ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.7. саҳ. 27-31
  • Яҳува оилаашро ҷамъ меоварад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Яҳува оилаашро ҷамъ меоварад
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ИДОРАКУНИИ КОРҲО
  • «ЯГОНАГИИ РӮҲРО ДАР ИТТИФОҚИ ОСОИШТАГӢ НИГОҲ ДОРЕД»
  • «БА ЯКДИГАР МЕҲРУБОН ВА ДИЛСӮЗ БОШЕД»
  • ДАР ОИЛА МУҲАББАТУ ЭҲТИРОМ ЗОҲИР КУНЕД
  • «ДАР МУҲАББАТ РАФТОР КУНЕД»
  • Ягонагии масеҳӣ Худоро ҷалол медиҳад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2010
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.7. саҳ. 27-31

Яҳува оилаашро ҷамъ меоварад

«Аз шумо хоҳишмандам, ки... ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред» (ЭФС. 4:1, 3).

ШУМО ЧӢ ТАВР МЕФАҲМОНДЕД?

Мақсади идоракунии Худо чист?

Чӣ тавр мо «ягонагии Рӯҳро» нигоҳ дошта метавонем?

Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки «ба якдигар меҳрубон» бошем?

1, 2. Худо нисбати замин ва инсоният чӣ ният дорад?

ОИЛА. Вақте ки шумо ин калимаро мешунавед, шумо дар бораи чӣ фикр мекунед? Дар бораи меҳру муҳаббат? Хушбахтӣ? Ҳамкорӣ? Ва ё ҷои бехатаре, ки он ҷо шахсияти инсон инкишоф меёбад, чизҳои нав ёд мегирад ва озодона фикрҳояшро баён мекунад? Агар шумо дар оилаи ғамхор тарбия ёфта бошед, шояд чунин фикрҳо ба хотиратон меоянд. Асосгузори оила — Яҳува аст (Эфс. 3:14, 15). Ӯ ният дорад, ки тамоми офаридаҳояш чун як оила, ҳам дар осмон ва ҳам дар замин, аз ҳисси бехатарӣ баҳра баранд, аз якдигар дилпур бошанд ва байни онҳо ягонагии ҳақиқӣ ҳукмфармо бошад.

2 Баъди гуноҳ кардани Одаму Ҳавво инсоният минбаъд қисми оилаи Худо набуд, лекин нияти Худо дигар нашудааст. Ӯ ҳатман заминро ба биҳишт мубаддал мекунад ва онро аз насли Одаму Ҳавво пур хоҳад кард (Ҳас. 1:28; Иш. 45:18). Яҳува барои иҷро шудани нияташ пурра тайёрӣ дидааст. Ба баъзеи ин чораҳо китоби Эфсӯсиён, ки мавзӯи асосии он ягонагӣ аст, диққати моро равона месозад. Биёед баъзе оятҳои ин китобро дида мебароем. Ба воситаи ин мо мефаҳмем, ки чӣ тавр мо дар иҷрошавии нияти Яҳува оиди муттаҳид кардани офаридаҳояш, бо Ӯ ҳамкорӣ карда метавонем.

ИДОРАКУНИИ КОРҲО

3. Идоракунии Худо, ки дар Эфсӯсиён 1:10 зикр шудааст, чист ва марҳаллаи аввали он кай сар шуд?

3 Ҳама корҳои Яҳува барои иҷрои нияташ мусоидат мекунанд. Пас, «[барои идоракунии корҳо, ТДН] вақте ки пуррагии замонҳо муяссар гардад, Худо ҳама чизро, хоҳ дар осмон бошад, хоҳ бар замин, зери сардории Масеҳ, яъне дар Ӯ ҷамъ хоҳад кард». Ин идоракунии корҳо чорабиниест, ки ба воситаи он Худо ҳама офаридаҳои бошуурашро дар ягонагӣ ҷамъ мекунад. (Эфсӯсиён 1:8–10-ро бихонед.) Вазифаи идоракунӣ аз ду марҳалла иборат аст. Дар марҳаллаи якум, тадҳиншудагон ба ҳаёти осмонӣ зери роҳбарии Исои Масеҳ тайёр мешаванд. Ин дар Пантикости соли 33–и эраи мо сар шуд. Он вақт Яҳува ба ҷамъоварии онҳое, ки бояд ҳамроҳи Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ мекарданд, оғоз намуд (Аъм. 2:1–4). Азбаски тадҳиншудагон дар асоси қурбонии фидияи Масеҳ барои ҳаёт одил эълон мешаванд, онҳо медонанд, ки чун «фарзандони Худо» қабул шудаанд (Рум. 3:23, 24; 5:1; 8:15–17).

4, 5. Марҳаллаи дуюми идоракунӣ кадом корро дар бар мегирад?

4 Дар марҳаллаи дуюм, одамон барои зиндагӣ дар Биҳишти рӯи замин зери ҳукмронии Салтанати Масеҳоӣ тайёр карда мешаванд. Аъзоёни «анбӯҳи бузург» аввалин шахсоне мешаванд, ки дар Биҳишт зиндагӣ хоҳанд кард (Ваҳй 7:9, 13–17; 21:1–5). Дар давоми Ҳукмронии ҳазорсолаи Масеҳ миллиардҳо одамони эҳёшуда ба онҳо ҳамроҳ мешаванд (Ваҳй 20:12, 13). Тасаввур кунед, ки чӣ тавр ҳангоми эҳёшавӣ ягонагии мо боз ҳам бештар аён хоҳад шуд! Дар охири ҳазор сол «ҳама чиз» дар рӯи замин ба озмоиши охирин дучор мешавад. Касоне, ки садоқатмандиашонро исбот мекунанд, чун «фарзандони» заминии Худо қабул хоҳанд шуд (Рум. 8:21; Ваҳй 20:7, 8).

5 Имрӯз ҳар ду марҳаллаи идоракунии Худо иҷро шуда истодаанд — ҳам осмонӣ ва ҳам заминӣ. Лекин чӣ тавр ҳар яки мо бо идоракунии Худо ҳамкорӣ карда метавонем?

«ЯГОНАГИИ РӮҲРО ДАР ИТТИФОҚИ ОСОИШТАГӢ НИГОҲ ДОРЕД»

6. Чӣ тавр Навиштаҳо нишон медиҳанд, ки масеҳиён бояд бо якдигар ҷамъ оянд?

6 Навиштаҳо мегӯянд, ки масеҳиён бояд бо якдигар ҷамъ шаванд (1 Қӯр. 14:23; Ибр. 10:24, 25). Лекин, ин танҳо маънои дар як ҷой бо одамон ҷамъ омаданро надорад, чӣ тавре ки одамон дар бозор ё консерт ҷамъ мешаванд. Ягонагии ҳақиқӣ чизи бештарро дар бар мегирад. Чӣ тавр мо чунин ягонагиро ба даст оварда метавонем? Агар дастуроти Яҳуваро ба кор барем ва гузорем, ки рӯҳулқудси Худо шахсияти моро дигар кунад.

7. «Ягонагии Рӯҳро» нигоҳ доштан чӣ маъно дорад?

7 Яҳува дар асоси қурбонии фидияи Масеҳ тадҳиншудагонро чун фарзандон ва гӯсфандони дигарро чун дӯстон одил эълон мекунад (Рум. 5:9; Яъқ. 2:23). Лекин то он даме ки мо дар ин тартибот зиндагӣ мекунем байни аъзоёни ҷамъомад нофаҳмиҳо пайдо хоҳанд шуд. Барои ҳамин Китоби Муқаддас ба мо мегӯяд, ки «якдигарро дар муҳаббат таҳаммул» намоем, яъне нисбати якдигар пурсабр бошем. Чӣ бояд кард, то ки бо ҳамимононамон ягонагиро нигоҳ дорем? Мо бояд дар худ «тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ»–ро инкишоф диҳем. Беш аз ин, Павлус моро ташвиқ кард: «Саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред». (Эфсӯсиён 4:1–3-ро бихонед.) Ба кор бурдани ин маслиҳат маънои онро дорад, ки мо ба рӯҳулқудси Худо мегузорем, то ба мо таъсир кунад ва дар мо самари рӯҳро ба вуҷуд орад. Самари рӯҳулқудс барои бартараф кардани якдигарнофаҳмиҳо мусоидат мекунад. Баръакси ин корҳои ҷисм ҳамеша байни мо ҷудоӣ мекоранд.

8. Чӣ тавр «корҳои ҷисм» байни одамон тухми ҷудоӣ мекоранд?

8 Чӣ тавр «корҳои ҷисм» байни одамон тухми ҷудоӣ мекоранд? (Ғалотиён 5:19–21-ро бихонед.) Фисқ шахсро аз Яҳува ва аз ҷамъомад ҷудо мекунад, зино бошад, фарзандонро аз волидон ва аз ҳамсари бегуноҳ бераҳмона ҷудо месозад. Нопокӣ ягонагиро байни мову Худо ва шахсоне, ки моро дӯст медоранд, вайрон мекунад. Шахсе, ки ду чизро ба якдигар часпондан мехоҳад, медонад, ки пеш аз ширеш молидан бояд ҳар ду тарафи он чизҳоро пок кунад, то онҳо ба якдигар сахт бичаспанд. Содир кардани фуҷурa нишон медиҳад, ки шахс ба қонунҳои одилонаи Худо тамоман беэътиноӣ мекунад. Дигар корҳои ҷисм низ одамонро аз якдигар ва аз Худо ҷудо мекунанд. Чунин рафтор ба шахсияти Яҳува тамоман муқобил аст.

9. Кадом саволҳоро ба худ диҳем, то фаҳмем, ки оё мо барои нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ кӯшишу ғайрат мекунем?

9 Пас, ҳар яки мо бояд аз худ бипурсад: «То чӣ андоза ман мекӯшам, ки “ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ” нигоҳ дорам? Ҳангоми дучоршавӣ бо душвориҳо ман чӣ гуна рафтор мекунам? Оё ман аз касе норозӣ буданамро дар пеши шунавандагони зиёд баён мекунам, то ки касе аз онҳо маро дастгирӣ кунад? Оё ман интизорам, ки пирон проблемаи байни ману ягон шахс бударо ҳал кунанд, то ки ба ман бо он шахс гап задану сулҳро барқарор кардан лозим наояд? Ё агар ман фаҳмам, ки касе аз ман хафа аст, оё ман бо мақсади аз проблема гурехтан аз ӯ канораҷӯӣ мекунам?» Агар мо чунин рафтор кунем, пас оё гуфтан мумкин аст, ки мо мувофиқи нияти Худо амал мекунем? Охир, Ӯ мехоҳад, ки ҳамаи хизматгоронашро зери сардории Масеҳ ҷамъ кунад.

10, 11. а) То чӣ андоза муҳим аст, ки мо бо дигарон сулҳро нигоҳ дорем? б) Кадом амалҳо ба сулҳу осоиштагӣ ва гул–гулшукуфии ҷамъомад мусоидат мекунанд?

10 Исо гуфт: «Ҳангоме ки қурбонии худро назди қурбонгоҳ меоварӣ ва дар он ҷо ба хотират ояд, ки бародарат аз ту норозист, қурбонии худро дар он ҷо назди қурбонгоҳ бимон ва рафта, аввал бо бародари худ мувосо кун ва баъд омада, қурбонии худро тақдим кун... зуд бо вай оштӣ шав» (Мат. 5:23–25). Яъқуб менависад: «Самараи адолат дар осоиштагӣ кошта мешавад барои онҳое ки осоиштагиро ба амал меоваранд» (Яъқ. 3:17, 18). Пас, агар байни мо ва дигарон сулҳ набошад, мо минбаъд одилона рафтор карда наметавонем.

11 Масалан, мувофиқи тадқиқотҳо дар баъзе мамлакатҳои аз ҷанг зарардида нисбат ба ҳозира заминҳои зиёдтарро кишт кардан мумкин мебуд, агар деҳқонон аз минаҳо наметарсиданд. Вақте ки мина метаркад, деҳқонон заминҳои худро аз тарс мепартоянд ва бекор мемонанд, дар натиҷа одамони шаҳр аз маҳсулоти хӯрокворӣ маҳрум мешаванд. Ба ин монанд, агар мо хислате дошта бошем, ки барои нигоҳ доштани сулҳ бо дигарон халал мерасонад, мо аз ҷиҳати рӯҳонӣ рушд карда наметавонем. Дар ин сурат мо ба мина монанд мешавем ва моро лозим меояд, ки хислатҳои худро дигар кунем. Вақте ки мо бо омодагӣ дигаронро мебахшему беҳбудии онҳоро меҷӯем, мо бо ин ба сулҳу осоиштагӣ ва гул–гулшукуфии ҷамъомад мусоидат мекунем.

12. Чӣ тавр пирон ба мо кӯмак мекунанд, ки ягонагиро нигоҳ дорем?

12 Беш аз ин, Яҳува ба мо «бахшоишҳо», яъне пиронро дод, то «ҳамаамон ба ягонагии имон» бирасем (Эфс. 4:8, 13). Вақте ки мо бо пирон дар хизмати муқадддас ҳамкорӣ мекунем ва вақте ки онҳо решаи проблемаамонро дида ба мо дар асоси Каломи Худо маслиҳат медиҳанд, ин ба мо кӯмак мекунад, ки шахсияти навро дар бар кунем (Эфс. 4:22–24). Оё шумо мефаҳмед, ки Яҳува ба воситаи маслиҳати пирон шуморо ба зиндагӣ дар дунёи нав тайёр карда истодааст? Пирон, оё шумо ин нияти Яҳуваро ҳангоми ислоҳ кардани касе дар ёд доред? (Ғал. 6:1).

«БА ЯКДИГАР МЕҲРУБОН ВА ДИЛСӮЗ БОШЕД»

13. Агар мо ба насиҳати дар Эфсӯсиён 4:25–32 навишташуда беэътиноӣ кунем, ин чӣ натиҷа меорад?

13 Эфсӯсиён 4:25–29 ба баъзе амалҳое ишора мекунанд, ки мо бояд аз онҳо дурӣ ҷӯем. Ба қатори ин амалҳо дурӯғгӯӣ, хашм, танбалӣ ва сухани қабеҳ дохил мешаванд. Ба ҷои сухани қабеҳ гуфтан мо бояд ҳамеша суханони нек ва ободкунанда гӯем. Агар шахс ба ин насиҳат беэътиноӣ кунад, ӯ рӯҳулқудси Худоро, қувваеро, ки ба ягонагӣ мусоидат мекунад, андӯҳгин хоҳад кард (Эфс. 4:30). Барои нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ ба мо муҳим аст, ки мувофиқи маслиҳати зерини Павлус амал намоем: «Ҳар гуна кудурат ва қаҳр, ва ғазаб ва фарёд, ва бадгӯӣ бигзор аз шумо бо ҳар навъ шарорат дур шавад; балки ба якдигар меҳрубон ва дилсӯз бошед ва якдигарро афв намоед, чунон ки Худо низ моро дар Масеҳ афв намудааст» (Эфс. 4:31, 32).

14. а) Чаро Павлус насиҳат дод, ки «ба якдигар меҳрубон» бошем? б) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки бештар меҳрубонӣ зоҳир кунем?

14 Павлус насиҳат дод, ки «ба якдигар меҳрубон» бошем, зеро баъзан мо меҳрубонӣ зоҳир намекунем. Аз ин рӯ, ба мо лозим аст, ки бештар зоҳир намудани меҳрубониро ёд гирем. Бале, то чӣ андоза муҳим аст, ки мо худро таълим диҳем, то ҳиссиёти дигаронро аз худ боло донем! (Фил. 2:4). Шояд баъзан мо шӯхӣ карданием ё чизеро гуфтанием, ки моро дар назари дигарон оқилу доно нишон медиҳад, вале фикр кунед, ки оё он суханонамон аз меҳрубонӣ шаҳодат медоданд? Хуб мебуд, ки мувофиқи зарбулмасали зерин амал кунем: «Аввал андеша, баъд гуфтор!» Ин ба мо кӯмак мекунад, ки бештар меҳрубонӣ зоҳир намоем.

ДАР ОИЛА МУҲАББАТУ ЭҲТИРОМ ЗОҲИР КУНЕД

15. Чӣ тавр ояти Эфсӯсиён 5:28 ба шавҳарон кӯмак мекунад, ки ба намунаи Масеҳ пайравӣ намоянд?

15 Китоби Муқаддас муносибати ба ҷамъомад доштаи Масеҳро бо муносибати шавҳар ба занаш муқоиса мекунад. Намунаи Масеҳ ба шавҳарон дар фаҳмидани он ёрӣ мерасонад, ки онҳо бояд ба занҳои худ сарварӣ кунанд ва ба онҳо муҳаббату ғамхорӣ нишон диҳанд. Намунаи Масеҳ ҳамчунин ба занон кӯмак мекунад, ки ба шавҳаронашон итоаткор бошанд (Эфс. 5:22–33). Вақте ки Павлус «ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд» гуфт, ӯ чиро дар назар дошт? (Эфс. 5:28). Чизе, ки ӯ дар оятҳои пеш аз ин оиди Масеҳ ва ҷамъомад гуфт, ба мо барои ёфтани ҷавоб ёрӣ медиҳад. Ӯ гуфт: «Масеҳ низ ба Калисо муҳаббат дошт ва Худро аз барои он таслим намуд, то ки онро ба ғусли об пок карда, ба воситаи калом тақдис намояд». Пас, шавҳар масъулият дорад, ки барои бо Яҳува муносибати наздик доштани ҳар як аъзои оилааш кӯмак расонад. Ҳамин тавр, ӯ мувофиқи нияти Яҳува, ки мехоҳад ҳама чизро дар Масеҳ ҷамъ кунад, амал менамояд.

16. Вақте ки волидон масъулиятҳояшонро дар оила иҷро мекунанд, ин чӣ натиҷа меорад?

16 Хуб мебуд, то волидон дар хотир доранд, ки дар тарбияи фарзандонашон назди Яҳува масъулият доранд. Мутаассифона, ки дар ҷаҳони имрӯза бисёриҳо «бераҳм» ҳастанд (2 Тим. 3:1, 3). Бисёр падарон масъулиятҳояшонро ба гардан намегиранд ва ин ба фарзандонашон зарар меорад ва онҳоро рӯҳафтода мекунад. Лекин Павлус ба падарони масеҳӣ насиҳат медиҳад: «Фарзандони худро ба хашм наоваред, балки онҳоро дар таълимот ва насиҳати Худованд тарбия кунед» (Эфс. 6:4). Маҳз дар оила фарзандон ёд мегиранд, ки чӣ тавр муҳаббат зоҳир кунанд ва шахсони бар онҳо ҳокимият доштаро эҳтиром кунанд. Волидоне, ки ин принсипҳоро бомуваффақият ба кӯдаконашон таълим медиҳанд, мувофиқи идоракунии Яҳува амал мекунанд. Вақте ки мо қаҳр, ғазаб ва бадгӯиро аз худ дур месозем, он гоҳ дар хонаамон меҳру муҳаббат ҳукмфармо мешавад. Ҳамин тавр фарзандон ду дарси бениҳоят муҳимро ёд мегиранд — зоҳир кардани муҳаббат ва эҳтиром кардани ҳокимиятдорон. Бо ёрии ин онҳо ба ҳаёт дар дунёи нав омода мешаванд.

17. Барои ба Иблис муқобилат кардан мо бояд чӣ кор кунем?

17 Мо бояд дарк кунем, ки Иблис, шахсе, ки дар аввал ягонагии даҳрро вайрон кард, ҳоло низ ҳар кори аз дасташ меомадаро мекунад, то мо иродаи Худоро иҷро накунем. Бешубҳа, шумораи зиёди ҷудошавӣ, зиндагӣ бе ақди никоҳ ва издивоҷи шахсони якҷинса ба иҷрошавии мақсадҳои Шайтон мусоидат мекунанд. Вале мо ба рафтор ё нуқтаи назаре, ки имрӯз дар ҷаҳон раво мешуморанд, пайравӣ намекунем. Мо ба намунаи Масеҳ пайравӣ менамоем (Эфс. 4:17–21). Пас, биёед «зиреҳи куллии Худоро» бигирем, то ба Иблис ва девҳояш бомуваффақият муқобилат карда тавонем. (Эфсӯсиён 6:10–13-ро бихонед.)

«ДАР МУҲАББАТ РАФТОР КУНЕД»

18. Сирри ягонагии масеҳӣ дар чист?

18 Сирри ягонагии масеҳӣ муҳаббат аст. Мо як Сарвар ва як Худоро аз таҳти дил дӯст медорем. Ҳамчунин мо нисбати якдигар муҳаббат дорем ва бо иродаи қавӣ мехоҳем, ки «ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ» дорем (Эфс. 4:3–6). Исо дар бораи чунин муҳаббат ва ягонагӣ дуо гуфта буд: «Танҳо барои онҳо илтимос намекунам, балки низ барои касоне ки ба василаи каломи онҳо ба Ман имон хоҳанд овард: то ки ҳама як бошанд; чунон ки Ту, эй Падар, дар Ман ҳастӣ ва Ман дар Ту, онҳо низ дар Мо як бошанд... Ва Ман ба онҳо исми Туро шиносондам ва боз ҳам хоҳам шиносонид, то он муҳаббате ки Ту ба Ман дорӣ, дар онҳо бошад ва Ман низ дар онҳо бошам» (Юҳ. 17:20, 21, 26).

19. Шумо бо иродаи қавӣ чӣ кор карданиед?

19 Агар мо аз сабаби нокомилӣ дар худ мубориза барем, пас, бигзор муҳаббат моро барангезад, ки мисли забурнавис чунин дуо гӯем: «Диламро якто гардон» (Заб. 85:11). Биёед ҳеҷ гоҳ нагузорем, ки Иблис моро аз Падари пурмуҳаббатамон ва аз хоҳару бародарони азизамон ҷудо кунад. Пас, боғайратона кӯшиш кунед, то ҳам дар оила, ҳам дар хизмат ва ҳам дар ҷамъомад «чун фарзандони маҳбуб, ба Худо тақлид намоед, ва дар муҳаббат рафтор кунед» (Эфс. 5:1, 2).

[Эзоҳ]

a Калимаи юноние, ки чун фуҷур тарҷума шудааст маънои рафтору рӯҳияи бешармонаро дорад. Агар шахс ягон гуноҳ содир карда қонунҳои Яҳуваро поймол созад ва нисбати онҳо беҳурматонаю дағалона муносибат кунад, ин нишон медиҳад, ки вай рафтору рӯҳияи бешармона дорад.

[Тасвир дар саҳифаи 29]

Қурбонии худро назди қурбонгоҳ гузошта меравад, то бо бародараш сулҳро барқарор кунад

[Тасвир дар саҳифаи 31]

Волидон, ба фарзандони худ ба дигарон зоҳир кардани эҳтиромро ёд диҳед

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан