ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w15 15.1. саҳ. 13-17
  • Барои чӣ мо Шоми ёдбудро қайд мекунем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Барои чӣ мо Шоми ёдбудро қайд мекунем?
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧАРО МО ЁДБУДИ МАРГИ МАСЕҲРО ҶАШН МЕГИРЕМ?
  • МАЪНОИ РАМЗҲО ЧИСТ?
  • ЧӢ ТАВР ХУДРО ТАЙЁР КАРДАН МУМКИН АСТ?
  • КӢ РАМЗҲОРО ҚАБУЛ КАРДА МЕТАВОНАД?
  • УМЕДИ БАР НАВИШТАҲО АСОСЁФТААТОНРО ҚАДР КУНЕД
  • ОЁ ШУМО БА ОН ҶО МЕРАВЕД?
  • «Инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Чаро мо дар Шоми ёдбуд иштирок мекунем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
w15 15.1. саҳ. 13-17
Моҳи пурра ба болои хонае, ки Исо бо шогирдонаш Фисҳро қайд мекунанд, нур мепошад

Барои чӣ мо Шоми ёдбудро қайд мекунем?

«Инро ба ёдгории Ман ба ҷо оваред» (1 ҚӮР. 11:24).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДИҲЕД?

  • Чаро мо Шоми ёдбудро қайд мекунем?

  • Рамзҳои Шоми ёдбуд кадоманд ва онҳо чӣ маъно доранд?

  • Масеҳиён нисбати умеде ки Худо ба онҳо ато намудааст, чӣ фикр доранд?

1, 2. Шоми 14-уми нисони с. 33-и эраи мо Исо чӣ кор кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ШАБ фаро расида буд, лекин моҳи пурра тамоми Ерусалимро равшан мекард. Ин шоми 14-уми нисони с. 33-и эраи мо буд. Исо ва ҳаввориёнаш барои қайд кардани иди Фисҳ ҷамъ омаданд, то ба хотир оранд, ки чӣ тавр понздаҳ аср пеш Яҳува онҳоро аз ғуломии Миср озод карда буд. Исо ҳамроҳи 11 ҳаввории содиқаш шоми махсусеро ҷорӣ кард, шомеро ки баъдтар аз тарафи пайравонаш чун ёдбуди марги ӯ, ки худи ҳамон рӯзa рӯй дод, ҷашн гирифта мешуд (Мат. 26:1, 2).

2 Исо нонро баракат дод ва ба шогирдонаш дароз карда гуфт: «Бигиред ва бихӯред». Сипас пиёлаи шаробро гирифта шукргузорӣ намуд ва гуфт: «Ҳама аз ин бинӯшед» (Мат. 26:26, 27). Он шом Исо хӯрдании дигареро ба шогирдонаш дароз накард, лекин чизҳои бисёреро ба онҳо фаҳмонд.

3. Дар ин мақола мо кадом саволҳоро дида мебароем?

3 Ҳамин тавр Исо ёдбуди марги худро барқарор намуд, ки онро «шоми Худованд» низ меноманд (1 Қӯр. 11:20). Дар алоқамандӣ бо ин маросим саволҳои зерин пайдо шуда метавонанд: «Чаро мо бояд ба Шоми ёдбуди марги Исо ташриф оварем? Шароб ва нон, ки Исо ба шогирдонаш дод, чӣ маъно доранд? Чӣ тавр ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дидан даркор аст? Кӣ дар он маросим иштирок мекунад? Масеҳиён нисбати умеде ки Худо ба онҳо додааст, бояд чӣ гуна ҳиссиёт дошта бошанд?»

ЧАРО МО ЁДБУДИ МАРГИ МАСЕҲРО ҶАШН МЕГИРЕМ?

4. Марги Исо барои мо чиро имконпазир сохт?

4 Азбаски мо фарзандони Одам ҳастем, мо нокомилем ва гуноҳу маргро мерос гирифтаем (Рум. 5:12). Ягон одами нокомил барои аз ғуломии гуноҳ озод кардани ҷони худ ё дигарон ба Худо фидияи мувофиқ супурда наметавонад (Заб. 48:7–10). Лекин Исо, ки шахси комил буд, бо фидо кардани тани комил ва хуни поки худ тавонист нархи лозимаро ба Худо бипардозад. Ба туфайли ин мо метавонем аз банди гуноҳу марг озод шавем ва ҷовидона зиндагӣ кунем (Рум. 6:23; 1 Қӯр. 15:21, 22).

5. а) Мо аз куҷо медонем, ки Худо ва Масеҳ моро дӯст медоранд? б) Чаро мо бояд ба амри Исо итоат карда ба Шоми ёдбуди марги ӯ ташриф орем?

5 Қурбонии фидия исботи он аст, ки Худо тамоми инсониятро дӯст медорад (Юҳ. 3:16). Он ҳамчунин нишонаи муҳаббати Исо нисбати мо мебошад. Ва ин тааҷҷубовар нест, зеро Исо ҳатто пеш аз ба замин омаданаш одамонро дӯст медошт (Мас. 8:30, 31). Аз миннатдорӣ ба Худо ва Писараш мо ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ ташриф меорем ва ҳамин тавр ба амри зерини Исо итоат мекунем: «[Инро] ба ёдгории Ман ба ҷо оваред» (1 Қӯр. 11:23–25).

МАЪНОИ РАМЗҲО ЧИСТ?

6. Мо дар бораи нон ва шароб, ки дар Шоми ёдбуд гузошта мешавад, чӣ медонем?

6 Вақте Исо Шоми ёдбудро ҷорӣ кард, ӯ, чуноне ки баъзеҳо гумон мекунанд, нону шаробро ба бадан ва хуни худ табдил надод. Ӯ ба нон ишора карда гуфт: «Ин рамзи бадани ман аст». Дар бораи шароб бошад, ӯ чунин гуфт: «Ин рамзи хуни ман аст, ки “хуни аҳд” мебошад ва барои бисёриҳо рехта мешавад» (Марқ. 14:22–24, ТДН). Равшан аст, ки нону шароб танҳо рамзи бадан ва хуни ӯ буданд.

7. Ноне ки дар Шоми ёдбуд истифода мешавад, рамзи чист?

7 Дар он шоми муҳим Исо нони бехамиртуруши иди Фисҳро истифода бурд (Хур. 12:8). Дар Навиштаҳо хамиртуруш баъзан вайроншавӣ ва гуноҳро тасвир мекунад (Мат. 16:6, 11, 12; Луқ. 12:1). Пас, нони бехамиртуруш рамзи бадани бегуноҳи Исо мебошад (Ибр. 7:26). Маҳз аз ин сабаб ҳангоми қайд кардани Шоми ёдбуд чунин нонро истифода мебаранд.

8. Пиёлаи шаробе ки дар Шоми ёдбуд истифода мешавад, рамзи чист?

8 Шаробе ки Исо 14-уми нисони с. 33 истифода бурд, рамзи хуни ӯ буд. Имрӯз ҳам дар Шоми ёдбуд пиёлаи шароб истифода бурда мешавад. Хуни Исо берун аз Ерусалим, дар ҷое бо номи Ҷолҷолто «аз баҳри омурзиши гуноҳҳо» рехта шуд (Мат. 26:28; 27:33). Шароб ва ноне ки дар Шоми ёдбуди Масеҳ истифода мешавад, рамзи қурбонии ӯст, ки барои инсонияти итоаткор пешкаш шуд. Ба Шоми ёдбуд ташриф оварда, мо нишон медиҳем, ки фидияи ӯро қадр мекунем. Барои ҳамин мо зарур медонем, ки худро пешакӣ ба ин маросими муҳим тайёр кунем.

ЧӢ ТАВР ХУДРО ТАЙЁР КАРДАН МУМКИН АСТ?

9. а) Чаро мо бояд нақшаи хониши Китоби Муқаддасро, ки барои Шоми ёдбуд пешбинӣ мешавад, истифода барем? б) Шумо нисбати фидия чӣ гуна ҳиссиёт доред?

9 Як роҳе ки мо худро ба Шоми ёдбуд тайёр карда метавонем, ин хониши Китоби Муқаддас аз рӯи нақшаест, ки дар «Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо» оварда мешавад. Ин ба мо кӯмак мекунад, то дар бораи он коре ки Исо пеш аз маргаш карда буд, мулоҳиза ронем. Хоҳаре менависад: «Мо Шоми ёдбудро бесаброна интизор мешавем. Аҳамияти он бароямон ҳар сол зиёдтар мешавад. Дар хотир дорам, ки... чӣ гуна рӯзи дафни падарам дилам аз миннатдорӣ нисбати фидия пур шуда буд... Ман ҳама оятҳои Китоби Муқаддасро дар бораи фидия медонистам ва ба осонӣ онҳоро шарҳ дода метавонистам. Аммо танҳо баъди он ки оқибати даҳшатовари маргро дар худ ҳис кардам, дилам нисбати чизҳое ки ба туфайли фидия имконпазир мешаванд, аз миннатдорӣ лабрез шуд». Фикру мулоҳиза оиди он ки чӣ тавр қурбонии Исо шахсан ба мо кӯмак мекунад, қисми муҳими тайёрӣ ба Шоми ёдбуд аст.

Яке аз Шоҳидони Яҳува аз замимаи Тарҷумаи дунёи нави Навиштаҳои Муқаддас истифода бурда, дар бораи рӯзҳои охири ҳаёти Исо мулоҳиза мекунад

Аз нақшаи хониши Китоби Муқаддас, ки барои Шоми ёдбуд пешбинӣ шудааст, истифода баред ва худро ба ин маросим тайёр кунед (Ба сархати 9 нигаред.)

10. Барои ба Шоми ёдбуд тайёрӣ дидан мо боз чӣ кор карда метавонем?

10 Роҳи дигаре ки мо худро тайёр карда метавонем, ин васеъ кардани доираи хизмат дар арафаи Шоми ёдбуд аст. Масалан, мо метавонем чун пешрави ёвар хизмат кунем. Вақте мо дар бораи Яҳува, Писари Ӯ ва умеди ҳаёти ҷовидонӣ ба одамон гап мезанем, мо аз он ки кори ба Худо писандро карда истодаем, қаноатмандию хурсандӣ мегирем (Заб. 148:12, 13).

11. Чӣ тавр баъзе аз қӯринтиён ҳангоми Шоми ёдбуд рамзҳоро ба таври ношоиста ва беэҳтиромона қабул мекарданд?

11 Ҳангоми тайёрӣ дидан ба Шоми ёдбуд дар бораи суханоне ки Павлус ба масеҳиёни шаҳри Қӯринт гуфта буд, мулоҳиза ронед. (1 Қӯринтиён 11:27–34-ро бихонед.) Ӯ гуфт, ки агар касе ба таври ношоиста ё беҳурматона рамзҳоро қабул кунад, бар зидди бадан ва хуни Исои Масеҳ «айбдор хоҳад шуд». Агар шахси тадҳиншуда ягон хатогии ҷиддӣ кунад ва рамзҳоро қабул кунад, «вай ба маҳкумияти худ мехӯрад ва менӯшад». Дар рӯзҳои Павлус бисёре аз қӯринтиён ахлоқи ношоиста доштанд. Эҳтимол баъзеашон пеш аз Шоми ёдбуд ё дар давоми он аз ҳад зиёд мехӯрданд ё менӯшиданд ва аз ин рӯ ҳангоми маросим хоболуд буданд. Азбаски бо ин корашон онҳо нисбати Шоми ёдбуд беэҳтиромӣ нишон медоданд, аз рамзҳо қабул кардани онҳо дар назари Худо нодуруст буд.

12. а) Павлус Шоми ёдбудро бо чӣ муқоиса кард ва ба иштироккунандагони он чӣ гуфт? б) Аз шахсе ки рамзҳоро қабул мекунаду гуноҳи ҷиддие содир менамояд, чӣ дар талаб аст?

12 Павлус Шоми ёдбудро бо хӯрдани таом муқоиса карда касонеро ки аз рамзҳо қабул мекунанд, огоҳ кард: «Шумо наметавонед ҳам косаи Худовандро бинӯшед, ҳам косаи девҳоро; наметавонед ҳам дар суфраи Худованд иштирок кунед, ҳам девҳо» (1 Қӯр. 10:16–21). Вақте шахсе ки рамзҳоро қабул мекунад, гуноҳи ҷиддие содир мекунад, ӯ бояд аз пирон кӯмак пурсад. (Яъқуб 5:14–16-ро бихонед.) Агар чунин шахс бо рафтораш нишон диҳад, ки ӯ аз таҳти дил тавба мекунад, ӯ бо қабул кардани рамзҳо нисбати қурбонии Исо беҳурматӣ зоҳир нахоҳад кард (Луқ. 3:8).

13. Чаро мо бояд дар бораи умеде ки Худо ба мо додааст, дуо гӯем ва мулоҳиза ронем?

13 Дар вақти тайёрӣ дидан ба Шоми ёдбуд, хуб мебуд, ки вақт ҷудо карда дар бораи умеде ки Худо ба мо додааст, дуо гӯем ва андеша ронем. Ягон ходими содиқи Яҳува ва пайрави ҳақиқии Исо намехоҳад, ки нисбати қурбонии фидия беҳурматӣ нишон диҳад. Агар шахс ба тадҳиншуда буданаш пурра боварӣ надошта бошад, ӯ набояд рамзҳоро қабул кунад. Лекин кӣ метавонад рамзҳоро қабул кунад?

КӢ РАМЗҲОРО ҚАБУЛ КАРДА МЕТАВОНАД?

14. Азбаски тадҳиншудагон қисми аҳди наванд, онҳо дар Шоми ёдбуд чӣ кор мекунанд?

14 Касоне ки дар Шоми ёдбуд рамзҳоро қабул мекунанд, боварии комил доранд, ки қисми аҳди нав мебошанд. Исо дар бораи шароб чунин гуфт: «Ин коса аҳди ҷадид [нав] аст дар Хуни Ман» (1 Қӯр. 11:25). Ба воситаи пайғамбар Ирмиё Худо пешгӯӣ карда буд, ки ҷои аҳди Қонунро, ки Ӯ бо исроилиён баста буд, аҳди дигаре мегирад. (Ирмиё 31:31–34-ро бихонед.) Ин аҳдро Худо бо Исроили рӯҳонӣ, яъне бо тадҳиншудагон баст (Ғал. 6:15, 16). Ин ба туфайли марги Исо имконпазир шуд (Луқ. 22:20). Исо Миёнарави аҳди нав аст. Тадҳиншудагони содиқ, ки қисми аҳди нав мебошанд, ҳамроҳи Исо дар осмон хоҳанд буд (Ибр. 8:6; 9:15).

15. Иштирокчиёни аҳди Салтанат киҳоянд ва онҳоеро ки то ба охир содиқ мемонанд, чӣ интизор аст?

15 Тадҳиншудагон медонанд, ки онҳо ҳамчунин қисми аҳди Салтанат мебошанд. (Луқо 12:32-ро бихонед.) Ин аҳд бо Исо ва пайравони тадҳиншудааш, ки дар азобу уқубатҳояш бо ӯ буданд, баста шуда буд (Флп. 3:10). Азбаски тадҳиншудагони содиқ қисми ин аҳд мебошанд, онҳо чун подшоҳон ҳамроҳи Масеҳ дар осмон абадан ҳукмронӣ хоҳанд кард (Ваҳй 22:5). Чунин касон метавонанд дар Шоми ёдбуд рамзҳоро қабул кунанд.

16. Маънои суханони Румиён 8:15–17-ро кӯтоҳ фаҳмонед.

16 Нон ва шароби Шоми ёдбудро танҳо шахсоне қабул карда метавонанд, ки ба фарзандони рӯҳонии Худо буданашон боварии пурра доранд. (Румиён 8:15–17-ро бихонед.) Онҳо гӯё нидо карда мегӯянд: «Эй Або, эй Падар!» Калимаи арамии «Або» бештар ба калимаи тоҷикии «падарҷон» дуруст меояд, зеро он дар худ ҳам маънои эҳтиром ва ҳам наздикиву қариниро дорад. Ин ба муносибатҳои махсуси байни тадҳиншудагон ва Яҳува ишора мекунад. Онҳо дилпуранд, ки фарзандони тадҳиншудаи Худо ҳастанд, зеро рӯҳи Ӯ ба онҳо шаҳодат медиҳад. Барои ҳамин ҳатто агар шахс хоҳиши дар замин зиндагӣ карданро надошта бошад ҳам, ин маънои онро надорад, ки ӯ тадҳиншуда аст. Тадҳиншудагон бояд боварӣ дошта бошанд, ки агар то дами марг содиқ монанд, ҳамроҳи Исо дар осмон ҳукмронӣ хоҳанд кард. Имрӯз дар рӯи замин танҳо бақияи 144 000 пайравони Масеҳ, ки «аз ҷониби Қуддус тадҳин» шудаанд, ҳастанд (1 Юҳ. 2:20; Ваҳй 14:1). Маҳз ба туфайли шаҳодати рӯҳи Худо онҳо чунин нидо мекунанд: «Эй Або, эй Падар!» Чи баракати бузургест, ки онҳо бо Яҳува муносибати наздик доранд!

УМЕДИ БАР НАВИШТАҲО АСОСЁФТААТОНРО ҚАДР КУНЕД

17. Тадҳиншудагон чӣ гуна умед доранд ва онҳо инро аз куҷо медонанд?

17 Агар шумо масеҳии тадҳиншуда бошед, умеди осмонӣ қисми муҳими дуоҳои шахсиатон аст. Вақте Китоби Муқаддас дар бораи «арӯс»-и Исо гап мезанад, шумо дарк мекунед, ки қисми он мебошед (2 Қӯр. 11:2; Юҳ. 3:27–29; Ваҳй 21:2, 9–14). Вақте Каломи Худо дар бораи муҳаббате ки Ӯ ба тадҳиншудагон дорад, гап мезанад, шумо дар дили худ мегӯед: «Ин дар бораи ман аст». Вақте Каломи Худо ба масеҳиёни тадҳиншуда дастурот медиҳад, рӯҳи муқаддас шуморо бармеангезад, ки ба он итоат кунед ва дар дили худ чунин гӯед: «Ин ба ман дахл дорад». Рӯҳи муқаддаси Худо дар якҷоягӣ бо шумо шаҳодат медиҳад, ки шумо умеди осмонӣ доред.

18. «Гӯсфандони дигар» чӣ гуна умед доранд?

18 Лекин агар шумо аз «гӯсфандони дигар», яъне «анбӯҳи бузург» бошед, пас, шумо дорои умеди заминӣ ҳастед (Ваҳй 7:9; Юҳ. 10:16). Шумо хоҳиш доред, ки дар Биҳишти рӯи замин зиндагӣ кунед. Шумо дар бораи ояндаи олиҷаноби худ мулоҳиза карда худро дар он ҷо тасаввур мекунед. Шумо орзу доред, ки аз баракатҳои оянда баҳра бурда, дар сулҳу амонӣ якҷоя бо ёру рафиқ аз зиндагӣ лаззат баред. Шумо бесаброна интизори он замон ҳастед, ки норасогии хӯрок, камбағалӣ, дарду азоб, беморӣ ва марг ҳаёти одамонро дигар талх нагардонад (Заб. 36:10, 11, 29; 66:7; 71:7, 16; Иш. 33:24). Шумо муштоқи онед, ки наздикони эҳёшудаатонро пешвоз гиред (Юҳ. 5:28, 29). То чӣ андоза миннатдоред шумо, ки Яҳува бароятон чунин умеди олиҷанобро ато кардааст! Ҳарчанд шумо рамзҳоро қабул накунед ҳам, ба Шоми ёдбуд ташриф оварданро муҳим мешуморед. Зеро бо ин тарз шумо нишон медиҳед, ки қурбонии Исоро қадр мекунед ва барои он миннатдоред.

ОЁ ШУМО БА ОН ҶО МЕРАВЕД?

19, 20. а) Барои ҷовидона зиндагӣ кардан чӣ дар талаб аст? б) Чаро шумо мехоҳед, ки ба Шоми ёдбуд ташриф оред?

19 Хоҳ умеди заминӣ дошта бошед, хоҳ осмонӣ, шумо он вақт ба муроди худ мерасед, агар ба Яҳува Худо, Исои Масеҳ ва фидия имон зоҳир кунед. Вақте шумо ба Шоми ёдбуд ташриф меоред, дар бораи умедатон ва аҳамияти бузург доштани марги Исо мулоҳиза ронед. Рӯзи ҷумъа 3-юми апрели с. 2015 баъди ғуруби офтоб миллионҳо нафар ба Толори Салтанати Шоҳидони Яҳува ё дигар ҷойҳо ба Шоми ёдбуди марги Масеҳ ташриф меоранд. Шумо низ метавонед ҳамроҳи онҳо дар ин маросим ҳузур дошта бошед.

20 Ташрифорӣ ба Шоми ёдбуд миннатдории моро нисбати қурбонии фидияи Исо зиёдтар мегардонад. Ба барнома бодиққат гӯш карда шояд дар шумо хоҳиш пайдо шавад, ки ба наздикону шиносони худ дар бораи муҳаббати Яҳува ва нияти бузурги Ӯ барои тамоми инсоният нақл кунед (Мат. 22:34–40). Ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед, то ба Шоми ёдбуд ташриф оред.

a Дар Исроили қадим рӯз аз ғуруби офтоб сар шуда то ғуруби навбатӣ давом мекард.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан