Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд. Мексика
ТО ЧӢ АНДОЗА дилгармкунанда аст, дидани он ки шумораи афзудаистодаи Шоҳидони ҷавон барои васеъ кардани доираи хизматашон ҳаёти худро оддӣ мегардонанд! (Мат. 6:22). Ин масеҳиён дар ҳаёташон чӣ гуна дигаргуниҳо медароранд? Онҳо бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан, биёед бо баъзе хоҳару бародароне, ки ҳоло дар Мексика хизмат мекунанд, шинос мешавем.
«БА МО ЛОЗИМ АСТ, КИ ДАР ҲАЁТАМОН ДИГАРГУНӢ ДАРОРЕМ»
Дастин ва Ҷэйса
Дастин ва Ҷэйса, ки аз Иёлоти Муттаҳида мебошанд, моҳи январи соли 2007 оиладор шуданд. Каме баъдтар, орзуи деринаи онҳо ҷомаи амал пӯшид — онҳо киштии бодбондоре хариданд, то дар давоми сол дар он зиндагӣ кунанд. Киштии онҳо дар назди Астория (иёлоти Орегон, ИМА) — шаҳри бандарии хушманзарае, ки онро теппаҳои сердарахт ва кӯҳҳои барфпӯш иҳота мекарданд, қарор дошт. Ин шаҳр каме дуртар аз уқёнуси Ором ҷойгир буд. Дастин мегӯяд: «Ба куҷое, ки нигоҳ накунӣ манзараҳои зебову дилошӯб ба чашм мерасид!» Ин ҳамсарон гумон мекарданд, ки ҳаёти хоксорона ба сар мебаранд ва ба Яҳува такя мекунанд. Онҳо чунин фикр мекарданд: «Охир, мо дар киштие зиндагӣ мекунем, ки ҳамагӣ 7,9 метр аст, рӯзи кориамон пурра нест, ба ҷамъомади ғайрзабон ташриф меорем ва вақт аз вақт чун пешравони ёвар хизмат мекунем». Лекин чанде пас, онҳо ба чунин хулоса омаданд, ки худро фиреб дода истодаанд. «Ба ҷои он ки ҷамъомадро дастгирӣ кунем, мо аксар вақт бо таъмир кардани киштиамон банд будем»,— мегӯяд Дастин. «Мо мефаҳмидем, ки агар дар ҳақиқат Яҳуваро дар ҷои аввали ҳаётамон мондан хоҳем, ба мо лозим аст, ки дар ҳаётамон дигаргунӣ дарорем».
Ҷэйса илова мекунад: «Пеш аз оиладоршавиам, ман дар Мексика зиндагӣ мекардам ва дар ҷамъомади англисӣ хизмат мекардам. Хизмат дар ин мамлакат ба ман хурсандии зиёд меовард ва ман сахт мехостам, ки ба он ҷо баргардам». Барои қавӣ гардонидани ин хоҳишашон, Дастин ва Ҷэйса дар омӯзиши оилавии худ тарҷумаи ҳоли бародарону хоҳаронеро мехонданд, ки онҳо барои хизмат ба мамлакатҳое, ки он ҷо киштзор барои дарав тайёр буд, кӯчида буданд (Юҳ. 4:35). «Мо низ чунин хурсандиро ҳис кардан мехостем»,— мегӯяд Дастин. Вақте дӯстонашон гуфтанд, ки дар Мексика ба гурӯҳи навташкиле ёрдам лозим аст, Дастину Ҷэйса қарор қабул карданд, ки ба он ҷо мераванд. Онҳо аз ҷои корашон рафтанд ва киштиашонро фурӯхта ба Мексика кӯчиданд.
«БЕҲТАРИН ВОҚЕАИ ҲАЁТАМОН МЕБОШАД»
Акнун Дастин ва Ҷэйса дар шаҳри Текома́н, ки ҳамчунин ба уқёнуси Ором наздик буду лекин аз Астория ба масофаи тақрибан 4 345 км ҷанубтар ҷойгир буд, зиндагӣ мекарданд. Дастин мегӯяд: «Ҳоло ба ҷои шамолаки салқин мо гармии тоқатшиканро ҳис мекунем ва ба ҷои манзараи кӯҳсор моро дарахтони лимӯ иҳота мекунанд». Дар аввал Дастин ва Ҷэйса ҷои кор ёфта наметавонистанд. Азбаски аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашиданд, онҳо маҷбур буданд, ки ҳар рӯз ду бор биринҷу лӯбиё хӯранд ва ҳамин тавр ҳафтаҳо мегузаштанд. Ҷэйса нақл мекунад: «Лекин маҳз он вақте ки мо фикр кардем, ки дигар чунин хӯрокро хӯрда наметавонем, омӯзандагонамон ба мо манго, банан, папайя ва сумкаҳои пур аз лимӯ оварданд!» Баъди якчанд вақт ин ҳамсарон коре ёфтанд, ки ба туфайли он онҳо ниёзҳои ҳаррӯзаашонро пурра қонеъ карда метавонанд.
Дастин ва Ҷэйса нисбати тарзи ҳаёти ҳозираашон чӣ фикр мекунанд? «Ба ин ҷо кӯчидани мо беҳтарин воқеаи ҳаётамон мебошад,— мегӯянд онҳо.— Муносибати мо бо Яҳува ва бо ҳамдигар чунон мустаҳкам шуд, ки мо инро ҳатто тасаввур карда наметавонистем. Мо ҳар рӯз якҷоя корҳои зиёдро мекунем — ба мавъиза меравем, фикр мекунем, ки чӣ тавр ба омӯзандагонамон кӯмак карда метавонем ва ба вохӯриҳо тайёрӣ мебинем. Ҳамчунин, мо аз баъзе чизҳое, ки пештар ба мо фишор меоварданд, халос шудем». Ин ҳамсарон илова мекунанд: «Ҳоло мо ҳақ будани суханони Забур 33:9-ро дар худ ҳис мекунем: “Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст!”»
ҲАЗОРҲО КОРГАРОНИ ИХТИЁРӢ
Зиёда аз 2 900 бародарону хоҳарон — ҳам оиладорон ва ҳам муҷаррадон, ки аксарияташон аз 20 то 30-солаанд — ба шаҳру ноҳияҳои Мексика, ки он ҷо то ҳол ба воизон ниёзи калон вуҷуд дорад, кӯчиданд. Чаро ҳамаи ин Шоҳидон ин кори начандон осонро ба ӯҳда гирифтанд? Вақте ки ба як гурӯҳи онҳо ин савол дода шуд, онҳо се сабаби асосиро номбар карданд. Биёед мефаҳмем, ки ин чӣ гуна сабабҳоянд.
Летисия ва Ҳермило
Зоҳир кардани муҳаббат ба Яҳува ва одамон. Летисия дар синни 18-солагиаш таъмид гирифт. Ӯ мегӯяд: «Вақте ки ман ҳаётамро ба Яҳува бахшидам, ман фаҳмидам, ки ин маънои бо тамоми дилу ҷон ба Ӯ хизмат карданро дорад. Аз ин рӯ, барои нишон додани он ки ман Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медорам, ман хостам, ки вақту қуввати бештари худро дар хизмати Ӯ сарф кунам» (Марқ. 12:30). Ҳермило, ки ҳоло бо Летисия оиладор аст, дар синни тақрибан 20-солагиаш ба ҷое кӯчид, ки он ҷо ба воизони Салтанат ниёзи бештар вуҷуд дошт. Ӯ мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки кӯмак ба одамон дар фаҳмидани ниёзҳои рӯҳониашон — беҳтарин роҳи нишон додани муҳаббат ба дигарон аст» (Марқ. 12:31). Барои ҳамин, ӯ шаҳри тараққиёфтаи — Монтерейро, ки он ҷо ӯ дар бонк кор мекарду ҳаёти бароҳат дошт, тарк кард ва ба шаҳри хурде кӯчид.
Эсли
Ҳис кардани хурсандии ҳақиқӣ ва бардавом. Чанде пас аз таъмидгириаш Летисия ҳамроҳи хоҳаре, ки пешрави ботаҷриба буд, ба шаҳри дурдасте рафт ва он ҷо дар давоми як моҳ хизмат кард. Летисия ба хотир меорад: «Дидани он ки чӣ тавр одамон хабари Салтанатро гӯш мекунанд, ба ман хурсандии зиёд овард. Дар охири моҳ ман ба худ гуфтам: “Ин айнан ҳамон корест, ки ман ҳаётамро ба он бахшидан мехоҳам!”» Ҳамчунин Эсли, хоҳари муҷарради тақрибан 20–сола мегӯяд, ки маҳз ба туфайли хурсандии дидааш дар дили ӯ ба ин намуди хизмат меҳр пайдо шуд. Ҳангоми дар синфҳои болоӣ хонданаш Эсли бо якчанд Шоҳидони боғайрат шинос шуд. Ин воизон дар маҳалле хизмат мекарданд, ки он ҷо ба воизони Салтанат ниёзи бештар вуҷуд дошт. Эсли мегӯяд: «Дидани чеҳраҳои хандону дурахшони ин бародарону хоҳарон дар ман хоҳиш бедор кард, ки мисли онҳо ҳаёт ба сар барам». Бисёре аз хоҳароне, ки мисли Эсли доираи хизматашонро васеъ карданд, бо ӯ розиянд. Дар Мексика зиёда аз 680 нафар хоҳарони муҷаррад дар ҷойҳое хизмат мекунанд, ки он ҷо ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад. Чӣ намунаи олиҷанобе мегузоранд ин хоҳарон, ҳам ба калонсолону ҳам ба ҷавонон!
