1 Чӣ тавр худро аз душвориҳо эмин дорем?
Китоби Муқаддас мегӯяд, ки маслиҳатҳои он «аз тарафи Худо илҳом бахшида шудаанд ва барои таълим, нишон додани айбу хато, ислоҳ... фоиданоканд» (2 Тимотиюс 3:16). Оё ин ҳақ аст? Биёед дида бароем, ки чӣ тавр маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ба одамон ёрдам доданд, ки саривақт худро аз душвориҳои вазнин эмин доранд.
МАЙПАРАСТӢ
Сафия, ки дар мақолаи гузашта дар борааш гуфта будем, аз сабаби ташвишу хавотириаш аз ҳад зиёд менӯшидагӣ шуд. Китоби Муқаддас истифодаи бамеъёрӣ нӯшокиҳои спиртиро манъ намекунад, вале дар он гуфта шудааст: «Дар миёни мастон набош» (Масалҳо 23:20). Майпарастӣ ба саломатӣ зарари ҷиддӣ меорад ва муносибати байни одамонро вайрон мекунад. Ҳар сол миллионҳо одамон аз сабаби майпарастӣ тез мемиранд. Агар одамон мувофиқи ин маслиҳати Китоби Муқаддас амал мекарданд, пеши бисёр душвориҳоро мегирифтанд.
Сафия ҳамин тавр кард. Ҳозир ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки нӯшокиҳои спиртӣ ташвишу хавотирии маро нест карда наметавонанд. Маслиҳати Филиппиён 4:6, 7-ро ба кор бурдам. Дар он гуфта шудааст: “Дар бораи ҳеҷ чиз ғам нахӯред, балки дар дуову илтиҷо... хоҳишҳои худро ба Худо маълум созед”. Ҳар шаб, вақте фикрҳои ҳархела маро азоб медоданд ва ташвишу хавотириям зиёд мешуд, ба Яҳува дуо мегуфтам. Ман ҳамаи ҳиссиётам, ба монанди ғазаб, дард ва ноумедиро ба Ӯ мегуфтам ва илтиҷо мекардам, ки барои дар сарам фикрҳои нағзро ҷо кардан, ёрдам кунад. Ҳар саҳар ҳаракат мекардам, ки дар бораи чизҳои нағз фикр карданро давом диҳам. Одати дуо гуфтан ёрдам дод, ки диққатамро ба чизҳои доштаам равона кунам, на ба чизҳое ки надорам. Ман қарор кардам, ки дигар ҳеҷ гоҳ наменӯшам. Чунки осоиштагии ба даст овардаам, чунон пурарзиш буд, ки онро гум кардан намехостам».
БАДАХЛОҚИИ ҶИНСӢ
Бадахлоқӣ яке аз сабабҳоест, ки ба дилшикастагӣ ва бадбахтӣ оварда мерасонад. Вале бо ёрии принсипҳои Китоби Муқаддас мо худро аз чунин проблемаҳо дур кашида метавонем. Каломи Худо моро аз чизҳое, ки ба бадахлоқӣ оварда мерасонанд, огоҳ мекунад. Баъзе аз онҳо бо ҳиссиёти дигарон бозӣ кардан ва тамошои порнография мебошад. Ҷавоне бо номи Сэмуил мегӯяд: «Бо ҳиссиёти дигарон бозӣ кардан бароям осон буд. Баъзан ба ман худи духтар маъқул набуд, лекин вақте пай мебурдам, ки ман ба ӯ маъқулам, бо ҳиссиёташ бозӣ кардан ба ман мефорид». Сэмуилро тез-тез барои ин кораш, ҳатто агар чунин ният надошта бошад ҳам, айбдор мекарданд. Барои ҳамин ӯ ин корро қасдан мекардагӣ шуд. Лекин ин рафтораш ӯро нороҳат мекард. Сэмуил ҳозир мегӯяд: «Ин одат зараровар аст, зеро одамро худбин мекунад».
Сэмуил аз вебсайти jw.org мақола барои ҷавононро хонд ва дар бораи Масалҳо 20:11 мулоҳиза ронд, ки чунин гуфта шудааст: «Бача низ аз рӯйи корҳояш шинохта мешавад, ки оё рафтораш пок ва рост аст ё не». Чӣ тавр ин ёрӣ дод? Сэмуил фаҳмид, ки ин одат, на пок асту на дуруст. Ӯ мегӯяд, ки агар ҷавон ҳозир бо ҳиссиёти дигарон бозӣ кунад, дар оянда ҳамсари бад мешавад. Сэмуил илова мекунад: «Ман тасаввур кардам, ки вақте бо ҳиссиёти зани дигар бозӣ мекунам, ҳамсари ояндаам худро чӣ тавр ҳис мекунад. Ман фаҳмидам, ки ин безарар нест. Чизе, ки осон аст, на ҳама вақт дуруст аст». Сэмуил ислоҳ шуд. Ин одатро партофта ӯ худро аз бадахлоқии ҷинсӣ дур кашид.
Антониё бошад, бо хатари калонтаре дучор гашт. Ӯ ба тамошои порнография дода шуд. Гарчанд ӯ занашро хеле дӯст медошт, гаштаю баргашта порнография тамошо мекард. Ба ӯ дар бораи 1 Петрус 5:8 мулоҳиза кардан ёрдам дод. Дар он гуфта шудааст: «Ҳушёр ва бедор бошед! Душмани шумо Иблис мисли шери ғуррон гаштугузор карда, дар пайи он аст, ки касеро фурӯ барад». Антониё мегӯяд: «Дар гирду атроф тасвирҳои бадахлоқона пур аст ва он дар майнаи мо тез ҷо шуда метавонад. Ин оят ба ман ёрдам кард, ки дар бораи сарчашмаи васвасаҳо фикр кунам. Ман бояд тез ба ёд меовардам, ки ин чизҳои нафратовар аз тарафи Шайтон аст. Ҳозир ман медонам, ки барои ҳушёру бедор монданам танҳо Яҳува ба ман ёрдам карда метавонад. Ҳамин тавр ман метавонам бо чизҳое, ки ба фикр, дил ва издивоҷам зарар мерасонад, мубориза барам». Антониё ёрии лозимаро қабул кард ва оқибат ин одати бади худро партофт. Ин ёрдам дод, ки аз душвориҳои бадтар худро эмин дорад.
Дар ҳақиқат, маслиҳатҳои Китоби Муқаддас ёрдам мекунад, ки аз душвориҳои ҷиддӣ дур шавем. Лекин дар бораи душвориҳое, ки чуқур реша давондаанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Биёед бинем, ки чӣ тавр Каломи Худо ба мо ёрдам медиҳад, то чунин душвориҳои сахтро ҳал кунем.
Китоби Муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки аз баъзе душвориҳо худро дур кашем