ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 7.07 саҳ. 3
  • Замимаи саволҳо

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Замимаи саволҳо
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2007
  • Маводи монанд
  • Интернет — Истифодабарии оқилонаи он
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
Хизмат ба Салтанати Худо 2007
km 7.07 саҳ. 3

Замимаи саволҳо

◼ Муоширати интернетӣ бо шахси ношинос чӣ хатарҳо дорад?

Саҳифаҳои зиёди интернетӣ барои шиносшавию мукотибаи одамон ташкил шудаанд. Бисёри ин сайтҳо имконият медиҳанд, ки одамон дар онҳо профайлҳои худро бо суратҳо ва маълумоти дигаре дар бораи худашон ҷой диҳанд. Касони дигар чунин профайлҳоро дида, метавонанд баъдан бо онҳо тамос бигиранд. Ин гуна веб–сайтҳо дар байни ҷавонон хеле маъмуланд ва баъзе ҷавонони ҷамъомад чунин сайтҳоро барои шиносоӣ бо онҳое, ки худро Шоҳиди Яҳува меноманд, истифода мебаранд.

Барои шахсе, ки мо бо ӯ тавассути интернет шинос мешавем, хеле осон аст, ки дар бораи худаш, муносибатҳои бо Худо доштааш, ё ниятҳояш дурӯғ гӯяд (Заб. 25:4). Ва касе, ки худро яке аз Шоҳидони Яҳува меномад, шояд аслан беимон, аз муошират маҳрумшуда ё ҳатто осии фаъол бошад (Ғал. 2:4). Мувофиқи хабарҳо, педофилҳо (онҳое, ки ба номуси кӯдакон таҷовуз мекунанд), қурбониҳояшонро аз чунин веб–сайтҳо мекобанд.

Ҳатто агар мо боварӣ дошта бошем, ки шахсони бо ин роҳ бо мо тамосдошта дар ҷамъомад мавқеи хуб доранд, муошират дар чунин сайтҳо ба осонӣ метавонад носолим гардад. Чунки одамон дар сӯҳбат бо шахсоне, ки шахсан намешиносанд, монеаҳои камтар эҳсос мекунанд. Баъзеҳо инчунин муошират дар сайтҳои мазкурро махфӣ ҳисобида, фикр мекунанд чизе ки дар он ҷо нагӯянд, ба гӯши дигарон, аз он ҷумла волидон ё пирони ҷамъомад намерасад. Мутаассифона, чанде аз ҷавонони дар хонадони ходимони Худо бавоярасанда ба ин домҳо афтода, шарики гуфтори қабеҳ гаштанд (Эфс. 5:3, 4; Қӯл. 3:8). Дигарон худро дар шакли шаҳватбедоркунанда сурат гирифта онҳоро ё тахаллусҳои бешармонаи худ ё мусиқиву видеонаворҳои шаҳвониро дар профайли компютерии худ ҷой доданд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, падару модарон бояд фаъолияти компютерии кӯдаконашонро назорат намоянд (Мас. 29:15). Даъват кардани шахси ношинос ба хона, ё бо кӯдакатон танҳо гузоштани ӯ хатарнок аст. Мисли ин, ба бачаҳоямон иҷозат додани тавассути интернет аз ношиносҳо пайдо кардани дӯстон низ хатарнок аст, ҳатто агар чунин шахсон худро Шоҳидони Яҳува номанд — Мас. 22:3.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан