ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w19 январ саҳ. 31
  • Аъзои нави Ҳайати Роҳбарикунанда

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Аъзои нави Ҳайати Роҳбарикунанда
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Маводи монанд
  • Аъзои нави Ҳайати роҳбарикунанда
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Ду узви нави Ҳайати роҳбарикунанда
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2024
  • Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува чӣ гуна ҳайат аст?
    Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд
  • Байт-Ил чист?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
w19 январ саҳ. 31
Кеннет ва Ҷейми Кук

Кеннет Кук бо ҳамсараш Ҷейми

Аъзои нави Ҳайати Роҳбарикунанда

САҲАРИИ рӯзи чоршанбе, санаи 24-уми январи соли 2018, дар Байт-Или Иёлоти Муттаҳида ва Канада эълон карда шуд, ки ба Ҳайати роҳбарикунандаи Шоҳидони Яҳува як аъзои нав ҳамроҳ карда шуд. Ин бародар Кеннет Кук мебошад. Ҳама байтилчиён аз шунидани ин хабар шод гаштанд.

Бародар Кук дар иёлоти Пенсилванияи Амрико таваллуд шуда, ба воя расидааст. Ӯ ҳақиқатро аз ҳамсинфаш пеш аз хатм намудани мактаб фаҳмидаасту 7-уми июни соли 1980 таъмид гирифтааст. Бародар 1-уми сентябри соли 1982 пешрави доимӣ шуда хизмати пурравақтро сар кардааст. Баъд аз он ки ду сол чун пешрав хизмат кард, ӯро ба Байт-Ил даъват карданд. Ӯ 12-уми октябри соли 1984 хизматашро дар Байт-Или Уолкил (Ню-Йорк) сар кард.

Сипас, дар давоми 25 сол бародар Кук дар бинои Байт-Ил ва дар шӯъбаи чопкунӣ вазифаҳои гуногунро иҷро мекард. Соли 1996 бародар Кук бо Ҷейми ном хоҳар оиладор шуд, ки ӯ ҳам дар хизмати Байт-Ил, дар Уолкил ба шавҳараш ҳамроҳ шуд. Моҳи декабри соли 2009 бародар ва хоҳар Кук дар Маркази таълимии Паттерсон (Ню-Йорк) кӯчиданд, ки дар он ҷо бародарро барои ҳамкорӣ бо Шӯъбаи қабул ва ирсоли мактубҳо аз хонандагон таъйин карданд. Апрели соли 2016 баъди ташрифи кӯтоҳ ба бинои Уолкил, бародар ва хоҳар Кук ба Бруклин (Ню-Йорк) кӯчиданд. Панҷ моҳ пас бошад, онҳоро ба бинои нави Идораи Марказӣ, ба Уорвик (Ню-Йорк) кӯчониданд. Моҳи январи соли 2017 бародар Кук ёрдамчии Кумитаи нависандагии Ҳайати роҳбарикунанда таъйин карда шуд.

Айни замон Ҳайати роҳбарикунанда аз ҳашт бародарони тадҳиншуда иборат аст:

К. Кук, С. Хёрд, Ҷ. Ҷексон, С. Летт, Г. Лёш, Э. Моррис, М. Сандерсон, Д. Сплейн

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан