ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp19 № 3 саҳ. 14-15
  • Имрӯз низ хушбахт будан имконпазир аст

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Имрӯз низ хушбахт будан имконпазир аст
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • СИРРИ ҚАНОАТМАНДӢ
  • БА БЕМОРӢ ТОБ ОРЕД
  • ПОЙДОР КАРДАНИ ИЗДИВОҶ
  • Ду калид барои дастёбӣ бар издивоҷи бардавом
    Сирри хушбахтии оила
  • Оё решаи ҳар гуна бадиҳо пул аст?
    Ба саволҳои худ аз Китоби Муқаддас ҷавоб ёбед
  • Сирри қаноатмандӣ
    Бедор шавед!—2021
  • Хушбахтии оила. Қисми 1
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
wp19 № 3 саҳ. 14-15
Олиме, ки расмаш дар мақолаи пеш оварда шуд, бо ҳамсараш хӯрок пухта истодааст

Имрӯз низ хушбахт будан имконпазир аст

МОРО ояндаи дурахшоне интизор аст, зеро рӯзе фаро мерасад, ки дигар касе бемор намешавад, пир намегардад ва намемирад. Имрӯз бошад, ҳаёт пур аз ранҷу азоб ва душворист. Оё чизе имрӯз ҳаёти моро беҳтар карда метавонад? Маслиҳатҳои Китоби Муқаддас аллакай аз ҳоло ҳаёти моро хурсанду пурмазмун мегардонанд. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем.

СИРРИ ҚАНОАТМАНДӢ

Китоби Муқаддас мегӯяд: «Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед ва бо он чӣ доред, қаноат кунед» (Ибриён 13:5).

Ҷаҳони имрӯза ба мо харидани молҳои беҳисоб ва хизматрасониҳои гуногунро пешкаш мекунад. Вале Каломи Худо бошад, мегӯяд, ки мо «бо он чӣ» дорем, қаноат карда метавонем. Чӣ тавр?

«Аз пулпарастӣ дурӣ ҷӯед». Баъзе одамон аз барои пул шуда тайёранд аз баҳри саломатӣ, оила, дӯстон, ахлоқи нек ва ҳатто нангу номуси худ бароянд (1 Тимотиюс 6:10). Чӣ нархи гароне! Одами пулпараст ҳеҷ гоҳ аз пул сер намешавад (Воиз 5:10).

Қадру қимати одамон аз пулу мол болотар аст. Умуман, чизҳои моддӣ ба андозае манфиат меоранд. Лекин чизу чора моро дӯст дошта наметавонад ё ба қадри мо намерасад; танҳо одам инро карда метавонад. Ҳаёти моро дӯсти ҳақиқӣ бою пурмазмун мегардонад, на чизу чора (Масалҳо 17:17).

АГАР МУВОФИҚИ МАСЛИҲАТҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС АМАЛ КУНЕМ, АЛЛАКАЙ ИМРӮЗ ҲАЁТИ МО БЕҲТАР МЕГАРДАД

БА БЕМОРӢ ТОБ ОРЕД

Китоби Муқаддас мегӯяд: «Дили шод саломатӣ мебахшад, вале рӯҳи ғамгин иликро хушк мекунад» (Масалҳо 17:22).

Хурсандӣ мисли дору барои тоб овардан ба беморӣ кӯмак мекунад. Вале ҳангоми аз беморие азоб кашидан чӣ тавр мо хурсандиро нигоҳ дошта метавонем?

Миннатдор бошед. Агар мо фақат дар бораи душвории худ фикр кардан гирем, ҳама чиз ба назарамон бад метобад (Масалҳо 15:15). Каломи Худо мегӯяд, ки «шукргузор бошед» (Қӯлассиён 3:15). Ҳатто барои чизҳои ночиз шукр карданро ёд гиред. Масалан, тамошои ғуруби зебои офтоб, шамолаки форам, табассуми шахси наздик ҳаёти моро рангин карда метавонад.

Дар ҳаққи дигарон ғамхорӣ кунед. Ҳатто саломатиамон хуб набошад ҳам, дигаронро аз ягон ҷиҳат дастгирӣ карда мо худро беҳтар ҳис карда метавонем, зеро «додан назар ба гирифтан хушбахтии бештар меорад» (Аъмол 20:35). Вақте дигарон барои кори хубамон миннатдорӣ баён мекунанд, мо қаноатмандӣ ҳис мекунем ва дар бораи душвории худ аз ҳад зиёд фикр намекунем. Хулоса, ба дигарон дасти ёрӣ дароз кардан ҳаёти худи моро беҳтар карда метавонад.

ПОЙДОР КАРДАНИ ИЗДИВОҶ

Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бифаҳмед, ки кадом чизҳо муҳимтаранд» (Филиппиён 1:10).

Агар ҳамсарон бо якдигар кам вақт гузаронанд, муносибати онҳо оҳиста-оҳиста хунук шуданаш мумкин аст. Аз ин рӯ занону шавҳарон издивоҷашонро бояд дар ҳаёти худ яке аз чизҳои муҳимтарин ҳисобанд.

Якҷоя бо коре машғул шавед. Фикр накунед, кай вақт шавад, баъд кореро якҷоя мекунед. Беҳтараш, инро пешакӣ ба нақша гиред. «Ду нафар аз як нафар беҳтаранд»,— мегӯяд Каломи Худо (Воиз 4:9). Масалан, шумо якҷоя метавонед ягон хӯрок пазед, машқи ҷисмонӣ кунед, як пиёла чой гирифта чақ-чақ кунед, дар боғатон кор кунед ё бо ягон кори дӯстдоштаатон машғул шавед.

Муҳаббати худро ба ҳамсаратон изҳор кунед. Китоби Муқаддас ҳамсаронро бармеангезад, ки якдигарро дӯст доранд ва ҳурмат кунанд (Эфсӯсиён 5:28, 33). Як табассуму оғӯши гарм ва тӯҳфаи хурдакак метавонад издивоҷро мустаҳкам кунад. Албатта, ҳамсарон бояд танҳо бо ҳамдигар муносибати маҳрамона дошта бошанд (Ибриён 13:4).

«НИҲОЯТ, МАН МАЪНОИ ҲАЁТРО ЁФТАМ!»

Нақл кард: Рёко Миямото аз Ҷопон

Ҳар рӯз зиндагӣ барои мо вазнин буд. Шавҳари маро аз сабаби арақхӯриаш ҳеҷ кас ба кор гирифтан намехост. Ӯ чор фарзандамонро таъмин намекард. Ман сахт меҳнат мекардам, вале ба назар чунин метофт, ки ин шаби сиёҳ ҳеҷ сафед намешавад. Ман фикр мекардам, ки тақдирам чунин будааст ё Худо маро барои гуноҳҳои, ки дар дигар ҳаёт содир карда будам, ҷазо дода истодааст.

Сипас, рӯзе як Шоҳиди Яҳува ба хона омад. Он зан табассуми латифе дошт ва ба ман бо шавқу завқ дар бораи Подшоҳии Худо ва ҳаёти ҷовидона нақл кард. Ӯ ба ман омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод намуд. Дере нагузашта фаҳмидам, ки Худо вуҷуд доштааст ва Ӯ хирадманд, боадолат ва меҳрубон аст. Боз ман фаҳмидам, ки баъди мурдан бо одам чӣ мешавад ва ранҷу азобро Худо дар тақдир наменависад.

Аз ҳама муҳимаш, ман дарк кардам, ки танҳо муносибати наздик доштан бо Худо ба мо хушбахтии ҳақиқӣ меорад. Омӯхтани ҳақиқати Китоби Муқаддас ба ман хурсандиву рӯҳбаландӣ, озодӣ ва таровати зиёд бахшид. Ниҳоят, ман маънои ҳаётро ёфтам!

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан