ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w16 январ саҳ. 22-27
  • «Бо шумо меравем»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Бо шумо меравем»
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ОЁ ШАРТ АСТ, КИ НОМИ ҲАМАИ ТАДҲИНШУДАГОНРО ДОНЕМ?
  • МАСЕҲИЁНИ ТАДҲИНШУДА БА ХУД БОЯД ЧӢ ГУНА НАЗАР ДОШТА БОШАНД?
  • ШУМО БОЯД ЧӢ ГУНА МУНОСИБАТ КУНЕД?
  • ШУМОРАИ ОНҲОЕ КИ РАМЗҲОРО ҚАБУЛ МЕКУНАНД
  • Мо бо шумо меравем
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • «Худи ин рӯҳ... шаҳодат медиҳад»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2020
  • «Рӯҳ ба рӯҳи мо шаҳодат медиҳад»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Чаро мо дар Шоми ёдбуд иштирок мекунем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
w16 январ саҳ. 22-27
Гӯсфандон дар пушта аз ақиби чӯпон мераванд

«Бо шумо меравем»

«Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост» (ЗАК. 8:23).

СУРУДҲО: 32, 31

ОЁ ШУМО ФАҲМОНДА МЕТАВОНЕД?

  • Чӣ тавр пешгӯии Закарё 8:23 имрӯз иҷро шуда истодааст?

  • Масеҳиёни тадҳиншуда нисбати худашон бояд чӣ гуна назар дошта бошанд? (1 Қӯр. 4:6–8).

  • Чаро мо набояд аз зиёдшавии шумораи касоне ки ҳангоми Шоми ёдбуд нону шаробро мехӯранд, хавотир шавем? (Рум. 9:11, 16).

1, 2. а) Яҳува дар бораи замони мо чӣ пешгӯӣ кард? б) Мо дар ин мақола кадом саволҳоро дида мебароем? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

ДАР БОРАИ замони мо Яҳува пешгӯӣ карда буд: «Дар он айём даҳ нафар аз ҳамаи забонҳо ва халқҳо домани марди яҳудиро гирифта ва онро сахт дошта, хоҳанд гуфт: “Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост”» (Зак. 8:23). Касоне ки умеди заминӣ доранд, мисли ҳамон даҳ нафар «домани марди яҳудӣ»-ро доштаанд. Онҳо фахр мекунанд, ки «Исроили Худо», яъне масеҳиёни тадҳиншударо дастгирӣ менамоянд, зеро медонанд, ки Яҳува онҳоро баракат медиҳад (Ғал. 6:16).

2 Исо низ ба монанди Закарё гуфт, ки дар байни ходимони Худо ягонагӣ ҳукмфармо мешавад. Ӯ гуфт, ки пайравонаш аз ду гурӯҳ иборат мешаванд: «рамаи хурд» ва «гӯсфандони дигар». Аммо ӯ илова намуд, ки онҳо «як рамаю як чӯпон» мешаванд (Луқ. 12:32; Юҳ. 10:16). Муносибати байни ин ду гурӯҳ якчанд саволро ба миён меорад: 1) Оё шарт аст, ки «гӯсфандони дигар» номи ҳамаи тадҳиншудагонро донанд? 2) Масеҳиёни тадҳиншуда нисбати худ бояд чӣ гуна назар дошта бошанд? 3) Агар ягон аъзои ҷамъомадамон қабул намудани рамзҳоро сар кунад, мо бояд чӣ гуна муносибат кунем? 4) Оё мо аз зиёдшавии шумораи касоне ки рамзҳоро қабул мекунанд, бояд хавотир шавем? Биёед ҳар яки ин саволҳоро дида бароем.

ОЁ ШАРТ АСТ, КИ НОМИ ҲАМАИ ТАДҲИНШУДАГОНРО ДОНЕМ?

3. Чаро мо аниқ гуфта наметавонем, ки аз байни ходимони имрӯзаи Худо кӣ қисми 144 000 нафар мешавад?

3 Оё ба касоне ки умеди заминӣ доранд, лозим аст, ки имрӯз номи ҳамаи тадҳиншудагонро донанд? Не. Барои чӣ? Чунки ҳатто агар шахс дар ҳақиқат тадҳин шуда бошад ҳам, ӯ танҳо он вақт мукофоти худро мегирад, агар то охир ба Худо содиқ монад. Шайтон инро медонад ва барои ҳамин «анбиёи козиб»-ро истифода мебарад, «то ки агар мумкин бошад, баргузидагонро низ гумроҳ» кунад (Мат. 24:24). Ҳеҷ кас аниқ гуфта наметавонад, ки масеҳии тадҳиншуда мукофоти худро мегирад ё не то он вақте ки худи Яҳува ӯро доварӣ карда сазовор нашуморад. Агар тадҳиншуда то дами марг ва ё саршавии мусибати бузург ба Ӯ содиқ бимонад, Яҳува ба пешонии ӯ мӯҳри охиринро мезанад (Ваҳй 2:10; 7:3, 14). Барои ҳамин гуфтани он ки кадоме аз ходимони имрӯзаи Худо қисми 144 000 мешавад, беҳуда аст.[1]

4. Азбаски имрӯз мо номи ҳамаи тадҳиншудагонро намедонем, чӣ тавр ҳамроҳи онҳо рафта метавонем?

4 Азбаски имрӯз мо номи ҳамаи исроилиёни рӯҳониро намедонем, чӣ тавр ҳамроҳи онҳо рафта метавонем? Аҳамият диҳед, ки дар пешгӯии Закарё дар бораи даҳ марди рамзӣ чӣ гуфта шудааст. Онҳо «домани марди яҳудиро гирифта ва онро сахт дошта, хоҳанд гуфт: “Бо шумо меравем, зеро шунидаем, ки Худо бо шумост”». Ҳарчанд ин ҷо ибораи «марди яҳудӣ» дар шакли танҳо омадааст, аз истифодаи ҷонишини «шумо» маълум мешавад, ки гап дар бораи як шахс неву гурӯҳи одамон меравад. Барои ҳамин ба мо лозим нест, ки ҳар як исроилии рӯҳониро муайян кунем ва аз пайи ӯ равем. Ба мо танҳо лозим аст, ки чун гурӯҳ кӣ будани масеҳиёни тадҳиншударо муайян намуда, онҳоро дастгирӣ кунем. Навиштаҳо ба мо амр медиҳанд, ки аз пайи ягон инсон наравем. Мо танҳо як пешво дорем — Исо (Мат. 23:10).

МАСЕҲИЁНИ ТАДҲИНШУДА БА ХУД БОЯД ЧӢ ГУНА НАЗАР ДОШТА БОШАНД?

5. Масеҳиёни тадҳиншуда кадом огоҳиро бояд бодиққат дида бароянд ва чаро?

5 Касоне ки ҳангоми Шоми ёдбуд рамзҳоро қабул мекунанд, бояд огоҳии 1 Қӯринтиён 11:27–29-ро бодиққат дида бароянд. (Оятҳоро хонед.) Павлуси ҳавворӣ бо ин суханон чӣ гуфтан мехост? Ӯ гуфтанӣ буд, ки, агар тадҳиншуда бо Яҳува муносибати хубро нигоҳ надорад, пас рамзҳоро қабул кардани ӯ рафтори ношоиста ҳисоб мешавад (Ибр. 6:4–6; 10:26–29). Ин огоҳӣ ба масеҳиёни тадҳиншуда хотиррасон мекунад, ки онҳо ҳоло соҳиби ин мукофот нестанд. Барои ба даст овардани мукофот ин масеҳиён бояд ба Худо то охир содиқ бимонанд (Флп. 3:13–16).

6. Масеҳиёни тадҳиншуда нисбати худ бояд чӣ гуна назар дошта бошанд?

6 Зери илҳоми илоҳӣ Павлус ба тадҳиншудагон гуфт: «Ман, ки дар Худованд бандӣ ҳастам, аз шумо хоҳишмандам, ки муносиби мақоме ки ба он хонда шудаед, рафтор кунед». Онҳо бояд чӣ кор мекарданд? Павлус фаҳмонд: «Бо тамоми мулоимат ва фурӯтанӣ ва пурсабрӣ якдигарро дар муҳаббат таҳаммул намоед, ва саъю кӯшиш кунед, ки ягонагии Рӯҳро дар иттифоқи осоиштагӣ нигоҳ доред» (Эфс. 4:1–3). Рӯҳи муқаддаси Яҳува ба ходимонаш кӯмак мекунад, ки фурӯтан бошанд, на мағрур (Қӯл. 3:12). Барои ҳамин тадҳиншудагон худро аз дигарон беҳтар намешуморанд. Онҳо фурӯтанона дарк мекунанд, ки Яҳува ба онҳо назар ба шахсоне ки умеди заминӣ доранд, рӯҳулқудси бештар намедиҳад. Онҳо намегӯянд, ки дониши махсусе доранд ё рӯъёе дидаанд. Ҳамчунин онҳо ба каси дигаре намегӯянд, ки ӯ тадҳиншуда аст ва бояд рамзҳоро қабул кунад. Онҳо дарк мекунанд, ки танҳо Яҳува метавонад одамонро ба зиндагии осмонӣ даъват кунад.

