Воизони ғайрифаъолро фаромӯш накунед
1. Чаро мо бояд барои рӯҳбаланд кардани ғайрифаъолон кӯшиш намоем?
1 Дар ин моҳ мо кӯшиши махсус ба харҷ додем, ки ба ғайрифаъолон кӯмак расонем. Оё шумо ягон воизеро медонед, ки ғайрифаъол шудааст? Мо бояд фаромӯш накунем, ки ӯ то ба ҳол бародар ё хоҳари рӯҳониамон мебошад. Мо мехоҳем вайро дар муҳаббатамон бовар кунонем ва барои ба ҷамъомад ва «сӯи Чӯпон ва Нозири ҷонҳои худ» баргаштан, ба ӯ кӯмак расонем (1 Пет. 2:25).
2. Чӣ тавр мо воизони ғайрифаъолро рӯҳбаланд карда метавонем?
2 Таваҷҷӯҳ зоҳир намоед. Ба шахси ғайрифаъол занг задан ё ӯро хабар гирифтан, метавонад вайро бовар кунонад, ки мо ӯро фаромӯш накардаем. Мо дар ин ҳолат чӣ гуфта метавонем? Вақте ки мо ба шахс мегӯем, ки дар борааш фикр карда будем, ӯ аз ин рӯҳбаланд мегардад. Бигзор сӯҳбататон дар бораи чизҳои хуб ва рӯҳбаландкунанда бошад (Фил. 4:8). Мо метавонем фикри дар ҷамъомад ба мо маъқулшударо ба ӯ нақл кунем. Инчунин метавонем ӯро ба вохӯрӣ ё анҷумани омадаистода даъват намуда, барои ҳамроҳ рафтан ӯро таклиф кунем.
3. Ба онҳое ки аз нав ба ҷамъомад омаданро сар мекунанд чӣ гуна муносибат кардан лозим аст?
3 Ба ҷамъомад баргаштани шахс. Вақте ки воизи ғайрифаъол боз ба вохӯриҳо омаданро сар мекунад, мо бо ӯ бояд чӣ гуна муносибат кунем? Масалан, вақте ки шогирдони Исо муддате ӯро тарк намуданд, ӯ бо онҳо чӣ гуна муносибат кард? Ӯ бо меҳрубонӣ онҳоро «бародаронам» номид ва нишон дод, ки ба онҳо боварӣ дорад. Ӯ ҳатто ба онҳо вазифаи муҳимеро супурд (Мат. 28:10, 18, 19). Ва дере нагузашта онҳо хушхабарро беист мавъиза мекарданд (Аъм. 5:42).
4. Дар кадом мавридҳо мо бояд бо пирон оиди воизони ғайрифаъол сӯҳбат кунем?
4 Пеш аз ба воизи ғайрифаъол омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод намудан ё пеш аз ба хизмат даъват кардани онҳое, ки муддати дароз ғайрифаъол буданд, аввал мо бояд аз пирони ҷамъомад маслиҳат пурсем. Агар ҳангоми мавъиза бо воизи ғайрифаъол вохӯрем, бояд дар ин бора ба пирон хабар диҳем, то ки ба ӯ кӯмаки заруриро расонанд.
5. Ба ғайрифаъолон кӯмак расонда, мо чӣ гуна хурсандиро ҳис карда метавонем?
5 Чуноне ки Китоби Муқаддас кушоду равшан нишон медиҳад, танҳо онҳое наҷот хоҳанд ёфт, ки то охир сабр мекунанд (Мат. 24:13). Барои ҳамин, онҳоеро ки ба санги мамониат дучор шудаанд ё аз ҷамъомад дур шудаанд, фаромӯш накунед. Агар мо ба монанди Яҳува босаброна ва бо муҳаббат ба чунин бародарону хоҳарон диққати самимӣ зоҳир кунем, аз дидани он ки шояд онҳо ба мо ҳамроҳ шаванд ва хизмати муқаддасашонро барқарор кунанд ва мо хурсандӣ хоҳем гирифт (Луқ. 15:4–10).