ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 12.08 саҳ. 6
  • Замимаи саволҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Замимаи саволҳо
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 12.08 саҳ. 6

Замимаи саволҳо

◼ Маҷаллаҳои шахсии «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро чӣ гуна метавон ба даст овард?

Ҳамаи воизон метавонанд аз ҷамъомад барои худ маҷалла ва аудиокассета ё CD (ба намуди МР3) гиранд. Лутфан диққат диҳед, ки ҷамъомадҳо метавонанд, маҷалларо дар аудиокассета ё CD (ба намуди МР3) тавассути варақаи «Дархости маҷаллаҳо барои ҷамъомад» (М-202) (рус.) дархост кунанд. Маҷаллаҳое, ки ба забони дигар нашр гардидаанд ва бо ҳарфҳои калон чоп мешаванд бояд тавассути ҳамин варақа фармоиш карда шаванд.

Агар ягон кас дар маҳаллатон мунтазам гирифтани маҷаллаҳоро хоҳиш кунад, лутфан диққат диҳед, ки тамоми шумораҳо ба ӯ оварда шаванд. Шахсоне, ки аз ҷамъомад хориҷ шудаанд, барои истифодаи шахсӣ, метавонанд маҷалла ва дигар адабиётро аз рӯи мизе, ки дар Толори Салтанат мавҷуд аст, гиранд. Воизон барои шахсоне, ки аз ҷамъомад хориҷ шудаанд, набояд маҷалла баранд.

Агар шахс дар ҳолати ғайриоддӣ қарор дошта бошаду воиз ба ӯ адабиёт оварда натавонад, маҷаллаҳо ба ӯ ба воситаи почта ирсол карда хоҳанд шуд. Агар кумитаи хидматии ҷамъомад барои обуна шудани шахсе, ки илоҷи дастрас кардани адабиётро надорад, розигӣ диҳад, котиб бояд номаи кӯтоҳеро оиди он ки ин обуна аз тарафи кумитаи хидматии ҷамъомад баррасӣ ва тасдиқ карда шуд, ҳамроҳ кунад.

Ин маънои онро дорад, ки воиз барои шахсан обуна шудан набояд ба филиал муроҷиат кунад. Ҳамаи дархостҳои воизон ё рағбатдорон барои обуна шудан, ба ҷамъомади онҳо баргардонда хоҳад шуд.

◼ Чӣ тавр маҳбус метавонад нусхаи маҷалларо дастрас кунад?

Маҳбусон нусхаи шахсии «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!»-ро матавонанд тавассути воизе, ки кумитаи хидматии ҷамъомад ӯро барои овардани маҷалла таъин кардааст, гиранд. Агар ин имконпазир набошад, кумитаи хидматии ҷамъомад ё худи маҳбус метавонад барои обуна шудан ба филиал нома нависад. Лутфан диққат диҳед, ки шахсони аз ҷамъомад хориҷшудае, ки дар маҳбасанд, метавонанд нусхаҳои шахсии маҷаллаҳоро чӣ хеле ки дар ин сархат фаҳмонда шудааст, гиранд.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан