Барои рӯҳан рушд кардани омӯзандагони Китоби Муқаддас ёрӣ мерасонем
Қисми 1. Омӯзиши Китоби Муқаддас чист?
1 Дар саросари ҷаҳон Шоҳидони Яҳува ҳар моҳ беш аз шаш миллион омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронанд. Ба таври самаранок таълим дода мо ба омӯзандагон кӯмак карда метавонем, ки рӯҳан рушд кунанд, барои худро ба Худо бахшидану таъмид гирифтан омода бошанд ва дар таълим додани дигарон «лаёқат дошта бошанд» (2 Тим. 2:2). Оё шумо мехостед, ки ба омӯзандаатон кӯмак расонед, то чунин қадамҳои рӯҳониро гузорад? Аз ин шумора сар карда дар «Хизмат ба Салтанати Худо», силсилаи мақолаҳое чоп мегарданд, ки дар он оиди чӣ тавр барои рӯҳан рушд кардани омӯзандагони Китоби Муқаддас ёрӣ расонидан мумкин аст, фаҳмонида шудааст.
2 Кай дар ҳисобот омӯзишро қайд бояд кард. Агар шумо мунтазам аз рӯи ягон маводи барои омӯзиш пешбинишуда ва ё аз рӯи Навиштаҳо бо касе оиди саволҳое ки бо Китоби Муқаддас алоқаманд муҳокима гузаронед, ин омӯзиш ҳисоб мешавад, ҳатто агар муҳокимаи шумо кӯтоҳ бошад ва дар назди дар ё бо телефон гузарад ҳам. Агар маълум гардад, ки омӯзиш давом хоҳад кард ва аз вақти нишон додани тарзи гузаронидани омӯзиш, бо ӯ ду бор омӯзиш карда будед, дар ин маврид омӯзишро дар ҳисобот қайд кардан мумкин аст.
3 Одатан омӯзиш аз рӯи брошураи «Талаботи Худо»a ва китоби «Дониш»b гузаронида мешавад. Агар баъд аз гузаштани ин адабиётҳо маълум шавад, ки омӯзанда дониши гирифтаашро қадр мекунад, муваффақиятҳои рӯҳонӣ дорад, ҳатто агар муваффақиятҳояш суст бошад ҳам, пас аз рӯи китоби «Ибодат»c бо ӯ омӯзишро давом додан мумкин аст. Бо омӯзандагоне ки саводнокиашон нисбатан паст аст ё хонданашон суст мебошад, аз рӯи брошураи «Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!»d омӯзиш гузаронидан мумкин аст.
4 Омӯзиши Китоби Муқаддас ба миллионҳо одамон кӯмак кард, ки пайравони ҳақиқии Масеҳ гарданд (Мат. 28:19, 20). Маслиҳатҳои ин силсилаи мақолаҳоро ба кор бурда, шумо барои рӯҳан рушд кардани омӯзандаатон кӯмак расонида метавонед.
a Айни замон брошураҳои «Хабарҳои нағз» ва «Имони ҳақиқӣ» тавсия дода мешаванд
b Айни замон китоби «Таълимот» тавсия дода мешавад
c Айни замон китоби «Муҳаббати Худо» тавсия дода мешавад
d Айни замон брошураҳои «Худоро гӯш кунед» ва «Худоро гӯш кунед ва то абад зиндагӣ кунед» тавсия дода мешаванд