7, 8. Масеҳиёни тадҳиншуда аз дигарон чӣ гуна муносибатро интизор нестанд ва чаро?

7 Ҳарчанд умеди осмонӣ доштан имконияти пуршараф аст, масеҳиёни тадҳиншуда аз дигарон иззату эҳтироми махсусро интизор нестанд. (Эфс. 1:18, 19; Филиппиён 2:2, 3-ро хонед.) Рӯҳи муқаддаси Яҳува ба худи онҳо шаҳодат медиҳад, на ба дигарон. Дар бораи тадҳиншуда будани ягон масеҳӣ эълон карда намешавад. Барои ҳамин онҳо ҳайрон намешаванд, агар ҳамимононашон ба зудӣ ба тадҳиншуда будани онҳо бовар накунанд. Худи Китоби Муқаддас амр медиҳад, ки агар касе гӯяд, ки аз тарафи Худо соҳиби ягон таъинот шудааст, масеҳиён набояд дарҳол ба ӯ бовар кунанд (Ваҳй 2:2). Албатта, ҳангоми шиносоӣ ин масеҳиён ҳеҷ гоҳ худро тадҳиншуда гуфта муаррифӣ намекунанд. Аксар вақт онҳо ҳатто дар бораи умедашон гап намезананд, то диққати зиёдатиро ба худ ҷалб накунанд, ҳамчунин онҳо дар бораи мукофоти осмонии худ лоф намезананд. (1 Қӯр. 1:28, 29; 1 Қӯринтиён 4:6–8-ро хонед.)

8 Масеҳиёни тадҳиншуда худро аъзои ягон маҳфили махсус намеҳисобанд. Онҳо бо мақсади ташкил кардани гурӯҳи алоҳидаи омӯзиши Китоби Муқаддас касонеро, ки худро тадҳиншуда меноманд, намеҷӯянд (Ғал. 1:15–17). Агар чунин мекарданд, дар ҷамъомад тухми ҷудоӣ кошта мешуд ва онҳо бар зидди рӯҳи Худо мебаромаданд, чунки рӯҳи муқаддас ба сулҳу ягонагӣ мусоидат мекунад. (Румиён 16:17, 18-ро хонед.)

ШУМО БОЯД ЧӢ ГУНА МУНОСИБАТ КУНЕД?

9. Дар муносибат бо касоне ки ҳангоми Шоми ёдбуд нону шаробро мехӯранд, мо бояд аз чӣ дурӣ ҷӯем ва чаро? (Нигаред ба чорчӯбаи «Муҳаббат “бадкирдорӣ намекунад”».)

9 Мо бояд нисбати масеҳиёне ки рамзҳоро қабул мекунанд, чӣ гуна муносибат кунем? Исо ба шогирдонаш гуфт: «Ҳамаи шумо бародаронед». Сипас илова кард: «Ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад» (Мат. 23:8–12). Барои ҳамин болобардор кардани ягон шахс нодуруст мебуд, ҳатто агар ӯ пайрави тадҳиншудаи Масеҳ бошад ҳам. Вақте гап дар бораи пирон меравад, Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад, ки ба имони онҳое ки моро роҳнамоӣ мекунанд, пайравӣ намоем. Лекин он намегӯяд, ки мо бояд ягон одамро пешвои худ ҳисобем (Ибр. 13:7). Дар Китоби Муқаддас дар бораи баъзе касоне гуфта мешавад, ки «эҳтироми дучандро сазоворанд». Лекин на аз барои он ки онҳо тадҳиншудаанд, балки барои он ки «нағз сардорӣ мекунанд» ва «дар ваъз ва таълим меҳнат мекунанд» (1 Тим. 5:17). Агар мо тадҳиншудагонро болобардор кунем, мо онҳоро дар хиҷолат меандозем. Аз ҳама бадаш агар мо чунин кунем, онҳо ҳавобаланд шуда метавонанд (Рум. 12:3). Ҳеҷ яке аз мо намехоҳем, ки бо ягон рафторамон тадҳиншудагонро ба гуноҳи ҷиддие тела диҳем! (Луқ. 17:2).

Яке аз Шоҳидони Яҳува дар Шоми ёдбуд нон мехӯрад

Мо бояд ба касоне ки рамзҳоро қабул мекунанд, чӣ гуна муносибат кунем? (Ба сархатҳои 9–11 нигаред.)

10. Чӣ тавр эҳтироми худро нисбати тадҳиншудагон нишон диҳем?

10 Чӣ тавр эҳтироми худро нисбати шахсоне ки аз тарафи Яҳува тадҳин шудаанд, нишон диҳем? Хуб мебуд, то ба онҳо дар бораи чӣ тавр тадҳин шуданашон саволҳо надиҳем. Мо намехоҳем, ки ба кори дигарон дахолат кунем (1 Тас. 4:11; 2 Тас. 3:11). Ҳамчунин мо аз онҳо намепурсем, ки оё ҳамсар, волидон ё ягон аъзои дигари оилаашон низ тадҳиншуда аст ё не. Хешутаборӣ ё пайвандҳои издивоҷ дар тадҳиншуда будани шахс ҳеҷ нақше намебозад (1 Тас. 2:12). Ҳамчунин нодуруст мебуд, агар мо аз ҳамсари тадҳиншудагон мепурсидем, ки ӯ нисбати он ки ҳамсараш ба осмон рафта аз ӯ ҷудо мешавад, чӣ ҳис мекунад. Додани саволҳои дардовар кори хуб нест. Ба ҷойи ин мо бояд боварӣ дошта бошем, ки дар дунёи нав Яҳува дасти худро кушода «ҳамаи зиндаҳоро ба дилхоҳашон сер» мекунад (Заб. 144:16).

11. Чӣ тавр аз хушомадгӯию одампарастӣ канорагирӣ карда мо худро муҳофизат мекунем?

11 Агар шахс нисбати тадҳиншудагон муносибати дуруст дошта бошад, ӯ худро аз хатар эмин медорад. Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки дар ҷамъомад «бародарони козиб» пайдо шуда метавонанд (Ғал. 2:4, 5; 1 Юҳ. 2:19). Чунин шахсон шояд ҳатто худро тадҳиншуда номанд. Баъзе масеҳиёни тадҳиншуда аз ҳақиқат рафтанд (Мат. 25:10–12; 2 Пет. 2:20, 21). Агар мо аз доми хушомадгӯӣ канорагирӣ кунем, чунин одамон моро аз ҳақиқат дур карда наметавонанд. Агар мо одампараст набошем, ҳангоме ки ягон масеҳии соҳибэҳтиром аз ҳақиқат равад, ин ба имони мо зарбаи сахт намерасонад.

ШУМОРАИ ОНҲОЕ КИ РАМЗҲОРО ҚАБУЛ МЕКУНАНД

12, 13. Чаро зиёдшавии шумораи касоне ки нону шаробро ҳангоми Шоми ёдбуд мехӯранд, набояд моро ба ташвиш орад?

12 Солҳои охир шумораи онҳое ки дар маросими Шоми ёдбуд рамзҳоро қабул мекунанд, зиёд шуд. Шояд мо аз ин ҳайрон шавем, чунки солҳои пеш шумораи чунин касон торафт кам мешуд. Оё ин бояд моро ба ташвиш орад? Не. Биёед бубинем, ки чаро.

13 «Худованд мансубони Худро [касонеро ки аз они Ӯ ҳастанд] мешиносад» (2 Тим. 2:19). Дар Шоми ёдбуд барои ҳисоб кардани масеҳиёне ки рамзҳоро қабул мекунанд, бародарон таъйин мешаванд. Ин бародарон набояд чунин шахсонро ҳукм кунанд. Танҳо Яҳува медонад, ки кӣ дар ҳақиқат тадҳиншуда асту кӣ не. Дар байни чунин касон онҳое буда метавонанд, ки танҳо гумон мекунанд, ки тадҳиншудаанд. Баъзе касоне ки пештар рамзҳоро қабул мекарданд, ҳозир қабул намекунанд. Дигарон бошанд, аз сабаби касалии рӯҳӣ ё эмотсионалӣ фикр мекунанд, ки дар оянда ҳамроҳи Масеҳ дар осмон ҳукмронӣ мекунанд. Аз ин рӯ мо аниқ намедонем, ки ҳоло дар замин чанд нафар тадҳиншудагон зиндагӣ мекунанд.

14. Китоби Муқаддас дар бораи он ки ҳангоми саршавии мусибати бузург чанд нафар тадҳиншуда дар замин боқӣ мемонад, чӣ мегӯяд?

14 Вақте Исо барои ҷамъ овардани масеҳиёни тадҳиншуда меояд, онҳо дар рӯи замин пароканда хоҳанд буд. Дар бораи он вақт Китоби Муқаддас мегӯяд: «Фариштагони Худро бо карнаи баландовоз хоҳад фиристод ва баргузидагони Ӯро аз чор ҷониб, аз як канори осмон то канори дигараш фароҳам хоҳад овард» (Мат. 24:31). Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки дар рӯзҳои охир дар рӯи замин танҳо бақияи тадҳиншудагон мемонад (Ваҳй 12:17). Лекин дар он аниқ гуфта намешавад, ки ҳангоми саршавии мусибати бузург чанд нафар тадҳиншуда дар замин боқӣ мемонад.

15, 16. Дар бораи интихоб шудани тадҳиншудагон мо бояд чиро дар хотир дорем?

15 Яҳува беҳтар медонад, ки кай тадҳиншудагонро интихоб кунад (Рум. 8:28–30). Баъди эҳёшавии Исо Яҳува интихоб кардани тадҳиншудагонро сар кард. Аз афташ, ҳама аъзоёни ҷамъомади асри як тадҳиншуда буданд. Аз асри як то саршавии охирзамон аксарияти одамоне ки худро пайрави Масеҳ меномиданд, масеҳиёни бардурӯғ буданд. Исо онҳоро ба «мастакҳо» монанд карда буд. Аммо дар он муддат Яҳува баъзе ходимони содиқашро, ки Исо онҳоро ба «гандум» монанд карда буд, тадҳин намуд (Мат. 13:24–30). Дар рӯзҳои охир бошад, Яҳува ҷамъоварии масеҳиёни тадҳиншударо давом дод.[2] Агар Яҳува пеш аз интихоб кардани баъзеҳо ягон замони муайянро интизор шавад, мо кистем, ки қарори хирадмандонаи Ӯро зери шубҳа гузорем? (Иш. 45:9; Дон. 4:35; Румиён 9:11, 16-ро хонед.)[3] Биёед мисли он коргароне набошем, ки аз рафтори оғои худ норозӣ буданд ва аз муносибати ӯ нисбати коргароне ки охир омада буданд, шикоят карданд. (Матто 20:8–15-ро хонед.)

16 На ҳама масеҳиёне ки умеди осмонӣ доранд, ба «ғуломи мӯътамад ва доно» дохил мешаванд (Мат. 24:45–47). Имрӯз низ, чун дар асри як, Яҳува одамони зиёдро ба воситаи одамони кам хӯрок медиҳад. Дар асри як дар навишта шудани Навиштаҳои Юнонӣ шумораи ками масеҳиён иштирок карда буданд. Дар рӯзҳои мо низ танҳо шумораи ками тадҳиншудагон дар тайёр кардани хӯроки саривақти рӯҳонӣ иштирок мекунанд.

17. Шумо аз муҳокимаи ин мақола чӣ хулоса мебароред?

17 Мо аз ин мақола чӣ омӯхтем? Яҳува ба ходимони худ ду мукофот медиҳад. Ба касоне ки чун марди яҳудӣ тасвир шудаанд, умеди осмонӣ ва ба даҳ нафари рамзӣ — умеди заминӣ. Лекин Яҳува аз ҳар ду гурӯҳ талаб мекунад, ки то дами охир ба Ӯ содиқ монанд ва ба як қонун итоат кунанд. Ҳар ду гурӯҳ бояд фурӯтан бошанд. Ҳамчунин дар байни ҳар ду гурӯҳ бояд ягонагӣ бошад ва онҳо кӯшиш кунанд, ки дар ҷамъомад сулҳ ҳукмфармо бошад. Анҷоми рӯзҳои охир наздик аст, барои ҳамин биёед ҳамаамон чун як рама зери роҳбарии Масеҳ ба Яҳува хизмат кунем.

^ [1] (сархати 3) Дар Забур 86:5, 6 гуфта мешавад, ки шояд дар оянда номҳои касоне ки дар осмон ҳамроҳи Исо ҳукмронӣ мекунанд, ошкор мешаванд (Рум. 8:19).

^ [2] (сархати 15) Ҳарчанд дар ояти Аъмол 2:33 гуфта мешавад, ки рӯҳи муқаддас ба воситаи Исо рехта мешавад, масеҳиёни тадҳиншударо худи Яҳува интихоб мекунад.

^ [3] (сархати 15) Барои гирифтани маълумоти бештар нигаред ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 майи соли 2007, саҳ. 30, 31, ба мақолаи «Саволҳои хонандагон».

Бародари масеҳӣ ва занашро одамон гирд карда, сурат гирифта истодаанд

Муҳаббат «бадкирдорӣ намекунад»

Павлуси ҳавворӣ навишт: «Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест» (1 Қӯр. 13:4, 5). Дар матни аслӣ калимае ки «бадкирдорӣ» тарҷума шудааст, ба дағалӣ, беадабӣ ва рафтори ношоиста ишора мекунад. Муҳаббати масеҳӣ моро бармеангезад, ки пеш аз кардани ягон кор ё гуфтани чизе ҳиссиёти ҳамимононамонро ба назар гирем.

Муҳаббати худро ба касоне ки дар ҷамъомад роҳбариро ба ӯҳда доранд, мо бо муносибати худ нишон дода метавонем. Баъзан ба ҷамъомад ва анҷуман нозири ноҳиявӣ, ходими Байт–Ил, аъзои Ҳайати роҳбарикунанда ва ё ёрдамчии он ташриф меоранд. Албатта, мо мехоҳем, ки ба ин бародарон ва ҳамсарашон эҳтироми худро нишон диҳем ва дар ин ҳеҷ нодурустие нест. Ҳеҷ яке аз мо намехоҳад, ки ба Диютрифас монанд шавад. Ӯ бародаронеро, ки ба ҷамъомади онҳо ташриф оварданд, пазироӣ накард (3 Юҳ. 9, 10). Лекин ҳатто ҳангоми пазироӣ кардан мо бояд эҳтиёт шавем, ки рафтори ношоиста накунем. Чӣ тавр?

Ҳарчанд мо аз вохӯрӣ ва муошират бо ин бародарон хурсандӣ мегирем, агар мо ба онҳо чун ба одамони машҳур муносибат кунем, ин норасоии эҳтиромро нишон медиҳад. Масалан, агар бе иҷозати худашон ин бародаронро дар вақти хӯрдан ё дар иҷрои дигар корҳо расм гирем, ин нишонаи беодобист. Оё мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки дар китоб ё Китоби Муқаддасамон имзо монанд? Оё мо одамонро тела дода пеш мегузарем ва исрор мекунем, ки онҳо бо мо сурат гиранд? Албатта, чунин рафтор ба масеҳиёни ҳақиқӣ хос нест. Ба ҷойи ин мо онҳоро ҳурмату эҳтиром мекунем, чунки медонем, ки барои чӣ онҳо ташриф меоранд ва барои беҳбудии мо сахт меҳнат мекунанд.

Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки дар ин маврид дуруст рафтор кунем? Якум, дар хотир доред, ки мо бояд пеш аз ҳама Яҳуваро ҷалол диҳем (Ваҳй 4:11). Дуюм, фаромӯш насозед, ки байни эҳтиром ва одампарастӣ фарқи калон вуҷуд дорад. Ин бародарон ва ҳамсаронашон мехоҳанд, ки ба онҳо на чун ба одамони машҳур, балки чун ба ҳамимон муносибат кунанд (Мат. 23:8). Сеюм, «қоидаи тиллоӣ»-ро ба кор баред: «Ҳар он чи мехоҳед, ки мардум ба шумо кунанд, шумо низ ба онҳо ҳамон тавр кунед» (Мат. 7:12). Агар мо ин чизҳоро дар хотир дорем, мо муҳаббате зоҳир мекунем, ки «бадкирдорӣ намекунад».

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан