ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w19 июн саҳ. 8-13
  • Ҳар чизеро, ки зидди дониши Худо аст, рад кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҳар чизеро, ки зидди дониши Худо аст, рад кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • «АҚЛИ ХУДРО НАВ» СОЗЕД
  • «ТАРЗИ ФИКРРОНИИ ХУДРО НАВ СОЗЕД»
  • ТАРЗИ ФИКРРОНИИ ХУДРО ЧӢ ТАВР ДИГАР КУНЕМ?
  • «ДАР ИМОН УСТУВОР ШАВЕД»
  • Оё шумо дигаргун шуда истодаед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Оё Китоби Муқаддас то ҳол ҳаётатонро дигаргун месозад?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2016
  • Фикрронии шуморо кӣ шакл медиҳад?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • «Фикрронии худро дигаргун кунед»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
w19 июн саҳ. 8-13

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 24

Ҳар чизеро, ки зидди дониши Худо аст, рад кунед

«Мо андешаронӣ ва ҳар гуна ҳавобаландиеро, ки бар зидди дониши Худо бармехезад, вайрон месозем» (2 ҚӮР. 10:5).

СУРУДИ 18 Муҳаббати садоқатмандонаи Худо

ПЕШГУФТОРa

1. Павлус ба масеҳиёни тадҳиншуда чӣ гуна огоҳии ҷиддӣ дод?

«ДИГАР худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл насозед, балки ақли худро нав карда, дигаргун шавед» (Рум. 12:2). Павлус ин суханонро ба масеҳиёни асри як навишт. Он мардону занон ҳаёташонро ба Худо бахшида бо рӯҳи муқаддас тадҳин ёфта буданд. Пас, чаро Павлус ба онҳо рӯирост чунин маслиҳати ҷиддӣ дод? (Рум. 1:7).

2, 3. Чӣ тавр Шайтон мекӯшад, ки моро аз Яҳува дур созад? Вале чӣ хел мо фикру андешаҳои нодурустро решакан карда метавонем?

2 Павлус хавотир буд, зеро баъзе масеҳиён аз афташ ба андешарониҳои нодуруст ва таъсири фалсафаи ҷаҳони Шайтон дода шуда буданд (Эфс. 4:17–19). Ин бо ҳамаи мо низ рӯй дода метавонад. Шайтон, ки худои ин ҷаҳон аст, бо тамоми қувваташ мекӯшад, моро аз Яҳува дур созад. Ӯ барои ин ҳиллаву найрангҳои гуногунро ба кор мебарад. Масалан, агар ӯ дар мо майли машҳур ва номдор шуданро пай барад, вай онро чун дом ба нишон мегирад. Барои вайрон кардани тарзи фикррониамон вай ҳатто воқеаҳои ҳаёти гузаштаи мо, маданият ва донишу саводамонро бар зидди мо истифода мебарад.

3 Оё фикру андешаҳои нодурустеро, ки дар ақли мо «мустаҳкам» ҷой шудаанд, решакан кардан мумкин аст? (2 Қӯр. 10:4). Аҳамият диҳед, ки Павлус чӣ гуфт: «Мо андешаронӣ ва ҳар гуна ҳавобаландиеро, ки бар зидди дониши Худо бармехезад, вайрон месозем ва ҳар гуна фикрро ба асирӣ мегирем, то онро ба Масеҳ тобеъ созем» (2 Қӯр. 10:5). Бале, бо ёрдами Яҳува мо метавонем, рӯҳияву фикрронии нодурустро аз худ дур созем. Чи хеле ки дору бадани заҳролудшударо тоза мекунад, ба ин монанд Каломи Худо қодир аст, ки ақлу фикри моро аз таъсироти заҳрноки ҷаҳони Шайтон тоза кунад.

«АҚЛИ ХУДРО НАВ» СОЗЕД

4. Бисёр Шоҳидони Яҳува баъд аз фаҳмидани ҳақиқат чӣ кор карданд?

4 Вақте шумо бори аввал ҳақиқати Каломи Худоро фаҳмидед, шояд дарк намудед, ки барои хизматгори Яҳува шудан, бояд ба ҳаётатон баъзе дигаргуниҳо дароред. Ба бисёре аз мо лозим буд, ки аз кору рафтори бад даст кашем (1 Қӯр. 6:9–11). Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки барои ислоҳ шудан ба мо кӯмак кард.

5. Мувофиқи Румиён 12:2 мо бояд кадом ду қадамро гузорем?

5 Вале мо набояд фикр кунем, ки аллакай ҳаматарафа ислоҳ шудаем. Ҳатто агар гуноҳҳои ҷиддии пештараамонро бас карда бошем ҳам, мо бояд эҳтиёт шавем, то ба васваса дода шуда аз нав ба он корҳо барнагардем. Барои ин бояд чӣ кор кунем? Павлус гуфт: «Дигар худро ба одамони ин ҷаҳон ҳамшакл насозед, балки ақли худро нав карда, дигаргун шавед» (Рум. 12:2). Аз рӯйи гуфти ӯ гузоштани ду қадам дар талаб аст. Якум, мо набояд гузорем, ки ин ҷаҳон фикрронии моро шакл диҳад. Ва дуюм, мо бояд «ақли худро нав карда» одами дигар шавем.

Дигаргуншавӣ дар сурат ё дар сират?

Ҷавоне бо риши ногирифта ва мӯйи шона накарда сурати худро дошта истодааст, ки дар он сару рӯяш ботартиб, тозаю озода ва куртаву галстук ба бар кардааст

Калимаи юноние, ки дар Румиён 12:2 чун «дигаргун» тарҷума шудааст, маънои дигаргуншавии куллиро дорад. Инро дар мисоли кирмаке, ки ба шапарак табдил меёбад, дидан мумкин аст. Дигаргуншавӣ маънои онро дорад, ки мо сират, яъне ботин ва феълу атвори худро дигар мекунем. Баръакси ин, калимаи юноние, ки дар 2 Қӯринтиён 11:13–15 «вонамуд» тарҷума шудааст, танҳо ба дигаршавии рӯякӣ ишора мекунад. «Вонамуд кардан» маънои онро дорад, ки шахс худро фақат дар сурат, яъне зоҳиран дигар хел нишон медиҳаду дар асл бошад, чунин нест.

6. Аз суханони Исо, ки дар Матто 12:43–45 оварда шудаанд, мо чӣ меомӯзем?

6 Ба «одамони ин ҷаҳон ҳамшакл» набудан, маънои онро надорад, ки мо танҳо зоҳиран аз онҳо фарқ кунем. Мо бояд аз ҳама ҷиҳат дигар шавем. (Ба чорчӯбаи «Дигаргуншавӣ дар сурат ё дар сират?» нигаред.) Ба мо лозим аст, ки ақли худро пурра нав созем, яъне рӯҳия, ҳиссиёт ва майлу хоҳишҳоямонро дигар кунем. Пас ҳар яки мо метавонем ба худ чунин савол диҳем: «Оё барои Шоҳиди Яҳува шудан ман танҳо рӯякӣ дигар шудаам ё ботинамро низ тағйир додаам?» Зеро ботинан нав шудан хеле муҳим аст. Исои Масеҳ дар Матто 12:43–45 чӣ кор карданамонро гуфтааст. (Оятҳоро хонед.) Аз ин суханон мо як чизи муҳимро меомӯзем: Танҳо аз худ дур кардани фикрҳои нодуруст кифоя нест, мо бояд ҷойи онҳоро бо фикрҳои ба Худо писанд пур кунем.

«ТАРЗИ ФИКРРОНИИ ХУДРО НАВ СОЗЕД»

7. Ақлу дили худро дигар кардан чӣ маъно дорад?

7 Оё майлҳои ниҳонӣ, яъне ботини худро дигар кардан имконпазир аст? Каломи Худо ҷавоб медиҳад: «Тарзи фикрронии худро нав созед ва шахсияти навро дар бар кунед, ки он мувофиқи хости Худо дар росткорӣ ва садоқатмандии ҳақиқӣ офарида шудааст» (Эфс. 4:23, 24). Маълум ки дигаршавӣ имконпазир аст, лекин ин кори осон не. Кифоя нест, ки мо бо хоҳишҳои нодуруст мубориза бурда, кардани корҳои бадро бас кунем. Балки мо бояд «тарзи фикрронии худро» низ нав созем. Ин маънои онро дорад, ки мо хоҳишҳо, майлҳо ва ниятҳои худро дигар кунем. Ин амали давомнок аст.

8, 9. Чӣ тавр мисоли як бародар нишон медиҳад, ки мо бояд ботинан дигар шавем?

8 Биёед мисоли як бародарро дида бароем. Пеш ӯ аз ҳад зиёд арақ менӯшид ва бо одамон ҷанг мекард. Баъди фаҳмидани ҳақиқат вай аз ин корҳо даст кашида, дар натиҷа таъмид гирифт. Ӯ рафторашро дигар карда ба одамони маҳаллаш шаҳодати хуб дод. Вале чанде пас аз таъмидаш, як бегоҳ ӯ бо озмоиши ногаҳоние дучор шуд. Ба хонаи ӯ як марди маст омада бо ӯ ҷанҷол бардошт. Дар аввал бародари мо аз ҷанг худдорӣ кард. Вале вақте ки он мард номи Яҳуваро дашном дод, бародар дигар ғазабашро дошта натавониста ӯро зад. Барои чӣ? Ҳарчанд бо ёрии омӯзиши Китоби Муқаддас ӯ майли зӯровариро дар худ пахш мекард, вале тарзи фикрронии ӯ ҳоло дигар нашуда буд. Бо суханони дигар гӯем, ӯ ботинан дигар нашуда буд.

9 Лекин ин бародар таслим нашуд (Мас. 24:16). Бо кӯмаки пирон ӯ пешравӣ карданро давом дод ва дар охир худаш низ пири ҷамъомад гашт. Сипас як бегоҳ, дар назди ибодатгоҳ ӯ боз бо ҳамон озмоише рӯ ба рӯ шуд, ки чанд сол пеш дучор шуда буд. Як марди маст доду вой карда қариб як пири ҷамъомадро мезад. Ин дафъа бародар чӣ кор кард? Ӯ бо оромӣ ва мулоимӣ бо марди бадмаст гап зада ӯро ором кард. Азбаски он мард ба по рост намеистод, бародар ҳатто ёрдам дод, ки ӯ то хонааш рафта расад. Чаро бародар ин дафъа тамоман дигар хел рафтор кард? Чунки ӯ тарзи фикррониашро нав карда буд. Вай дар ҳақиқат ҳам одами ҳалиму сулҳҷӯ шуд ва бо ин номи Яҳуваро ҷалол дод.

10. Барои ботинан дигар шудан мо бояд чӣ кор кунем?

10 Ин дигаргуниҳо дар як шаб ва худ аз худ рӯй намедиҳанд. Барои ин мо бояд солҳои дароз «кӯшиши зиёдро ба харҷ» диҳем (2 Пет. 1:5). Солҳои дарози дар ҳақиқат будан низ одамро худ аз худ дигар намекунад. Мо бояд ҳар кори аз дастамон меомадаро кунем, то ботини худро нав созем. Барои ин якчанд чизҳои асосӣ кӯмак мекунанд. Биёед баъзеи онҳоро дида бароем.

ТАРЗИ ФИКРРОНИИ ХУДРО ЧӢ ТАВР ДИГАР КУНЕМ?

Хоҳаре бо воситаи дуогӯйӣ, мулоҳиза ва интихоби дӯстони хуб фикррониашро дигар карда истодааст

11. Чӣ тавр дуо барои дигар кардани тарзи фикррониамон ба мо кӯмак мекунад?

11 Дуо қадами аввалин ва муҳимтарин аст. Мо бояд мисли забурнавис дуо гӯем. Ӯ чунин мегуфт: «Худоё, дили поке дар ман биофарин, ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун» (Заб. 50:12). Мо бояд дарк кунем, ки фикрронии худро нав созем ва барои ин ҳатман аз Яҳува кӯмак пурсем. Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки барои дигар шудан Яҳува ба мо кӯмак мекунад? Ӯ дар замони Ҳизқиёл–пайғамбар дар бораи исроилиён чунин ваъда дод: «Ман ба онҳо дили ягонае хоҳам дод, ва рӯҳи тозае андаруни онҳо хоҳам ниҳод... ва дили гӯштӣ [яъне дили итоаткор] ба онҳо хоҳам бахшид» (Ҳиз. 11:19). Агар Яҳува тайёр буд, ки ба халқи саркаши Исроил барои дигар шудан кӯмак кунад, пас, бешубҳа Ӯ ба мо низ кӯмак хоҳад кард.

12, 13. а) Мувофиқи Забур 118:59 оиди чӣ мо бояд мулоҳиза ронем? б) Кадом саволҳоро мо бояд ба худ диҳем?

12 Қадами дуюм мулоҳизаронӣ мебошад, ки он низ хеле муҳим аст. Вақте мо ҳар рӯз бодиққат Каломи Худоро мехонем, мо бояд барои мулоҳизаи чуқур вақт ҷудо кунем ва муайян созем, ки кадом фикру ҳиссиётамонро бояд дигар кунем. (Забур 118:59-ро хонед; Ибр. 4:12; Яъқ. 1:25). Мо бояд роҳҳои худро андешида аниқ кунем, ки кадом фикру ақидаҳои ҷаҳонӣ ба мо таъсир расондаанд. Ва ба сустиҳои худ ростқавлона иқрор шуда барои бартараф кардани онҳо аз таҳти дил кӯшиш кунем.

13 Масалан, метавонем ба худ чунин саволҳо диҳем: «Оё ман дар кунҷи дилам андаке рашку ҳасад дорам?» (1 Пет. 2:1). «Оё аз боиси зодгоҳам, саводнокӣ ё вазъи иқтисодиам худро аз дигарон беҳтар меҳисобам?» (Мас. 16:5). «Оё ба онҳое, ки мисли ман мақому мартаба надоранд ё аз дигар миллату нажоданд, бо назари паст менигарам?» (Яъқ. 2:2–4). «Оё ба чизҳое, ки ин ҷаҳон пешкаш мекунад, ҳавасам меояд?» (1 Юҳ. 2:15–17). «Оё вақтхушиҳои бадахлоқона ва бо зӯроварӣ алоқаманд, маро ба сӯйи худ мекашанд?» (Заб. 96:10; 100:3; Омӯс 5:15). Ҷавоб ба ин саволҳо нишон медиҳанд, ки аз кадом ҷиҳат мо бояд дигар шавем. Вақте мо ба майлу одатҳои нодуруст, ки дар дили мо «мустаҳкаму устувор» ҷойгир шудаанд, ғолиб меоем, мо Яҳува, Падари осмонии худро, хурсанд хоҳем кард (Заб. 18:15).

14. Чаро интихоби дӯстони хуб муҳим аст?

14 Қадами сеюм интихоби дӯстони хуб мебошад, ки он низ барои дигар шудани мо нақши калон мебозад. Дӯстони мо хоҳ нохоҳ ба мо таъсир мерасонанд (Мас. 13:20). Дар мактаб ё дар ҷойи кор эҳтимол моро шахсоне иҳота мекунанд, ки ҳамимони мо нестанд. Онҳо ба мо хислатҳои ба Худо маъқулро ёд намедиҳанд. Лекин дар ҷамъомади масеҳӣ бошад, мо дӯстони беҳтарин ёфта метавонем. Ана ин хел дӯстон моро «ба муҳаббат ва корҳои нек» бармеангезанд (Ибр. 10:24, 25).

«ДАР ИМОН УСТУВОР ШАВЕД»

15, 16. Чӣ тавр Шайтон мекӯшад, ки фикрронии моро вайрон созад?

15 Аммо дар хотир доред, ки Шайтон сахт мехоҳад, ки фикрронии шуморо вайрон кунад. Ӯ ҳар гуна фикру ақидаҳои нодурустро дар ақли мо ҷо кардан мехоҳад, то ки Каломи Худо ба мо таъсир накунад.

16 Вай дар боғи Адан дар дили Ҳавво шубҳа андохта гуфт: «Оё Худо ҳақиқатан гуфтааст, ки аз ҳамаи дарахтони боғ нахӯред?» (Ҳас. 3:1). Имрӯз низ Шайтон мекӯшад дар дили мо тухми шубҳа корад. Одамони ҷаҳон бисёр вақт оиди эътиқодамон дар дили мо шубҳа андохтанӣ шуда чунин мегӯянд: «Оё дар ҳақиқат ҳам Худо зидди бисёрзанӣ аст? Наход Худо зид бошад, ки мо Соли нав ва рӯзи таваллудро ҷашн гирем? Оё Худои шумо дар ҳақиқат хунгузарониро манъ кардааст? Наход Худои меҳрубон нахоҳад, ки шумо бо наздикони аз ҷамъомад хориҷ шудаатон муошират кунед?»

17. Агар касе моро оиди имонамон ба шубҳа андозад, мо бояд чӣ кор кунем? Ва мувофиқи Қӯлассиён 2:6, 7 амал карда мо ба чӣ ноил мегардем?

17 Ба мо лозим аст, ки дар эътиқоди худ устувор бошем. Агар мо саволу шубҳаҳои дар диламон пайдошударо беҷавоб гузорем, оқибат шубҳа торафт зиёд гашта имонамон суст мегардад. Пас, мо бояд чӣ кор кунем? Каломи Худо ба мо маслиҳат медиҳад, ки фикрронии худро дигар созем, то боварӣ ҳосил кунем, ки «иродаи нек, писандида ва комили Худо чист» (Рум. 12:2). Агар мо мунтазам омӯзиши шахсӣ гузаронем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба ҳақиқатҳои аз Китоби Муқаддас фаҳмидаамон боварӣ ҳосил кунем. Ва мо дилпур мешавем, ки меъёрҳои Яҳува сад фоиз дурустанд. Он гоҳ мисли дарахте, ки решаҳои бақувват дорад, мо «дар имон устувор» хоҳем буд. (Қӯлассиён 2:6, 7-ро хонед.)

18. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки худро аз таъсироти заҳролуди ҷаҳони Шайтон муҳофизат намоем?

18 Дар хотир доред, ки ҳеҷ кас ба ҷойи мо имони моро мустаҳкам карда наметавонад. Барои ин мо бояд худамон кӯшиш кунем. Аз ин рӯ минбаъд низ тарзи фикрронии худро нав созед. Пайваста ба Яҳува дуо гуфта кӯмаки рӯҳулқудси Ӯро ҷӯё шавед. Чуқур мулоҳиза ронед ва фикру ниятҳои худро доимо тафтиш карда истед. Бо одамони хуб шину хез кунед. Дӯстонеро интихоб кунед, ки ба дигар кардани фикррониатон кӯмак мекунанд. Ин корҳо ақлу дили шуморо аз таъсироти заҳролуди ҷаҳони Шайтон муҳофизат мекунанд. Он гоҳ шумо ҳар андешаю фикрҳоеро, ки «бар зидди дониши Худо»-янд, бо муваффақият рад хоҳед кард (2 Қӯр. 10:5).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?

  • Мувофиқи Румиён 12:2 мо бояд кадом ду қадамро гузорем?

  • Барои нав кардани тарзи фикррониамон кадом се амал зарур аст?

  • Чӣ тавр мо маслиҳати дар Қӯлассиён 2:6, 7 додашударо ба кор бурда метавонем?

СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем

a Ба тарзи фикрронии мо ҳаёти гузаштаамон, маданияти маҳал ва саводнокиамон таъсири хуб ё бад мерасонад. Шояд мо пай барем, ки баъзе майлу одатҳои нодуруст дар мо чуқур реша давондаанд. Аз ин мақола мо мефаҳмем, ки чӣ тавр он майлу хоҳишҳои нодурустро аз худ дур кунем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан