ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 9.07 саҳ. 1
  • Мактуб аз шӯъба

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мактуб аз шӯъба
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2007
  • Маводи монанд
  • Филиалҳои мо кадом корҳоро иҷро мекунанд?
    Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?
Хизмат ба Салтанати Худо 2007
km 9.07 саҳ. 1

Мактуб аз шӯъба

Воизони азиз!

Шодем аз он ки ба шумо рӯйдодҳои хуберо, ки соли хидмати 2007 аз онҳо бой аст, хабар медиҳем.

Пеш аз ҳама оиди сохтаву ба истифода супорида шудани ҷамъи биноҳои Байт–Или нави Қазоқистон дар Алмааторо хабар медиҳем. Сохтмон 4–уми январи с. 2005 оғоз ёфта, 13–уми феврали с. 2007 ба анҷом расид. Дар тӯли ин вақт садҳо довталабон дар он меҳнат карданд. Мо ба ҳамаи онҳое ки дар ин лоиҳа иштирок намуданд, қувваю вақти худро сарф карданд ва ё бо хайрияву дуоҳояшон сохтмонро дастгирӣ намуданд,— мехоҳем миннатдории самимӣ баён кунем.

Дар давоми соли 2007 дар Қазоқистону Тоҷикистон даҳҳо гурӯҳҳои дурдаст ба қайд гирифта шуданд. Дар ҳар кадоми онҳо ба ҳисоби миёна қариб 20 нафар воизон хидмат мекунанд ва қариб ҳама вохӯриҳои ҷамъомад гузаронида мешаванд. Бародарону хоҳароне, ки дар гурӯҳҳои дурдаст хидмат мекунанд, ба ҳидояту рӯҳбаландӣ ниёз доранд, аз ин рӯ нозирони ноҳиявӣ ба ин гурӯҳҳо мунтазам ташриф меоранд. Хуллас, шӯъбаи мо ҳоло оиди 170 ҷамъомаду 29 гурӯҳи дурдасти Қазоқистон ва 8 ҷамъомаду 3 гурӯҳи дурдасти Тоҷикистон ғамхорӣ мекунад. Баъзе аз ин ҷамъомадҳо аллакай дар 9 Толори Салтанат, ки ҳамин сол сохта шуданд, ҷамъ мешаванд (Иш. 54:2, 3). Дар ҷамъомадҳову гурӯҳҳои дурдаст эҳтиёҷоти шадиде ба бародарони таъиншуда боқист. Мо шумо, бародарони азизро, бармеангезем, ки барои мувофиқат кардан ба талаботи зарурӣ бикӯшед, то бо рӯҳулқудс барои иҷрои афзалиятҳо дар ҷамъомад таъин карда шавед.

Иштирок дар маъракаи паҳн кардани рисолаи “Ҳалокати дини козиб наздик аст!” рӯҳан тароватбахшу барои ҳамаамон рӯҳбаландкунанда буд. Дар Қазоқистон 638 872 ва дар Тоҷикистон 29 974 нусхаи он паҳн карда шуд. Ба туфайли маъракаи даъвати одамон ба Шоми ёдбуд, дар Қазоқистон 32 160 нафар, дар Тоҷикистон 1 410 нафар ба ин чорабинӣ ташриф оварданд. Зоҳиран, ҳоло зиёданд одамоне ки дар минтақаи мо даъвати «Биё!»–ро қабул карданашон мумкин аст (Ваҳй 22:17). Биёед бикӯшем, то рағбати ҳатто ками одамони маҳалламонро дастгирӣ намуда, бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас оғоз намоем!

Мо дуо мегӯем, ки минбаъд ҳам манфиатҳои Салтанати Худо дар ҳаёти ҳар яки мо ҷои аввалро ишғол кунанд — Мат. 6:33.

Бародарони шумо,

Маркази динии Шоҳидони Яҳува дар Ҷумҳурии Қазоқистон

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан