ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.10. саҳ. 32
  • Рӯҳбаландкунӣ «аз даҳони кӯдакон»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Рӯҳбаландкунӣ «аз даҳони кӯдакон»
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Маводи монанд
  • Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Русия
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Муборизаи судии дурудароз бо ғалаба анҷом ёфт!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.10. саҳ. 32

Рӯҳбаландкунӣ «аз даҳони кӯдакон»

Моҳи декабри соли 2009 Суди Олии Русия қарореро дастгирӣ намуд, ки дар натиҷаи он фаъолияти расмии ташкилоти динии Шоҳидони Яҳуваро дар шаҳри Таганрог (Русия) манъ карданд, Толори Салтанатро мусодира намуданд ва 34 адад адабиётҳои мо экстремистӣ эълон карданд. Оиди ин воқеаи ногаҳонӣ дар сомонаи расмии Шоҳидони Яҳува хабар дода шуд ва ҳамчунин дар он суратҳои Шоҳидони Яҳува, аз он ҷумла кӯдакони хурдсол, ки ба онҳо ин қарор таъсир карда буд, оварда шуд.

Чанд моҳ пас, ба Идораи Марказии Шоҳидони Яҳува дар Русия як оилаи Шоҳидон аз шаҳри Квинсленди Австралия, ки аз қарори баровардашуда хабардор шуда буданд, як қуттӣ ва нома фиристоданд. Дар нома чунин гуфта мешуд: «Бародарони азиз, фарзандони мо, Коди ва Лариса, аз озмоишҳои хоҳару бародароне, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд хабардор гашта аз имони онҳо хеле рӯҳбаланд шуданд. Онҳо номаҳои рӯҳбаландкунанда навиштанд ва мо мехоҳем, ки ин номаҳоро ҳамроҳи тӯҳфаҳо ба кӯдакони шаҳри Таганрог фиристем. Мо мехоҳем, то он кӯдакон донанд, ки дар мамлакати аз онҳо хеле дур кӯдакони дигаре ҳастанд, ки мисли онҳо содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд ва дар бораи онҳо фикр мекунанд. Фарзандони мо ба ҳама кӯдакони шаҳри Таганрог саломи гарму ҷӯшони худро мерасонанд».

Баъд аз гирифтани тӯҳфаҳо кӯдакон аз шаҳри Таганрог ба ин оилаи австралиягӣ номаҳои расмдор фиристода дар он миннатдории худро баён намуданд. Бародаре, ки дар филиали Русия хизмат мекунад, аз ин кори Коди ва Ларисса чунон рӯҳбаланд шуд, ки ба онҳо нома навишта чунин гуфт: «Бешубҳа шумо мефаҳмед, ки ҳам барои кӯдакон ва ҳам барои калонсолон то чӣ андоза ногувор аст, вақте онҳоро барои коре, ки накардаанд, ҷазо медиҳанд. Бародарону хоҳарони мо аз Таганрог ягон кори нодурусте накарданд, лекин Толори Салтанаташон аз онҳо гирифта шуд. Ва онҳо албатта аз ин хеле ғамгин шуданд. Донистани он ки касе аз гӯшаи дигари замин дар бораи онҳо фикр мекунад, барояшон рӯҳбаландкунанда хоҳад буд. Ба шумо, барои рӯҳияи меҳрубонона ва саховатмандиатон, раҳмати калон!» (Заб. 8:3).

Мо дар ҳақиқат қисми бародарияти умумиҷаҳонием ва муҳаббати мо ба якдигар кӯмак мекунад, ки ҳама озмоишҳо ва душвориҳои ҳаётро паси сар кунем. Модоме ки дар толорҳои суд оиди он ки адабиёти Шоҳидони Яҳува дар байни одамон тухми адоват мекорад, баҳсу мунозира меравад, кӯдакони мо бошанд, оиди беҳбудии якдигар ғамхорӣ мекунанд ва бар монеаҳои нажодиву маданӣ ғолиб омада ҳақ будани суханони зерини Исоро дар амал нишон медиҳанд: «Аз рӯи ҳамин ҳама хоҳанд донист, ки шогирдони Ман ҳастед, агар якдигарро дӯст доред» (Юҳ. 13:35).

[Тасвир дар саҳифаи 32]

Кӯдакони Русия (аз чап), ки тӯҳфаҳои кӯдакони австралиягиро (аз тарафи рост) қабул карданд

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан