Забонатонро дуруст истифода баред
«Бигзор суханони даҳонам... писандидаи Ту бошад, эй Худованд» (ЗАБ. 18:15).
1, 2. Чаро Китоби Муқаддас забонро ба оташ монанд мекунад?
АВВАЛИ моҳи октябри соли 1871 дар ҷангалзори иёлоти Висконсин (ИМА) сӯхтор ба амал омад. Он бо суръати тез паҳн шуд ва тақрибан ду миллиард дарахт дар оташ сӯхт. Беш аз 1200 одам нобуд шуд. Эҳтимол ин сӯхтори калон аз оташпораи хурде сар задааст, ки дар натиҷаи ба релс бархӯрдани чархҳои қатора мебарояд. То ин дам дар Иёлоти Муттаҳида сӯхторе ки дар он ин қадар одамони зиёд нобуд шаванд, рӯй надода буд. То чӣ андоза ҳаққанд суханони Яъқуб 3:5: «Бубин, оташи хурде чӣ гуна ҷангали бузургро месӯзонад»! Нависандаи Китоби Муқаддас чиро дар назар дошт?
2 Ӯ мефаҳмонад: «Забон низ оташ аст» (Яъқ. 3:6). Чизе ки мо мегӯем, метавонад мисли оташ зарари зиёд орад. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «мамот [марг] ва ҳаёт дар дасти забон аст» (Мас. 18:21). Албатта, мо танҳо барои он ки чизи нодуруст гуфта метавонем, доимо хомӯш намешинем. Ба ҷойи ин мо кӯшиш мекунем, ки забонамонро идора кунем. Масалан, агар мо оташро зери назорат гирем, он фоиданок буда метавонад. Он ба мо гармиву рӯшноӣ медиҳад ва мо дар он хӯрок мепазем. Ҳамин тавр агар лаҷоми забони худро дорем, мо метавонем ин қобилиятамонро барои ҷалол додани Яҳува ва бар фоидаи дигарон истифода барем (Заб. 18:15).
3. Мо чиро муҳокима мекунем?
3 Яҳува ба мо қобилият додааст, ки ба воситаи овоз ва имою ишора фикру ҳиссиёти худро баён кунем. Чӣ кор кунем, то ин атои бебаҳоро барои обод кардан истифода барем, на барои хароб кардан? (Яъқуб 3:9, 10-ро бихонед.) Мо дар ин мақола се чизро дида мебароем: кай гап занем, чӣ гӯем ва чӣ тавр гӯем.
МО БОЯД КАЙ ГАП ЗАНЕМ?
4. Кай мо бояд хомӯш истем?
4 Албатта, мо беист гап намезанем. Баъзан хомӯш истодан беҳтар аст. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «вақте барои хомӯш мондан» ҳаст (Воиз 3:7). Масалан, вақте дигарон гап мезананд, мо хомӯш меистем ва ҳамин тавр эҳтироми худро ба онҳо нишон медиҳем (Айюб 6:24). Мо забони худро аз паҳн кардани маълумоти махфӣ ё шахсие, ки дигарон онро набояд донанд, нигоҳ медорем (Мас. 20:19). Вақте касе қаҳри моро меорад, мо хирадмандона рафтор карда чизе ҷавоб намедиҳем (Заб. 4:5).
5. Чӣ тавр миннатдории худро ба Яҳува барои атояш нишон диҳем?
5 Лекин Китоби Муқаддас мегӯяд, ки «вақте барои сухан рондан» ҳаст (Воиз 3:7). Масалан, вақте ягон дӯстамон ба мо тӯҳфаи зебое медиҳад, мо, албатта, онро пинҳон намекунем. Баръакс, мо онро ба таври беҳтарин истифода мебарем ва ҳамин тавр миннатдориамонро нишон медиҳем. Дар бораи забон низ ҳамин хел гуфтан мумкин аст. Вақте забонамонро дуруст истифода мебарем, мо нишон медиҳем, ки аз Яҳува барои ин атояш сипосгузорем. Мо бояд ҳангоми баён кардани хоҳишу ниёзи худ, дилбардорӣ кардани дигарон ва ҳамду сано хондани Яҳува забони худро хирадмандона истифода барем (Заб. 50:17). Чӣ тавр фаҳмем, ки кай «вақте барои сухан рондан» аст?
6. Чаро муҳим аст, ки барои гап задан вақти муносиб ҷӯем?
6 Чаро муҳим аст, ки барои гап задан вақти муносибро интихоб кунем? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Сухане ки дар мавқеаш гуфта шуда бошад, мисли себҳои заррин аст, ки дар зарфи нуқрагин гузошта шудаанд» (Мас. 25:11, ТДН). Себҳои тиллоӣ худ ба худ чизи зебоянд, лекин вақте онҳоро дар зарфи нуқрагин мемонанд, зебоии онҳо дучанд мешавад. Мисли ин вақте мо барои гап задан вақти муносиб меҷӯем, ин суханони моро боз ҳам ҷолиб ва таъсирбахш мегардонад. Чӣ тавр мо ин корро карда метавонем?
7, 8. Чӣ тавр бародарон аз Ҷопони шарқӣ ба намунаи Исо пайравӣ карданд?
7 Агар мо барои гап задан вақти номуносибро интихоб кунем, он гоҳ суханони мо аҳамияташонро гум мекунанд. (Масалҳо 15:23-ро бихонед.) Масалан, марти соли 2011 заминҷунбӣ ва сунами шаҳрҳои зиёди Ҷопони шарқиро хароб кард. Зиёда аз 15 000 одам ҳалок гашт. Гарчанде бисёри Шоҳидони Яҳува оила ва дӯстони худро аз даст дода буданд, онҳо мехостанд, ки ба дигар ҷабрдидагон ба воситаи Китоби Муқаддас кӯмак расонанд. Онҳо медонистанд, ки аксари одамони ин шаҳр пайравони дини буддоӣ мебошанд ва дар бораи Китоби Муқаддас маълумоти кам доранд. Бародарон дарк карданд, ки дарҳол пас аз ин нохушӣ бо одамони ғамзадаву дилшикаста дар бораи эҳёшавӣ гап задан вақти мувофиқ нест. Ба ҷойи ин онҳо ба одамон фаҳмонданд, ки барои чӣ ба сари одамони хуб ин гуна бадбахтиҳо меоянд.
8 Исо медонист, ки кадом вақт барои хомӯш мондан аст ва кадом вақт барои гап задан (Юҳ. 18:33–37; 19:8–11). Рӯзе ӯ ба шогирдонаш гуфт: «Боз бисёр чизҳои дигар дорам, ки ба шумо бигӯям, лекин шумо алҳол онҳоро наметавонед бардоред» (Юҳ. 16:12). Шоҳидони Яҳува аз Ҷопони Шарқӣ ба намунаи Исо пайравӣ карданд. Дую ним сол пас аз сунами онҳо дар барномаи умумиҷаҳонӣ иштирок карда дар паҳнкунии «Пайғоми Салтанат» № 38, «Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?» саҳми худро гузоштанд. Он вақт одамони зиёд рисоларо гирифтанд ва аз хабари дилгармкунандаи он тасаллӣ ёфтанд. Мо низ бояд дар бораи маданият ва эътиқоди одамони маҳалламон фикр кунем ва барои гап задан бо онҳо вақти муносибро интихоб кунем.
9. Боз дар кадом мавридҳо мо бояд барои гап задан вақти муносибро интизор шавем?
9 Беҳуда намегӯянд, ки «ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад». Чӣ тавр дар дигар вазъиятҳо мо бояд барои гап задан вақти муносибро интизор шавем? Масалан, баъзан касе метавонад бе ягон нияти бад моро бо суханаш ранҷонад. Дар ин ҳолат шахси дурандеш фикр накарда ҷавоб намедиҳад. Ба ҷойи ин ӯ аз худ мепурсад: «Оё дар ҳақиқат шарт аст, бо ӯ дар ин бора гап занам?» Агар гап задан шарт бошад, мо бояд танҳо баъди ором шуданамон бо ӯ гап занем. (Масалҳо 15:28-ро бихонед.) Ҳамчунин вақте мо ба хешовандонамон мавъиза мекунем, бояд боандеша бошем. Мо, албатта, мехоҳем, ки онҳо бо Яҳува шинос шаванд, лекин бояд пуртоқат ва бофаҳму мушоҳидакор бошем. Агар мо дар вақти муносиб сухани лозимаро гӯем, онҳо ба гӯш кардани мо моил мешаванд.
МО БОЯД ЧӢ ГӮЕМ?
10. а) Чаро мо бояд дар интихоби суханонамон эҳтиёткор бошем? б) Масеҳӣ бояд аз кадом суханон дарҳазар бошад?
10 Суханони мо метавонанд ҳам дард бахшанд, ҳам дармон. (Масалҳо 12:18-ро бихонед.) Афсӯс ки дар ин ҷаҳони Шайтон аксарият забони худро барои дард бахшидан истифода мебаранд. Баъзеҳо «забони худро мисли шамшер тез кардаанд» ва тайёранд, ки бо «суханони талх» ба дигарон тир андозанд (Заб. 63:4). Бисёриҳо инро аз тамошои телевизиону кинофилмҳо ёд гирифтаанд. Аммо мо ҳатто вақти шӯхӣ карданамон бояд эҳтиёткор бошем, то бо суханони худ дигаронро паст ё таъна назанем. Шӯхӣ нутқи моро обуранг мебахшад, лекин бояд дар хотир дорем, ки «ҳар чӣ аз ҳад гузарад, расво шавад». Мо набояд кӯшиш кунем, ки бо суханоне ки қадру қимати касеро паст мезанад, хандаи дигаронро орем. Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад: «Ҳеҷ як сухани қабеҳе аз даҳонатон набарояд, балки фақат сухани нек, ки дар вақти эҳтиёҷот барои обод кардан бошад, то ки ба шунавандагонаш файз бахшад» (Эфс. 4:29, 31).
11. Сухан аз куҷо сарчашма мегирад?
11 Исо гуфта буд, ки «забон аз пурии дил сухан мегӯяд» (Мат. 12:34). Сухан аз дил мебарояд. Аз ин рӯ одатан суханони мо нишон медиҳанд, ки мо нисбати дигарон дар асл чӣ гуна ҳиссиёт дорем. Агар диламон пур аз меҳру муҳаббат бошад, суханони мо обод ва рӯҳбаланд мекунанд.
12. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки суханони дурустро интихоб кунем?
12 Барои интихоби суханони дуруст мо бояд кӯшиш кунем ва ақлу фаросати худро ба кор барем. Шоҳ Сулаймон «тадқиқу тафтиш намуда... саъй намуд, ки суханони дилписанд пайдо кунад ва суханони ростиро ӯ аз самими қалб навишт» (Воиз 12:9, 10). Чӣ дар интихоби «суханони дилписанд» кӯмак карда метавонад? Омӯхтан ва истифода бурдани калимаву ибораҳои нав. Ба калимаву ибораҳои хубе ки дар Китоби Муқаддас ва адабиётамон истифода шудаанд, диққат диҳед. Ба маънои суханони нофаҳмо сарфаҳм равед. Тарзе сухан гӯед, ки ба дигарон таъсири хуб расонед. Исо дар бораи худ чунин мегӯяд: «Худованд Худо забони донишҷӯёнро ба Ман додааст, то ки тавонам бемаҷолеро бо калом дастгирӣ намоям» (Иш. 50:4). Ҳамчунин мо бояд вақт ҷудо карда, дар бораи он фикр кунем, ки суханони мо ба дигарон чӣ гуна таъсир мерасонанд (Яъқ. 1:19). Мо метавонем аз худ бипурсем: «Агар ман ин гапро гӯям, оё он шахс мефаҳмад, ки ман ба ӯ чӣ гуфтан мехоҳам? Суханони ман ба шунаванда чӣ гуна таъсир мекунанд?»
13. Чаро мо бояд ба таври фаҳмо ва равшан гап занем?
13 Дар Исроил овози карнай барои задани бонги хатар истифода бурда мешуд. Яке аз садоҳои карнай маънои онро дошт, ки мардум бояд ҷамъ оянд. Садои дигараш бошад, маънои онро дошт, ки аскарон бояд ҳамла оранд. Дар Китоби Муқаддас мисоли карнай барои фаҳмондани аҳамияти тарзи сухангӯӣ истифода мешавад. Агар карнай садои нофаҳмо барорад, ин барои лашкар хатарнок буда метавонад. Ҳамин тавр ҳам агар мо ба таври равшану фаҳмо гап назанем, он гоҳ шунавандагони мо суханонамонро ё тамоман намефаҳманд ё нодуруст мефаҳманд. Ҳангоми гап задан мо мехоҳем, ки одамон мақсади гапамонро фаҳманд. Лекин равшану рӯирост гап задан маънои онро надорад, ки дар гуфтор дағал ё беодоб бошем. (1 Қӯринтиён 14:8, 9-ро бихонед.)
14. Кадом мисол нишон медиҳад, ки Исо ба таври сода ва фаҳмо гап мезад?
14 Исо дар интихоби суханони мувофиқ намунаи беҳтарин гузоштааст. Дар бобҳои 5 то 7-и китоби Матто нутқи кӯтоҳ, лекин таъсирбахши ӯ оварда шудааст. Исо суханони норавшану болохонадорро истифода намебурд. Ӯ калимаву ибораҳои сода ва фаҳморо интихоб мекард, то ба дили шунавандагонаш таъсир кунанд. Масалан, барои он ки ғаму ташвиши одамонро оиди аз куҷо ёфтани ризқу рӯзӣ бартараф кунад, Исо мисол овард, ки чӣ тавр Яҳува ба паррандагон хӯрок медиҳад. Баъд аз ин ӯ ба шунавандагон муроҷиат карда аз онҳо пурсид: «Оё шумо аз онҳо хеле беҳтар нестед?» (Мат. 6:26). Бо ин суханони содаву фаҳмо Исо ба онҳо кӯмак кард, ки дарси муҳимро аз худ кунанд ва рӯҳбаланд шаванд.
ЧӢ ТАВР ГАП ЗАНЕМ?
15. Чаро мо бояд нармгуфтор бошем?
15 Ғайр аз интихоби суханони дуруст мо бояд аҳамият диҳем, ки чӣ тавр гап мезанем. Вақте Исо дар куништи зодгоҳаш — Носира гап зад, одамон «аз суханони файзбахше ки аз даҳонаш мебаромад», ба ҳайрат омаданд (Луқ. 4:22). Чи тавре ки дар як мақол гуфта шудааст, «сухани нарм морро аз хонааш мебарорад». Дар ҳақиқат, нармгуфторӣ таъсири пурзӯр дорад (Мас. 25:15). Агар мо одамонро ҳурмат кунем ва ҳиссиёташонро ба назар гирем, мо бо онҳо меҳрубонона гап мезанем. Исо маҳз ҳамин тавр мекард. Масалан, вақте ӯ мардуми зиёдеро дид, ки барои шунидани суханони ӯ сахт кӯшиш мекарданд, «ба онҳо раҳмаш омад... ва онҳоро бисёр таълим додан гирифт» (Марқ. 6:34). Ҳатто вақте одамон ӯро бадгӯӣ мекарданд, ӯ дар ҷавоб бадгӯӣ намекард (1 Пет. 2:23).
16, 17. а) Чӣ тавр ҳангоми сӯҳбат бо аъзоёни оила ва дӯстонамон мо мисли Исо рафтор карда метавонем? б) Суханони нарм чӣ гуна фоида меоранд? Мисол оред. (Ба расми аввали мақола нигаред.)
16 Ҳангоми гап задан бо аъзоёни оила ва дӯстонамон мо ба суханони худ он қадар аҳамият намедиҳем. Мо фикр карда метавонем, ки шарт нест, ки аввал андеша карда баъд гап занем. Оё Исо бо дӯстонаш дағалона гап мезад? Не, албатта. Вақте ки шогирдони ӯ байни худ баҳс мекарданд, ки кадоме аз онҳо дар байнашон бузургтар аст, Исо мисоли кӯдакро оварда онҳоро меҳрубонона ислоҳ кард (Марқ. 9:33–37). Пирони ҷамъомад низ ба намунаи Исо пайравӣ карда дигаронро «дар рӯҳи фурӯтанӣ» ислоҳ карда метавонанд (Ғал. 6:1).
17 Ҳатто вақте ки касе моро бо суханаш меранҷонад, ҷавоби нарм натиҷаи хуб оварда метавонад (Мас. 15:1). Масалан, модари танҳое фарзанди наврас дошт ва фарзанди ӯ пинҳонӣ ҳаёти дигар ба сар мебурд. Хоҳаре аз дили соф ба ин модар гуфт: «Афсӯс ки ту аз ӯҳдаи таълиму тарбияи фарзандат набаромадӣ». Модар лаҳзае фикр кард ва ҷавоб дод: «Рост мегӯӣ, ки айни ҳол вазъият он қадар хуб нест, лекин тарбияи фарзандам ҳоло давом дорад. Биё дар ин бора баъди Ҳармиҷидӯн гап мезанем, он вақт ҳамааш маълум мешавад». Ин ҷавоби нарм кӯмак кард, ки байни хоҳарон сулҳ нигоҳ дошта шавад. Ҳамчунин ба туфайли чунин ҷавоб писари хоҳар, ки ин сӯҳбатро шунид, рӯҳбаланд гашт. Писарак дарк кард, ки модараш ба ислоҳшавии ӯ боварӣ дорад. Ин ӯро барангехт, ки алоқаашро бо ҷӯраҳои бадаш канад ва таъмид гирад. Дертар ӯ дар Байт-Ил хизмат кард. Новобаста аз он ки мо дар байни ҳамимонон, аҳли оила ё бегонагонем, сухани мо бояд доимо «пурфайз ва намакин бошад» (Қӯл. 4:6).
18. Чӣ тавр дар тарзи гапзанӣ мо ба намунаи Исо пайравӣ карда метавонем?
18 Қобилияти баён кардани фикру ҳиссиёти худ як мӯъҷизаи нотакрор аст. Биёед дар истифодаи забон аз Исо ибрат гирем ва суханони мувофиқ ва фурсати муносибро интихоб карда, нармгуфтор бошем. Он гоҳ мо метавонем бо забони худ ба одамон на дард, балки даво бахшем ва дили Яҳуваро, ки ба мо забонро ато кардааст, шод гардонем.