ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Бо Яҳува ҳама чиз имконпазир аст
«МАРГ дигар нахоҳад буд ва ҳатто мурдагон зинда мешаванд». Рӯзе занам Майрамбибӣ дар автобус шунид, ки ду зан байни худ дар ин бора сӯҳбат мекунанд. Ин хабар шавқи ӯро бедор кард ва ӯ оиди ин бисёртар фаҳмидан хост. Вақте ки автобус истод ва мусофирон фаромаданд, ӯ аз қафои зане, ки дар ин бора гап зада буд, рафт. Он зан Апун Мамбетсодиқова ном дошт ва Шоҳиди Яҳува буд. Дар он вақтҳо бо Шоҳидони Яҳува гап задан хеле хатарнок буд, лекин чизе, ки мо баъдтар аз Апун фаҳмидем, ҳаёти моро пурра тағйир дод.
АЗ СУБҲ ТО ШОМ КОР МЕКАРДЕМ
Ман соли 1937 дар Қирғизистон, наздикии шаҳри Токмок, дар колхоз ба дунё омадам. Дар хона мо бо забони қирғизӣ гап мезадем. Падару модари ман колхозчӣ буданд ва аз субҳ то шом дар колхоз кор мекарданд. Он вақт ба колхозчиён мунтазам хӯрдухӯрок медоданд, вале маошро бошад, танҳо дар як сол як бор. Модарам барои ману хоҳарчаамро таъмин кардан хеле бисёр заҳмат мекашид. Ман ҳам баъд аз синфи панҷ ба модарам ҳамроҳ шуда рӯзи дароз дар колхоз кор мекардам.
Қаторкӯҳи Тескей Ала-Тоо
Дар маҳалли мо одамон хеле камбағал буданд ва барои пеш бурдани зиндагӣ сахт меҳнат мекарданд. Ман ҳам азбаски доимо бо кор банд будам, дар бораи мақсади ҳаёт ё оянда қариб ки фикр намекардам. Ҳатто тасаввур намекардам, ки ҳақиқат дар бораи Яҳува ва нияти Ӯ то чӣ андоза ҳаёти маро тағйир медиҳад. Лекин худи он ки чи хел дар Қирғизистон одамон бо ҳақиқат шинос шуданд, таърихи шавқовар дорад. Дар аввал ҳақиқат дар зодгоҳи ман, дар шимоли Қирғизистон, паҳн шуд.
МАРДУМИ ҚИРҒИЗИСТОН ҲАҚИҚАТРО МЕФАҲМАНД
Ҳақиқат дар бораи Яҳува Худо дар Қирғизистон солҳои 1950-ум реша давонд. Аввал тарзи фикрронии одамонро дигар кардан лозим буд. Чаро? Қирғизистони ҳозира он вақт қисми Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) ба шумор мерафт. Шоҳидони Яҳува, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекарданд, дар масъалаҳои сиёсӣ бетараф мемонданд (Юҳ. 18:36). Бинобар ин онҳоро душмани давлати коммунистӣ эълон намуда, сахт таъқиб мекарданд. Бо вуҷуди он, Каломи Худо ба дили одамони самимӣ таъсири худро расонд. Барои ҳамин як дарси хеле муҳиме, ки ман дар давоми ҳаётам омӯхтам, чунин аст: бо Яҳува «ҳама чиз имконпазир аст» (Марқ. 10:27).
Эмил Янсен
Таъқиботи Шоҳидони Яҳува ба он оварда расонд, ки шумораи онҳо дар Қирғизистон зиёд шуд. Чӣ тавр? Яке аз минтақаҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Сибир ба шумор мерафт. Ба он ҷо одатан одамонеро бадарға мекарданд, ки хоини давлат эълон мешуданд. Бисёри ин бадарғашудагон баъд аз озод шудан ба Қирғизистон омаданд. Дар байни онҳо шахсоне буданд, ки бо худ ҳақиқатро оварданд. Яке аз ин бадарғашудагон Эмил Янсен буд, ки соли 1919 дар Қирғизистон ба дунё омадааст. Ӯро ба лагери меҳнатӣ фиристода буданд ва дар он ҷо ӯ бо Шоҳидони Яҳува шинос шуд. Эмил ҳақиқатро қабул кард ва соли 1956 ба Қирғизистон баргашт. Ӯ дар наздикии Сокулук, дар вилояте, ки ман зиндагӣ мекардам, сокин шуд. Маҳз дар он ҷо аввалин бор, соли 1958 ҷамъомади Шоҳидони Яҳува ташкил шуд.
Виктор Винтер
Тахминан баъд аз як сол шоҳиде бо номи Виктор Винтер ба Сокулук кӯчида омад. Ин бародари содиқ чандин маротиба бо душвориҳои сахт рӯ ба рӯ шуда буд. Барои нигоҳ доштани мавқеи бетарафӣ ӯро ду бор ба мӯҳлати 3 солӣ аз озодӣ маҳрум карданд. Баъдтар ӯ боз 10 сол ба ҳабс гирифта шуд ва 5 соли дигар бадарға гашт. Лекин ба таъқиботҳо нигоҳ накарда, ҳақиқат торафт паҳн мешуд.
ҲАҚИҚАТ БА ШАҲРИ МАН МЕРАСАД
Эдуард Вартер
Соли 1963 шумораи Шоҳидони Яҳува дар Қирғизистон тақрибан ба 160 нафар мерасид. Бисёри онҳо аз Олмон, Украина ва Русия буданд. Якеашон бародар Эдуард Вартер буд, ки соли 1924 дар Олмон таъмид гирифтааст. Ӯро фашистон соли 1940 ба лагери консентратсионӣ фиристоданд ва баъд аз чанд соли дигар бошад, коммунистони Иттиҳоди Шӯравӣ ӯро ба Воркута бадарға карданд. Бо гузашти вақт, соли 1961 ин бародари содиқ ба шаҳри Кант, ки дар наздикии маҳалли ман ҷойгир аст, кӯчид.
Элизавета Фот; Аксамай Султоналиева
Инчунин дар шаҳри Кант як хизматгори содиқи Яҳува бо номи Элизавета Фот зиндагӣ мекард. Ӯ дӯзанда буд ва аз ин ҳисоб худро таъмин менамуд. Азбаски ӯ дӯзандаи моҳир буд, ба назди ӯ шахсони боихтисос, ба монанди духтурон ва муаллимон барои дӯзондани либос меомаданд. Яке аз мизоҷони ӯ Аксамай Султоналиева ном дошт. Ӯ зани корманди прокуратураи давлатӣ буд. Вақте ки ӯ ба назди Элизавета меомад, дар бораи мазмуни ҳаёт ва ҳолати мурдагон саволҳои бисёре медод ва ба саволҳояш аз Китоби Муқаддас ҷавоб мегирифт. Бо мурури вақт ин зан воизи боғайрате шуд ва хабари хушро ба дигарон нақл мекард.
Николай Чимпоеш
Тақрибан дар ин вақт бародар Николай Чимпоеш, ки аз Молдавия буд, ба Қирғизистон нозири ноҳиявӣ таъйин шуд. Ӯ дар ин таъйиноташ қариб 30 сол хизмат кард. Ӯ на танҳо ҷамъомадҳоро назорат мекард, балки кори нусхабардорӣ ва паҳн кардани адабиётамонро ташкил дод. Дар натиҷа кормандони давлат аз фаъолияти ӯ хабардор шуданд. Барои ҳамин бародар Эдуард Вартер ӯро дилбардорӣ карда маслиҳат дод: «Агар аз ту дар бораи адабиётамон ягон чиз пурсанд, ба онҳо рӯирост гӯй, ки мо адабиётро аз идораи марказӣ, аз Бруклин, мегирем. Дар вақти гап задан ту ба чашмони агенти КГБ нигоҳ кун ва аз ҳеҷ чиз натарс» (Мат. 10:19).
Дере нагузашта Николайро ба КГБ-и шаҳри Кант ҷеғ заданд. Ӯ мегӯяд: «Корманди КГБ пурсид, ки мо адабиётамонро аз куҷо мегирем. Ман ҷавоб дода гуфтам, ки аз Бруклин. Ӯ чӣ гуфтанашро надонист ва маро ҷавоб дод. Баъд аз ин дигар ҳеҷ гоҳ маро ба КГБ ҷеғ назаданд». Хизматгорони далер ба монанди Николай хушхабарро эҳтиёткорона дар маҳалли ман, Қирғизистони шимолӣ, паҳн карданро давом медоданд. Дар оилаи мо якум шуда соли 1981 занам Майрамбибӣ ҳақиқатро дар бораи Яҳува шунида буд.
ЗАНАМ ҲАҚИҚАТРО ҚАБУЛ МЕКУНАД
Занам Майрамбибӣ аз вилояти Норини Қирғизистон аст. Ман бори аввал ӯро дар хонаи хоҳарам дидам, ки ӯ он ҷо ба меҳмонӣ омада буд. Ин моҳи августи соли 1974 буд. Ман ба ӯ дарҳол ошиқ шудам ва мо худи ҳамон рӯз оиладор шудем.
Апун Мамбетсодиқова
Моҳи январи соли 1981, вақте ки Майрамбибӣ ба бозор мерафт, дар автобус суханонеро, ки дар аввали мақола омадаанд, шунида буд. Ин хабар шавқи ӯро бедор кард ва ӯ дар ин бора бисёртар фаҳмидан хост. Барои ҳамин Майрамбибӣ назди он зан рафта ном ва суроғаашро пурсид. Вай танҳо гуфт, ки номаш Апун аст, чунки ҳатто солҳои 1980-ум фаъолияти Шоҳидони Яҳува манъ буд. Ба ҷойи гуфтани суроғаи худ, Апун суроғаи моро аз занам гирифт. Вақте Майрамбибӣ ба хона баргашт, ӯ дар ҳаяҷон буд.
«Ман як чизи аҷоибро шунидам,— гуфт ӯ,— Як зан нақл кард, ки ба наздикӣ одамон дигар намемиранд. Ҳатто ҳайвонҳои ваҳшӣ мисли ҳайвонҳои хонагӣ ром мешаванд». Ба ман ин мисли як афсона метофт. Барои ҳамин ман ба ӯ гуфтам, ки он занро интизор шавем ва дар бораи ин мавзӯъ аниқтар фаҳмем.
Апун баъд аз се моҳ ба хонаи мо омад. Баъд аз Апун моро хоҳароне, ки аз аввалин шоҳидони қирғиз буданд, хабар мегирифтанд. Ин хоҳарон моро бо Яҳува ва мақсади Ӯ нисбати одамизод шинос карданд. Онҳо бо мо китоби «Аз биҳишти гумшуда то биҳишти барқароршуда»-ро мехондандa. Аз сабаби он ки дар Токмок аз ин китоб танҳо як дона буд, мо матни онро барои худ ба дафтаре кӯчондем.
Яке аз аввалин мавзӯъҳое, ки мо омӯхтем дар бораи пешгӯйии Ҳастӣ 3:15 буд. Пешгӯйии зерин тавассути Исо, ки Худо ӯро Подшоҳ таъйин кардааст, амалӣ мегардад. Дар бораи ин хабар бояд ҳар як одам донад! Мо фаҳмидем, ки бояд дар кори мавъиза иштирок кунем (Мат. 24:14). Дере нагузашта ҳақиқати Китоби Муқаддас ҳаёти моро тағйир дод.
ВОХӮРИҲО ВА ТАЪМИД ДАР ВАЗЪИЯТИ ДУШВОР
Рӯзе як бародар ману занамро ба тӯй, ки дар Токмок бояд мегузашт, даъват кард. Дар ин базм мо пай бурдем, ки рафтори Шоҳидони Яҳува аз дигарон сахт фарқ мекунад. Масалан, дар рӯйи дастархон нӯшокиҳои спиртӣ дида намешуд ва худи чорабинӣ аз рӯйи тартиб гузашт. Ин аз тӯйҳое, ки мо иштирок карда будем, фарқияти калон дошт. Дар он тӯйҳо меҳмонон одатан маст мешуданд, рафтори бад мекарданд ва гапҳои ҳақоратомез мезаданд.
Инчунин мо дар якчанд вохӯриҳои ҷамъомади Токмок иштирок карда будем. Дар вақти хуб будани ҳаво ин вохӯриҳо дар ҷангал мегузаштанд. Бародарон ва хоҳарон медонистанд, ки онҳоро кормандони милиса назорат мекунанд. Барои ҳамин бародарон дар вақти вохӯрӣ посбон мемонданд. Дар фасли зимистон бошад, мо дар хонаҳо ҷамъ мешудем. Якчанд маротиба кормандони милиса ба хона омада аз мо талаб карданд, то сабаби ҷамъшавиамонро ба онҳо гӯем. Инчунин вақте ки ман ва Майрамбибӣ соли 1982 дар дарёи Чуй таъмид гирифтем, мо бояд эҳтиёткорона амал мекардем (Мат. 10:16). Он рӯз бародарон гурӯҳҳои хурде ташкил дода дар ҷангал ҷамъ омаданд. Мо аввал суруди Салтанатро хондем, баъд нутқро, ки барои таъмид тайёр шуда буд, гӯш кардем.
ИМКОНИЯТИ БИСЁРТАР ХИЗМАТ КАРДАНРО ИСТИФОДА МЕБАРЕМ
Соли 1987 як бародар аз ман хоҳиш кард, то шавқмандеро ки дар шаҳри Балиқчӣ зиндагӣ мекард, хабар гирам. Барои ба он ҷо расидан ба мо чор соат бо қатора рафтан лозим буд. Якчанд маротиба ба Балиқчӣ сафар карда мо пай бурдем, ки дар он минтақа одамон ба ҳақиқат шавқи зиёд доранд. Ин имконияти хубе буд, то дар минтақаи дурдаст бисёртар хизмат кунем.
Ману Майрамбибӣ ба Балиқчӣ бисёр сафар мекардем. Аксари рӯзҳои истироҳат мо дар он ҷо монда хизмат мекардем ва вохӯриҳои ҷамъомадро мегузарондем. Ба сокинони он ҷо китобу маҷаллаҳои мо хеле маъқул буд ва мо адабиёти бисёрро паҳн мекардем. Мо аз Токмок адабиётро дар халтаҳои картошка андохта бо худ меовардем. Ду халта пур аз адабиёт дар як моҳ қариб ки камӣ мекард. Ҳангоми дар қатора будан низ мо ба мусофирон мавъиза мекардем.
Соли 1995, баъд аз ҳашт соли хизматамон дар Балиқчӣ, якумин ҷамъомад ташкил карда шуд. Cолҳое, ки мо аз Токмок ба Балиқчӣ мерафтем, маблағи зиёд сарф мешуд, лекин мо пули кофӣ надоштем. Пас, чӣ тавр мо дар он ҷо муддати дароз хизмат карда тавонистем? Бародаре барои камии моро пур кардан, мунтазам кӯмаки пулӣ мекард. Яҳува медид, ки мо хоҳиши дар он ҷо хизмат карданро доштем, барои ҳамин Ӯ «равзанҳои осмонро» ба мо кушод (Мал. 3:10). Бешубҳа, бо Яҳува ҳама чиз имконпазир аст!
БО КОРИ МАВЪИЗА ВА ТАРБИЯИ ОИЛА МАШҒУЛЕМ
Соли 1992 маро пири ҷамъомад таъйин карданд, ки аз байни қирғиззабонон аввалин пир ҳисоб меёфтам. Дар ҷамъомади шаҳри Токмок барои хизмат имкониятҳои бисёр пайдо шуданд. Мо бо бисёр донишҷӯёни техникум омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондем. Яке аз онҳо ҳозир дар Байт-Ил хизмат мекунад ва дутои дигараш пешрави махсус мебошад. Мо ҳамчунин кӯшиш мекардем, то касонеро, ки ба ҷамъомад меомаданд, дастгирӣ кунем. Дар аввали солҳои 1990-ум ҳамаи адабиётҳо ва ҷамъомадҳо бо забони русӣ буданд. Аммо шумораи шахсони қирғиззабон дар ҷамъомадҳо торафт зиёд мешуд. Бинобар ин ман дар ҷамъомад тамоми вохӯриро ба забони қирғизӣ тарҷума мекардам, то ки одамон ҳақиқатро бо омодагӣ қабул кунанд.
Бо занам ва ҳашт фарзандамон, соли 1989
Ману Майрамбибӣ ҳамчунин бо таълиму тарбияи оилаамон, ки торафт калон мешуд, банд будем. Мо фарзандонамонро бо худ ба мавъиза ва ба ҷамъомад мегирифтем. Духтарамон Гулсара, нигоҳ накарда ба он ки ӯ 12 сола буд, бо одамони роҳгузар дар бораи Китоби Муқаддас гап зада хурсандӣ мегирифт. Фарзандони мо аз ёд кардани оятҳои Китоби Муқаддасро хеле дӯст медоштанд. Ҳамин тавр фарзандонамон ва баъдтар наберагонамон бо корҳои ҷамъомад машғул шуданд. Аз 9 фарзанд ва 11 набераи мо 16 кас ба Яҳува хизмат мекунанд ё бо волидонашон мунтазам ба вохӯриҳо меоянд.
ТАҒЙИРОТҲОИ ҲАЙРАТОВАР
Агар он бародарон ва хоҳарони азиз, ки солҳои 1950-ум дар минтақаи мо кори мавъизаро сар карда буданд, дигаргуниҳои имрӯзаро медиданд, ба ҳайрат меомаданд. Масалан, мо хеле хурсандем, ки аз солҳои 1990-ум озодона мавъиза мекунем ва бо гурӯҳҳои калон ҷамъ мешавем.
Бо занам дар мавъиза
Соли 1991 ману Майрамбибӣ якумин бор ба анҷуман, ба шаҳри Алма-Атои Қазоқистон рафта будем. Соли 1993 бародарон дар стадиони Спартак, ки дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷойгир аст, бори аввал анҷуман ташкил карданд. Воизон барои омода кардани стадион як ҳафта бо корҳои рӯбучин машғул буданд. Директори ин стадион чунон ба ҳайрат омад, ки ба бародарон иҷозат дод, то стадионро бепул истифода баранд.
Соли 1994 мо боз шоҳиди як тағйироти муҳим шудем. Дар ин сол мо якумин бор адабиёти ташкилотамонро ба забони қирғизӣ гирифтем. Ҳозир бошад, адабиётро тарҷумонон дар Байт-Ил мунтазам ба забони қирғизӣ тарҷума мекунанд. Фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар Қирғизистон танҳо соли 1998 аз тарафи давлат ба қайд гирифта шуд. Шумораи воизон торафт меафзуд ва имрӯз ба зиёда аз 5000 нафар расидааст. Ҳоло дар Қирғизистон ҳамагӣ 83 ҷамъомад ва 25 гурӯҳ бо забонҳои хитойӣ, англисӣ, қирғизӣ, русӣ, русии имову ишора, туркӣ, уйғурӣ ва ӯзбекӣ вуҷуд дорад. Ҳамаи ин бародарон ва хоҳарон аз ҳар миллату нажод бошанд ҳам, дар ягонагӣ ба Яҳува хизмат мекунанд. Бешубҳа, ҳамаи ин тағйиротҳои ҳайратоварро Яҳува имконпазир кард.
Яҳува ҳаёти маро низ тағйир дод. Ман дар оилаи колхозчӣ ба воя расидам ва дар мактаб фақат то синфи панҷ хондаам. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда Яҳува роҳ дод, ки ман чун пири ҷамъомад хизмат кунам ва бо одамоне, ки саводашон аз ман зиёдтар буд, омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронам. Ҳақиқатан, Яҳува ҳар чиро ки ба назар ғайриимкон метобад, амалӣ мегардонад. Таҷрибае, ки тӯли солҳои дароз пайдо кардаам, маро бармеангезад, то содиқона дар бораи Яҳува мавъиза кунам, чунки бо Ӯ «ҳама чиз имконпазир аст» (Мат. 19:26).
a Аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шуда буд, вале ҳоло чоп намешавад.