Вохӯриҳои китобомӯзиш чӣ гуна ба мо кӯмак мекунанд?
1. Панҷ вохӯрии ҳарҳафтаинаамон ба мо чӣ гуна кӯмак менамоянд?
1 Ҳар яке аз панҷ вохӯрии ҳарҳафтаинаи мо бо шакли гузаришу мақсад аз ҳам фарқ доранд. Вале ҳамаи онҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки «якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем» (Ибр. 10:24, 25). Кадом хусусиятҳои махсусу муфиде дар чорабинии китобомӯзиш мавҷуданд?
2. Вохӯрӣ бо гурӯҳҳои хурдтар ҳангоми китобомӯзиш чӣ ҷиҳатҳои муфид дорад?
2 Кӯмак дар рушди рӯҳонӣ. Шумораи одамон дар вохӯрии китобомӯзиш одатан аз адади ба вохӯриҳои дигари ҷамъомад меомадагон хеле камтар аст. Ин ба инкишофи дӯстӣ мусоидат мекунад, ки он дар навбати худ манбаи дастгирии рӯҳонист (Мас. 18:24). Оё шумо барои наздиктар шиносшавӣ бо ҳар як аъзои гурӯҳи китобомӯзишатон кӯшидед, масалан бо даъвати ҳар яке аз онҳо барои бо ҳам хидмат намудан? Вохӯрии китобомӯзиш ҳамчунин ба нозири гурӯҳ имконият медиҳад, ки вазъиятҳои бахусуси ҳар як нафари гурӯҳро донад ва мувофиқи ниёзашон рӯҳбаланд кунад — Мас. 27:23.
3. Вохӯрии китобомӯзиш чӣ гуна ба ташрифу иштироки шахсони ба омӯзиши Китоби Муқаддас саркарда кӯмак мекунанд?
3 Оё шахсонеро, ки ба онҳо дар омӯхтани Китоби Муқаддас ёрӣ медиҳед, даъват намудед, ки ҳамроҳатон ба китобомӯзиш оянд? Шахсони рағбатдор, ки ба ташриф ба вохӯриҳои калонтари мо майл надоранд, шояд барои омадан ба вохӯрии хурдтар, ки дар хона мегузарад, хоҳиш дошта бошанд. Фазои дӯстона ба бачаҳо ва навомадагон барои дар шарҳдиҳӣ иштирок кардан ёрӣ медиҳад. Ва азбаски гурӯҳ хурдтар аст, мо имкониятҳои бештари иштирок ва ҳамди Яҳуваро дорем — Заб. 110:1.
4. Вохӯрии китобомӯзиш чӣ бартариҳо дорад?
4 Вохӯриҳои китобомӯзиш умуман дар ҷойҳои ба воизон мувофиқу наздики маҳал гузаронида мешаванд. Гарчанде ки барои ҳамаро ба ҷои наздиктарин таъин намудан имкон нест, ба ҳар ҳол ташриф ба китобомӯзише, ки ба он таъин шудаем, роҳаш аз вохӯриҳои дигари ҷамъомад кӯтоҳтар аст. Ҷои китобомӯзиш ҳамчунин ҷои мувофиқе барои вохӯрии пеш аз мавъиза буда метавонад.
5. Чӣ тавр мо барои хидмат аз нозири китобомӯзиш кӯмак гирифта метавонем?
5 Кӯмак барои хидмат. Нозири китобомӯзиш хоҳиш дорад, ки ба ҳар яке барои доштани хидмати мунтазам, самарабахш ва шодона, кӯмак намояд. Аз ин рӯ, ӯ саъй мекунад, ки бо ҳар як нафари гурӯҳ ҳамкорӣ намуда, кӯмаки шахсиашро дар ҷонибҳои гуногуни хидмат расонад. Агар бинед, ки бароятон баъзе ҷонибҳои хидмат душворанд, масалан кардани боздидҳо, ба нозири китобомӯзиши худ бигӯед. Шояд ӯ воизи ботаҷрибаеро барои ҳамкорӣ бо шумо таъин намояд. Қобилияти гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддасро бо касони рағбатдор бо диққат кардан ба тарзҳои хуби таълими нозир ҳангоми бурдани китобомӯзиш беҳтар кардан мумкин аст — 1 Қӯр. 4:17.
6. Чаро мо бояд аз вохӯрии китобомӯзиш ба таври пурра манфиат барем?
6 Чӣ баракатест вохӯрии китобомӯзиш барои мо! Ин чорабинии муҳаббатомез аз Яҳува ба мо ёрӣ медиҳад, ки дар ин давраҳои мушкил рӯҳан қавӣ будани худро нигаҳ дорем — Заб. 25:12.