Барои рӯҳан рушд кардани омӯзандагони Китоби Муқаддас ёрӣ мерасонем
Қисми 3. Китоби Муқаддасро моҳирона истифода баред
1. Чаро ҳангоми омӯзиш бояд диққатамонро ба Китоби Муқаддас равона созем?
1 Бо одамон омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронида мо ба онҳо кӯмак мерасонем, ки Каломи Худоро фаҳмида қабул кунанд ва онро дар зиндагиашон ба кор баранд, то дар натиҷа шогирди Исои Масеҳ гарданд (Мат. 28:19, 20; 1 Тас. 2:13). Аз ин рӯ дар вақти омӯзиш мо бояд диққати асосиро ба Китоби Муқаддас равона созем. Дар аввал бамаврид мебуд, агар ба омӯзанда ёфтани оятҳои даркориро аз Китоби Муқаддас ёд диҳем. Чӣ тавр Китоби Муқаддасро истифода бурда ба омӯзанда барои ба Яҳува наздик шудан кӯмак карда метавонем?
2. Чӣ тавр муайян кунем, ки кадом оятро хонда муҳокима намудан лозим аст?
2 Оятҳоро интихоб намоед. Ҳангоми ба омӯзиш тайёрӣ дидан фикр кунед, ки чӣ тавр ҳар як ояти дар сархат овардашуда бо фикрҳои он алоқаманд аст ва муайян намоед, ки кадоми онҳоро дар вақти омӯзиш хонда муҳокима карданиед. Хуб мешуд, он оятҳоеро хонед, ки таҳкурсии эътиқоди моро дар бар мегиранд. Оятҳоеро ки фикрҳои иловагиро мефаҳмонанд, хондан шарт нест. Эҳтиёҷ ва вазъу шароити ҳар як омӯзандаро ба инобат гиред.
3. Чаро саволдиҳӣ муҳим аст ва чӣ тавр онро истифода бурда метавонем?
3 Савол диҳед. Ба ҷои ба омӯзанда оятҳоро фаҳмондан, бигзор ӯ худаш онро ба шумо фаҳмонад. Бо додани саволҳо ӯро ба ин кор барангехта метавонед. Агар маънои оят маълум бошад, шумо пурсида метавонед, ки чӣ тавр оят гуфтаҳои дар сархат овардашударо тасдиқ мекунад. Дар ҳолатҳои дигар нағз мебуд, ки саволҳои аниқ ва ё саволҳоеро диҳед, ки барои ба хулосаи дуруст омадани омӯзанда кӯмак мекунанд. Агар маълумоту шарҳи иловагӣ дар талаб бошад, онро баъд аз ҷавоб додани омӯзанда гуфта метавонед.
4. Оятҳоро чӣ тавр фаҳмондан лозим аст?
4 Оддию фаҳмо гап занед. Барои ба ҳадаф расидан ба камонвари моҳир як тир кифоя аст. Ба ҳамин монанд, ба муаллими ботаҷриба барои қайд кардани фикри муҳим пургӯӣ лозим нест. Чунин муаллим оддӣ, фаҳмо ва аниқу равшан гап мезанад. Вақт аз вақт барои дуруст фаҳмонидани маънои оят адабиётҳоямонро тадқиқ кардан зарур аст (2 Тим. 2:15). Вале ҳар як ояти дарсро аз ҳар ҷониб дида баромадан шарт нест. Танҳо он оятҳоеро дида бароед, ки бо мавзӯъ алоқамандӣ доранд.
5, 6. Чӣ тавр ба омӯзанда дар истифода бурдани гуфтаҳои Китоби Муқаддас кӯмак карда метавонем ва ҳамзамон аз кадом амал бояд даст кашид?
5 Манфиаташро нишон диҳед. Агар бамаврид бошад, ба омӯзанда фаҳмонед, ки чӣ тавр оятҳо шахсан ба ӯ дахл доранд. Масалан, ҳангоми муҳокимаи Ибриён 10:24, 25 бо омӯзандае ки ҳоло ба вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува ташриф намеорад, дар бораи ягон вохӯрии ҷамъомад нақл карда, ӯро ба он даъват карда метавонед. Ҳаргиз ба омӯзанда фишор наоред. Барои гузоштани қадамҳои рӯҳонӣ бигзор Каломи Худо ӯро барангезад (Ибр. 4:12).
6 Биёед, барои «ба итоати имон» даромадани одамон, дар кори шогирдсозӣ Китоби Муқаддасро самаранок истифода барем (Рум. 14:25).