ХУРСАНДӢ. Хислатест, ки мо бо ёрдами Худо инкишоф дода метавонем
ОДАТАН одамон мехоҳанд, ки хурсандона зиндагӣ кунанд. Аммо дар ин «замонҳои сахт» ҳама бо озмоиш рӯ ба рӯ мешавад (2 Тим. 3:1). Аз сабаби беадолатӣ, касалӣ, бекорӣ, ғаму ғусса ё дигар ташвишу азобҳо баъзеҳо оҳиста–оҳиста хурсандиро гум мекунанд. Ҳатто хизматгорони Худо рӯҳафтода шуда, хурсандиашонро аз даст дода метавонанд. Агар шумо дар чунин ҳолат бошед, чӣ тавр хурсандиро аз нав ба даст оварда метавонед?
Пеш аз ба ин савол ҷавоб додан, мо бояд аввал фаҳмем, ки хурсандии ҳақиқӣ чист ва чӣ тавр баъзеҳо ба озмоишҳо нигоҳ накарда хурсандиро нигоҳ доштанд. Баъд мо мефаҳмем, ки чӣ тавр хурсандиро гум накунем ва ҳатто онро зиёд гардонем.
ХУРСАНДӢ ЧИСТ?
Мо бояд донем, ки хурсандӣ танҳо хандидан ё дилхуш будан нест. Масалан, баъзеҳо баъди аз ҳад зиёд нӯшидан димоғашон чоқ гашта, бисёр механданд. Лекин баъди ҳушёр шудан онҳо дигар намеханданд ва шояд боз ба ҳаёти пештараашон, ки пури ғаму азоб аст, бармегарданд. Дилхушие, ки онҳо муваққатан ҳис карданд, хурсандии ҳақиқӣ набуд (Мас. 14:13).
Баръакси дилхушии муваққатӣ, хурсандии ҳақиқӣ хислати дарунии дили одам мебошад. Ин шодиву ҳаяҷонест, ки шахс ҳангоми ба даст овардан ё интизор шудани чизи хубе ҳис мекунад. Хурсандӣ ин ҳолати хушбахтӣ ё шодмонӣ мебошад, ки новобаста аз вазъият, хоҳ он хуб бошаду хоҳ бад, боқӣ мемонад (1 Тас. 1:6). Гарчанд шахс дар бораи чизе ташвиш кашад ҳам хурсандиро дар дил нигоҳ дошта метавонад. Масалан, шогирдони Исоро барои дар бораи номи Масеҳ гап заданашон бисёр қамчинкорӣ карданд. Нигоҳ накарда ба ин онҳо «аз Шӯрои олӣ хурсанд шуда баромаданд, зеро сазовори он дониста шуданд, ки ба хотири номи Исо гирифтори беҳурматӣ» гардиданд (Аъм. 5:41). Расулон барои он хурсанд нашуданд, ки онҳоро заданд, аммо аз он хурсанд буданд, ки ба Худо содиқ монданд.
Мо бо чунин хислати хурсандӣ ба дунё намеоем ва ҳамчунин он худ ба худ пайдо намешавад. Чаро? Чунки хушбахтии ҳақиқӣ ин қисми самари рӯҳи муқаддаси Худост. Бо ёрдами рӯҳи Худо мо метавонем пурра «шахсияти навро» дар бар кунем, ки хурсандӣ қисми он мебошад (Эфс. 4:24; Ғал. 5:22). Вақте мо хурсандиро инкишоф медиҳем, душвориҳои зиндагиро паси сар кардан осонтар мешавад.
НАМУНАҲО БАРОИ ИБРАТ
Яҳува нисбати замин нияти хуб дошт, лекин мо имрӯз дар он бисёр чизҳои бадро мебинем. Вале бадкориҳои дигарон Яҳуваро аз хурсандӣ маҳрум намекунад. Дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Қувват ва шодмонӣ дар макони Ӯст» (1 Вақ. 16:27). Илова бар ин, корҳои хубе, ки хизматгорони Яҳува ба ҷо меоранд, дили Ӯро шод мегардонад (Мас. 27:11).
Мо метавонем ба намунаи Яҳува пайравӣ кунем. Агар корҳоямон мувофиқи хостамон нашавад, мо аз ҳад зиёд зиқ намешавем. Ба ҷойи хурсандиро гум кардан, хуб мешуд, ки диққати худро ба чизҳои хубе, ки ҳозир дорем, равона кунем ва ояндаи хубро пурсаброна интизор шавемa.
Дар Китоби Муқаддас намунаи бисёр одамоне оварда шудааст, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда хурсандиро нигоҳ доштанд. Иброҳим яке аз чунин шахсон мебошад. Масалан, ӯ ҳатто дар ҳолатҳое, ки ҳаёташ зери хатар буд ва дигарон ӯро ғам медоданд, хурсандиро гум намекард (Ҳас. 12:10–20; 14:8–16; 16:4, 5; 20:1–18; 21:8, 9). Дар ин кор чӣ ба ӯ ёрдам кард? Ӯ дар бораи умеди худ, оиди зиндагӣ дар дунёи нав зери роҳбарии Масеҳ, фикр мекард (Ҳас. 22:15–18; Ибр. 11:10). Исо гуфт: «Падари шумо Иброҳим дидани рӯзи маро интизор буд ва аз ин бисёр шодӣ мекард» (Юҳ. 8:56). Мо ба намунаи Иброҳим пайравӣ карда дар бораи хурсандие, ки дар пеш аст, мулоҳиза ронда метавонем (Рум. 8:21).
Ба монанди Иброҳим Павлуси расул ва ҳамсафари ӯ, Сило диққати худро ба ваъдаҳои Худо равона мекарданд. Онҳо ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда имони мустаҳкам ва хурсандиро нигоҳ доштанд. Масалан, баъд аз он ки Павлусу Силоро бераҳмона зада ба зиндон партофтанд, онҳо «нисфи шаб... дуо мегуфтанду дар васфи Худо суруд мехонданд» (Аъм. 16:23–25). Умедашон ба онҳо қувват мебахшид ва онҳо хурсанд буданд, ки ба хотири номи Масеҳ азоб кашиданд. Мо метавонем мисли Павлусу Сило ҳамеша дар хотир дорем, ки содиқона хизмат кардан ба Худо чӣ натиҷаҳои хуб меорад (Флп. 1:12–14).
Имрӯз низ бисёри бародарону хоҳароне ҳастанд, ки ба озмоишҳо нигоҳ накарда хурсандиро нигоҳ доштанд ва барои мо намунаи хубанд. Моҳи ноябри соли 2013 тӯфони азиме бо номи Ҳайан дар Филиппин хонаҳои зиёда аз 1000 оилаҳои Шоҳидони Яҳуваро вайрон кард. Ҷорҷ, ки дар шаҳри Таклобан хонааш вайрон шуд, мегӯяд: «Нигоҳ накарда ба воқеаи рӯйдода, бародарон хушбахтанд. Он хурсандиеро, ки мо ҳис мекунем баён кардан душвор аст». Агар мо бо миннатдорӣ дар бораи чизҳое, ки Яҳува бароямон кардааст, мулоҳиза ронем, хурсандиро ҳатто дар душвориҳои калон нигоҳ дошта метавонем. Яҳува барои хурсанд буданамон боз чиҳо додааст?
САБАБҲО БАРОИ ХУРСАНДӢ
Сабаби асосии хурсандиамон ин муносибати наздики мо бо Яҳува мебошад. Дар ин бора фикр кунед: Мо Ҳокими Даҳрро мешиносем. Ӯ Падари мо, Худои мо ва Дӯсти мост! (Заб. 70:17, 18).
Мо ҳамчунин атои ҳаёт ва имконияти аз он баҳра бурданро қадр мекунем (Воиз 3:12, 13). Азбаски Яҳува моро ба худ ҷалб кардааст, мо медонем, ки Ӯ нисбатамон чӣ ният дорад (Қӯл. 1:9, 10). Барои ҳамин ҳаётамон дар ҳақиқат пурмаъно аст ва мо барои зиндагӣ роҳнамоӣ дорем. Аз тарафи дигар, аксарияти одамон мақсади зиндагиро намедонанд. Ин фарқиятро Павлуси расул қайд карда навишт: «”Худо он чиро, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва ба хаёли касе наомадааст, барои дӯстдорони Худ тайёр кардааст”. Ба мо бошад, Худо онро ба воситаи рӯҳи Худ ошкор намудааст» (1 Қӯр. 2:9, 10). Магар шумо аз фаҳмидани мақсаду нияти Яҳува хурсанд нестед?
Биёед бинем, ки Яҳува барои халқи худ боз чӣ кор кард. Мо хушбахтем, ки бахшиши гуноҳҳоро ба даст оварда метавонем (1 Юҳ. 2:12). Ба туфайли раҳмдилии Худо мо умеди ҳақиқие дорем, ки дар дунёи нав зиндагӣ кунем ва он наздик аст (Рум. 12:12). Ҳатто ҳозир Яҳува ба мо дӯстоне медиҳад, ки дар якҷоягӣ Ӯро ибодат карда метавонем (Заб. 132:1). Каломи Худо ҳамчунин моро боварӣ мебахшад, ки Яҳува халқи худро аз Шайтон ва девҳояш муҳофизат мекунад (Заб. 90:11). Агар мо дар бораи ҳамаи ин баракатҳои Худо мулоҳиза кунем, хурсандии мо меафзояд (Флп. 4:4).
РОҲҲОИ ЗИЁД КАРДАНИ ХУРСАНДӢ
Оё масеҳие, ки аллакай дар дил хурсандӣ дорад, метавонад хурсандии худро зиёд кунад? Исо гуфта буд: «Ман ин суханонро ба шумо гуфтам, то шумо низ он хурсандиеро, ки ман дорам, пайдо кунед ва хурсандии шумо пурра гардад» (Юҳ. 15:11). Ин суханон нишон медиҳанд, ки хурсандии мо зиёдтар шуда метавонад. Хурсандиро ба оташ монанд кардан мумкин аст. Барои он ки оташ баландтар шавад бояд ба он ҳезум партоем. Ба ин монанд барои зиёд кардани хурсандӣ мо бояд худро аз ҷиҳати рӯҳонӣ қавӣ гардонем. Дар ёд доред: рӯҳи Худо мисли ҳезумест, ки хурсандиро зиёд мекунад. Бинобар ин агар мо аз Худо мунтазам рӯҳи муқаддас пурсем ва бо дуо оиди Каломи Ӯ, ки зери таъсири рӯҳаш навишта шудааст, мулоҳиза ронем, хурсандии мо зиёдтар мегардад (Заб. 1:1, 2; Луқ. 11:13).
Боз як роҳи зиёд кардани хурсандӣ ин дар корҳое, ки Яҳуваро хурсанд мекунанд, фаъолона иштирок кардан мебошад (Заб. 34:27; 111:1). Чаро? Зеро мо барои он офарида шудаем, ки аз Худо битарсем ва ба қонунҳои Ӯ итоат кунем, «чунки ҳама чиз барои одамизод аз ҳамин иборат аст» (Воиз 12:13). Бо суханони дигар гӯем, мо барои иҷро кардани нияти Худо вуҷуд дорем. Барои ҳамин, вақте мо ба Яҳува хизмат мекунем, аз ҳаёт қаноатмандии зиёд мегиремb.
ДОШТАНИ ХУРСАНДӢ ЧӢ НАТИҶАҲОИ ХУБ МЕОРАД?
Агар мо хурсандии ҳақиқиро инкишоф диҳем, мо на танҳо худро хушҳол ҳис мекунем, балки натиҷаҳои беҳтаре ба даст меорем. Масалан, агар нигоҳ накарда ба душвориҳо бо хурсандӣ ба Яҳува хизмат кунем, бештар ба Ӯ маъқул мегардем (Такр. Ш. 16:15; 1 Тас. 5:16–18). Ҳамчунин, агар мо дар дил хурсандии ҳақиқӣ дошта бошем, ба чизпарастӣ дода нашуда вақту қуввати бештари худро бо омодагӣ баҳри Подшоҳии Худо сарф мекунем (Мат. 13:44). Мо аз дидани натиҷаҳои хуби ин қурбониҳо, хурсандии зиёдтар ҳис мекунем ва дигаронро низ хушбахттар месозем (Аъм. 20:35; Флп. 1:3–5).
«Агар шумо ҳозир хушбахту қаноатманд бошед, эҳтимоли зиёдест, ки дар оянда саломатии хуб хоҳед дошт». Ин суханонро як мутахассиси Донишгоҳи Небраска (ИМА) баъди аз назар гузарондани тадқиқотҳо оиди саломатӣ навишта буд. Ин суханон бо гуфтаҳои Китоби Муқаддас монанд аст, ки мегӯяд: «Дили шод саломатӣ мебахшад» (Мас. 17:22). Бале, агар хурсандии шахс зиёд шавад, одатан саломатиаш низ беҳтар мегардад.
Чӣ тавре ки дидем, ҳатто дар ин замонҳои пур аз ташвиш зиндагӣ карда, мо хурсандии ҳақиқӣ ва бардавомро инкишоф дода метавонем. Барои ин ба мо рӯҳи муқаддас даркор аст, ки онро ба воситаи дуо, омӯзиш ва мулоҳиза оиди Каломи Яҳува гирифта метавонем. Ҳамчунин агар мо дар бораи баракатҳои гирифтаамон фикр ронем, ба намунаи дигарон пайравӣ кунем ва хости Худоро ба ҷо орем, хурсандиамонро зиёд карда метавонем. Ҳамин тавр рафтор карда мо бо суханони забурнавис ҳамроҳ мешавем, ки чунин аст: «Одил дар Худованд шодӣ карда, ба Ӯ паноҳ хоҳад бурд» (Заб. 63:11).
a Хислати пурсабрӣ, ки қисми дигари самари рӯҳ аст, дар яке аз маҷаллаҳои оянда муҳокима карда мешавад.
b Аз чорчӯбаи «Дигар роҳҳои зиёд кардани хурсандӣ» маслиҳатҳои иловагиро ёфта метавонед.