Пешгуфтор
ОЁ ХУДО БА МО ҒАМХОРӢ МЕКУНАД?
Вақте ягон офати табиӣ рӯй медиҳад ё одамон азоб мекашанд ва аз дунё мегузаранд, шояд дар сари мо чунин савол пайдо шавад: «Наход Худо ҳамаи инро набинад?» Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст:
«Чашмони Яҳува сӯйи росткорон аст ва гӯшҳояш сӯйи илтиҷои онҳо. Рӯйи Яҳува бар зидди бадкорон аст» (1 Петрус 3:12).
Дар ин нашри «Бурҷи дидбонӣ» гап дар бораи он меравад, ки чӣ тавр Худо ҳозир дар ғаму азобҳоямон ба мо ёрӣ медиҳад ва чӣ хел ба наздикӣ онҳоро бартараф мекунад.