣ?»

Наамон ба гапи аскаронаш гӯш мекунад ва ҳафт бор ба дарё даромада мебарояд. Дафъаи охирон Наамон аз об баромада ҳайрон мешавад — касалии пӯсташ тамоман гум шуд! Вай аз нав сиҳат аст! Дарҳол ӯ ба роҳ мебарояд ва 48 км–ро тай карда ба хонаи Элишоъ меояд, то ба вай раҳмат гӯяд. Ӯ мехоҳад, ки ба Элишоъ тӯҳфаҳои қимат диҳад, лекин пайғамбар ягон чизро намегирад.

Баъд Наамон аз Элишоъ чизеро хоҳиш мекунад. Ба фикри ту чиро? ~ Наамон хоҳиш мекунад, ки ба ду хар хок бор карда ба хонааш барад. Оё ту медонӣ, ки барои чӣ ӯ ин корро кард? ~ Наамон мегӯяд, ки мехоҳад дар болои хоки аз замини халқи Худо гирифтааш қурбониҳо орад. Сипас Наамон ваъда медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ ягон худоро ғайр аз Яҳува ибодат намекунад! Ӯ акнун саркаш нест, балки ба Худои ҳақиқӣ итоат мекунад.

Оё ту ба мисоли Наамон пайравӣ карда метавонӣ? ~ Агар ту мисли ӯ ягон бор саркашӣ карда бошӣ, ту метавонӣ ислоҳ шавӣ. Кӯмаки дигаронро қабул кардан ба ту ёрӣ мерасонад, ки дигар саркаш набошӣ.

Ин оятҳоро хон:

4 Подшоҳон 5:1–19

Луқо 4:27

[Эзоҳҳо]

a Агар шумо инро бо кӯдаке хонда истода бошед, аломати тилда (~) хотиррасон мекунад, ки дар ин ҷо каме истода кӯдакро ба ҷавобдиҳӣ барангезед.

b Дар ин мақола баъзе оятҳои Китоби Муқаддас ба таври содда навишта шудаанд, то ки хонандагони хурдсол онҳоро ба осонӣ фаҳмида тавонанд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан