Яҳува «Ошкоркунандаи розҳо мебошад»
«Ба ростӣ Худои шумо Худои худоён ва Ҳукмфармои подшоҳон ва Ошкоркунандаи розҳо мебошад» (ДОН. 2:47).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Яҳува оиди оянда ба мо кадом маълумотҳоро ошкор кард?
Шаш сари аввали ҳайвони ваҳшӣ чиро тасвир мекунад?
Байни ҳайвони ваҳшӣ ва ҳайкале, ки Набукаднесар дар хобаш дида буд, чӣ алоқамандӣ вуҷуд дорад?
1, 2. Яҳува ба мо чиро ошкор намуд ва чаро Ӯ чунин кард?
ВАҚТЕ КИ Салтанати Худо ба ҳукмронии одамӣ хотима мебахшад дар он вақт кадом ҳокимиятҳо аз ҳама абарқудрат хоҳанд буд? Мо ҷавоби ин саволро медонем — «Ошкоркунандаи розҳо», Яҳува Худо, инро ба мо маълум кард. Ба воситаи навиштаҷоти Дониёл–пайғамбар ва Юҳаннои ҳавворӣ Яҳува ба мо ёрдам мекунад, то ки ин ҳокимиятҳоро муайян созем.
2 Яҳува ба Дониёл ва Юҳанно як қатор рӯъёҳоро кушод, ки паи ҳам омадани ҳайвонҳоро дар бар мегирад. Ӯ ҳамчунин ба Дониёл маънои ҳайкали бузургро, ки шоҳ Набукаднесар хоб дида буд, ошкор намуд. Яҳува ғамхорӣ кард, ки ин маълумот барои манфиати мо дар Китоби Муқаддас, ҳам навишта шавад ва ҳам нигоҳ дошта шавад (Рум. 15:4). Ҳамин тавр Худо умеди моро мустаҳкам карданӣ аст, ки Салтанати Ӯ ба наздикӣ ҳамаи ҳокимиятҳои инсониро несту нобуд хоҳад кард (Дон. 2:44).
3. Барои ба маънои пешгӯиҳо дуруст сарфаҳм рафтан, аввал бояд чиро фаҳмем ва чаро?
3 Пешгӯиҳои Дониёл ва Юҳанно на танҳо ҳашт подшоҳон ё ҳокимиятҳои инсониро ошкор мекунанд, ҳамчунин бо навбат пайдо шудани онҳоро нишон медиҳанд. Аммо барои ба маънои ин пешгӯиҳо дуруст сарфаҳм рафтан, муҳим аст, ки маънои пешгӯии аввали Китоби Муқаддасро бифаҳмем. Чаро ин тавр аст? Чунки иҷрошавии пешгӯии аввалин бо дигар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас алоқамандии зич дорад. Гуфтан мумкин аст, ки ин пешгӯӣ мисли ниҳоле мебошад, ки дигар пешгӯиҳо ба он пайванданд.
НАСЛИ МОР ВА ҲАЙВОНИ ВАҲШӢ
4. Насли зан киҳоро дар бар мегирад ва ин насл чӣ кор хоҳад кард?
4 Баъд аз бардошта шудани исён дар боғи Адан, Яҳува дарҳол ваъда дод, ки «зан» «насл» ба дунё меорадa. (Ҳастӣ 3:15–ро бихонед.) Ин насл оқибат сари мор, яъне сари Шайтонро хоҳад кӯфт. Баъдтар Яҳува ошкор кард, ки ин «насл» аз Иброҳим, аз халқи Исроил, аз сибти Яҳудо ва аз авлоди шоҳ Довуд мебарояд (Ҳас. 22:15–18; 49:10; Заб. 88:4, 5; Луқ. 1:30–33). Қисми асосии ин насл Исои Масеҳ аст (Ғал. 3:16). Ва қисми дуюмдараҷаи ин насл масеҳиёни тадҳиншуда мебошанд (Ғал. 3:26–29). Исо ва ин тадҳиншудагон Салтанати Худоро ташкил медиҳанд. Худо тавассути ин Салтанат Шайтонро несту нобуд мекунад (Луқ. 12:32; Рум. 16:20).
5, 6. а) Дониёл ва Юҳанно ба чанд давлатҳои абарқудрат ишора мекунанд? б) Сарҳои ҳайвони ваҳшӣ, ки дар китоби Ваҳй тасвир карда шудааст, чӣ маъно доранд?
5 Дар ин пешгӯӣ, ки дар боғи Адан эълон шуда буд, Яҳува ҳамчунин гуфт, ки Шайтон низ «насл» ба вуҷуд хоҳад овард. Насли Шайтон нисбати насли зан «адоват» ё нафрат хоҳад дошт. Насли мор киро дар бар мегирад? Ҳамаи онҳоеро, ки ба Шайтон пайравӣ намуда, ба Худо нафрат доранд ва ба халқи Ӯ муқобилат мекунанд. Дар тӯли таърих, Шайтон насли худро ба ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ ё ҳокимиятҳо табдил дод (Луқ. 4:5, 6). Аммо аз ҳамаи ҳокимиятҳои одамӣ, фақат шумораи ками онҳо ба халқи Худо, яъне ба халқи Исроил ё ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда таъсири пурзӯри худро мерасонданд. Чаро донистани ин муҳим аст? Зеро аз ин мо мефаҳмем, ки чаро дар рӯъёҳои Дониёл ва Юҳанно шумораи пурраи онҳо, яъне танҳо ҳашт давлати бузург тасвир карда мешаванд.
6 Тақрибан ду ҳазор сол пеш, Исо ба Юҳаннои ҳавворӣ якчанд рӯъёҳои аҷоиберо дод (Ваҳй 1:1). Дар яке аз ин рӯъёҳо Юҳанно дид, ки Шайтон, ки чун аждаҳо тасвир карда шудааст, дар лаби баҳр меистод. (Ваҳй 13:1, 2–ро бихонед.) Юҳанно ҳамчунин ҳайвони ваҳшиеро дид, ки аз даруни баҳр мебаромад. Вай ҳафт сар дошт ва Шайтон ба вай қудрати бузурге дод. Баъдтар, Юҳанно ҳайвони арғувониеро мебинад, ки он низ ҳафт сар дорад. Ин ҳайвони арғувонӣ пайкари ҳайвони ваҳшие мебошад, ки дар Ваҳй 13:1 навишта шудааст. Яке аз фариштаҳо ба Юҳанно мегӯяд, ки ҳафт сари ҳайвони арғувонӣ «ҳафт подшоҳ» ё ҳокимиятҳо мебошанд (Ваҳй 13:14, 15; 17:3, 9, 10). Вақте ки Юҳанно китоби Ваҳйро навишт, ин панҷ подшоҳон аллакай «фурӯ ғалтида» буданд. Давлати шашум дар замони Юҳанно қудрат дошт ва ҳафтумаш «ҳанӯз наомада» буд. Ин ҳокимиятҳо ё давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ чӣ ном доранд? Биёед ҳар як сари ин ҳайвони ваҳширо, ки дар Ваҳй боби 13 омадааст, дида бароем. Ҳамчунин мо мебинем, ки чӣ тавр пешгӯиҳои Дониёл оиди аксари ин ҳокимиятҳо маълумоти иловагӣ медиҳанд. Ин маълумот дар китоби Дониёл садсолаҳо пеш аз ба вуҷуд омадани бисёри аз ин ҳокимиятҳо аллакай навишта шуда буд.
ДУ САРИ АВВАЛ — МИСР ВА АШШУР
7. Сари якум кадом ҳокимиятро тасвир мекунад ва чаро?
7 Сари якуми ҳайвони ваҳшӣ Мисрро тасвир мекунад. Чаро? Чунки Миср якум давлати абарқудрати ҷаҳонӣ буд, ки аз халқи Худо нафрат дошт ва бо он ҷанг мекард. Авлоди Иброҳим,— ки аз он бояд насли ваъдашудаи зан меомад — дар Миср зиёд шуд. Бо гузашти вақт мисриён онҳоро ба танг меоварданд. Шайтон кӯшиш намуд, ки халқи Худоро пеш аз омадани насли ваъдашуда нобуд созад. Чӣ тавр? Шайтон фиръавнро водор намуд, ки тамоми писарбачагони исроилиро нобуд созад. Яҳува нагузошт, ки ин кӯшиши Шайтон ҷомаи амал пӯшад ва Ӯ халқашро аз ғуломии Миср озод кард (Хур. 1:15–20; 14:13). Баъдтар Ӯ исроилиёнро чун мамлакат дар Замини ваъдашуда ташкил дод.
8. Сари дуюм чиро тасвир мекунад ва он ба чӣ кӯшиш намуд?
8 Сари дуюми ҳайвони ваҳшӣ Ашшурро тасвир мекунад. Ин ҳокимияти пурқудрат низ барои несту нобуд кардани халқи Худо кӯшиш намуд. Дуруст аст, ки дар гузашта Яҳува ашшуриёнро истифода бурд, то даҳ сибти Исроилро барои бутпарастӣ ва исёнгариашон ҷазо диҳад. Лекин баъдтар бошад, худи ашшуриён бар Ерусалим ҳуҷум карданд. Шояд Шайтон мақсад дошт, ки авлоди шоҳонаро, ки аз он Исо бояд ба дунё меомад, решакан созад. Ин ҳамлаи ашшуриён мақсади Яҳува набуд, барои ҳамин Ӯ ба таври мӯъҷизавӣ лашкарони Ашшурро нобуд карда, халқи содиқашро наҷот дод (4 Подш. 19:32–35; Иш. 10:5, 6, 12–15).
САРИ СЕЮМ — БОБИЛ
9, 10. а) Яҳува ба бобилиён чиро иҷозат дод? б) Барои амалӣ гаштани пешгӯӣ чӣ бояд рӯй медод?
9 Сари сеюми ҳайвони ваҳшие, ки Юҳанно дар рӯъё дид, ҳокимиятеро тасвир мекунад, ки пойтахти он шаҳри Бобил буд. Яҳува ба бобилиён роҳ дод, ки Ерусалимро забт намоянд ва халқашро ба асирӣ баранд. Лекин пеш аз рух додани ин шармандагӣ, Яҳува исроилиёни исёнкорро пешакӣ огоҳ карда буд, ки чунин мусибат бар сарашон хоҳад омад (4 Подш. 20:16–18). Яҳува инчунин ба исроилиён гуфт, ки дигар ба подшоҳони қавми Исроил намегузорад, ки дар Ерусалим «бар тахти» Ӯ нишинанд (1 Вақ. 29:23). Вале Ӯ ваъда дод, ки шахсе аз авлоди шоҳ Довуд, яъне «касе ки ҳақ аз они ӯст» меояд ва аз ҷониби Яҳува чун шоҳ таъин карда мешавад (Ҳиз. 21:25–27).
10 Пешгӯии дигар нишон дод, ки ҳангоми омадани Масеҳи ваъдашуда ё Тадҳиншуда, яҳудиён дар маъбади Ерусалим ибодат карданро давом медиҳанд (Дон. 9:24–27). Ҳамчунин пеш аз он ки исроилиён ба Бобил ба асирӣ бурда шаванд, аллакай пешгӯӣ шуда буд, ки Масеҳ дар Байт–Лаҳм бояд ба дунё меомад (Мик. 5:2). Пас, барои иҷро шудани ин пешгӯиҳо яҳудиён бояд аз асирӣ озод мешуданд, ба ватанашон бармегаштанд ва маъбадро аз нав бино мекарданд. Аммо бобилиён одатан асиронро озод намекарданд. Пас, яҳудиён чӣ тавр ба ватанашон баргашта метавонистанд? Ҷавоби ин саволро Яҳува ба пайғамбаронаш ошкор намуд (Омӯс 3:7).
11. Аз пешгӯиҳои Дониёл ва Юҳанно кадом рамзҳо империяи Бобилро тасвир мекунанд? (Ба эзоҳ нигаред.)
11 Дониёл–пайғамбар ҳамроҳи дигар асирон ба Бобил бурда шуд (Дон. 1:1–6). Яҳува ба воситаи Дониёл ошкор намуд, ки баъд аз Бобил дигар давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ паи ҳам хоҳанд омад. Яҳува ин розҳоро бо истифода бурдани рамзҳои гуногун ошкор намуд. Масалан, Худо дар хоби шоҳи Бобил, Набукаднесар, ҳайкали бузургеро нишон дод, ки он аз металли гуногун сохта шуда буд. (Дониёл 2:1, 19, 31–38-ро бихонед.) Яҳува ба воситаи Дониёл ошкор намуд, ки сари тиллоии ҳайкал рамзи империяи Бобил мебошадb. Давлати абарқудрати ҷаҳонии дигаре, ки баъди Бобил бар сари қудрат меояд, бо синаву бозуҳои нуқрагин тасвир карда шудааст. Ин рамзи кадом давлати абарқудрати ҷаҳонӣ мебошад ва он ба халқи Худо чӣ тавр муносибат мекунад?
САРИ ЧОРУМ — МОДАЮ ФОРС
12, 13. а) Яҳува оиди империяи ҷаҳоние, ки Бобилро забт кард, чиро ошкор намуд? б) Чаро мо гуфта метавонем, ки Модаю Форс сари чоруми ҳайвони ваҳшӣ аст?
12 Зиёда аз сад сол пеш аз замони Дониёл, Яҳува ба воситаи пайғамбар Ишаъё маълумоти муфассалро оиди давлати абарқудрати ҷаҳоние, ки Бобилро забт мекунад, ошкор намуд. Яҳува на танҳо оиди чӣ тавр забт карда шудани Бобил маълумот дод, инчунин номи забткунандаро ошкор намуд. Он шахс шоҳи Форс, Куруш буд (Иш. 44:28–45:2). Дониёл оиди ин давлати абарқудрати ҷаҳонӣ, Модаю Форс, боз ду рӯъёи дигар дид. Дар яке аз рӯъёҳо ин салтанат чун хирс тасвир шуда буд, ки як тарафи баданашро бардошта меистод. Ба вай чунин гуфта шуд: «Гӯшти бисёре бихӯр!» (Дон. 7:5). Дар рӯъёи дигар бошад, Модаю Форс чун қӯчқори душоха тасвир шудааст (Дон. 8:3, 20).
13 Чуноне ки Яҳува пешгӯӣ карда буд, Ӯ барои нест кардани Бобил ва ба ватан баргардонидани исроилиён, империяи Модаю Форсро истифода бурд (2 Вақ. 36:22, 23). Лекин чанде пас ин империя кӯшиш намуд, ки халқи Худоро нест кунад. Дар китоби Эстер гуфта мешавад, ки сарвазири Форс — Ҳомон ҳамаи яҳудиёнеро, ки дар саросари ин мамлакати бузург зиндагӣ мекарданд, куштан мехост. Ҳомон фармон баровард, ки ҳамаи яҳудиён дар рӯзи таъиншуда кушта шаванд. Вале Яҳува боз халқашро аз ғазаби насли Шайтон халос кард (Эст. 1:1–3; 3:8, 9; 8:3, 9–14). Барои ҳамин, мо гуфта метавонем, ки Модаю Форс сари чоруми ҳайвони ваҳшӣ мебошад, ки дар китоби Ваҳй омадааст.
САРИ ПАНҶУМ — ЮНОН
14, 15. Яҳува дар бораи империяи Юнони қадим чиро ба таври муфассал ошкор кард?
14 Сари панҷуми ҳайвони ваҳшӣ, ки дар Ваҳй омадааст, Юнонро тасвир мекунад. Шикам ва ронҳои мисини ҳайкал, ки шоҳ Набукаднесар дар хоб дид, маҳз ин империяи ҷаҳониро тасвир мекунад. Яҳува ба Дониёл ду рӯъёи дигареро дод, ки дар он маълумоти иловагӣ оиди империяи Юнон ва ҳокими бузургтарини он дода шуда буд.
15 Дониёл дар яке аз рӯъёҳояш ҳайвонеро дид, ки мисли паланг буд ва бар тахтапушташ чор бол дошт. Паланг Юнонро тасвир менамояд, ки он дигар халқҳоро ба зудӣ забт мекунад (Дон. 7:6). Дар рӯъёи дигар бошад, Дониёл нарбузеро мебинад, ки фақат як шохи калон дошт. Вай ба зудӣ қӯчқори душохаро, ки Модаю Форсро тасвир мекунад, кушт. Яҳува ба Дониёл гуфт, ки нарбуз худи Юнон ва шохи калонаш бошад, яке аз подшоҳони ин мамлакатро тасвир мекунад. Дониёл инчунин навишт, ки шохи калон хоҳад шикаст ва дар ҷои вай чор шохҳои майдатар пайдо мешаванд. Гарчанд ин пешгӯӣ садсолаҳо пеш аз пурқудрат гаштани Юнон навишта шуда бошад ҳам, лекин он ба таври муфассал пурра иҷро шуд. Шоҳи бузургтарини Юнони қадим, Искандари Мақдунӣ, бо лашкаронаш бар зидди Модаю Форс баромад. Аммо нигоҳ накарда ба он ки ин шоҳ ҳокимияти бузург дошт ва 32–сола буд, ӯ ногаҳон мемирад, ҳамин тавр ин «шохи калон» шикаст мехӯрад. Сипас, салтанати ӯро чор сарлашкаронаш байни худ тақсим карданд. (Дониёл 8:20–22-ро бихонед.)
16. Антиохи IV чӣ кор кард?
16 Баъди мағлуб намудани Форс, Юнон бар исроилиён роҳбарӣ мекард. Дар он вақт, исроилиён аллакай дар Замини ваъдашуда зиндагӣ мекарданд ва маъбад дар Ерусалим аз нав сохта шуда буд. Онҳо ҳоло ҳам халқи интихобшудаи Худо буданд ва маъбади барқароршуда ҳанӯз ҳам маркази ибодати ҳақиқӣ буд. Аммо дар асри дуюми то эраи мо, сари панҷуми ҳайвони ваҳшӣ, ки Юнонро тасвир мекунад ба халқи Худо ҳуҷум кард. Яке аз ворисони империяи тақсимшудаи Искандари Мақдунӣ, шоҳ Антиохи IV дар маъбади Ерусалим барои бутпарастӣ қурбонгоҳе сохт ва гуфт, ки онҳое ки дар дини яҳудӣ ҳастанд бояд кушта шаванд. Ин дафъа низ насли Шайтон бо нафрат бар зидди халқи Худо баромад. Аммо дере нагузашта Юнонро давлати абарқудрати ҷаҳонии дигар иваз намуд. Кадом давлат сари шашуми ҳайвони ваҳшӣ мебошад?
САРИ ШАШУМ — РУМ, «САҲМГИН ВА ДАҲШАТАНГЕЗ»
17. Сари шашум дар иҷро шудани пешгӯии Ҳастӣ 3:15 чӣ гуна нақшро бозид?
17 Вақте ки Юҳанно оиди ҳайвони ваҳшӣ рӯъё дид, дар он замон Рум давлати абарқудрати ҷаҳонӣ буд (Ваҳй 17:10). Ин сари шашум дар иҷрошавии пешгӯии Ҳастӣ 3:15 нақши махсусро бозид. Шайтон ҳокимони Румро истифода бурда, «пошнаи» наслро кӯфт ва муваққатан вайро маҷрӯҳ кард. Чӣ тавр? Румиён Исоро дар исёнкорӣ бар зидди ҳукумати Рум айбдор карда ӯро куштанд (Мат. 27:26). Лекин дере нагузашта насли маҷрӯҳшуда шифо ёфт, чунки Яҳува Исоро эҳё кард.
18. а) Яҳува кадом халқи навро интихоб кард ва чаро? б) Чӣ тавр насли мор ба насли зан нафрат карданро давом дод?
18 Сарварони дини яҳудӣ бо Рум аҳд баста, зидди Исо баромаданд ва бисёр исроилиён низ ӯро рад карданд. Барои ҳамин, Яҳува исроилиёнро чун халқи худ тарк намуд (Мат. 23:38; Аъм. 2:22, 23). Сипас Ӯ халқи нав, яъне «Исроили Худо»–ро интихоб кард (Ғал. 3:26–29; 6:16). Ин халқ аз ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншуда иборат буд, ки яҳудиён ва ғайрияҳудиёнро дар бар мегирифт (Эфс. 2:11–18). Баъди марг ва эҳёшавии Исо насли мор ба насли зан нафрату муқобилият карданро давом дод. Якчанд маротиба Рум кӯшиш кард, ки ҷамъомади масеҳиёни тадҳиншударо, ки қисми дуюмдараҷаи насли зан мебошанд, несту нобуд созадc.
19. а) Чӣ тавр Дониёл давлати абарқудрати ҷаҳонии шашумро тасвир мекунад? б) Дар мақолаи навбатӣ чӣ муҳокима карда мешавад?
19 Соқҳои оҳанини ҳайкал, ки Набукаднесар дар хоб дид, Румро тасвир мекунад (Дон. 2:33). Дониёл ҳамчунин рӯъёеро дид, ки он на танҳо Румро хуб тасвир мекунад, балки боз оиди давлати абарқудрати ҷаҳонии навбатӣ, ки аз Рум пайдо мешавад, маълумот медиҳад. (Дониёл 7:7, 8–ро бихонед.) Империяи Рум муддати садсолаҳо барои душманонаш чун ҳайвони «саҳмгин ва даҳшатангез ва бисёр бақувват буд». Лекин мувофиқи пешгӯӣ аз империяи Рум даҳ шох мебарояд ва махсусан якеи он, яъне шохи майда, хеле машҳур хоҳад гашт. Ин даҳ шох ва шохи майда чиро тасвир мекунанд? Ин шохи майда бо кадом қисми ҳайкале, ки Набукаднесар дар хоб дид, алоқаманд аст? Ҷавоби ин саволҳо дар мақолаи навбатӣ муҳокима карда мешавад.
[Эзоҳҳо]
a «Зан» ташкилоти осмонии Яҳува мебошад, ки аз офаридаҳои рӯҳӣ иборат аст. Азбаски ин офаридаҳо ба Худо пурра итоат мекунанд, дар Китоби Муқаддас ин ташкилоти осмонӣ ба зан ташбеҳ дода шудааст (Иш. 54:1; Ғал. 4:26; Ваҳй 12:1, 2).
b Ҳам сари ҳайкал аз китоби Дониёл ва ҳам сари сеюми ҳайвони ваҳшӣ аз китоби Ваҳй Бобилро тасвир мекунад. Нигаред ба ҷадвали саҳ. 8, 9.
c Гарчанд Рум Ерусалимро дар соли 70–уми эраи мо несту нобуд кард, лекин ин ҳуҷуми даҳшатнок қисми иҷрошавии Ҳастӣ 3:15 набуд. Дар он вақт Яҳува аллакай исроилиёнро чун халқаш рад карда буд.