ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w17 октябр саҳ. 32
  • Оё шумо медонед?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё шумо медонед?
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Маводи монанд
  • Саволҳои хонандагон
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Бигзор ореи шумо оре бошад
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Ба Худо итоат кунед ва аз ваъдаҳои Ӯ манфиат гиред
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
w17 октябр саҳ. 32

Оё шумо медонед?

Чаро Исо «қасам нахӯред» гуфт?

Марде дар маъбад қасам хӯрда истодааст

ҚОНУНИ Мусо ба исроилиён иҷозат медод, ки дар баъзе ҳолатҳо қасам хӯранд. Вале дар рӯзҳои Исо қасам хӯрдан чунон паҳн шуда буд, ки одамон қариб дар ҳар суханашон қасам ёд мекарданд. Онҳо бо ин корашон ҳақ будани суханонашонро исбот кардан мехостанд, аммо Исо ду маротиба ин рафтори нодурусти онҳоро ҳукм кард. Ӯ гуфт: «Сухани шумо: “оре, оре” ва “не, не” бошад; он чи зиёда аз ин бошад, аз иблис аст» (Мат. 5:33–37; 23:16–22).

Як луғати динӣ мегӯяд, ки аз китоби Талмуд фаҳмидан мумкин аст, ки то чӣ андоза яҳудиён ба қасам хӯрдан майл доштанд ва қариб ҳар як суханашонро бо қасам тасдиқ мекарданд. Чунки дар Талмуд пурра фаҳмонида шудааст, ки кадом қасам ҳатмӣ асту кадомаш не (Theological Dictionary of the New Testament).

Ин рафтори нодурусти яҳудиёнро на танҳо Исо ҳукм карда буд. Масалан, таърихшиноси яҳудӣ Иосиф Флавий дар бораи гурӯҳи яҳудиёне навишт, ки умуман қасам намехӯрданд. Онҳо аъзои мазҳабе буданд, ки чунин ақида доштанд: «Қасам хӯрдан аз дурӯғгӯйӣ дида бадтар аст». Ин яҳудиён мегуфтанд, ки агар шахс қасам хӯрад, ки гапҳои вай рост аст, пас ӯ дурӯғгӯй мебошад. Ба ин монанд, дар апокрифи яҳудӣ, ки чун «Ҳикмати Исо писари Сирах» ё «Екклесиастикус» (23:11) маълум аст, чунин навишта шудааст: «Шахсе, ки қасам мехӯрад ҷинояткор аст». Исо гуфт, ки беҳуда қасам нахӯред. Агар мо ҳамеша гапи рост занем, он гоҳ маҷбур намешавем, ки қасам хӯрем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан