Пешниҳодот дар мавъиза
◼ “Марги шахси наздик ғаму андӯҳи зиёд меорад. Ба фикри шумо, оё рӯҳи мурдагон ба зиндагӣ идома медиҳад? [Имконияти ҷавоб диҳед.] Исо–пайғамбар ба мо чунин ваъдаи тасаллибахше дод”. [Юҳанно 5:28, 29-ро хонед ва баъд аз Китоби Муқаддас фаҳмонед, ки мурдагон ҳоло дар куҷоянд].
◼ “Аксарияти одамон ҳаёташонро то ҳадде, ки метавонанд, хубтар мегузаронанд ва фикр мекунанд, ки одами хуб ҳамин тавр мекунад. Назари шумо низ ба ҳаёт чунин аст? [Имконияти ҷавоб диҳед.] Бубинед, ки агар чизе ки мо хуб мешуморем, дар назари Худо хуб набошад, ин чӣ хатаре дорад”. [Масалҳо 14:12-ро хонед ва муҳокима кунед, ки чӣ гуна одам дар назари Худо хуб аст].
◼ “Ман фикри шуморо дар бораи як гуфтаи Исо–пайғамбар фаҳмидан мехоҳам. [Матто 5:3-ро хонед.] Ба фикри шумо оё инсони рӯҳонӣ будан барои хушбахтӣ зарур аст?” [Имконияти ҷавоб диҳед ва нишон диҳед, ки Китоби Муқаддас дар бораи рӯҳонияти ҳақиқӣ чӣ мегӯяд ва чӣ тавр мо ба он расида метавонем].
◼ “Ба фикри шумо, волидон аз куҷо маслиҳатҳои барояшон дар ҳақиқат кӯмаккунандаро ёфта метавонанд? [Имконияти ҷавоб диҳед.] Ин ваъдаеро, ки дар Китоби Муқаддас дода шудааст, бубинед”. [2 Тимотиюс 3:16-ро хонед ва нишон диҳед, ки чӣ тавр Китоби Муқаддас барои волидон дар тарбияи фарзандон муфид буда метавонад].