Доштани ҳаёти мақсаднок ва қонеъкунанда. Баъди хатми мактаб ба Эсли пешкаш карданд, ки бепул дар донишгоҳ таҳсил кунад. Ҳамсолон ӯро бармеангехтанд, ки ин пешниҳодро қабул кунад ва мисли ҳама ҳаёт ба сар барад, яъне аз паи ба даст овардани унвони илмӣ ё мавқею мартаба шавад, мошин харад ва ҷаҳонро бинад. Лекин Эсли ба маслиҳати онҳо гӯш надод. Ӯ мегӯяд: «Якчанд дӯстони масеҳиям аз паи чунин чизҳо шуданд ва ман аҳамият додам, ки мақсадҳои рӯҳонӣ дигар дар ҷои аввали ҳаёти онҳо намеистанд. Ман ҳамчунин дидам, ки чӣ қадаре, ки онҳо ба корҳои ин ҷаҳон даст мезаданд, ҳамон қадар бештар онҳо аз проблемаҳояшон рӯҳафтода мешуданд. Ман бошам, мехостам, ки ҷавонии худро пурра ба хизмати Яҳува бахшам».
Ракел ва Филип
Эсли курсҳои кӯтоҳмуддатро хатм кард, то ки ҳангоми чун пешрав хизмат карданаш худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин карда тавонад. Сипас ӯ ба маҳалле кӯчид, ки он ҷо ба воизони Салтанат ниёзи бениҳоят калон вуҷуд дорад. Ӯ ҳатто ба омӯхтани забонҳои маҳаллӣ, ки ба онҳо халқиятҳои отомӣ ва тлапанеко гап мезаданд, сар кард. Ва ин албатта осон набуд! Ҳоло, се соли дар маҳалли дурдаст хизмат карданашро ба хотир оварда ӯ мегӯяд: «Хизмат дар маҳалле, ки он ҷо ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад, ҳаётамро дар ҳақиқат пурмаъно гардонд ва ба ман қаноатмандӣ бахшид. Аз ҳама муҳимаш, муносибати ман бо Яҳува наздиктар шуд». Филип ва Ракел, ҳамсарони тақрибан 30-сола, ки аз Иёлоти Муттаҳида мебошанд, бо ин розиянд: «Ҷаҳон чунон тез дигаргун мешавад, ки бисёриҳо фикр мекунанд, ки ҳаёти онҳо ноустувор аст. Лекин хизмат кардан дар ҷое, ки ин қадар одамони зиёд ба хабари Китоби Муқаддас гӯш медиҳанд, ҳаёти моро пурмаъно мегардонад ва ба мо қаноатмандии зиёд мебахшад!»
МУШКИЛИҲО — ЧӢ ТАВР ОНҲОРО ПАСИ САР КУНЕМ?
Веро́ника
Албатта, хизмат дар ҷое, ки ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад, душвориҳои худро дорад. Яке аз онҳо — аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани худ аст. Барои ин ба шумо лозим аст, ки бо омодагӣ ба шароити маҳаллӣ мутобиқ шавед. Веро́ника, пешрави ботаҷрибае мегӯяд: «Дар яке аз ҷойҳое, ки ман хизмат мекардам, ман хӯроки тезпази арзон тайёр карда мефурӯхтам. Дар ҷои дигар ман либос мефурӯхтам ва мӯи сар паст мекардам. Ҳоло бошад, ман бо рӯбучини хона машғулам ва дар курсҳое, ки барои кӯмак ба волидони ҷавон ташкил шудаанд, дарс дода ба онҳо бо кӯдаконашон муошират карданро ёд медиҳам».
Мутобиқ шудан ба маданият ва урфу одатҳои дигар махсусан вақте душвор буда метавонад, агар шумо дар байни сокинони маҳаллии ноҳияи дурдаст зиндагӣ кунед. Ҳамсарон Филип ва Ракел инро аз таҷрибаи худашон медонанд. Онҳо дар ҷое хизмат мекарданд, ки сокинонаш ба забони наҳуатл гап мезаданд. Филип мегӯяд: «Фарқият байни маданиятҳо бениҳоят калон буд». Чӣ ба онҳо кӯмак кард, ки ба маданияти дигар мутобиқ шаванд? «Мо диққатамонро ба ҷиҳатҳои мусбии халқи наҳуатл равона мекардем — ба аҳлу тифоқ будани оилаҳояшон, ба муносибати самимонае, ки онҳо нисбати якдигар доштанд ва ба саховатмандие, ки онҳо нишон медоданд». Ракел илова мекунад: «Мо аз зиндагӣ дар он ҷо ва ҳамкорӣ бо бародарону хоҳарони маҳаллӣ бисёр чизро ёд гирифтем».
ЧӢ ТАВР ХУДРО ТАЙЁР КУНЕМ?
Агар шумо дар маҳалли дурдасте, ки он ҷо ба воизон ниёз ҳаст, хизмат кардан хоҳед, чӣ тавр шумо аз ҳоло худро ба ин тайёр карда метавонед? Бародарону хоҳароне, ки дар чунин намуди хизмат таҷриба доранд, чунин мегӯянд: пеш аз кӯчидан ҳаётатонро оддӣ гардонед ва қаноатманд буданро ёд гиред (Фил. 4:11, 12). Шумо боз чӣ кор карда метавонед? Летисия нақл мекунад: «Ман кореро мекофтам, ки дар он муддати кӯтоҳ кор кардан мумкин буд. Ман мехостам, ки ҳама вақт барои кӯчидан тайёр бошам: кадом вақте ки набошад ва ба куҷое ки набошад». Ҳермило нақл мекунад: «Ман пухтан, шустан ва дарзмол карданро ёд гирифтам». Веро́ника мегӯяд: «Вақте ки ман дар хона бо волидон ва бародарону хоҳаронам зиндагӣ мекардам, ман ба рӯбучини хона ёрдам медодам ва пухтани хӯроки камхарҷ ва серғизоро ёд гирифтам. Ман ҳамчунин сарфакор буданро омӯхтам».
Амелия ва Леви
Леви ва Амелия аз Иёлоти Муттаҳида, ки ҳашт сол боз оиладоранд, нақл мекунанд, ки чӣ тавр дуоҳои аниқу равшан ба онҳо кӯмак карданд, то ба хизмат дар Мексика тайёр шаванд. Леви мегӯяд: «Мо ҳисоб кардем, ки барои як сол дар хориҷа хизмат карданамон ба мо чанд сӯм лозим мешавад ва баъд дар дуо аз Яҳува хоҳиш кардем, ки барои ба даст овардани ин маблағ ба мо ёрӣ расонад». Дар давоми моҳҳо онҳо тавонистанд маблағеро, ки дар дуояшон зикр карда буданд, ҷамъ кунанд ва сипас дарҳол кӯчиданд. Леви нақл мекунад: «Яҳува ба дуои аниқи мо ҷавоб дод ва акнун интизор мерафт, ки мо аз тарафи худ амал кунем». Амелия илова мекунад: «Мо фикр мекардем, ки дар Мексика танҳо як сол истода метавонем, лекин ҳоло аз омаданамон ҳафт сол гузаштааст ва мо ҳатто фикри рафтанро надорем. Дар ин ҷо зиндагӣ карда мо кӯмаки Яҳуваро дар ҳаёти шахсиамон ҳис мекунем. Мо ҳар рӯз исботи нек будани Ӯро мебинем».
Адам ва Ҷенифер
Ҳамчунин Адам ва Ҷенифер, ҷуфти ҳамсарон аз Иёлоти Муттаҳида, ки ҳоло дар яке аз ҷамъомадҳои англисзабони Мексика хизмат мекунанд, нақши муҳим доштани дуоро аз таҷрибаи худ медонанд. Онҳо маслиҳат медиҳанд: «Хоҳиши дар хориҷа хизмат карданатонро мавзӯи дуоҳои худ гардонед ва сипас мувофиқи дуоҳоятон амал кунед. Ҳаёти худро оддӣ гардонед, ба филиали мамлакате, ки шумо дар он хизмат кардан мехоҳед, нома нависед ва баъд аз ҳисоб кардани хароҷот кӯчед!»a Агар чунин кунед, ҳаёти хурсандиовар ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ бой шуморо интизор аст.
a Барои гирифтани маълумоти бештар ба «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи августи с. 2011 мақолаи «Оё шумо ба Мақдуния омада метавонед?» нигаред.